АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

“МАҒРИБ ЗИ ТУ БЕГОНА, МАШРИҚ ҲАМА АФСОНА...”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар шумораи 11-уми соли 2020, маҷаллаи “Садои Шарқ” (саҳифаи 124-149) мақолаи шоири халқии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа Назри Яздонӣ бо номи “Девонае дар коргаҳи шишагар” (Муҳаммад Иқбол ва Фридрих Нитше) ба чоп расид. Мақола 25  саҳифаро дар бар мегирад. Кормандони Маркази омузиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии Тоҷикистон нашри чунин мақоларо падидаи мусбат шуморида, барои равшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳои печидаи мақолаи мазкур ба сарходими Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, Комил Бекзода муроҷиат намуданд. Масъулияти пешбурди мусоҳиба ба уҳдаи яке аз кормандони Марказ номзади илмҳои филологӣ Фирдавс Ниёзӣ вогузошта шуд.

Аз идораи маҷаллаи “Илм ва Ҷомеа”

Фирдавс Ниёзӣ:
Устод Комил Бекзода, Шумо аз нашри ин мақола огоҳӣ доред?

Комил Бекзода:
Бале, хабар дорам ва нусхаи серокопии онро ҳам дар даст дорам.

Фирдавс Ниёзӣ:
Сарлавҳаи мақолаи Устод Назри Яздонӣ “Девонае дар коргаҳи шишагар” ном дорад. “Девона”, “шишагар” ва “коргаҳ” яъне чи? (с.124).

Комил Бекзода:
Устод Назри Яздонӣ дар ин сарлавҳа воқеан лутфи шоирона ва ишороти  файласуфона ба намоиш гузоштаанд. Ва инсофан, ин сарлавҳаи хеле ҷолиб аст. Он чи ман тасаввур мекунам ин аст, ки сарлавҳаи мазкур як мисра шеъри нотамоми Муҳаммад Иқбол (1877-1938) аст дар бораи Фридрих Нитше (1844-1900). Шакли пурраи шеър чунин аст:

Аз сустии аносири инсон дилаш тапид,
Фикри ҳаким пайкари маҳкамтар офарид.
Афканд дар Фаранг сад ошуби тозайе,
Девонае ба коргаҳи шишагар расид.
(Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ. Теҳрон, интишороти Илҳом, чопи аввал: 1384-2005, саҳифаи 287).

Мазмуни ин дубайтӣ возеҳ ва равшан аст. Танҳо калимаҳои зикрнамудаи Шумо дар ин пора шеър ба шакли маҷоз омадаанд: “Девона”-образи шоирона ва файласуфонаи Фридрих Нитше аст. Зеро фаъолиятҳои ҷасурона ва густохонаи ӯ шабоҳате ба гуфтору кирдори девонагон дошт. Даъвои пайғамбарӣ ва худоӣ кард. Ҳама чизу ҳама касро бад гуфт ва инкор намуд. Ва дар охири умр ба олами ҷунун пайваст. Ва ҳамаи ин гуфторҳо ва рафторҳои ӯ сабабҳои зотӣ (субъективӣ) ва айнӣ (объективӣ) доштанд, ки дар давоми ин мусоҳиба ба онҳо ишора хоҳем кард. “Коргаҳи шишагар” дар ин шеър ба маънои урупои фарҳангӣ асри 19 омадасст. Ба ин маъно, ки дар он замон мегуфтанд: Акнун “нур аз Ғарб (Урупо) меояд, на аз Шарқ!” Хулоса ин ки коргаҳи шишагарон (фарҳанги урупоӣ) ба ин андоза ночиз ва осебпазир буд, ки натавонист тоби ҳамлаи як девонаро (Нитшеро) таҳаммул кунад.    

Фирдавс Ниёзӣ:
Пеш аз ҳама мехостам бипурсам, ки: “Оё истилоҳи “ориёӣ” баъд аз Фридрих Нитше (1844-1900) ва Адолф Гитлер (1889-1945) эътибори таърихии худро аз даст додааст ё не? (с.124).

Комил Бекзода:
Дурустии ин андеша имрӯзҳо ранг бохтааст. Истилоҳи “ориёӣ” дар фарҳанги муосири ҷаҳон ҳоло ҳам роиҷ аст. Мо ҳам ба бисёре аз ақидаҳои сиёсӣ, динӣ, адабӣ ва фалсафии Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ва Фридрих Нитше (1844-1900) розӣ ва мувофиқ нестем. Вале ин назари шахсии мо далели қотеъ намешавад, ки ба ҳама андешаҳои он ду шахсияти бузурги фарҳангии ҷаҳон, хати бутлон бикашем. (Дар саҳифаҳои баъдӣ ба ин мавзуъ боз мегардем).

Фирдавс Ниёзӣ:
Нитше ва Иқбол барои Тоҷикистон чи чизи гуфтание доранд? (с.125).

Комил Бекзода:
Мо аз шеърҳои ватандӯстона ва олиҷаноби Иқбол истифода мебарем. Ақидаҳои озодандешонаи шоир барои ҷавонони мо ибратбахш аст:
“Чун чароғи лола сузам, дар хиёбони Шумо
Эй ҷавонони Аҷам,  ҷони ману ҷони шумо”.
Мо зиёда аз 70 сол дар низоми Шӯравӣ ва қариб 30 сол дар давраи истиқлол барои ҷаҳонбинии илмӣ ба муқобили хурофотҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ дастба гиребон ҳастем. Андешаҳои зиддихурофотӣ ва зиддидинии Фридрих Нитше илҳомбахши муҳаққиқони ҷавони мо дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ буда метавонанд. Махсусан, китоби “Анти-Христ” ва китоби озодандешонаи “Инсонӣ ва хеле ҳам инсони”-и ӯ бедоркунандаанд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Оё ҷаҳонбинии Нитше ва Освалд Шпенглер (1880-1936) дар воқеъ даҳшатноканд? (с.126).

Комил Бекзода:
Барои Шарқи ақибмонад ва хурофотӣ шояд чунин ба назар намоянд. Имрӯзҳо мардуми Шарқ аз ҳама гуна ростӣ ва ҳақиқат тарс ва ҳарос доранд. Аммо барои Аврупо ва Амрико осори Нитше ва Шпенглер ҷолибтарин осори сиёсӣ, илмӣ, фалсафӣ ва ҷомеашиносианд. Аврупо аз ростӣ ва ҳақиқат наметарсад. Асрор ва муаммои тараққиёташ ҳам шояд дар ҳамин ҷасорати илмӣ ва ҷомеашиносиаш бошад.

Фирдавс Ниёзӣ:
Саломатии ҷисмонӣ ва фикрии Нитше дар кадом сатҳ буд? (с.126).

Комил Бекзода:
Нитше аз бемории саръ  (арабӣ صرع) (русӣ эпилепсия) (беҳушӣ) ранҷ мекашид. Ин беморӣ аз роҳи хонаводагии яке аз волидайнаш ба ӯ расида буд. Пеш аз Нитше чанд кас аз аҳли ин хонавода ба ин беморӣ гирифтор будаанд. Ҳоло ин беморӣ аз ҷумлаи бемориҳои табобатшаванда аст.

Фирдавс Ниёзӣ:
Ба назари Нитше бемориҳои ҷомеаи муосири ҷаҳон кадоманд? (с.126).

Комил Бекзода:
Нитше хайрхоҳиҳои рӯякӣ, риёкорона, мунофиқона, маънавиёти хурофотзада ва рӯҳонияти фосиди замони худро беморӣ ба шумор меовард.

Фирдавс Ниёзӣ:
Ахлоқи масеҳӣ ба ки даркор аст? (с.127).

Комил Бекзода:
Ба андешаи Нитше дар ҷаҳон ду навъи ахлоқ вуҷуд дорад: яке ахлоқи озодагон, дуюм ахлоқи ғуломон. Ӯ ахлоқи пайравони дини масеҳро ахлоқи ғуломон меномид. Ғуломӣ ба маънои пассив ва ғайри фаъол будан аст. Ин рафтори ғуломона натиҷаи тарбияи ахлоқии дини масеҳӣ мебошад. Аммо ахлоқи ашрофзодагон дар куҷое, ки бошанд, ахлоқи озодагонро намояндагӣ мекунанд. Онҳо далер, зирак, покфират ва масъулиятшиносанд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Инсони типпи нав гуфта Нитше киро дар назар дорад? (с.127).

Комил Бекзода:
Ба ақидаи Нитше инсони типи нав Абармард ном дорад. Ба забонҳои урупоӣ ӯро Супермен меноманд. Яъне инсони забардаст. Ҳар инсони озода ва созандае, ки ҷаҳонбиниҳои хурофотӣ ва мазҳабии гузашта ва ҳозираро рад ва инкор менамояд, супермен аст. Ба ибораи равшантар супермен инсони солимро меноманд. Инсони огоҳ ва масъулиятшинос. Масъулият дар назди инсоният ва виҷдонии инсонии худаш. Абармардҳои гузаштаи таърихи ҷаҳон (Ҷамшед, Рустам, Исфандиёр, Фаридун) ҳамеша зери фишори сиёсатҳои ғалат ва истибдодии замони худ буданд. Истибдоди сиёсӣ ва истибдоди динӣ. Ҷаҳони нав ва имрӯза ба муқобили ин истибдодҳо муборизаи ҳамагонӣ эълон намуда аст. Инсони типи нав танҳо аз роҳи илму дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ ва реалистӣ парвариш меёбад. Дар фазое, ки сиёсатмадорони фосид ва рӯҳониёни гумроҳ дахолат дошта бошанд инсони супермен гирифтори мушкилиҳо мегардад. Туҳматҳо ва бадномкуниҳои пешина ва ҳозира дар атрофи истилоҳи супермен кори дасти и ду гуруҳи фурсатталаб ва манфиатхоҳ аст. Нитше марди сиёсат набуд. Ӯ ба ҷаҳон бо чашми як шоир ва як файласуф менигарист. Агар иштибоҳе аст, ислоҳи он ба уҳдаи муҳаққиқони таърихи фалсафа ва насли нави имрӯзаи ҷаҳони мост.  

Фирдавс Ниёзӣ:
Чаро табақаи рӯҳониён нодаркоранд? (с.127).

Комил Бекзода:
Барои он, ки дар ҷомеаи худ ягон кори амалии фоиданокеро анҷом намедиҳанд. Аз нодонии мардум суистифода намуда, онҳоро ба сифати рама чупонӣ мекунанд. Ногуфта пайдост, ки тақдири рама ҳамеша дар дасти чӯпон аст. Нитше мехост, ки аз роҳи тарғиби донишҳои дунёвӣ ин мардуми рамасифатро огоҳ ва бедор намояд. То ин ки қадри инсонии хешро бишносанд. Аз дасти ин чупонҳои ҳарис ва дағалбоз худро наҷот диҳанд. Аз ин гузашта, барои он ки ҷаҳонбинии рӯҳониёни замони Нитше, як ҷаҳонбинии мурда, шахшуда, зиндагигурез ва таваккалӣ буд. Ва чунин инсоне барои зиндагии солим омодагии лозимро надошт. Зеро рӯҳонияти масеҳӣ имкон намедод, ки мардум ба сатҳи худогоҳӣ бирасанд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Нитше кадом чизҳоро рад мекунад ва дар нисбати онҳо “не” мегӯяд? Ва кадом чизҳоро қабул дорад ва “ҳа” мегӯяд.(с.127).

