АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МАҚОМИ ЗАН ДАР ШАРҚ ВА ҒАРБ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Боиси зикр аст, ки дар тӯли таърих Шарқ ва Ғарб дорои тамаддуни хос аст. Ҳамчунин арзишҳои маънавии онҳо вижагиҳои воло дорад, ки аз ҳамдигар ба маротиб фарқ доранд. Яке аз масоили баҳсталаб, ки то ҳанӯз мутахассисон ва донишмандони дунёро ба худ ҷалб намудааст, мақом ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа мебошад.
  Дарк намудани мақому манзалати зан дар Шарқ ва Ғарб бештар дар илмҳои ҷамъиятшиносӣ, чун таърих, фарҳангшиносӣ, адабиётшиносӣ ва ғайра маълум мегардад. Бинобар мақоми ҷаҳонӣ касб намудани зан бештар дар адабиётшиносӣ, яъне дар осори Абулқосим Фирдавсӣ ва Вилям Шекспир мавҷуд аст.
  Пеш аз он, ки мақому манзалати зан ва умумияту фарқият он дар Шарқу Ғарб муайян намоем, омилҳои зеринро бояд ошкор намоем:
- ифода гардидани зан дар Шарқ, бо унвонҳои мухталиф, ба мисли “модар”, “хоҳар”, “ҷинси латиф”, “дӯст” ва ғ.;
- муайян намудани бартарияти садоқату матонати занони Шарқ;
- баён намудани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, чун меҳру муҳаббат, суханварӣ, фурутанӣ ва сифатҳои дигар дар вуҷуди занони Шарқ;
- таҳлил намудани мақоми занони Шарқ дар тарбияи фарзанд;
- муайян намудани ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва ғ.
  Мавзӯъҳои муҳимтарин, ки дар осори Абулқосим Фирдавсӣ ва Вилям Шекспир мавҷуд аст, симои зан ва ҷойгоҳи ӯ мебошад. Тасвири зан дар «Шоҳнома» бо тамоми нозукиҳои онҳо нишон дода шудаанд. Шоири бузург тавонист онҳоро бо рафтору кирдори ҳақиқӣ дар «Шоҳнома» ҷой диҳад.
  Занон дар «Шоҳнома» дар баробари мардон ҷойгоҳи махсус доранд. Фирдавсӣ қариб ҳамаи нозукиҳои хислати занонро тавассути асари безаволи худ ифшо намудааст, ки то ҳанӯз дар зиндагии воқеӣ мавҷуданд. Ба қатори чунин занон, ки дар баробари мардон ҷонбозиҳо намуданд Фаронак, Шаҳнавоз, Рудоба, Таҳмина, Гурдофарид, Судоба, Фарангис, Манижа, Рухшонак ва дигарон мебошанд.
  Бояд гуфт, ки вобаста ба симои ҳар як зан дар «Шоҳнома» таҳқиқоти ҷудогона вуҷуд доранд ва муҳаққиқону пажӯҳишгарон онҳоро дар ҷойи баланд ва намоён нишон додаанд. Роҷеъ ба мақоми зан дар «Шоҳнома» аз ҷониби олимони шинохтаи ҷаҳонӣ ва чӣ донишмандони тоҷик ва дигарон корҳои зиёди илмӣ анҷом ёфтанд.
  Адабиётшинос Ҷ. Бобокалонова дар мақолаи худ таҳти унвони «Ду симои ҷовид» симои занони осори Вилям Шекспирро чун занон дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҷасур, далер ва қавиирода нишон додааст: «Дар адабиёти халқҳои ҷаҳон проблемаи офариниши образи занон мавқеи хос дорад. Дар шароити таърихии асри мо ин проблема махсусан таваҷҷуҳи аҳли адаб ва диққати онҳоеро, ки бо тадқиқ ва таҳқиқи адабиёт шуғл варзидаанд, ба худ кашидааст».
