АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МАҲАТМА ГАНДИ ВА КИТОБИ Ӯ «САРГУЗАШТИ МАН»

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Ду ҷуфт кафши чӯбӣ, як айнак, ду косаи чӯбӣ, як соати кисагӣ, як қошуқи чӯбӣ, як намакдон, китоби муқаддас ва як камарбанди сода боигарии шахсе буд, ки императори Биритониёи кабирро бо он ҳама шукӯҳу шавкаташ, ба зону шинонд, то истиқлоли мардуми Ҳиндустонро ба расмият бишносад. Равиши муборизаи бидуни зуроварии ӯ, ки тавонист миллате бузургро аз зери юғи истеъмори бегонагон берун биовард, барои ҳама ҷаҳониён улгу шуд.    Ин мард Мохандаас Карамчанд Ганди буд – марде, ки барои амалӣ шудани ормонҳову эътиқодоташ умрашро бахшид. Ба поси вежагиҳое, ки дошт, Робиндранат Тогур, шоир ва адиби номдори Ҳинд,  ӯро “Маҳатма”, яъне “Рӯҳи бузург” номид, лақабе, ки инъикоскунандаи хулқу одоб ва шахсияти беназири ӯ буд.
   Ним миллиард нафар дар Ҳинд ва миллионҳо инсони дигар дар хориҷ аз марзҳои Ҳиндустон пайрави ӯ буданд. Мардумони сайёра ба шахсияти Ганди ишқу алоқаи зиёд доштанд, дар сартосари ҷаҳон дӯсташ медоштанд. Бо ин ки зидди сиёсати мустамликадории Биританияи кабир буд, аммо дар ҳамин кишвар низ тарафдорони бешумор дошт. Анбӯҳи бузурги одамон, ки дар сафарҳои на чандон зиёдаш ба гӯшаву канори кишвар аз ӯ истиқболи гарму самимӣ мекарданд, гувоҳе бар ишқу алоқаи мардум ба вай буд.
   Пероҳанаш матои сапеду соддае буд, ки даври баданаш мепечид. Ў, ки дар ҷавонӣ шефтаи тамаддуни Биритониё буд, дар нимаи дувуми умраш ба ҳангоми мубориза бо империяи абарқудрати он рӯзгор хариду истифода аз молу матоъҳои англисиро таҳрим кард, яъне нораво хонд. Рамзи равшани ин мубориза истифода накардани либосу матоъҳои англисӣ буд. Ӯ намоишкорона аз дастгоҳи  хурду соддаи суннатии нахресӣ истифода мекард, ки дар аксари аксҳои аз ӯ барҷоймонда дида мешавад ва ҳатто ҳар ҷое мерафт, он дастгоҳро бо худ мебурд.
   Ганди воқеан устура буд. Зиндагии вай мактаби бузурге барои башарият ҳаст. Маҳатма Ганди    зиндагии пур фарозу нишеберо аз сар гузаронид. Бо шахсиятҳои машҳури замонааш чун Чарли Чаплин, Муссолинӣ,  дидор дошт. Бо нависандаи барҷастаи рус Лев Толстой то замони марги нависанда дар соли 1910 мукотибаи мунтазам дошт.  Ҳатто ба Адолф Ҳитлер ду нома навишта, тақозо карда буд, ки андешаи оғоз кардани ҷанги дуюми ҷаҳонро аз сараш дур кунад.  Ҷунбиши ҳуқуқи маданӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба раҳбарии Мартин Лютер Кинг бар пояи усули Ганди буд. Фалсафаи Ганди муборизаи алайҳи апартеид дар Африқои ҷанубиро таҳти таъсир қарор дод ва шахсияте чун Нелсон Мандела бар асоси он фалсафа ба пирӯзӣ ноил гашт.
   Рӯзгори намунаву фидокоронаи Маҳатма Ганди шуоъе аз умед ва чароғи роҳнамои мардуми ситамдида ва истисморшуда дар саросар ҷаҳон будааст. Шояд дар таърихи муосири башарӣ Ӯ нахустин фарде бошад, ки озодии Ҳиндро аз роҳе ба даст овард, ки барои бисёре ҳатто тасаввури он мушкил ва ғайриимкон менамуд. Рафторе, ки Ганди дар пеш гирифт, дар қиёс бо он чи акнун дар ҷаҳон мегузард ба мӯъҷиза шабоҳат дорад. Ӯ роҳи ҳалеро баргузид, ки намунавор буд – ҷанг бидуни ҷанг!
Албатта касро бовараш намеояд, ки одаме мисли Ганди лоғар ва бо ҷисме нотавон ба унвони душмани ягонаи Биритониё дар Ҳинд шинохта мешуд ва зиёда аз ин дар муқобили артиши неруманди Биритониё муқовимат мекард.