Комил Бекзода:
Матолиб ва андешаҳои динӣ ва хурофотӣ инсонро заиф мекунанд. Намегузоранд, ки инсон бо фикри мустақили худ зиндагӣ намояд. Ба таври куллӣ Нитше ба муқобили урфу одат, ахлоқ, сиёсат, фарҳанги мазҳабӣ ва метафизикаи анъанавии дунёи қадим, асрҳои миёна ва замони худ (асри 19) исён бардошт. Ва кӯшиш намуд, ки ба ҷои ин ҷаҳонбиниҳои хурофотии анъанавии шарқӣ ва ғарбии олам ҷаҳонбинии нави илмӣ ва дунявӣ эҷод намояд. Чунин ҷаҳонбиниро дар китоби “Чунин гуфт Зардушт” ҳаматарафа асоснок намуд. Дар доираҳои илмии ҷаҳон ин ҷаҳонбиниро бо номи ҷаҳонбинии “Иродаи қудрат” мешиносанд. Иродаи қудрат яъне иқдоми инсони бедор, озод ва масъул дар сохтани ҷомеаи нави дунявӣ.

Фирдавс Ниёзӣ:
Чаро қавӣ хайр ва хуб аст? (с.127).

Комил Бекзода:
Зеро, ки қавӣ (зӯрманд ва тавоно) қудрати интихоб дорад. Заиф қудрати интихобро надорад. Ин муқобилгузорӣ танҳо дар баҳси “Ахлоқи ғуломон” ва “Ахлоқи хоҷагон” аст, ки Нитше фарҳанги гузаштаи инсониро аз ин ду гуруҳ иборат медонад. Ва ногуфта пайдост, ки хоҷагон (шоҳон, амирон, ашрофзодагон, сиёсатмадорон, рӯҳониён, сарватмандон...) ҳамеша лаҷоми ҷомеаи худро дар даст доштаанд.Решаи ин зӯрӣ ба яке аз пояҳои асосии фалсафаи Нитше “Иродаи қудрат” мерасид, ки ба назари ӯ ҷавҳари олами ҳастиро ташкил мекунад. Ин назар ба андешаи муҳаққиқони муосир нотамом ва баҳсбарангез аст.

Фирдавс Ниёзӣ:
Чаро Нитше шафқатро хатарнок мешуморад? (с.127).

Комил Бекзода:
Барои он ки шафқат ва раҳмдилӣ дар ҳаққи касе ҳардуро пассив ва ғайри фаъол мегардонад. Шаҳомат ва бузургии инсониро ба замин мезанад. Шафқат аз назари равоншиносӣ ғуломон ва инсонҳои заифу бечораро аз фаъолиятҳои иҷтимоӣ ба дур нигоҳ медорад. Онҳо ҳуқуқҳои табиии худро аз ҷомеа талаб карда наметавонанд. Бефаъолиятӣ ва пассивиро барои худ тақдир ва сарнавишт ҳисоб мекунанд. Нитше ин назарро қотеона рад мекунад.

Фирдавс Ниёзӣ:
Сифатҳои фосидкунандаи нажод кадоманд? (с.127).

Комил Бекзода:
Сифатҳое аз қабили: шафқат, ҳамдардӣ ва хоксориҳои сохта ва бофтаи дуруғин инсонҳоро ба бероҳа мебарад ва ҳар касе дигареро мефиребад. Ин аст, ки фазои истибдоди динӣ ва сиёсӣ характеру ахлоқи миллии мардум ва қавму миллатҳоро фосид мегардонад. Масъалан дар Эрони бостон илми ростгӯйи дар мадрасаҳои он замон таълим дода мешуд. То ин ки шаҳрвандони ин кишвар ва ин миллат мардумоне ростгӯ, содиқ ва фарҳангӣ бошанд. Аз таърих маълум аст, ки бо шикасти сиёсӣ, динӣ ва идеологии Эрони бостон, қавму миллатҳои ин империя зери хукми бегонагон қарор гирифтанд ва дарси ростгӯйи аз миён рафт. Ва бозмондагони ин империяи бузурги таърихӣ дар замони ҳозир аз дигар миллатҳо бештар дурӯғ мегуянд. Нитше яке аз мухлисони ростини фарҳанги бостонии Эрон буд ва ин назарияҳои ӯ ба таърихи ин қавм равона гардида буданд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Шахси хушахлоқ чи касест? (с.127).

Комил Бекзода:
Онҳое, ки заиф, нотавон ва тарсу ҳастанд, худро хушахлоқ ҳисоб мекунанд. Нитше бо ин назар мувофиқ нест. Ӯ тарафдори ахлоқи фардӣ ва индивидуалӣ буд. Ахлоқе, ки решаҳои воқеӣ ва илмӣ дошта бошад. Ба назари Нитше ахлоқро золимон ва муштзӯрони таърих эҷод кардаанд. Барои он, ки мардум ва оммаҳо аз фармоишоту итоати онҳо хориҷ нашаванд. Босбони асосии ахлоқ дар ҷомеаҳои гузашта, рӯҳониёни динҳои гуногун ва сиёсатмадорони он замон буданд. Ҳоло ҳам чунин аст. Хушахлоқ будан ин мафҳуми нисбист, мутлақ нест. Шахси хушахлоқи буддоӣ барои яҳудӣ ва масеҳӣ писандида нест. Ҳамин тавр буддоӣ ҳам шахсиятҳои хушахлоқи масеҳӣ ва яҳудиро қабул надорад. Зеро, ки ҳар ахлоқе татбиқи амалии ин ё он дин ва сиёсат аст. Чун динҳо ва сиёсатҳо бо ҳам мухолифанд, ахлоқҳо низ бо ҳам созиш надоранд. Ҳамаи ахлоқҳо дар маҷмуъ ифодакунандаи манфиатҳои гуруҳии динӣ ва дунявӣ мебошанд. Нитше ахлоқҳои гузаштаи ҳамаи миллатҳои ҷаҳонро монеаи роҳи озодӣ, пешрафт ва прогресси инсоният мешуморид. Ба андешаи ӯ ахлоқи воқеӣ бояд решаҳои индивидуалӣ, илмӣ ва реалӣ дошта бошад.

Фирдавс Ниёзӣ:
Оё Муҳаммад Иқбол, ки замоне ҳаводор ва мухлиси Нитше шуда буд реформатори (ислоҳотхоҳи) исломӣ буд? (с.127).

Комил Бекзода:
То онҷо, ки имкон дошт, ин нақшро бозӣ кард. Вале барои реформаи идеологӣ ва илмӣ ҷомеа ва кишвари ӯ омода набуд. Дар охир ноумед ва пушаймон шуд. Қариб ҳамдиёронаш ӯро фаромуш карданд. Хостанд, ки ба ӯ кӯмаки молӣ ва пулӣ расонанд. Вале маблағи ҷамъоварда ва фиристодаи онҳоро боз пас фиристод. Шоҳиди ин ҳодиса гуфтааст, ки ҳангоми хайру хуш дидам, ки Иқбол ба тарзи пинҳонӣ қатраҳои ашкашро пок мекард. Ин носипосии ҳамдиёрон дар мағзу устухони ӯ таъсир гузошта буд. Солҳои охири умр аз 19 беморӣ ранҷ мебурд. Табибон ташхис дода буданд, ки он ҳама бемориҳо дар заминаи асаб хуруҷ кардаанд. Ӯ зоҳиран таслим шуда буд. Вале дар асл роҳи баргузида ва ростини худро (ирфон)-ро давом медод. Худои ӯ дигар худои мазҳабӣ набуд. Худое буд, ки аз моҳияти инсонии хирадманде чун Иқбол гувоҳӣ медод. (Ӯ ин нуктаро бо як хабарнигори урупоӣ дар миён гузошта буд ва пурсида буд, ки шумо доктори фалсафа ҳастед ва намоз ҳам мехонед ин ҳолатро чихел бояд фаҳмем? Иқбол гуфт: “Ман дар намозам моҳияти инсонии худамро ибодат мекунам!”). Яъне ӯ моҳияти инсонии шахсияти худашро парастиш ва ибодат мекард. Худои ӯ дар шакли як идеали мушаххаси фардие ҷилва мекард, ки таҷассумгари як ҳадафи муқаддаси инсонӣ буд. Ҳадафе, ки ҳамзамонони ӯ аз ин ҳадаф фарсангҳо дур буданд. Ӯ дар ҷаҳони худ зиндагӣ мекард. Ва ҳамон ҳадаф дини шахсии ӯ низ ба шумор мерафт. Ин лаҳзаҳо буданд, ки худро ҳамтақдири Нитше ба шумор меовард. Дар қитъаи шеъре, ки дар бораи Нитше навишта ва мехоҳад, ки ӯро аз куфру илҳод ба дур нигаҳ дорад ва аз ӯ як орифи нотакрори сатҳи ҷаҳонӣ бисозад, гуфта:
 
Варна ӯ аз хокиён безор буд,
Мисли Мусо толиби дидор буд.

Мақоми Нитше дар назари Иқбол ба он андоза баланд ва арҷманд буд, ки дигаронро ҳам ба ӯ тақлид кардантавсия кардан намедод. Чаро, ки медонист ба пояи илм ва фалсафаи ӯ расидан дар он шабу рӯз амри муҳол менамуд. Чуноне, ки то имрӯз (2020) касе ба мақоми ӯ нарасидааст. Доир ба ӯ мегӯяд:

Ақли ӯ бо хештан дар гуфтугӯст,
Ту раҳи худ рав, ки роҳи худ накуст.
(Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ. Теҳрон, интишороти Илҳом, чопи аввал: 1384-2005, саҳифаи с.383).

