АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мафҳуми низоъ ва таснифоти он дар илми муосир

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Низоъ падидаи ниҳоят мураккаби табиӣ ва иҷтимоист. Табиист, ки ин бахши илм аз навъ, зернавъ, намуд, зернамудҳо ва шаклҳои ниҳоят зиёди низоъ ташаккул ва таҳаввул ёфтаанд, ки ин шинохт ва ҳатто навъбандӣ ва типологияи низоъро ниҳоят мушкил менамояд.
Низоъ ё худ конфликт (аз лот. Conflictus - бархӯрд) - раванди табииест, ки дар он ду ҷониб (ё ду гурӯҳ) ва гурӯҳҳои мабдаъҳо барои таъмини манфиатҳо ва ниёзҳои ҳаётӣ ва аслии худ ва ҷилвагарӣ аз дастёбии рақиб (ё рақибон)-и худ ба ҳадафу манфиатҳои возеҳ ва мушаххас (ва ё ҳадди ақал, тағйири мавқеъ ва назари рақиб) дар бархӯрди давомдор қарор доранд. Ин бархӯрд хислатан огоҳона ва ҳадафмандона аст. Аз ин лиҳоз низоъ аслан ва асосан хоси ҷомеаи инсонист [4. с - 47].
Дар илми равоншиносӣ зери мафҳуми низоъ “набудани ризоят байни ҷонибҳо (метавон байни афроди алоҳида ва ё гурӯҳи одамон )” маънидод мешавад. Илме, ки бо омӯзиши низоъҳо машғул аст низоъшиносӣ (конфликтология) мебошад. Низоъшиносӣ ҳамчун илми мустақил дар нимаҳои асри XX ба вуҷуд омад [5. с - 10].
 Аз ҳама тасаввуроти бармаҳал оиди низоъҳо ду ҳазору пансад сол пеш ё аз ин барвақттар пайдо шудаанд. Онҳо бо мафҳумҳои мубориза, муборизаҳои умумии асосҳои муқобил, рақобати байни одамон, ҷанг, зӯроварӣ ва ғайра алоқаманд буданд.
 Дар Чини Қадим мутафаккирон тамоми манбаъҳои рушду тараққиёти ҳастиро дар таъомули сарчашмаҳои мутақобила медиданд. Онҳо натиҷаҳои рақобати инсонҳоро ҳангоми қонеъ нашудани хоҳишҳояшон таҳлил намуда, аксар меъёрҳои ахлоќиро тартиб доданд, ки ҳангоми ҳаллу фасли низоъҳо аҳамияти худро гум намекунанд. Аз файлосуфони чинӣ метавон мафҳумҳоеро ба монанди “ақидаҳои муқобил”, “муборизаҳои инсонҳо байни ҳамдигар”, “дар баҳс метавон ҳақиқатро дарёфт ва бурд кард”, “аз фоида бояд аксарият ва аз бадбахтӣ бояд ақаллиятро ихтиёр кард” ва ғайраро дарёфт. Дар фалсафаи Чин инсон ҳамчун як мавҷуди низоӣ (ҷангҷолӣ) дорои табиати бад ва нек тасвир ёфтааст [3. с - 27-28].
Ҳамчунин дар фалсафаи атиқаи Юнони Қадим, ҷаҳони элинистӣ ва римӣ метавон аксар мулоҳизаҳо, ки зимни он муборизаҳои мутақобиларо ҳамчун сарчашмаи рушд, меъёрҳои ахлоқии рафтори одамон, ҷанг - бадии бузург дар замин донистаанд, пайдо намуд. Мисол Гераклит (530-470 то м.) чунин меҳисобад, ки ҷанг падар ва шоҳи ҳама аст ва он як гурӯҳро ҳамчун худоҳо ва як гурӯҳи дигарро ҳамчун инсонҳо ҷудо намудааст. Бояд қайд кард, ки мубориза умумӣ ҳисобида мешавад, чӣ он хосияти ҷудоихоҳӣ дошта бошад ва чӣ аз рӯи ҷудоихоҳӣ ва зарурат ба миён омада бошад. Мухолифат ба ҳам наздик мекунад, ихтилоф бошад ҳамоҳангиро ба вуҷуд меорад ва ҳардуи ин дар доираи ҷудоихоҳӣ ба амал меояд. Ба ақидаи Гераклид мубориза, ҷудоихоҳӣ – ҳолати аз рӯи низоъ ба амал омадае мебошад, ки аз рӯи функсияи объективии худ ҳамчун сарчашмаи тавлид ва рушди ҳама чиз хизмат мекунад. Ӯ ҳатто муборизаро ҷанги функсияи аввалиндараҷаи ҷомеа номидааст, ки ин падар ва шоҳи ҳама чиз аст.