  Зимни ироа намудани фикру андешаҳои мазкур муҳаққиқи тоҷик ҳамгунагии занони ҳар кадом осори нобиғони Шарқу Ғарб муфассал таҳлилу баррасӣ намудааст. Бо дақиқ таҳлил намудани ҳамгунагии симои Рудобаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Ҷулеттаи «Ромео ва Ҷулетта»-и Вилям Шекспир дар мақола далелҳои зиёд оварда шудаанд. Муаллифон симои ҳар ду занро хушандому дилрабо ва маҳзун нишон додааст.
  Фирдавсии нозукбин чунин ба қалам додааст:
Се дигар чу Рӯдобаи хубрӯй,
Яке сарви симини борангу бӯй.
Зи сар то ба пояш гул асту суман,
Ба сарви саҳӣ бар Суҳайли Яман.
Ҳаме май чакад, гӯӣ, аз рӯи ӯ,
Абир аст, гӯӣ, ҳама мӯи ӯ.
Аз он гунбади симсар бар замин
Фурӯ ҳишта бар гил каманди камин.
Ба мушку ба анбар сараш бофта,
Ба ёқуту гавҳар танаш тофта.
  Вилям Шекспир симои занонро чунин тасвир кардааст:
Sups the fair Rosaline whom thou so loves,
With all the admirèd beauties of Verona.
Go thither, and with unattainted eye
Compare her face with some that I shall show,
And I will make thee think thy swan a crow
  Тарҷума:
Розалинае, ки шумо онро хеле дӯст медоред,
Бо тамоми зебоиҳои мафтуни Верона.  
Бо чашми пок ба он ҷо равед
Рӯи ӯро бо баъзеҳо бисанҷед ва нишон медиҳам,
Ва ман туро водор мекунам, ки зӯрии ту чу зоғ аст.
  Ягона арзише, ки осори ин ду нобиғаи ҷаҳон аз ҳамдигар камтар ҷудо мекунад, ин офаридани хислат ва характери занон мебошад.
  Дар осори Вилям Шекспир симои занон дар баъзе ҳолат сардомезона тасвир ёфтааст. Дурустараш ба марг рӯ ба рӯ шудани занон дар осори Вилям Шекспир рӯи рост гуфта шудааст:
O, she is rich in beauty, only poor
That, when she dies, with beauty dies her store.
  Тарҷума:
О, вай аз зебоӣ бой аст, аммо ҷисман нотавон
Вақте ки ӯ мемирад, бо зебоӣ худ мемирад.
  Аммо дар «Шоҳнома» ин лаҳзаҳо нисбат ба занон ин гуна тасвир наёфтааст, балки ӯро чун «олиҳаи заминӣ» иншо шудааст:
Ба Яздон гарову бад-ӯ кун паноҳ
Худованди хуршеду гардандамоҳ.
Чу ӯ кушта шуд, аспи обӣ чу гард
Биёмад бад-он чашмаи лоҷвард.
Ба об-андарун шуд танаш нопадид,
Касе дар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.
Зи лашкар хурӯше баромад чу кӯс,
Ки шоҳо, замон оваридат ба Тӯс [8, 40].
  Симои Дездемона дар «Отелло», Маргаритта дар «Ричарди III», зани Макдоф дар «Макбас» ба қатл мерасанд:
That death’s unnatural that kills for loving.
Alas, why gnaw you so your nether lip?
Some bloody passion shakes your very frame.
These are portents, but yet I hope, I hope
They do not point on me
  Тарҷума:
Ин марги ғайритабиӣ, ки барои дӯст доштан аст.
Афсӯс, чаро лабони нозуки худро чунин кар?
Оташи хунолуд тани касро ба ларза меорад.
Ин нишонаҳо, аммо ман умедворам, умедворам
Онҳо ба ман ишора намекунанд.
  Вилям Шекспир занро ҷои махсус додааст ва дар симои ӯ шоир меҳр, ишқ, зебогӣ, нозукӣ ва ғайраро дидааст. Ҳатто «Сонет»-ҳои Вилям Шекспир саршор аз муҳаббат, покӣ, ишқ, фироқ ва мисоли дигари шабеҳи инҳо мебошад. Дар ҷое Вилям Шекспир дар ин асар чунин ба қалам додааст:
My Mistres eyes are nothing like the Sunne,
Currall is farre more red, then her lips red,
If snow be white, why then her breasts are dun:
If haires be wiers, black wiers grow on her head:
  Тарҷумаи С. Улуғзода:
Нест ҳаргиз чашми ӯ монанд бо исторагон,
Ҳуққаи ёқут чун бошад шабеҳи он даҳон.