Ин шеър аз Ҷовидномаи Иқбол аст, ки баъди сайри фалаки зуҳал, минтақае пеш меояд ба номи “Он суи афлок”. Ва дар ҳамин қисмат шоир як қитъа шеъреро ҷой дода аст ба номи “Мақоми ҳакими олмонӣ Нитше”. Шеър иборат аз 74 мисра аст. Ҳангоми айри фалакҳо Ҷалолиддини Румӣ (1207-1273) бо Муҳаммад Иқбол Нитшеро мебинанд. Ва аз Румӣ мепурсад, ки: “Ин мард кист”. Мавлоно Румӣ ба Иқбол ки будани ӯро чунин шарҳ медиҳад: (Тарҷимаи мухтасари шеър ба наср). “Ин кас файласуфи олмонӣ аст, ки дар байни ин ду олам ҷойи ӯ қарор дорад. Дилбастаи мавзӯъҳои ҳакимони гузаштаи мо мебошад. Ҳамон гуфтаҳо ва даъвоҳои Ҳаллоҷро ба тарзи дигар баён мекунад. Гуфтораш бебокона ва ҷасурона аст. Соҳиби афкори бузург мебошад. Андешаҳои ӯ чун шамшер олами Ғарбро пора-пора карда буд. Вале ғарбиён ба ҷазбаҳои мастонаи орифонаи ӯ пай набурданд. Ва ӯро девона шумориданд. Доноёни Ғарб ишқу мастии орифонаро намедонанд. Ба ҷои майхонаи ваҳдат ӯро ба дасти табиб супориданд. Пизишкони ғарбӣ бемории маҷзубиро (ҷунуни ишқи илоҳӣ)-ро намешиносанд. Ӯ дар шаҳру диёри худ ғариб ва бегона буд. На ба дасти кашиш ва мулло, балки ба дасти табибон кушта шуд. Дар Фаранг (Урупо) пиру муршиду раҳнамое пайдо нашуд. Ин ҳолат ба бетобии ӯ шиддат бахшид. Азми сафар дошт вале касе роҳи ҳақро ба ӯ нишон надод, ки роҳи рост кадом аст. Ба ҷои кӯмак ба ӯ мушкилоти дигаре таҳмил карданд. Ганҷинаи нақд буд, вале ин ганҷро касе шинохта натавонист ва аз истеъдоди ӯ баҳрабардорӣ накард. Ӯ ҳамчун ошиқ ва солик (пайрав) дар оҳу роҳи худ нопадид гардид. Аз мастиҳои ӯ шишаҳои зиёде шикаста шуд. Ҳатто аз Худо ҳам бубрид ва ҳам аз худ бегона гардид. Хост, ки ваҳдат ва омезиши Худо ва худиро (инсони)-ро бо чашми зоҳир бубинад Ва ин ҷаҳони обу гилро тарк кунад. Ончи ки Нитше мегуяд ба ҷуз мақоми худоӣ чизи дигаре нест. Вале намедонад, ки ин мақом берун аз ақлу ҳикмат аст. Зиндагӣ тафсиркунандаи ишораҳои худӣ мебошад. “Ло ва илло” низ аз ҷумлаи мақомоти худӣ аст. Ӯ дар мақоми “Ло” дар монд ва то “илло” рафтан натавонист. Аз мақоми пайғамбарӣ ҳам бехабар монд. Ба мушоҳидаи таҷаллӣ (қурб) расида буд, вале худаш хабар надошт. Ӯ танҳо дар ҷустуҷуи мақоми инсон буд. Ва ба ҳамин сабаб бебокона фарёд зад, ки “Одам куҷост?”. Вагарна ӯ аз хокиён безор буд ва ба мисли Мусо талабгори дидани ҷамоли Худо буд. Агар Нитше дар замони ориф ва суфӣ Аҳмади Сарҳиндӣ (1563-1624) зиндагӣ мекард бешубҳа ба мақоми шодмонии ҷовидонӣ мерасид. Ҳоло, ки чунин шуда аст, он беҳтар, ки ту ба роҳи худ биравӣ чаро, ки ақли Нитше бо худии худаш машҳури гуфтугӯ мебошад”. (с.483-484).
Омадани Нитше дар асри 19 ба андешаи Иқбол аз назари замонӣ нобаҳангом буд. Аз назари маконӣ низ (Олмон, Урупо) барои мардоне чун Нитше созгорӣ надошт ва оқибати ин носозгории замонӣ ва маконӣ ба фоҷиаи шахсии файласуф бурда расонд. Ин назари шахсии Иқбол аст. Хостааст, ки аз Нитше як нафар солики (роҳрав)-и навсафари водии ирфони шарқӣ созад, ки ба сабаби камтаҷрибагӣ дар нимароҳ (байни ду ҷаҳон) боқӣ монд ва ба ҳадафи аслӣ нарасид. Вале худи Нитше ва муҳаққиқони ғарбии ӯ тасаввуф ва ирфонро дар системаи фалсафа ва ҷаҳонбинии куллии ӯ як унсури бегона ва хатарнок ташхис додаанд. Ба андешаи мухолифони Нитше ӯ як мулҳиди том ва тамом буд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Кадом арзишҳо тафаккурро захмӣ мекунанд? (с.127).

Комил Бекзода:
Арзишҳое, ки ба сифати авторитет ва фармоишҳои муқаддас парастида мешаванд. Қариб ҳамаи андешаҳои мазҳабии Шарқу Ғарби ҷаҳон маҳз аз ҳамин андешаҳои захмикунанда иборатанд. Нитше Як умр ба муқобили ин суннатҳо ва анъанаҳои гузаштаи динӣ ва сиёсии қавму миллатҳои ҷаҳон хунсардона ва сарсахтона мубориза мебурд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Оё муқоисаи Шарқу Ғарб аз ҷониби Иқбол холисона ва бетарафона буд? (с.128).

Комил Бекзода:
Дар ибтидои ошноӣ бо фарҳанги Ғарб Иқбол аз Ғарб ҷонибдорӣ мекард. Дар давраи камолоти маънавияш ҳардуро мавриди нақд ва хурдагирӣ қарор медод. Дар охири умр ба ин натиҷа расид, ки ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги Шарқу Ғарб арзише надоранд. Мегӯяд:

Мағриб зи ту бегона, Машриқ ҳама афсона,
Вақт аст, ки дар олам, нақши дигар ангезӣ.

Ба ҷои фалсафаҳои Шарқиву Ғарбӣ Иқбол фалсафаи шахсии худро пешниҳод мекунад. Ва ин ҷасоратро аз Нитше омухта буд. Дар ҳама осори ӯ ишораҳое ба ин фалсафа вуҷуд дорад. Бештар дар манзумаи “Хитобе ба нажоди нав” ба ин ишораҳо дучор меоем. Вале ин манзума асари аввалин ва охирин нест. Шояд умед дошт, ки муҳаққиқони ояндаи осори ӯ ин фалсафаи шахсии Иқболро кашф хоҳанд кард. Бале. Ғарб Нитшеро таҳаммул карда тавонист вале мо шарқиён Муҳаммад Иқболро таҳаммул кардан натавонистем. Ин ҳавсалаи танги мо шеър ва ҳикмати ӯро маҳкум ба нобудӣ кард. Қавме, ки душмани ҳикмат аст, бо худии худ маҳкум ба нестист. Ана, аз ин сарнавишт бояд тарсид ва ҷои тарс ҳам ҳаст. Оё мо дар вақти ҳозир барои барҳам задани ин тарсу ҳарос омодаем? Вақт нишон хоҳад дод!  

Фирдавс Ниёзӣ:
Оё Иқбол зери таъсири Нитше буд? (с.128).

Комил Бекзода:
 Дар аввал чунин буд. Баъдҳо аз ӯ пайравӣ мекард ва дар охир ба истиқлоли фикрӣ расид. “Фалсафаи худӣ”-ро эҷод кард. Баъзе муҳаққиқон ба ин назаранд, ки фалсафаи худии Иқбол зери таъсири китоби “Иродаи қудрат”-и Нитше навишта шудааст. Шарқу Ғарбро бо ҳам оштӣ дод. Дар охир ба худ гуфт:

“Қадаҳе гиру ҳакимона биёшому бирав”.

Фирдавс Ниёзӣ:
Оё “девонае, ки ба коргаҳи шишагарон расид”, дар ҳақиқат девона буд? (с.129).

Комил Бекзода:
На, интавр нест. Ин тарзи тасвир яке аз ҳунарҳои зарифи шоирона мебошад. Нитше талош мекард, ки девонахонаи бузурги сарватмандони замони худро дар Урупо зеру забар намояд! Ва чунин ҳам кард. Сарватҳои маънавии онҳоро (дин, фалсафа, адабиёт, ҳунар...) фосид ва беарзиш эълон кард.
Ҳамзамонон аз рӯи бухлу ҳасад Нитшеро девона меномиданд. Ҳақиқат аз нигоҳи муҳаққиқони муосири урупои ин аст, ки Нитше ҳамчун шахсияти биологӣ аз айёми кудакӣ дорои ҷисми заиф буд. Аз бисёр бемориҳо ранҷ мебурд. Муомилоту муоширот хонаводагӣ, ҳамсинфон, ҳамкорон, ҳамкасбон бо ӯ ҳамвор набуд. Решаи ҳамаи ин ихтилофҳо танҳо яке буд: Андешаи Нитше аз ҷаҳонбинии онҳо ба куллӣ фарқ мекард. Таҳаммули ин ҳама фишори рӯҳӣ ва ҷисмонӣ барои ҳар инсоне осон нест. Аз ин гузашта, волидайни ӯ шахсони сахт диндор ва мазҳабӣ буданд. Онҳо озодандешии Нитшеро бо сахтӣ таҳаммул мекарданд. Яке аз аҷдодони волидайнаш аз бемории саръ (эпилепсия) ранҷ мебурданд. Нитше ҳам дар охири умр ба ин беморӣ гирифтор гардид. Ва дар 25-ми августи соли 1900 вафот кард. Табибон бемории охирини ӯро ҷунун дар заминаи эпилепсия ташхис додаанд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Чаро Освалд  Шпенглер (1880-1936) даъвати ҳукумати Гитлерро қабул накард? (с.129).

Комил Бекзода:
О. Шпенглер шогирди самимӣ ва собиқи Нитше буд. Файласуф буд, на сиёсатмадор. Агар Нитше ҳам соли 1933 зинда мебуд даъвати Рейхи Гитлериро қабул намекард!
Ҳамин масъалаи робитаи файласуф ва сиёсат ва махсусан дар нисбати Нитше, Шпенглер ва Шопенгауэр аз ҷумлаи масъалаҳои ҳассоси таърихи фалсафа аст. Ман ба хонандагони тоҷик мутолиаи ин ду китобро тавсия мекунам:
  1. Одуев Степан Федорович. “Тропами Заратустры”. (Влияние Ницшеанства на немецкую буржуазную философию). Москва, “Мысль” 1971-429 стр.
  2. Шаҳобиддинов Нуриддин. “Нитше ва Зардушти таърихӣ” (Тарҳрезии бунёдҳои фарҳанги навин). Душанбе “Дониш”, 2015,-362 саҳ.
Дар ин ду китоб ин масъалаи ҳассос ва муҳим бо назокатҳои хосе мавриди шарҳу эзоҳ қарор гирифтааст.

Фирдавс Ниёзӣ:
Нигилизм чист? (с.129).