Низоъҳои байни инсонҳо, муборизаҳо, фитнаангезиҳо, адоват ва ҷанг ҳамчун як падидаи босураъат ва манфӣ ҳамеша дар таърихи инсоният вуҷуд дошт. Аксарияти донишмандон, мутафаккирон ва сиёсатмадорон аз қадим, то имрӯз ҷанбаҳои гуногуни таъсири мутақобилаи иҷтимоии низоъҳоро аз рӯйӣ таҷрибаҳои ҷомеа дар ҳаллу фасли низоъҳо таҳқиқ намудаанд. Таҳқиқи муборизаҳои муноқишавӣ дар ин миён дар доираи фалсафа, таърих, ҳуқуқшиносӣ, фаъолиятҳои низомӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ ва дигар илмҳо ба вуҷуд омад.
Шуури оддӣ аксар вақт низоъҳоро як чизи манфӣ ва вайронкунанда меҳисобад. Дар асл низоъҳо метавонанд ҳам нақши манфӣ ва ҳам нақши мусбат дошта бошанд. Оқибатҳои манфии низоъҳо инҳоянд:
  • боиси бетартибӣ ва харобӣ мегарданд;
  • Ба рушди зӯроварӣ мусоидат мекунанд;
  • Дар натиҷа ба зарари моддӣ ва маънавӣ бурда мерасонад;
  • Ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд, ки ин боиси ҳалокати онҳо мешавад.
Оқибатҳои мусбати низоъҳо инҳоянд:
  • Онҳо диққатро ба масъала ҷалб намуда, маҷбур мекунанд, ки аз вазъияти ба амал омада роҳи ҳал ҷӯем;
  • Имкон медиҳанд, то манфиатҳои худ ва манфиатҳои тарафи муқобилро эътироф кунем;
  • Барои ба даст овардани иттилооти мавҷуда доир ба таносуби қудрати субъектони рақобаткунанда мусоидат мекунанд;
  • Ба муттаҳидсозии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истифодаи захираҳои дохилӣ мусоидат мекунанд;
  • Муайян мекунанд, ки дӯст ва иттифоқчӣ ва кӣ душман аст.
Дар асоси навъбандӣ дар умум низоъҳо ба ду гурӯҳи бузург – низои дохилинизомӣ ва низои берунинизомӣ ҷудо мешаванд. Низои дохилинизомӣ низоми сохторҳо, рукнҳо ва нерӯҳои низом мебошад; низои берунинизомӣ бошад, низои байнинизомҳо ва ё байни низом ва фазои берунии он мебошад. Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки шаклгирии худи ҷомеа ва сохторҳои асоситарини он раванди тӯлонӣ, ниҳоят мураккаб ва печида будааст, ки сабабгори ташаккули навъҳои бузурги таърихии ҷомеа – қаблазтаърихӣ (ибтидоӣ), суннатӣ ва муосир гардид, барои ҳар кадом аз ин навъҳои ҷомеа навъҳои таърихан ва ташаккулёфтаи низоъ хос аст, ки намудҳо ва шаклҳои зиёд доранд. Вале маъмулан шинохти низоъҳои қаблазтаърихӣ (ибтидоӣ) ҳанӯз дар марҳилаи оғозӣ қарор дорад; низоъҳои суннатӣ мавриди омӯзиши ҷиддитар ва амиқтар буданд, харчанд таҳқиқи ҳамаҷониба ва мушаххаси онҳо кори оянда аст. Дар мавриди навъи муосири низоъ (ё низоъ дар сохтори ҷомеаи муосир) таҳқиқоти зиёд мавҷуд аст, ки сохтор, мазмун ва амалкарди онро бозгӯ мекунанд.
Ҷомеаи муосир дорои маҷмӯи анбӯҳи рақобат, зиддият ва низоъҳои гуногун аст. Онҳо сохтор ва мазмуни ниҳоят мураккаб доранд ва типологияашон мушкил аст. Дар типологияҳои пешниҳодӣ (ки машҳуртарини онҳо типологияҳои Р. Дарендорф, И. Дойч ва дигарон мебошад) асос меъёрҳои мухталиф мебошанд. Аксаран, ду меъёр асоснок гардидааст:
а) хислат, мазмун ва амалкарди мабдаъҳо ва шарикдорони низоъ;
б) соҳа ва фазои зуҳур, ташаккул ва амали низоъ [4. с - 49].
