АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МАҚОМ ВА АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Алибекова Адиса

Расм

Мусаллам аст, ки дар замонҳои гуногуни таърихӣ фақат занони бомаърифат ва қавиирода тавонистаанд, барои расидан ба ҳадафҳои созанда, пойдории сулҳу субот, озодии маънавӣ ва бартараф намудани андешаҳои догматикӣ талош варзанд. Онҳо барои пешбурди ҷомеа ва ҳуқуқҳои хеш муборизаи зеҳнӣ ва ҳатто муборизаи ҷисмонӣ мебурданд. Зеро маҳз шахси бомаърифату соҳибмаълумот метавонад нерӯи асосии пешбарандаи дилхоҳ кишвар гардад.

Ҳамин тавр, нақши занон дар марҳилаҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоӣ басо муҳим аст. Аз давраи антиқа сар карда, то замони муосир занон новобаста бар он, ки пойбанди қонун ва низоми давлатдории даври хеш дошта бошанд, ҳам тавонистанд, нуфузи нотакрори хешро дар масоили басо муҳими рӯзгор ба сомон расонанд. Ба вижа занон саъю талош намуданд, ки дар ҷомеа муносибатҳои иҷтимоиро дар соҳаи илму оила ва иҷтимоъ ҳифз намоянд. Дар сиёсати иҷтимоии давлат дар замони муосир яке аз масоили мубраме, ки боиси омӯзиш қарор гардидааст ин таҳкими мавқеъ ва нуфузи занон нақши муассир дошта, Пешвои миллат ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад.

Мутобиқи Паёми имсолаи Пешвои миллат самти иҷтимоӣ бахусус таҳсили духтаронро дар мадди аввал қарор медиҳад. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Марказӣ барномаҳои байналмиллалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 % духтарон мебошанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Боиси саодат аст, ки занони донишманди тамаддунсози кишварамон дар баробари мардон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои пешқадами худ фарҳанги чандинасраи аҷдодони моро барои ҷаҳониён низ муаррифӣ менамоянд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар робита ба ин қайд намудан зарур аст, ки иродаи сиёсии роҳбарияти давлати мо ба хусус Президенти кишвар хусусияти устувор дорад. Ин пеш аз ҳама, нишона аз эътимоди Роҳбари давлат ба неру, ақлу заковат, садоқату самимият ва ҳурмату ҷасорати занону модарони тоҷик аст. Боиси ифтихор аст, ки дар симои занони миллати тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, хушодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиқу ғамхор ва сиёсатмадорони муваффақро мешиносад. Ҷаноби Олӣ занонро ба нигини пурҷилои коxи миллат шабоҳат дода буд, ки ин беҳтарин баҳо аз ҷониби Сарвари давлат аст, чун фарру зебоии ҳама гуна тоҷ аз нигини он вобастагӣ дорад.

Бо дарки муҳимияти масъала аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ мушкилоти беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ тамоми имконияту шароитҳоро ба хотири дастгирии ин қишри осебпазири ҷомеа ва роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт. Шуҷоати занон ва духтарони тоҷик низ дар арсаи зиндагӣ дар шаклҳои гуногун равнақу ривоҷ ёфта сайқал гирифтааст. Дар таърихи рушди миллати мо занҳое буданд, ки барои озодӣ ва шарафи миллат мубориза мебурданд ва шоирону мутафаккирони мо низ чунин занро далер ва ғайрати онро тараннум карда, дар ин маврид образҳои сазовореро чун Гурдофарид, Зебунисо, Робияи Балхӣ, Нодира, Рухшона, Томирис Маликаи Бухорхудот ҳамчун намуна мисол оварданд, ки на танҳо мақбули тоҷикзабонҳо, балки мақбули намояндагони дигар миллатҳо низ шудаанд. Ин занҳои номбурда дар арсаи ҷаҳонбинии илмӣ роҳи ҳамоҳангиеро ҷустуҷӯ карда, ҳадаф доштанд, тафаккури занҳоро барои шинохти масоили фалсафӣ ва иҷтимоӣ андешаю афкори онҳо тақвият диҳанд. Онҳо мехостанд, ки занҳо пойбанди догма нашуда, балки масоили диниро низ дар меҳвари кашфиётҳои илмӣ касб намоянд.

Иқдомҳое, ки Сарвари давлат дар тӯли чандин солҳо дар масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва таҳкими оилаҳо амалӣ намуда истодаанд, нишон медиҳанд, ки дар шароити пуртаззоди ҷаҳонишавӣ ҳамаи онҳо иқдомҳои нав буда, ҷузъи таркибии сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Имрӯз бо эътимоди комил метавонем чунин ақидаеро ироя намоем, ки саъю иқдомҳои Роҳбари давлат, дар масоили боло бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеаи модерн хеле асос аст. Ҷаноби Олӣ дар паёми имсолаи худ доир ба таҳкими «ҳуқуқи маънавии инсон» ибрози ақида намуда, ба вижа доир ба таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, таҳия ва татбиқи чораҳои давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи занон дар соҳаи иҷтимоӣ, ташаккул ва рушди омори гендерӣ, васеъшавии имкониятҳои занон ва дастрасии онҳо ишора намуданд.

 

Алибекова Адиса Музаффаровна,

Магистранти курси 2-юми

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