Комил Бекзода:
Нигилизм аз назари Нитше ба таври мушаххас рад кардани арзишҳои дини масеҳӣ мебошад. Ва ба таври куллӣ Нитше ҳамагуна арзишҳо ва маънавиёти динии ҳамаи динҳои ҷаҳонро рад ва инкор менамуд. Ин арзишҳоро арзишҳои ғуломона ҳисоб мекард, на арзишҳои мардони озод ва наҷибзода. Мавзуи нигилизмро муҳаққиқони шӯравӣ дар эҷодиёти Нитше чун инъикоси шикасти тамаддуни капиталистии Ғарб мешуморанд. Аммо муҳаққиқони урупоии асри 20, махсусан Мартин Ҳайдеггер (1889-1976) ва Карл Ясперс (1883-1969) падидаи нигилизмро нишонаи ба бунбасти фалсафӣ расидани тамаддуни Урупо тафсир кардаанд. Нишонаи муштараки ин ду назар ин аст, ки фалсафаи ҷаҳонӣ ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб ба буҳрони арзишӣ гирифтор гардидааст. Номи Нитше ва Шпенглер ба ин сабаб вирди забонҳост, ки маҳз ин ду нафар: Устод (Ф.Нитше) ва шогирд (О.Шпенглер) аввалин шуда чандин шуда чандин нишонаҳои шикасти фарҳанги урупоиро мушаххас намуданд. Барои мисол, китоби ҳазорсаҳифагии Освалд Шпенглер чунин ном дорад: “Шикасти тамаддуни Ғарб”. Ва ҳамзамон дар ҳамаи асарҳои Нитше ин мавзуъ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дорад.

Фирдавс Ниёзӣ:
Муҳаммад Иқбол (1877-1938) динро қабул дошт. Аммо Фридрих Нитше (1844-1900) атеист ва даҳрӣ буд. (с.130).

Комил Бекзода:
Иқбол ба Нитше аслан чи роҳе пешниҳод кардан метавонист? Иқбол дилбастаи тасавуф ва ирфони исломӣ буд. Ин ҷаҳонбиниҳои динӣ ва ирфонӣ барои Урупо дигар мавриди таваҷҷӯҳ қарор надоштанд. Ҳамзамон ҳам урупои асри 19 ва шарқи исломии асри 19 аз боби фалсафаи илмӣ дар сатҳе қарор надоштанд, ки доир ба мақоми инсондар масъалаҳои абадияти ҷисмии инсон, инсонмеҳварӣ, мафҳумҳои фалсафаи марг ва зиндагӣ, таҷрибаҳое аз қабили “шабеҳасозӣ” (клонирование) ва ғайра баҳсу андеша намоянд. Фазои маънавии онҳо ба радикализми динӣ (мутлақгароии динӣ) ва радикализми дунявӣ (илҳод ва атеизми ҷанговар) маҳдуд мешуд. Ҷаҳонбинии динӣ ва дунявии асри 19-и ҷаҳон масъалаи аз роҳи илмӣ ба ҷовидонагӣ расонидани ҷисми инсониро ба таври ҷиддӣ қабул надошт. Ин назарро як фантазия ва хурофоти бепоя ҳисоб мекард. Дар сурате, ки худи онҳо дар бораи як инсони мавҳум ва ношинохта баҳсу андеша менамуданд. Инсоне, ки танҳо як зиндагӣ дорад ва як марг. Чунин андешае дар нисбати мавҷуде оқил, созанда ва густох чун инсон таҳқиромез ва ғайривоқеӣ буд. Хилофи худшиносӣ ва озодандешии инсонӣ қарор дошт. Ҳатто фарзияҳои илмӣ ва фалсафии  мутафаккири русӣ асри 19 Николай Федоровро (1829-1903) ба номи “Фалсафаи кори ҳамагонӣ” (Философия общего дела) абадияти ҷисмонии инсонро дар Урупо фантазия ва фантастика меномиданд. Ҷаҳонбинии ҷомеаи ҷаҳонӣ таърихан ба догматизми фикрӣ ба дараҷае одат кардааст, ки ҳатто имрӯзҳо ҳам баъди гузашти 60-70 сол аз таҷрибаҳои гуногуни илмӣ дар масъалаи абадияти ҷисмии инсон ҳеҷ аксуламали ҷиддие нишон намедиҳанд. Донишманди Ленинградӣ Сергей Рязанцев таърихи ин таҷрибаҳоро соли 1994 дар китобе бо номи “Фалсафаи марг” (Философия смерти) ба нашр расонид. Ба навиштаи ӯ ҳоло дар ҷаҳони илм 24 роҳу усули аз марг наҷот додани ҷисми зинда вуҷуд дорад. Кланирование (шабеҳасозӣ) яке аз ин роҳу усули бистучоргона мебошад.
Аз ин нигоҳ Нитше ва Иқбол дар бунбасти илмӣ ва фалсафӣ қарор доштанд. Нитше бо идеяи “Бозгашти ҷовидона” (Вечное возврашение) ва Иқбол ба абадияти “Фано фил-лоҳ” худро тасалло медоданд. Ин ду назар аз нигоҳи имрӯз ба ҷуз як орзуи субъективӣ чизи дигаре нестанд. Ва пойдевори устувори илмӣ ва воқеӣ надоранд. Яъне танҳо дар ҳошияи фарзияҳо ва таҷрибаҳои ҷиддии илмӣ қарор доранду бас.
Бо вуҷуди ин тафовутҳои ҷавҳарӣ дар ҷаҳонбинии ин ду мутафаккир, Иқбол нисбат ба шахсияти Нитше ҳисси эҳтиром қоил буд. Ҳамеша осорашро мутолиа мекард, илҳом мегирифт ва дар шеърҳои худ аз андешаҳои Нитше иқтибос мекард. Барои намуна дар ғазале ишора мекунад:

Гардише бояд, ки гардун аз замири рӯзгор,
Души ман боз орад андар кисвати фардои ман.
(Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ. Теҳрон, интишороти Илҳом, чопи аввал: 1384-2005, саҳифаи 279).
   Дар ин байт шоир ба идеяи “Бозгашти ҷовидона”-и Нитше назар дорад, ки ҳар мавҷуде дар ин бозгашт сад дар сад ба сурти пешинааш бар мегардад!
 
Фирдавс Ниёзӣ: Аммо Нитше чи мехост ва чи меҷуст? (с.131).

Комил Бекзода:
Нитше роҳҳоеро ҷустуҷу мекард, ки динро барҳам занад ва ба ҷои Худо ва худоҳои дигар “Абармард”-ро яъне суперменро биёрад.
Дар баробари ин даъвоҳои мулҳидона ва олимонаи Нитше, андешаҳои шоирона ва орифонаи Иқбол, ба назари аксари аҳли дониш ва мутолиа хеле соддалавҳона ва хушбоварона менамоянд. Дин ба назари Нитше инкори хирад ва инкори арзиши зиндагӣ аст. Китоби “Антихрист” (Зидди Масеҳ)-и ӯ доду фарёди бефарёдраси ӯ бар зидди ҷабру зулми ҳамаи динҳо ва кулли пайғамбарони ҷаҳон аст. Аз ҷумла бар зидди ҳамагуна хурофоту тасаввуфу ирфони гузашта ва ҳозира. Ба назари баъзе муҳаққиқон ҳамон қадаре, ки Нитше аз фарҳанги Юнонӣ хушаш меомад, аз масеҳият нафрат дошт. Нитше асосан ва усулан ба дин ақида ва бовар надорад. Дар назари ӯ тамоми динҳо рӯи асоси як  “дуруғи муқаддас” қарор доранд. Тарғибгарони ин дуруғ рӯҳониён ҳастанд. Ва рӯҳониён бо ин дуруғи муқаддас ҷаҳонеро офаридаанд, ки худои он дар асоси қонунҳое, ки рӯҳониён таълиф кардаанд, одамонро ҷазо медиҳад. Ахлоқиёт дар назари ӯ асосан ҷанбаи манфӣ ва негативӣ дорад ва маҳсули зиддият бо қонунҳо ва ахлоқи табақаи ашроф аст. Асли асосии он ин аст, ки чизҳое, ки лозим, ҳаётӣ ва хуб ҳастанд, дар як сатҳ қарор диҳад ва таҳқиру нобудаш кунад. Ин тариқаи қасос гирифтани табақаи зердаст ва ғулом аз табақаи ашроф аст. Нитше тарафдори ахлоқи фардӣ-индивидуалии илмӣ ва дунявӣ буд. Ахлоқҳои динӣ хурофотиро қатъиян рад ва инкор мекард. Ҳамин назариёти тунди ӯ сафи душманони маънавӣ ва сиёсии ӯро ба маротиб зиёд кардааст.

Фирдавс Ниёзӣ:
Оё Муҳаммад Иқбол мусулмони содиқ буд? (с.131).

Комил Бекзода:
Бале, дар аввалҳо аз содиқҳо ҳам содиқтар. Аммо баъдҳо ба исломе рӯй овард, ки зербинои он тақлиди зиракона аз тамаддуни онрӯзаи урупо буд. Ӯ аз ин роҳ кӯшиш мекард, ки мардуми мусулмони ҷаҳонро аз ин ҷаҳонбиниҳои бунбастии мазҳабӣ наҷот диҳад. Чаро, ки ин корро ошкоро кардан наметавонист. Вале дар ин иқдоми худ муваффақ нашуд. Ва ҳамзамонони мусулмонаш бар зидди ӯ ҳангомаҳо ташкил намуданд. Ва дар охир бо навиштани китоби “Арғумони Ҳиҷоз” боз ба исломи ростин баргашт.

Фирдавс Ниёзӣ:
Мафҳуми танҳоӣ дар ҷаҳонбинии Нитше. (с.131).

Комил Бекзода:
Ҷавоб ин аст, ки Нитше аз танҳоӣ ранҷ мебурд. Устоду шогирде надошт. Дошт вале аз онҳо рӯй гардонида буд. (Масъалан Шопенгауэрро (1788-1860) дар аввал устоди худ медонист). Вале медонад, ки ин зиндагии ӯ интихоб ва тасмими шахсии худи ӯ мебошад. Ӯ чун дигарон аз ғуломии маънавии динӣ лаззат намебарад, балки нафрат дошт. Танҳоии иҷтимоӣ ва фикрӣ охирин паноҳгоҳи айёми пиронсолагии ӯ буданд. Ба истиснои чанд нафар, дигар ҳамаи ёру дустон, хешу табор, ҳамкорон ва шогирдон аз ӯ фосила гирифтанд. Аз нигоҳи иҷтимоӣ ин фоҷиаи бузург аст. Вале агар мо ба эътирофоти ӯ бовар кунем, ӯ аз ин танҳоӣ ранҷ намебурд ва баръакс чунин мешуморид, ки ин бемориҳо ҳастанд, ки маро ҳамеша дар ҳолати “омодабош” (бедорӣ ва ҳушёрӣ) қарор медиҳанд. Ва ӯ гӯё аз муборизаи бардавоми  худ бар зидди чандин беморӣ лаззат (!!!) ҳам мебурдааст!
Оқибат, бемории ҷунун ин ҳама “лаззатҳо”-ро дар зиндагии ӯ барҳам зад ва охирҳои умри худро дар ҳолатҳои бехабарӣ аз худ ба поён расонд.

