АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Маълумот оид ба аввалин зане, ки ба вазифаи президенти Маҷористон интихоб шудааст

Муаллиф: Юсуфӣ Фарзона

Расм

  ТАСС хабар медиҳад, ки 10 марти соли 2022 депутатҳои Маҷлиси давлатии (парламенти) Маҷористон Каталин Новакро, ки намояндаи ҳизби “ФИДЕС” - Иттиҳоди шаҳрвандии Маҷористон буд, президенти нави  кишвар интихоб карданд. Ба тарафдории ӯ аз се ду ҳиссаи аъзои парламент (137 овоз аз  193 нафаре, ки дар овоздиҳӣ иштирок доштанд. Маҷмӯи умумии депутатҳо дар парламент - 199) овоз доданд. Новак аввалин зане шуд, ки раёсати Маҷористонро бар уҳда гирифт. Рӯзи 10 март соли 2022 Новак собиқ президенти ин кишвар  Янош Адерро иваз намуд, ки  соли 2012 аз ҷониби “ФИДЕС” интихоб шуда буд ва ду давраи панҷсола дар қудрат буд.

  Ҳаёт ва таҳсилот

  Каталин Новак 6 сентябри соли 1977 дар Сегед дар ҷануби Маҷористон таваллуд шудааст. Соли 2001 факултаи иқтисодии Донишгоҳи Корвинаи Будапештро хатм карда, солҳои 2001-2004 дар донишгоҳҳои Сегед ва Донишгоҳи Порис X.Нантер таҳсил кардааст.

  Фаъолият дар партия ва парламент

  Солҳои 2017-2021 Новак яке аз ноибҳои президенти ҳизби партияи “ФИДЕС” - Иттиҳоди шаҳрвандии Маҷористон буд (сарвараш Виктор Орбан; дар солҳои 1998-2002, 2010-2014, 2014-2018 ва аз соли 2018 ҳукмронӣ мекард). Аз соли 2017  котиби давлатии ҳизб оид ба корҳои хориҷӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, дар кори худ ба рушди муносибатҳо бо ҳизбҳои шарики “ФИДЕС” ва ҳамкориҳои байниҳизбӣ дар асоси арзишҳои демократии насронӣ дар Аврупо ва тамоми ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа додааст.

  Тибқи натиҷаи интихоботи парлумони 8 апрели соли 2018 Новак аз “ФИДЕС”, ки бо ҳизби халқи христианӣ-демократӣ иттифоқ дошт, вакили Маҷлиси давлатии Маҷористон интихоб гардид.

  Дар ҳукумат

  Аз соли 2001 ба ин тараф дар давраҳои мухталиф Новак дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар кор кардааст. Солҳои 2001-2003 корманди шуъбаҳои гуногуни Вазорати корҳои хориҷӣ, солҳои 2010-2012 мушовири вазир буд. Солҳои 2013-2014 дар вазифаи Вазири ваколатдор оид ба корҳои франкофонӣ кор кардааст.

  Солҳои 2014-2020 котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои оила ва ҷавонон, солҳои 2016-2017 котиби давлатӣ оид ба корҳои байналмилалӣ дар Вазорати захираҳои меҳнатӣ буд.

Аз 1 октябри соли 2020 то 31 декабри соли 2021 вай дар ҳукумати Виктор Орбан ҳамчун вазири мушовир оид ба корҳои оила кор кардааст. Вай бeштар бо масъалаҳои демография (таъсиси кӯмакпулӣ ба оилаҳои фарзанддор; бо ташаббуси ӯ соли 2018 дар Маҷористон “Соли оила” эълон шуда буд), ҷавонон (ҷудо кардани маблағ барои татбиқи Барномаи миллии истеъдодҳо, ки ҳадафи он ҷалб ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад) ва ғайра сару кор доштааст. Дар моҳи ноябри соли 2020 вай изҳор дошт, ки дар Маҷористон танҳо ду ҷинс зиндагӣ мекунанд - мардон ва занон. Ин изҳорот мавҷи хашмро дар доираҳои либералии Аврупо ба вуҷуд овард, ки дар он ҷо эътирофи даҳҳо ҷинс меъёр (норма) ҳисобида мешавад.

  Президент

  21 декабри соли 2021 сарвазир Виктор Орбан эълон кард, ки Новак  ба намояндагӣ аз ҳизби ҳоким дар интихоботи президентии Маҷористон дар соли 2022 номзадии худро пешниҳод мекунад. Новак таклифи номзадиашро қабул карда, гуфт, ки ӯ «тайёр аст ба тамоми халқи Маҷористон хизмат кунад» (президент дар ин республикаи парламентӣ салоҳиятҳои хеле маҳдуд дорад).

  Корҳои ҷамъиятӣ

  Солҳои 2010-2018 ва 2010-2020 Новак муҳаррири маҷаллаҳои “Гардиши оила ва даҳсолаи оила” (“The Family-Friendly Turn и Family-Friendly Decade”) буд. Муаллифи зиёда аз 50 мақола дар бораи оила мебошад.

  Аз соли 2019 инҷониб ноиби президенти иттифоқҳои демократии Маҷористон ва байналхалқии занон мебошад.

  Маълумоти шахсӣ

  Бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва испанӣ ҳарф мезанад. Оиладор: шавҳараш Иштван Вереш (корманди Бонки миллии Маҷористон), Писарон: Адам (2004), Тамаш (2006) ва духтараш Ката (2008).

 

Тарҷума: https://www.inform.kz/ru/kak-otnosyatsya-vengry-k-nauryzu_a3191703  санаи муроҷиат 10.03.2021

Юсуфӣ Фарзонаи Шуҳрат
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка

 

БОЗГАШТ