  Маҳатма Ганди мардест, ки дар таърих нишони мондагоре аз худ ба ҷой гузошт ва ба яке аз улгӯҳои ҳамешазиндаи сулҳ, мубориза ва соддазистӣ табдил шуд. Ҳувияти ӯ аз доираи таъриху фалсафаву илмҳои дигар фаротар рафт ва вориди ҳавзаи забон низ шуд. Ибораи «гандивор» ба унвони сифати дарбаргирандаи хислатҳои некӯи ӯ дар забони мардуми Ҳинд роиҷ гардид.
   Китоби «Саргузашти ман», ки ин ҷониб ифтихори ба забони тоҷикӣ баргардонидани онро пайдо кардам, таърихи моҷароҳои пурафтухези зиндагии Маҳатма Гандист. Вежагии мунҳасир ба фарди ин китоб он аст, ки ба қалами худи Ганди навишта шудааст. Аз ин рӯ Шумо хонандаи бевоситаи хотираҳои ҷолиб ва зиндагномаи омӯзандаи ӯ хоҳед буд ва бовар дорам, ки  аз дидгоҳҳову ақидаҳои ҷолиби таваҷҷуҳ ва омӯзандаи ӯ баҳраҳо хоҳед ёфт.

   Ворастагии Ганди  аз қайдубандҳои модии зиндагӣ дар ин китоб ошкоро баён шудааст. Ӯ бидуни ҳарос аз қазовати дигарон содиқона ба баёни хотираҳои хеш пардозад. Аз иштибоҳоташ чӣ дар андеша, чӣ дар рафтору кирдор, аз ҷурму гуноҳҳояш, аз дуздӣ карданаш дар кӯдакию наврасӣ, аз шаҳватҳои ҷинсияш дар айёми булуғ ва ё аз иштибоҳоташ дар фаъолиятҳои фардию иҷтимоию сиёсӣ самимонаву содиқона сухан гуфтааст.
   Маҳатма Ганди дар «Саргузашти ман» ба мисли «Эътирофот»-и Жан Жак Руссо бе тарсу ҳарос тасвире комилан инсонӣ бо ҳама хубиҳову бадиҳояш, бо ҳама интихобҳои хато ё дурусте, ки як инсони одӣ метавонад дар ҳолатҳои мухталиф дошта бошад, аз худ сохтааст. Маҳз ҳамин садоқат ба сухан ва шахси хеш аст, ки китоби худнавиштаи зиндагии Маҳатма Ганди дар байни китобҳои дар ин жанр навишташуда ҷойгоҳи хос дорад.
   Ганди  бовар дорад, ки одамӣ дар зиндагӣ на ба андозаи орзуҳояш, балки ба андозаи лаёқат ва кӯшишу талоше, ки дорад, ба муваффақият ноил мешавад. Китоби «Саргузашти ман» бозтоби равшану воқеие аз ҳамин фалсафа аст. Ў ҳангоми варақ задани дафтари хотираҳои хеш нишон медиҳад, ки одамӣ эмин аз иштибоҳ зода намешавад, балки дар тӯли зиндагӣ бо покиза доштани нафс, даст кашидан аз  хостаҳои моддӣ дар талошу кӯшиши амалӣ кардани ормонҳову ақидаҳояш ба андозаи лиёқаташ муваффақ мешавад. Ганди бо забоне хеле содаву фаҳмо бо хонандаи худ дар муколама менишинад ва ҳамчун шахсе заминӣ бо ҳама қудрату заъфи инсонӣ, на фарде баргузида, роҷеъ ба фарозу нишеби зиндагӣ сухан ба миён меоварад. Аз ин нигоҳ китоби «Саргузашти ман» ба асаре бисёр омӯзанда табдил шудааст, ки хонандаи худро ба ростию некӣ фаро мехонад. Аз ҳамин рӯ, бовар дорам, ки ривояти Ганди  аз зиндагияш бар дили хонандаи тоҷик нишаста, бар рӯзгори шахсию робитаҳои иҷтимоии ӯ таъсири мусбат хоҳад расонд.
   Китоб аз панҷ бахши куллӣ ташкил шуда, ҳар бахш ба бандҳои кӯтоҳе тақсим мешавад, ки дар ҳар банд Ганди  ба баёни анбӯҳи ҳодисаҳое, ки аз сар гузарондааст, мепардозад. Чунин услуби навиштани китоб натанҳо хондани онро осонтар мекунад, балки танаввӯъи мазмунию хотираҳои зиёду пурранг, ки хеле ошкор ва росту бепарда навишта шудаанд, хондани китобро ба хотирае фаромӯшношуданӣ аз ҳамсӯҳбатӣ бо яке аз бузургмардони таърихи ҷаҳон мубаддал мекунад.