Фирдавс Ниёзӣ:
“Ки ин миллат ҷаҳонро бори душ аст”, яъне чи? (с.132).

Комил Бекзода:
Қариб ҳамаи муҳаққиқони осори Иқбол ин дубайтии машҳурро иқтибос кардаанд:

Мусулмон фоқамасту жанжапуш аст,
Зи кораш Ҷабраил андар хуруш аст.
Биё, тарҳи дигар миллат бирезем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори душ аст.

Вале тафсирҳои он гуногунанд. Масъалан муаллифи фозили ин мақола мавзӯи ин дубайтиро ба тамоми Шарқ нисбат медиҳад. Дар сурате, ки мавзӯи дубайтӣ конкрет ва мушаххас мебошад:
Мусулмонон, миллати ислом, фоқамаст, жандапӯш, Ҷабраил, тарҳи дигар, бори дӯш...Ҳамаи ин истилоҳот ба мусулмонон дахл доранд, на ба дигар миллату мазҳаб ва халқҳои дигари Шарқ. Ҷони сухан дар мисраи чорум аст: “Ки ин миллат ҷаҳонро бори душ аст”. Яъне: мардуми мусулмон дарди сари мардуми ҷаҳон шудаанд! Чаро ба сабаби бесаводӣ ва қафомондагиашон! Агар чунин аст, чаро кишварҳои исломӣ барои таълиму тарбияи илмӣ ва саводнок намудани мардуми мусулмон чорае намеандешанд? Чаро ба якдигар кӯмак намекунанд? Пас, даромаду фоидаҳои фуруши маводи нафтиро беҳуда сарф мекунанд...
Иқбол даъват мекунанд, ки мо бояд ин ҳолати ноҳинҷори мусулмононро ислоҳ намоем. Вагарна барои худи Иқбол зиндагонии хоксоронаи маишӣ ва ҷаҳонбинии ирфонии ҳиндӣ, тасаввуфи исломӣ ва фалсафаи муосири урупоӣ басанда буд! Ӯ мехост, ки исломро (миллати мусулмонро) ба куллӣ аз нав созад. Чуноне, ки Нитше урупоро аз нав сохт. Ва амрикоиҳо лоф мезананд, ки гӯё давлати худро дар асоси андешаҳои Нитше сохтаанд! Вале Иқбол идеология ва ҷаҳонбинии исломиро нав карда натавонист. Ин талош бенатиҷа ба охир расид. Ва худи Иқбол тавҳинҳо ва таҳқирҳо шунид. Ба як маъно ин як ҳолати табий буд. Зеро дар чанд даҳсола ки метавонад боварҳо ва эътиқодоти ҳазорсоларо таҷдид ва таъғир кунад. Оқибат ин ислоҳотхоҳи бузурги маънавӣ Муҳаммад Иқбол ноумедона аз роҳи худ баргашт ва дар охирин китоби худ “Армуғони Ҳиҷоз” бо ёрони тариқат (аҳли тасаввуф) пайвастани худро ба таври расмӣ ва ошкоро эълон намуд:

Маро аз мантиқ ояд бӯи хомӣ,
Далели ӯ далели нотамомӣ.
Ба рӯям баста дарҳоро кушояд,
Ду байт аз пири Румӣ ё зи Ҷомӣ.
(Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ. Теҳрон, интишороти Илҳом, чопи аввал: 1384-2005, саҳифаи 507).

Фирдавс Ниёзӣ:
Дар мақола аз китоби Саид Абдулвоҳид: “Иқбол: Эҷодиёт ва ҷаҳонбинӣ” (Душанбе, 1978 ба забони русӣ) иқтибосҳои фаровоне омадааст. Чаро? (с.132).

Комил Бекзода:
Арзиши ин китоб ҳамчун сарчашмаи илмӣ, доир ба эҷодиёти Иқбол аз нигоҳи имрӯз бояд гуфт дар сатҳи мусбат аст. Яъне ҳоло ҳам арзанда аст. Ҳарчанд, ки хеле мухтасар аст. Аҳли таҳқиқи мо имрӯзҳо ба таҳқиқотҳои навтар ва муфассалтар эҳтиёҷ доранд. Дар ин 40-50 соли баъди Саид Абдулвоҳид дар ҷаҳон китобҳои арзандае ба забонҳои гуногун аз ҷумла англисӣ, ки муаллифи мақола мутахассиси ин забон аст ба нашр расидаанд, ки кори таҳқиқро хеле осон менамоянд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Истилоҳи “Ишқ” аз назари Иқбол ба чи маъност? (с.132).

Комил Бекзода:
Ишқ дар ирфони ҷаҳонӣ як истилоҳи гумроҳкунанда аст. Зеро як робитаи иҷтимоӣ ва биологии инсониро бо хурофотҳои мазҳабӣ омезиш дода сафои маънои воқеии ин истилоҳро хадшадор ва халалдор намудааст. Зоҳири истилоҳи ишқ дар шеъри Иқбол тасаввуфист, вале муҳтаво ва ботини он (Инсони комил, Идеяи худӣ, мафҳуми бехудӣ, ишқ ва ғайра)-ро аз фарҳангҳои ҳиндӣ, эронӣ, арабӣ ва урупои муосир гирифтааст. Ишқ аз назари илми равоншиносии муосир “Барҳам задани танҳоӣ байни ду нафар аст, байни зан ва мард”. Ишқҳои дигари тасаввуфӣ ва ирфонӣ таҳрифи ин ишқи воқеӣ мебошанд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Шарҳи истилоҳоти ирфонии Иқбол дар мақола аз чи қарор аст? (с.134).

Комил Бекзода:
Китоби Саид Абдулвоҳид дар соли 1960-1970 асри 20 таълиф шуда буд. Мо ҳоло дар соли 2020-и асри 21 қарор дорем. Муаллифи муҳтарами мақола метавонист аз як китоби таҳқиқии нав ба забони форсӣ дар қисмати истилоҳот истифода мекард. Вале чунин нашудааст. Ин аст, ки забони ин қисмати мақола ноҳамвор ва носуфта аст. Бо эҳтимоли қавӣ, танҳо аз сарчашмаҳои русӣ истифода намудаасту бас. Мавзӯи баҳс ҷустуҷуҳои густурдаро тақозо дошт. Ин аст, ки ҳама ҷноми китоби Нитшеро “Воля к власти”-ро ба тоҷикӣ “Иродаи ҳукумат” (саҳифаи 126) тарҷума кардааст. Муҳаққиқону мутарҷимони форсизабон сад сол боз ин китобро ба шакли “Иродаи қудрат” ва ё “Иродаи маътуф ба қудрат” ва чанд шакли дигар тарҷума кардаанд. Ба ҳар сурат, на “Иродаи ҳукумат”, ки хилофи мавзӯи асосии китоб аст...

Фирдавс Ниёзӣ:
Таъсири Нитше ба Иқбол аз чи қарор аст? (с.136).

Комил Бекзода:
Иқбол дар солҳои таҳсил дар Урупо (1905-1908) ва солҳои таълифи маснавии “Асрори худӣ” (1916) навад дар сад зери таъсири андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии Фридрих Нитше қарор дошт. Ҳаттокушише ҳам карда буд, ки китобе нависад ба мисли китоби “Чунин гуфт Зардушт”-и Нитше. Чанд саҳифае ҳам навишт. Вале аз тасмими худ баргашт. Чаро, ки барои чунин китобе навиштан захираи маънавии Нитшеро надошт. Ончи тавонист ин буд, ки назариёти гуногуни Нитшегунаро бо андешаҳои адабӣ ва тасаввуфии худ мутобиқ ва созгор намояд. Ин корро кард. Вале ба бунбасти динӣ ва фалсафӣ расид. Ва дар солҳои охир аз кори кардааш пушаймон шуда, зоҳиран ба корвони Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ худро пайваст. Ин танҳо зоҳири масъала аст. Барои дарёфти ҷавҳари масъала бояд ба андешаҳои навини равоншиносии муосир дар мавзӯи бехатарии вуҷудӣ (экзистенсиалистӣ) муроҷиат намуд. Ин иқдом вақт ва фурсати муносиб мехоҳад.

Фирдавс Ниёзӣ:
Саҳми фарҳанги Эрони бостон дар ҷаҳонбинии Нитше чи таъсире доштааст? (с.137).

Комил Бекзода:
Муаллифи фозили мақола мегӯяд, ки: “Нитше номи Зардуштро дар китоби худаш барои реклама истифода кардааст!”. Ва давом медиҳад: “Нитше ҳеҷ умумияте, ҳеҷ эҳтироме ба Зардушт, ҷаҳонбинии ӯ, тамаддуни ориёни бостон надорад. Пас чаро унвони китоби бунёдиаш ба номи Зардушт аст? Ҷавоб ба ҳадде содда ҳаст, ки бовар карданӣ нест! Ҷавоб ин аст, ки Нитше номи дурахшону ҷолиби диққати пешвои маздоиёнро танҳо ба ҳайси рекламаи китоби худаш истифода кардааст...Ба хотири фурӯхтани ақидаву осорашон, ба хотири манфиати моливу маънавӣ ва бешубҳа манфитати сиёсӣ, камтарин эҳтироме ба арзишҳои дигарон нишон намедиҳанд” (с.138).
Агар муаллифи муҳтарами мақола китоби файласуфи ҷавони тоҷик доктори илмҳои фалсафа Нуриддин Шаҳобиддиновро бо номи “Нитше ва Зардушти таърихӣ” Душанбе 2015, 362 саҳифа варақ мезад, ба чунин хулосаҳои булаҷабе намерасид. Дар ҳамин китоб омадааст, ки аз Нитше пурсидаанд: “Чаро Зардуштро қаҳрамони асосии китоби худ интихоб кардӣ? Нитше дар ҷавоб гуфтааст: “барои он, ки Зардушт ростгӯйтарин марди таърих аст!”. Китоби номбурда даҳҳо мисол аз ин қабилро дар бар дорад. Танҳо хондан лозим асту бас. Дар китоби доктор Н.Шаҳобиддинов дар 51 маврид иқтибос овардааст, ки Нитше нисбат ба фарҳанги Эрони бостон самимона ишқ меварзид. Ва ҳатто доир ба “Ҷавонии Куруш” низ шеър бахшидааст. Барои намуна: муҳаққиқ Ёҳан Фигл менависад: “Нитше аз фарҳангҳои бостонӣ, ба ғайр аз фарҳанги Юнонӣ ва Римӣ, фарҳанги Эрониро таърихан хеле олӣ аз худ карда буд”. (Ёҳан Фигл. “Нитше ва динҳо” Берлин-Ню-Йорк. 2007, с.75). Намунаи дигар: 23 апрели соли 1883 Нитше ба дӯсташ Козелитс (Питер Гаст) менависад: “Имрӯз ман тасодуфан хондам, ки номи Зардушт чи маънӣ дорад: Маҳз ситораи тиллоӣ. Ин тасодуф маро ниҳоят хушҳол намуд. Метавон тасаввур кард, ки тамоми консепсияи китоби ман аз ин эътимология реша мегирад. Мутаассифона, ман инро то имрӯз намедонистам” (с.123). (Занд-Авасто аз Клойкар, қисми 3 саҳифаи 4. Рига-1789).
Магар Нитше ба рекламаи фарҳанги форсӣва номи Зардушт эҳтиёҷдошт? На, баръакс, фарҳанги форсӣхуди Нитше ва фалсафаи ӯро ба ҷаҳониён реклама кард!