Дар сари он китфҳои дилситону сабзина,
Ҳалқа дорад ҳамчу морони сиёҳ-мӯяст он.
  Симои зан дар «Шоҳнома» ҳамчун як амволи ночизи шаҳвонӣ нишон дода нашудааст, баръакс дар мартабаи баланд қарор дорад. Дар «Шоҳнома» куштори занон ва кӯдакон аслан ба назар намерасад.
  Қаҳрамонҳои осори Вилям Шекспир, ба хусус Дездемонаи «Отелло», Маргарита ва Они «Ричарди III» ва ҳамсари Макбет Макдофи кушта мешаванд.
  Тасвири зан дар эљодиёти Вилям Шекспир хусусиятҳои хоси худро дорад. Ӯ занро ҳамчун образи нозук ва ҷаззоб нишон додааст. Инчунин ба ғайр аз ҷаззобият ва намуди зоҳирии зан Вилям Шекспир занонро бештар характери мусбат раво донистааст. Симои Оливия дар асари «Шаби дувоздаҳум» - зани баномус, некирода ва хушгуфтор нишон додааст.
  Ҳадафи муҳаққиқ зимни баён кардани фикри мазкур дар он аст, ки байни осори Ҳаким Фирдавсӣ ва Вилям Шекспир қаробатҳои зиёд мавҷуд аст. Бо тамошои намоишномаҳои Вилям Шекспир хонанда намоишҳои «Шоҳнома»-ро ба хотир меорад, зеро мазмуну муҳтавои асарҳо басо ҳам шабеҳанд. Масалан, Вилям Шекспир дар «Ҳамлет» расму ойини ғарбиёнаро тасвир намуда, аз забони Ҳамлет чунин мегӯяд:
Ay, marry, is't:
But to my mind, though I am native here
And to the manner born, it is a custom
More honour'd in the breach than the observance.
This heavy-headed revel east and west.
  Тарҷумони соҳибистеъдод С. Улуғзода мисраъҳои зеринро чунин тарҷума кардааст:
Бале, расму одат аст ин
Ба фикрам, - гарчи ин ҷо зодаам ман.
Ва бар расму одат хӯ гирифтаам, -
Риоя накардан ба ин русумот
Беҳтар аст аз риоя кардан ба он.
Ҳаёҳуи мастона дар Шарқу Ғарб
  Пас маълум мешавад, ки Вилям Шекспир баъд аз оне, ки Клавдиус бародарашро мекушад ва соҳиби тахт мегардад, занашро маликаи худ интихоб мекунад ва ҳар рӯзро ба айшу ишрат мегузаронад, расму ойини Ғарб намепиндорад. Муаллиф ошкоро мегӯяд, ки бо шунидани ин воқеа ба тамоми олам, ба вижа ба Ғарб (West) мамолики самти ғарбӣ (Аврупо ва Амрико) ва Шарқ (East) манотиқи самти шарқӣ, ки яке аз онҳо сарзамини паҳновари Форс (Persia) буд, зери маломату мазҳака қарор хоҳад гирифт.
  Боиси зикр аст, ки нобиғаи Ғарб комилан аз манотиқи Шарқ ва расму русуми он огоҳӣ ёфтааст ва ба ғарбиён омӯхтани расму русум, одобу ахлоқ ва ғайраро аз мардуми Шарқро талқин мекунад.
  Ҳамин тавр гуфтан ҷоиз аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ ва Вилям Шекспир занро ба ҳар шакл тасвир намудаанд, ки мақоми манзалати ӯ дар ҷомеа бештару беҳтар мегардад.
Шозиёева Г.П.
дотсенти кафедраи забонҳои
 хориҷии Академия
Одинаева С.Н.
мутахассиси пешбари факултети
таҳсилоти фосилавӣ ва
таҳсилоти дуюми Академия

БОЗГАШТ