АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Либоси миллӣ- рукни муҳими фарҳанг

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   "Мо вазифадорем, ки ҳамагуна амалҳо ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардаҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркибии тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем".
Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
   Ҳар як халқу миллат анъанаҳои хоси худро дорад. Яке аз онҳо тарзи ба бар кардани либоси миллист, ки аксар вақт намояндаи онҳо маҳз бо ҳамин пероҳанаш мешиносанд. Ин ҳам як рукни миллӣ ба шумор меравад. Воқеан, анъанаҳои миллӣ ва риояи он дар замони махсусан муосир басо муҳим аст. Мутаассифона, аксар вақт мушоҳида менамоем, ки мардуми мо ба ин масъала кам таваҷҷуҳ менамоянд. Ба қадри арзишҳои миллӣ намерасанд, ба анъанаҳои халқҳои дигар, бахусус, дар либоспӯшии онҳо тақлид менамоянд. Беҳуда набуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, таъкид намуданд, ки дар шароити рӯз ба рӯз мураккабу печида гардидани вазъи ҷаҳони муосир падару модарон, роҳбарону фаъолон, аҳли маориф ва зиёиён вазифадоранд, ки ба тарбияи ҷавонон ва аз таъсири мафкураи зарарноки бегона эмин нигоҳ доштани онҳо эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд.    Воқеан ҳам, чунин андешаҳо дар заминаи мушоҳидаҳои ҳамарӯзаи ҳар як сокини Тоҷикистон ба миён меояд. Фикр мекунам, тарбияи хонаводагӣ дар ин масъала басо муҳим аст. Тақлиди кӯркӯрона ба либоспӯшии бегона вақтҳои охир дар ҳақиқат, ба як навъ мусобиқа табдил гардидааст. Агар волидон ба ин масъала ҳар чӣ бештар монеъ нагарданд, пас пеши роҳи ин бегонапарастиро гирифтан хеле душвор мегардад. Пешвои миллат дар чандин вохӯриву мулоқотҳояшон аз фарҳанги миллӣ сухан ронда, тарзи истифодаи либосро аз сӯйи ниёгонамон хотиррасон намуданд. Ин нуқта дар асари безаволи Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон” низ таъкид гардида, ҳатто бо расму суратҳо либоси пешиниён нишон дода шудааст. Месазад, ки аз ин гуна дастурҳо низ истифода бурда, дар ин масъала аз ниёгонамон истифода барем.
   Чанде пеш даҳсолагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикичтон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ҷашн гирифтем. Сарвари давлат дар ин ҷаласа иброз доштанд, ки як гурӯҳи маҳдуди занону духтарони диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд. Бинобар он, Пешвои миллат мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро ба таври қатъӣ гиранд.
   Албатта, ба ҳар як навгонӣ ба якборагӣ одат кардан душвор аст, лекин вақти он расидааст, ки акнун ба анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла, ба тарзи либоспӯшии хеш диққати ҷиддӣ бидиҳад, то ҷаҳониён донанд, ки мо миллати мутамаддинем ва анъанаву суннатҳои дерини худро моликем.
   Масъалаи либос ба назари баъзеҳо басо сабук ва камаҳамият менамояд. Бояд гуфт, ки либос танҳо аз як порча матоъ иборат нест. Сухан дар бораи либосҳо ҳамчун рукни муҳими фарҳангӣ миллӣ меравад, ки онро бояд ҳифз намуд. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқу миллат дар худ таҷассум менамоя, василаи муҳими нигоҳдошти он ба шумор меравад. Агар либоси миллатҳо мазмуни хоси худро намедошт, чаро яке дароз дигаре кӯтоҳ, сеюмӣ васеъ ва чорумӣ шинам дӯхта мешаванд? Ҳикмати дигари либосро бубинем, ки ранги онро вобаста ба маросимҳо интихоб мекарданд. Яъне либоси тӯю сур ва азодорӣ аз ҳам фарқ доранд. Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият будааст, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар шахсе, ки ба дараҷаи худшиносии миллӣ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ басо зарур ва риоя кардани онҳо ҳам қарзу ҳам ифтихор аст. Ҳамин ҷузъи фарҳанги миллӣ-либос, ки моро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ менамояд, бояд аз тақлид нигоҳ дошта шавад.
   Боиси таассуф аст, ки баъзе аз занону духтарон низ ба асли матлаб сарфаҳм нарафта, норозигӣ менамоянд, ки мардон ба либоспӯшии онҳо ноҷо сару кор мегиранд. Фирк мекунам, ин ҷо ҳеҷ як монеае барои либоспӯшии занҳо пайдо нагардидааст, балки барои ҳувияти миллӣ ин масъала роҳандозӣ мегардад. Дар ин мавзӯъ зиёд гуфтаанду навиштаанд, аммо афсӯс, ки якравию зиёдаравии баъзе аз ҷинси латиф изҳори нороҳатиро дар қалби дигар ҳамҷинсонашон бедор менамояд. Ҳама чиз андоза ва ба худ меъёр дорад.
   Дарвоқеъ, агар дурусттар андеша намоем, ба бар кардани пироҳани аз матоъҳои миллӣ-атлас адрас ва чакан дӯхташуда ҳам ба ҳусни духтарон ҳусн зам мекунанду ҳам барои ҷисми оннон басо муфид аст. Ба тақлиди бонуҳои аврупоӣ дода шуда, фаромӯш мекунем, ки ҳам анъанаҳои миллиро аз даст медиҳем, ҳам дар буҷаи хонавода зарар ворид мекунем ва ҳам аз нигоҳи тиббӣ ба бадани хеш (истифодаи либосҳои синтетикӣ) зиён мерасонем.
   Гузаштагони мо либоси одӣ ба бар мекарданд ва дар тарзи пӯшидани он хеле завқи баланд доштанд. Ҳоло бошад, аксаран либосҳои миллиро ба бар кардан намехоҳанд ва гумон мекунанд, ки ҳамин рафторашон дуруст аст, ҳоло он ки ҷабр кардан ба ҷони худ дигарон аз рӯи ақл нест.
  Замони имрӯз пурҳаводис аст. Инфиҷору нобасомониҳои зиёде дар мамолики хориҷа моро ҳушдор медиҳанд, ки анъанаҳои миллӣ аз ҷумла, либоспӯшиамонро низ ба танзим дарорем. Дар аксари мамолики хориҷӣ дар даргириҳо, ҳодисаҳои куштору сӯхтор бештар занонро истифода мебаранд. Яъне зери ниқобҳо пинҳон кардани ҳар гуна воситаҳои инфироҷӣ аз эҳтимол дур нест. Ба андешаи инҷониб, агар масъулони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳӣ, нозирони минтақавӣ, бахшҳои ҷавонон ва варзиш, раисони маҳаллаҳо ва дигар ниҳодҳои шаҳру ноҳияҳо масъулиятро аз ҳарвақта дида бештар ҳис кунанд, кор ранги дигар хоҳад гирифт. Агар аз сӯйи онҳо фаҳмондадиҳи дар самти риояи ба бар кардани либоси миллӣ роҳандозӣ гардад, нуран алонур хоҳад шуд.
Ҳабибҷон МИРЗОЕВ,
ходими илмии Институт

БОЗГАШТ