Фирдавс Ниёзӣ:
Освалд Шпенглер ва китоби ӯ “Шикасти тамаддуни Ғарб” чи китобест? (с.138).

Комил Бекзода:
Дар ин мавзӯъ муаллифи фозил суханҳое гуфтааст, ки бар хилофи ақидаи худи О. Шпенглер мебошанд. Мегӯяд: “Идеяи меҳварии ин асар ин аст, ки тамаддунҳо танҳо ба танҳо ба сар намебаранд” (с.138). Дурусташ ин аст: Ҳар як тамаддун мисли як растании мушаххас дарахт...ва ё инсони муайян зиндагии алоҳида ва мустақил дорад. Тамаддунҳо ҳар як бо худии худ алоҳидаанд ва бо ҳам зиндагии муштарак надоранд. Бо якдигар таъсир намегузоранд. Ба таври алоҳида пайдо мешаванд, инкишоф меёбанд ва танҳо аз байн мераванд. Аз ин гузашта таснифоти тамаддунҳоро муаллифи мақола омехта ва дарҳам барҳам зикр намудааст. Барои мисол, худи О. Шпенглер тамаддуни ориёни бостонро алоҳида зикр накарда, балки зимни тамаддуни арабӣ зикр мекунад. Муаллифи муҳтарам барои ориёни бостон ҷои алоҳида ҷудо кардааст, ки дар матни аслии китоб чунин нест. (с.138).
Аз мавзӯҳои ҷилди дуюми китоб муаллифи фозили мақола танҳо мавзӯи исломро интихоб намудааст. Ва сабабашро зикр накардааст. Зоҳиран мехоҳад, ки фарҳанги аҷдодии худ ва Муҳаммад Иқболро ба намоиш гузорад ва баъд иқтибосоте таҳсиномез аз шахсиятҳои машҳури ҷаҳон чун Пифагор ва дигарон доир ба бузургии пайғамбари Ислом ва хулафои рошидин меоварад, ки ба мавзӯи асосии мақола ҳеҷ робитае надоранд. Аз он ки О.Шпенглер дар ин мавзӯҳо камтар матолиб овардааст, сабабашро бо ноогоҳии ӯ ба ин мавзӯҳо алоқаманд мекунад. (с.138). Шакли дурусти тақсимбандии 8 тамаддуни асосӣ ба назари О. Шпенглер чунин аст:
  1. Тамаддуни Миср.
  2. Тамаддуни Бобул.
  3. Тамаддуни Ҳинд.
  4. Тамаддуни Хитой.
  5. Тамаддуни Қадим (Яъне тамаддуни Юнон ва Рим).
  6. Тамаддуни араб (Эрони бостон ва ислом).
  7. Тамаддуни Мексика.
  8. Тамаддуни Ғарб. (Доктор Абдураҳмон Бадавӣ. Шпенглер. Кувайт-Бейрут, 1982, саҳифаи 162).
Муаллиф дар хулоса мегӯяд: “Бубинед, Шпенглер ноогоҳона хизмати ваҳдатсозии сиёсӣ ва ваҳдатсозии фарҳангии пайғамбари исломро эътироф мекунад” (с.139).
Зоҳиран ҳамаи пайғамбарон ин даъворо доранд, ки мо барои ваҳдати кулли башар аз ҷониби Худо фиристода шудаем. Шпенглер танҳо гуфтаи онҳоро такрор намудаасту бас!

Фирдавс Ниёзӣ:
Муаллифи фозил дар мавзӯи дин ва ахлоқ барои мо чи пешниҳодҳое дорад? (с.140).

Комил Бекзода:
Барои ин савол ҷавоби муаллиф хеле дақиқ ва мушаххас аст. Мегӯяд: “Иқбол воқеан нақши ахлоқ ва динро муҳим медонад. Аммо назари Нитше доир ба дин ва ахлоқ манфӣ аст. Барои иқболшиносон ва барои рӯзгорӣ имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин нуктаи диншиносии Аллома Иқбол созанда ва муҳим аст: Ба ин маъно, ки дин таълимоти карахту шахшуда заруроти расмиву анъанавӣ нест, дин бояд сарчашмаи фаъолияти рӯҳониву маънавӣ бошад”. (с.140).
Яъне мо мардуми тоҷик дар 70 соли низоми Шӯравӣ қариб 30 соли низоми демократӣ ва истиқлол дар масъалаи дин ва ахлоқ ба роҳи ғалат ва хато рафтаем! Ба ақидаи муаллиф, Нитше дар чунин мавқеъгириҳояш доир ба дин ва ахлоқ фашисти ошкоро аст. Чаро ки дин ва ахлоқи анъанавиро барои мардум зарарнок ва хатарнок мешуморад. Барои мо ҳам мояи тааҷуб аст, ки файласуфи асри 21 чун Устод Назри Яздонӣ даъво мекунад, ки “дин таълимоти карахт нест, шахшуда нест, анъанавӣ нест балки сарчашмаи фаъолияти рӯҳониву маънавӣ аст”. Ба ҳар сурат дар ин мавзуъ назарот гуногунанд вале аҳли фалсафа аз қадим то имрӯз ба ин назар будаанд, ки дин таълимоти карахт, шахшуда, анъанавӣ ва зидди майлу хоҳишҳои зиндагии инсонӣ мебошад.

Фирдавс Ниёзӣ:
Назари Нитше ва Иқбол дар нисбати дин чи буд? (с.141).

Комил Бекзода:
Муаллифи фозили мақола чунин мегӯяд: “Нитше бехудо буд. Вале Иқбол Худо дорад”. Ва гӯё қолабшиканиҳои Нитше дар масъалаҳои дину фалсафа барои Иқбол ҷолиб буданду бас. Агар чунин аст, пас сарчашмаҳои фалсафии қолабшикании Нитшеаз чи иборатанд? Оё инсоне метавонад бидуни ягон идея, ғоя ва ҳадафе қолабшиканӣ кунад? Ин саволест, ки муаллифи мақола бояд сари он андеша мекард ва бояд пурсид: Чаро Иқбол ба образи Иблис дар эҷодиёти шоирони сӯфимашраб таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард? Баъзе муҳаққиқон ба ин гумонанд, ки Иқбол бо баҳонаи Иблис мехост андешаҳои равшанфикронаву нитшемашрабонаи худро баён кунад! Ин мавзӯъ ва образи Иблис ё шайтон барои адабиёт ва фалсафаи ҷаҳон  чизи нав нест. Вале дар баёни шоиронаи Иқбол инсофан тарзи гузориши ин масъала хеле самимӣ ва воқеъбинона тасвир гардидааст.

Фирдавс Ниёзӣ:
Аммо дар масъалаи инсоншиносӣ ва мафҳуми “Инсони комил”-и мақола чи бояд гуфт? (с.142).

Комил Бекзода:
Воқеан ин масъала яке аз масъалаҳои муҳим ва бузурги фалсафа ва ирфони ҷаҳон аст. Дар мақолаи мазкур (аз саҳифаи 141 то 145) аз шахсиятҳое чун Суқрот (470-399 то мелод), Арасту (384-322 то мелод), Ибни Арабӣ (1165-1240), Ғаззолӣ (1058-1111), Ибни Сино (980-1037), Саъдӣ (1213-1292), Насриддини Тусӣ (1201-1274) ва дигарҳо ном мебарад ва масъалаи мавриди баҳсро хеле мушавваш ва печида мегардонад. Ба мақсад мувофиқ буд, агар муаллифи фозил ба китоби доктор Носирруддини Соҳиббуззамонӣ (таваллуд 1930) “Хатти саввум” (Зиндагӣ ва андешаҳои Шамсӣ Табрезӣ (1186-1248), Теҳрон, чопи аввал 1973, 888 саҳифа муроҷиат мекард ва сифатҳои инсони комилро дар 14 сифат арзёбӣ менамуд. Чун ин мавзӯи ҷавҳарии фалсафа ва равоншиносист. Ва муаллифи китоб бузургтарин равоншиноси муосири Эрон мебошад. Мавзӯҳои мавриди баҳси муаллифи мақоладоир ба масъалаҳои инсоншиносӣ дар аксар ҳолат парешон ва рангбохтаанд.

Фирдавс Ниёзӣ:
Саҳифаҳои охири мақола ба кадом мавзӯъҳо бахшида шудаанд? (с.145).

Комил Бекзода:
Номгӯи мухтасари мавзӯъҳо аз ин қароранд: муносибати Нитше ба система арзишҳо; Муҳтавои китоби “Ироади қудрат”; Иқбол ва Гёте; Гироиши Ғарби муосир ба дини ислом; Мусулмоншавии бошитоби Урупо дар вақти ҳозир; Пешбинии он, ки соли 2050 Германия “Ҷумҳурии исломӣ” мешавад!; Дар Англия низ ҳар моҳ 1000 нафар дини исломро қабул мекунанд; Параграфи охирини мақола ба ин маънӣ таъкид мекунад, ки “Нобиғаи сиёҳ”-Нитше як харобкор буд. Устодону шогирдонаш ҳам сабаби ташаккули ҷаҳонбинии фашистиву натсистӣ гардиданд; (с.149).
Назари шахсии муаллифи мақола нисбат ба шахсият ва фалсафаи Нитшеҳамон назарест, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1930 то охирҳои соли 1950 ба Нитше менигаристанд: Файласуфи реаксионӣ, фашистӣ, волюнтаристӣ, буржуазӣ, нигилистӣ, натсистӣ, субъективӣ ва ғайра.
Ҳол он ки солҳои 1994-и асри гузашта дар Русия тамғазании идеологиро (деидеологизация) аз номи Нитше бардоштанд. Дар Урупо ин корро дар аввалҳои соли 1980 анҷом дода буданд. Хуб аст агар муҳаққиқони мо аз ин таҳаввулоти сиёсӣ ҳам огоҳ бошанд.  