Дар китоби «Саргузашти ман» Маҳатма Ганди дар бораи якчанд мақулаҳои фалсафии хеш монанди сатяграҳа ва аҳимса муфассал мепардозад. Бо овардани ин консептҳои ахлоқию маърифатшиносӣ, ба як нуктаи муҳимм – фалсафаи беозорӣ ё хушунатпарҳезӣ, ки асли андешаи Маҳатма Гандист мехоҳам таъкид кунам, ки чи гуна мақулаҳои куҳану бунёдии андешаи инсонӣ метавонанд бо арзи ҳастӣ намудани шахсиятҳое фарзонаву нобиға бозофарида шаванд ва дар зиндагии инсонҳо асаргузор бошанд.
   Ганди дар фарҳанги куҳан ва ғание парвариш ёфт, ки бар бахшандагӣ, тасаллут бар нафс, покии ботин, фарзонагӣ, ростӣ ва билхусус хушунатпарҳезӣ, ки муродифи он дар забони ҳиндӣ «аҳимса», яъне беозорӣ  ё камозорӣ мебошад, бунёд гардидааст. Ба гумони ин ҷониб решаи ин дигоҳ (агар аз истилоҳи Юнг истифода кунем) дар “нохудогоҳи”  фарҳанги қадими ҳинду ориёӣ нуҳӯфта аст.
   Ман ба ин меандешидам, ки чӣ муштаракоте байн мо ва Ҳинд, ки замоне дар як густураи фарҳангии ба ном ҳинду-ориёӣ ҳамзистӣ доштаем, дар ин замина метавонад вуҷуд дошта бошад. Тахминам ин буд, ки чун решаи мо тоҷикону ҳиндуён аз як дарахти тавоное ба номи нажоди ҳинду ориёист, нуқтаи пайванде низ бо фалсафаи мубориза бидуни зуроварии Маҳатма Ганди, ки аз Ведҳо ва андешаи қадимаи ҳинду ориёӣ бармеояд, бояд мавҷуд бошад, зеро ҳар пажӯҳандаи огоҳ ва доно ҳамонандиҳои бешумореро байни ин ду фарҳанг пайваста мушоҳида кардааст. Аз ин рӯ ба мақсади пайдо кардани андешаҳои мушобеҳе роҷеъ ба фалсафаи Маҳатма Ганди ба таърихи фарҳангу адаби точикӣ муроҷиат намудам. Ба саҳифаҳои адабиёти классики мо, ки оинаи тамомнамои таърихи гузаштаамон аст, мурур кардам. Бахусус, осори бузургоне чун Рӯдакӣ, Носири Хисрав, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигаронро  аз назар гузаронидам ва ба як биниши ахлоқию фалсафие бархӯрдам, ки номи он КАМОЗОРӢ-ст, ки айни ҳамон АҲИМСА-и ҳиндист, ки яке аз аслҳои марказии назарияи Маҳатма Гандист. Дар ин бора дар пешгуфтори китоб муфассал сухан рафтааст ва шумо метавонед ин матлабро он ҷо бихонед. Дар ин ҷо танҳо чанд мисол меоварам. Ҳакими бузург, ҳамосасарои беҳамто Фирдавсӣ гуфтааст:
  Мазан бар камозор бонги баланд
  Чу хоҳӣ, ки бахтат бувад ёрманд. 
  ****
  Камозор бошеду ҳам камзиён
  Бадиро мабандед ҳаргиз миён. 
  Саъдӣ низ дар Гулистон, дар баҳси «Фазилати одамӣ бар ҳайвонот», бартарин нишонаи инсониятро «беозорӣ» мешуморад ва мегӯяд:
  Ҳумой бар ҳама мурғон аз он шараф дорад,
  Ки устухон хӯраду ҷонвар наёзорад.
  Шоири овозадори қарни XIV Ҳофизи Шерозӣ эълом мекунад,кӣ: «растгории ҷовид дар камозорист» ва озурдани диле ҳатто бо нола  раво нест:
  Дилаш ба нола маёзору хатм кун Ҳофиз,
  Ки растгории ҷовид дар камозорист.
  Хулоса, вежагиҳое, ки зикраш рафт, рисолаи «Саргузашти ман»-ро ба дастуре бисёр муфид табдил намудаанд, ки хонданаш таъсире созанда дар рӯҳи хонанда гузошта, майли уро нохудогоҳ ба сӯи некиҳову хубиҳо равона месозад. Ганди хулоса мекунад:  ҳар шахсе, ки мехоҳад ба покию таҳорати ботин ноил шавад, бояд хештанро дар андеша, гуфтор ва кирдор аз қайди ҳавову ҳавас раҳоӣ бахшад ва ростию дурустиро пешаи зиндагии хеш кунад.

Шодимуҳаммад Сӯфизода,
директори китобхонаи илмии ба номи
И.Гандии Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

БОЗГАШТ