Фирдавс Ниёзӣ:
Арзиши мероси фалсафии Фридрих Нитше аз дидгоҳи ҷаҳони муосир чигуна аст? (с.149).

Комил Бекзода:
Дар ин мавзӯъ ҳоло ҳам бархурди андешаҳо давом дорад ва ончи ки аз сарчашмаҳои имрӯза бар меояд ин чанд нуктаро ба таври феҳраствор зикр менамоем:
  • Осори Фридрих Нитше моломол аз нуктаҳои дақиқу амиқи равоншиносӣ иборатанд. Баъзе муҳаққиқон Нитшеро асосгузори илми равоншиносӣ мешуморанд;
  • Ӯ барои озод сохтани инсонҳо аз банду басти урфу одатҳои фарсудаи бостонӣ ва муосир саъю талош меварзид. Ӯ инсониятро аз фазои олуда ва касифи мавҳумоти мазҳабӣ хориҷ кард ва ба фазои поку фараҳбахшу нуронии дунёи ҳақиқат раҳбарӣ намуд;
  • Ӯ нишон дод, ки илми ахлоқ пур аз нуқсу иштибоҳ аст. Пайравии кӯр-кӯрона аз қоидаҳои ахлоқӣ монеаи парвози рӯҳи инсонӣ мегардад. Ба андешаи ӯ ахлоқ бояд маҷмӯае аз қоидаҳои амалӣ барои эҳё кардани шури ҳаёт дар инсонҳо гардад. Ва онҳоро барои як зиндагии олитар ва беҳтар омода созад. Касоне, ки саодатро дар куштану нобуд кардани иродаи зиндагӣ меҷуянд (ба мисли баъзе ҷараёнҳои мистикӣ) дар ҳақиқат худро қабл аз марг маҳкум ба нобудӣ мекунанд;
  • Нитше мегуфт, ки қиммати ашё дар худи ашё нест, балки Инсон аст, ки қиммат ва арзиши онҳоро муайян мекунад. Ончи хоҷагон (ашрофзодагон) хайр, хуб ва нек меҳисобанд, дар назари зердастон ва ғуломон зишт ва бад аст. Ончи ғуломон меписанданд, мавриди нафрати хоҷагон аст. Масъалан, хоҷагон ва ашроф шуҷоат, зиндадилӣ. Моҷароҷӯӣ ва касби пирузӣ ва ғалабаро хуб ҳисоб мекунанд, вале ғуломон бахшиш, раҳмдилӣ, дилсузӣ, хоксорӣ, тарсуӣ ва меҳрубониро хуб ва писандида мешуморанд. Гӯё мақсади ғуломон ин аст, ки аз роҳи ин гуна ҳиллаву найрангҳои ахлоқӣ хоҷагонро асири худ созанд. Маҳз ҳамин гуруҳҳои ғуломон буданд, ки дар таърихаввалин шуда бар зидди хоҷагони худ шуру исён барпо намуданд. Ва ҳамзамон қонуну қоидаҳои ахлоқии хоҷагонро таҳриф ва хароб намуданд. Бо ин ҳиллаву найрангҳо хоҷагонро ғуломи худ гардониданд. Қоидаҳои ахлоқии пешинаро зеру забар намуданд. Ва ғуломон буданд, ки бо таълимоти фосиди дини масеҳӣ қаҳрамонони Римро ба сӯи ғуломӣ, бардагӣ ва шикаст ронданд ва сукут ва хомушии қабристонро дар кишвари пурҷушу хуруши Италия ҳукмфармо сохтанд. Нитше қонунҳои ахлоқии ғуломонро ғайритабии ва аз ҳақиқат дур медонад. Дар куҷои ин дунёи сангу хишт мегӯяд Нитше-муошират аз рӯи хоксорӣ ва тавозуъ натиҷаи мусбат додааст? И.В.Гёте (1749-1832) мегуфт, ки хоксорӣ пеша ва касбӣ ғуломон аст. Марди озод ба хоксорӣ эҳтиёҷ надорад;
  • Осори Нитше буд, ки илҳомбахш ва падидоварандаи ҷараёнҳои гуногуни фикрӣ дар ҷаҳон гардид. Аз ҷумла равияи экзистенсиализм (вуҷудгароӣ), психоанализ (равонковӣ), назариёти ахлоқии Николай Гартман (1882-1950), фалсафаи таърихи Освалд Шпенглер (1880-1936) ва ғайра. Оре, Нитше дар олами маҷҳул ва ношинохтаи рӯҳи инсонӣ кашфиётҳое кард, ки ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи мутафаккирони оянда хоҳад буд. Ва воқеан то андозае ки тавонист сирру асрори худшиканӣ ва худнигариро ошкоро сохт;
  • Озодандешии ӯ аз ҳама ҷабҳаи қавӣ ва тавонои фаъолиятҳои фалсафии ӯ буданд. Ва ӯ таърихро ба ду марҳилаи муҳим тақсим карад буд: “Пеш аз Нитше ва баъд аз Нитше”. Шояд ин назар чандон муболиғаомез набошад. Дар воқеъ арзишҳои чандҳазорсолаи инсониятро мавриди шакку шубҳа қарор дод ва ба ҷои онҳо арзиҳои нави нитшеиро пешниҳод намуд. То замони Нитше касе то ба ин ҳад арзишҳои гузаштаро ба таври муфассал раду инкор накарда буд. Баъди ӯ ҳам касе то имрӯз ҷасорати чунин иқдомро ба худ раво надидааст. Масъалан, ба ҷои “метафизикаи анъанавӣ”, идеяи Гераклитии сайрура (тағйир ва станоления)-ро гузошт. Яъне таъғийрот ва таҳаввулоти бе аввалу охири абадӣ дар тамоми кайҳон ва олами вуҷудро ба таври худ собит намуд. Ба ҷои худои масеҳӣ “Супермен”-и (Абармард)-и урупоиро гузошт. Ба ҷои китоби “Инҷил” китоби "Иродаи қудрат"-и худро пешниҳод намуд. Ба ҷои биҳишти масеҳӣ идеяи “Бозгашти ҷовидони”-и китоби “Чунин гуфт Зардушт”-ро пешкаш намуд. Ҳамин тавр, Нитше ба дастгоҳи рӯҳониён ва ҷаҳонбинии мазҳаби масеҳӣ зарбаи қатъӣ ворид намуд. Ва ба онҳо гуфт: “Шумо ба ҷуз ба салиб ва дор кашидани башар, роҳе барои дӯст доштани худои худ намешиносед”. Бо мантиқе қавитар аз зарбаи чаккуш (путк) далелу борҳонҳои пучи рӯҳониёнро тору мор намуд ва нишон дод, ки ин табақаи тангназар ва риёкор аз номи дин-дунёро мехаранд ва ё аз роҳи саркуб кардани ғаризаҳои (инстинктҳои) табиии инсонҳо ба бузургӣ мерасанд;
  •    Нитше дар образи “Абармард” (ё “Абармард” ва ё “Супермен”) касеро дар назар дорад, ки он сӯи неку бад қарор дорад. Марди бартар ё забармард касест, ки бар баландиҳо мебарояд ва ба ҳар навъ риску фоҷиа механдад. Дар боби он, ки хуб чист? Мегӯяд: “Ҳар чизе, ки дар инсон эҳсоси тавоноӣ, қудрат ва худи тавоноиро меафзояд, хуб аст. Аммо бад чист? Ҳар он чи аз нотавонӣ сарчашма бигирад, бад аст”. Нитше мардони соҳибиродаро дӯст медорад. Ва дар ҷустуҷуи олимардон ва ё ба ибораи шоиронаи худаш “Шерони хандон” аст, ки дар оташи бало чун тилло медурахшанд ва аз ҳеҷгуна хатар намеҳаросанд. Мардеро дӯст медорад, ки дар роҳи расидан ба азамат ва бузургӣ қодир аст, он сӯи неку бадро дида тавонад ва ҳикмати талху шаби жарфи (амиқи) пурситораро дӯст дорад ва заврақи ҳаёти худро ба сӯи дарёҳои бекарон мебарад...Ва худро дар оғуши ҳодисот меафканад ва аз неши ҳодисаҳо нушина месозад;
  • Ба ақидаи Нитше қувваи ҳаракатдиҳандаи аслии одамӣ дар зиндагӣ “Иродаи қудрат” (Воля к власти) мебошад. Бинобар ин истилоҳоти “қавӣ” ва “заиф” калимоте манфӣ ва гумроҳкунандаанд. Чаро, ки ҳадафи ҳарду “Иродаи қудрат” мебошад. Ҳар кадоме аз онҳо ба тариқе ҷудогона мекӯшад ба ҳадафи худ ноил шаванд. "Қавӣ" мустақиман ва бевосита ба иродаи қудрат ноил мешавад. Ва “заиф” ба таври бавосита ва ғайри мустақим барои иродаи қудрат ноил мегардад. Вале дар ҳарду ҳол ҳадафи ҳарду яке мебошад. Нитше “Иродаи қудрат”-ро як падидаи умумӣ ва универсалӣ дар табиат медонад. Тамоми намудҳои ҳунарӣ, фалсафӣ ва сиёсиро метавон ба майли “Иродаи қудрат” алоқаман донист. Масъалан, диалогҳои (муҳовараҳо)-и Афлотун (427-347 то мелод), трагедияҳои (фоҷиаҳои) Софокл (496-404 то мелод), Аристофан (446-385 то мелод) ва дигарон кӯшише барои расидан ба “Иродаи қудрат” аст. Вале “Иродаи қудрат” фақат дар нобиғагон, ҳунармандон, файласуфон ба олитарин сурат зоҳир мешавад. Зеро хоси тавоноӣ (Иродаи қудрат) дар олитарин сурати худ, як қувваи халлоқ ва офаранда аст. Ва халлоқият ҳам ба ҳадди аксар дар ҳунармандон ва файласуфон вуҷуд дорад. “Иродаи қудрат” барои Нитше мафҳум фалсафиест, ки баробарвазн бо “Идеяҳои Афлотун” мебошад;
  • Дар ҳар ҳол сутуни устувори фалсафаи Нитше “иродаи қудрат” аст, ки метавон гуфт тамоми афкори ӯ дар атрофи ин меҳвар давр мезанад. Ба назари Нитше марди тавоно он марде нест, ки шаҳватҳои нафсонии худро решакан месозад, балки мардест, ки шаҳватҳоро тарбият ва парвариш намуда, ба тариқи саҳеҳ мавриди истифодаашон қарор медиҳад. Шаҳватҳои нафсонӣ ва ақл, ҳарду аз ҷилваҳои “иродаи қудрат”-анд. Инсони тавоно бо кӯмаки ақл  бар шаҳватҳои нафсонӣ ғолиб мешавад, вале мақсудаш аз ин амал саркӯбии шаҳватҳо нест, балки истифодаи онҳо ба тариқи шоиста барои ғанитар ва шодобтар сохтани зиндагонӣ аст;
  • Барои хушбахт шудан Нитше чунин ақида дорад, ки: қонунҳое, ки бар зидди табиат қабул карда шудаанд, бекор карда шаванд. Қонунҳои ахлоқие, ки ба зиндагии имрӯза созгор нестанд ва татбиқ намешаванд бояд тағйир ва иваз карда шаванд. Барои ба даст овардани шодмонӣ ва хушҳолӣ бояд корҳои мо созанда ва озода бошанд. Қонунҳое, ки ин озодиро маҳдуд мекунанд, ислоҳ карда шаванд. Ҳодисаҳои маҳдудкунандаи фаъолиятҳои озоди инсонӣ аз ин қабиланд: тарс аз гуноҳ, тарс аз марг, тарс аз дӯзах ва тарс аз дигар ҳаюлоҳои хурофотӣ низ бояд аз байн бурда шаванд. Чаро, ки зиндагӣ таҷриба аст барои ба даст овардани қудрат. Ва чизҳое, ки монеаи роҳи ба даст овардани ин ҳадаф мешаванд, боисти бартараф карда шаванд. Нитше фақат аз андешаҳое пуштибонӣ мекунад, ки инсон барои худсозӣ ба онҳо эҳтиёҷ дорад. Масъалан маънои зиндагӣ дар ҳунар ва офарандагӣ аст. Худӣ ва худшиносӣ ҷавҳари зиндагиро ташкил медиҳанд. Маънои зиндагӣ болотар аз худ офаридани чизи навро дар назар дорад. Ва худӣ тавассути огоҳӣ сохта мешавад. Нитше мехост, ки инсони навро ба вуҷуд биёварад. Яъне инсони солимро. Абармард дар фаҳмиши Нитше маънои инсони солимро дорад. Зеро ба андешаи ӯ ҳамаи инсонҳое, ки дар фарҳангҳои яҳудӣ, масеҳӣ, исломӣ, буддоӣ ва ғайра парвариш ёфтаанд, ҳамагӣ инсонҳои ноқис буданд;
  • Ишқи Нитше ин ишқ ба инсон ба зиндагӣ ва ба худии худи инсон мебошад. Вале дар бунёди ақидаҳои динӣ омили худшиносӣ вуҷуд надорад ва инсонро аз худогоҳӣ дур нигоҳ медорад. Чаро, ки ҳар кас ҷаҳони худро дорад ва аз ҷаҳони дигарон фарқ мекунад. Фарди офаранда мегуяд: “Ман чунин ирода мекунам ва чунин тақозо дорам”. Чаро, ки истиқлол ва озодии андеша як масъулияти нав ва оғози нав аст. Ҳамин аст, ки ҳақиқатҳои инсони озодандеш дар баробари ҳақиқатҳои бепояи метафизикӣ, идеалистӣ ва мазҳабӣ қарор дода мешаванд. Арзишҳои мавҷудаи ахлоқӣ ва иҷтимоии мо ҳамагӣ ва ҳамеша дар таърих зидди зиндагӣ буданд ва ҳоло ҳам чунинанд. Чаро, ки ба эътиқодҳои мазҳабӣ такя мекарданд. Рӯҳи мазҳаб бар тарс ва гуноҳ такя мекунад ва сарчашмаи ҳамаи арзишҳои ахлоқӣ, динӣ ва фалсафии гузашта мебошанд. Ҳадафи рӯҳи мазҳабӣ ин аст: бегона сохтани инсон ва аз худ дур нигоҳ доштани ӯ аз хештандӯстӣ мебошад. Чаро, ки рӯҳи мазҳабӣ ишқ ба зиндагиро намешиносад ва эътироф намекунад. Арзишҳои бегона ва маҳзабҳои ғайри миллӣ инсонро аз худ бегона месозанд. Аммо арзишҳои офаридаи Нитше чунин буданд: хандидан, рақсидан ва парвоз кардан. Озодандешӣ ҳама вақт дорои асолат ва аҳамият аст. Ки он аз як Худи (инсони солим) маншаъ ва сароғоз гирад. Ҳар кас бояд ҷаҳони худро биёфаринад ва дар ҷаҳони худ зиндагӣ кунад. Ҳадафи озодандешӣ ва худсолорӣ (истиқлоли шахсӣ) дар ниҳоят инсонро ба офарандагӣ мерасонад. Озодандешӣ ҳамон вақт дорои маънӣ аст, ки он бо ҳадафе дар оянда алоқаманд бошад. Раванде, ки ба оянда маънӣ мебахшад, ин ҳамон офарандагӣ мебошад. Офарандагӣ ба ақидаи Нитше ин як хусусияти сохта ва бофта нест, балки таҷассумгари моҳияти асосии инсон мебошад. Ин ба он маъност, ки инсон аз зинаҳои пасттарин ба болотарин дараҷаҳои он ҳаракат мекунад ва худро дар беҳтарин ва волотарин шаклҳо ҷилва медиҳад. Ин аст маънои офарандагӣ. Ба ақидаи Нитше аксари офарандагони арзишҳои нав дар замони худ ҳамчун шахсиятҳои манфӣ, харобкор ва нигилист (инкоркунандаи ҳама чиз) шнохта шуда буданд ва ё аслан мавриди таваҷҷуҳ қарор надоштанд. Барои мисол, Галилео Галилей (1564-1642), Николай Коперник (1473-1543), Чарлз Дарвин (1809-1882) ва ё Волтер (1694-1778) аз ҷумлаи чунин офарандагони арзишҳои нав буданд. Ба ин маъно озодандеш ҳамеша болотар аз неку бади анъанаҳои замони худ меандешад. Ҳадафи Зардушти таърихӣ ин буд, ки инсонҳоро аз ноогоҳӣ ба огоҳӣ, аз торикӣ ба сӯи нур ва аз хурофот ба сӯи зиндагии заминӣ ҳидоят намояд. Аммо Нитше мехост, ки дар замони худаш ҳамон ҳадафҳои Зардушти таърихиро эҷодкорона равнақу ривоҷ диҳад. Нитше номи Зардуштро ба сифати қаҳрамони китоби “Чунин гуфт Зардушт”, на аз рӯи тасодуф ва ё ба хотири хушоҳанг будани калимаи “Зардушт”, балки бо мақсад ва ҳадафи муайян ва бо огоҳии том интихоб кардааст. Ҳамзамон бисёр кӯшидааст, ки Зардушти ӯ (яъне худаш) бо Зардушти таърихӣ (Зардушти эронӣ) шабоҳати зиёде дошта бошад. Зардушти Нитше ба зиндагӣ маънои нав медиҳад, ки мувофиқи он зиндагӣ ҷои тарс ва ранҷ аз гуноҳи аввалин нест, балки макони хурсандӣ ва шодӣ мебошад. Бар хилофи таълимоти анъанавии мазҳабӣ Нитше маънии зиндагии инсониро дар офаридани арзишҳои воқеӣ мебинад. Ба ақидаи Нитше на як ироади қудрати мутлақ балки иродаҳои қудрати гуногун дар олами ҳастӣ вуҷуд доранд. Решаи ҳамаи андешаҳои фарҳангӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, равоншиносӣ ва фалсафии Нитше ба доктринаи фалсафии ӯ бо номи “ШУДАН” (становление) такя мекунанд. Ба ин маъно, ки ҳама чиз дар олами ҳастӣ ба таври абадӣ дар ҷараёни шудан қарор дорад. Аз вуҷуди доимӣ ва воқеӣ танҳо ҳамин истилоҳи “ШУДАН” мушаххас асту бас. Дигар ҳамаи падидаҳои воқеӣ, реалӣ ва маҷозӣ дар ин раванд бардавом симои худро тағйир ва иваз мекунанд. Чизи бетағйире дар олам вуҷуд надорад. Нитше чунин меандешид, ки агар махлуқи огоҳе дар олам ба вуҷуд биёяд (албатта ба тариқаи андешаҳои Дарвин) ҳатман ниёз ба тағйир ва офарандагӣ хоҳад дошт. Дар ҷаҳони мо чунин мавҷуде инсон ном дорад. Нитше бо фантазияи баландпарвози шоиронаи худ абармардони гузаштаро аз қабили Ҷамшед (асри 21-и пеш аз мелод), Рустам, Фаридун, Суқрот (470-399 то мелод), Гераклит (544-483 то мелод), Демокрит (460-370 то мелод) ва ғайра ба сифати образи идеалӣ қобили ситоиш медонист. Чаро, ки онҳо аз замони мо хеле дар масофаи дури таърихӣ қарор доранд. Ва гузашти замон  симои онҳоро ба таври мусбат идеализатсия кардаааст. Ин аст, ки онҳо барои мо намунаи ибратанд ва мо дониста ё надониста аз онҳо тақлид мекунем. Аммо абармард ва супермени ояндаи башарӣ аз нигоҳи Нитше як образи идеалии инсони воқеӣ мебошад, ки ин инсон аз ҷониби мутафаккирони ҳозира идеализатсия карда мешавад. Маҳз ҳамин идеализатсияи мусбати мо дар нисбати абармарди оянда моро хушбин дар зиндагӣ нигоҳ медорад ва гӯё мо ҳамарӯза кӯшиш мекунем, ки фаъолиятҳои созандаи зиндагии худро ба образи идеалии онҳо мутобиқ гардонем. Аммо арзиши ҳозира (яъне замони зоҳира) аз он иборат аст, ки моро дар майдони воқеии фаъолиятҳои зиндагӣ зинда ва шодоб нигоҳ медорад. Мо мавҷудоте ҳастем, ки имкон дорем аз уперменҳои гузаштаи таърихи башарият ва абармардони ояндаи таърихи худамон ба таври густурда истифода намоем. Ин аст, ки Фридрих Нитше бо андешаҳои худ ду майдони бузурги фарҳанги ҷаҳониро яъне майдони шеър ва майдони фалсафаро дар ихтиёри мо гузоштааст, ки мо бо хиради созандаи худ метавонем дар ин майдон бихандем, бирақсем ва парвоз намоем. Ин аст бузургии шахсияти Нитше дар майдони фалсафа ва шеър.
Дар охир бояд ёдовар шуд, ки сарлавҳаи мақолаи мо чунин буд: “МАҒРИБ ЗИ ТУ БЕГОНА, МАШРИҚ ҲАМА АФСОНА”. Мисраи дуюми ин байти Иқбол чунин аст:

“ВАҚТ АСТ, КИ ДАР ОЛАМ, НАҚШИ ДИГАР АНГЕЗӢ”.

Бо ҳамин байт  мусоҳибаро ба охир расонида, фаро расидани “нақши дигар”-ро интизор мешавем.
 
5-8-уми феврали 2021
Комил Бекзода         
 

БОЗГАШТ