Дар баъзе асарҳо кӯшиши омезиши ин меъёрҳо сурат гирифтааст. Масалан, муаллифон А.Я. Антсупов ва А.И. Шипилов типологияи зеринро асоснок ва пешниҳод кардаанд. Тамоми низоъҳо ба ду навъи бузург (низоъҳо бо иштироки инсон ва низоъҳои хоси ҳайвонот) тақсим гардидаанд; низоъҳо бо ширкати инсон ба ду навъ:
а) иҷтимоӣ ва б) дохилифардӣ тақсимбандї шудаанд.
Навъи “Низоъҳои иҷтимоӣ” 6 зернамуди асосиро шомил мебошад, ки аз назари муаллифон инҳоянд:
  1. низои байнифардӣ ё байнишахсӣ (низоъҳое, ки амалан натиљаи бархӯрди ду фард мебошанд);
  2. низои намуди “шахсият-гурӯҳ” (низое, ки дар он шахсияти алоҳида дар баробари гурӯҳ қарор дорад);
  3. низои гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ (низое, ки дар дохили гурӯҳҳои хурди одамон зоҳир мешавад);
  4. низои гурӯҳҳои миёнаи иҷтимоӣ (низоъ дар коллективҳо, муассисаҳо, халқҳои хоси сиёсӣ ва иҷтимоӣ, кланҳо ва ғайра;
  5. низои гурӯҳҳои бузурги иҷтимоӣ;
  6. низоъҳои байналмилалӣ.
Табиист, ки зернамудҳо ( ё аслан намудҳои) - и зикршуда дар ҷомеаи муосир сохтори печида ва мураккаб доранд: онҳо шаклҳои асосӣ, ғайриасосӣ ва ҷузъиро фаро мегиранд. Масалан, низои байналмилалӣ зернамудҳои зиёде дорад, аз қабили:
а). Низои байни ду давлат (низои байнидавлатӣ);
б). Низои байни давлати алоҳида ва гурӯҳи давлатҳо;
в). Низои байни гурӯҳҳои давлатҳо;
г). Низои байни эътилофҳо (коалитсияҳо)-и давлатҳо;
д). Низои минтақавӣ (субрегионалӣ, макроренгионалӣ);
ж). Низои байниминтақавӣ;
з). Низои байниқутбӣ-байнинизомӣ (биполярӣ) ва ғайра.
Бар асоси баррасии хоси назарии таҳаввулоти бузурги охири асри XX муҳаққиқи амрикоӣ Самуел Ҳантингтон фарорасии давраи нав-даврони “Бархӯрди тамаддунҳо” ва “низои тамаддунҳо”-ро эълом дошт: “Низои ояндаи байни тамаддунҳо-фазои ҷамъбастии тадриҷии низоъҳои глобалӣ дар ҷаҳони муосир хоҳад буд”.
Дар баъзе таҳқиқоти навини низоъшиносӣ ва масоили байналмилалӣ намуди хос ва навзуҳури низои байналмилалӣ-низои глобалӣ асоснок карда мешавад. Ба ақидаи баъзе аз муаллифон, навъи мазкур хатари ҷиддӣ барои ҳастии башар аст.
Шаклҳои таърихии низои байналмилалӣ низ зиёданд: маъмултарини онҳо низои марзӣ, низои сиёсӣ, низои дипломатӣ, низои ҳарбӣ, “низои кашмакаш”, “низоъбозӣ”, низои мусаллаҳона эътироф шудаанд. Ин шаклҳо дар давраҳои гуногуни таърих дорои хусусиятҳои хос буданд: амалкарди онҳо бахусус, дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХI ниҳоят рангин, мураккаб ва тағйирпазир аст.  
  Дар назария ва амалияи илмҳои муосир ду мафҳум – “ҷанг” ва “низоъи мусаллаҳона”- ро аз ҳам фарқ мекунанд. “Ҷанг ин муҳорибаи начандон шадидро мегӯянд, ки давомнокии начандон дароз дошта ба воситаи нерӯҳои ҷангӣ ба роҳ монда мешавад ва миёни гурӯҳҳои теъдодашон муайян, иборат аз афроди силоҳбадаст ва мушаххас, ки зери итоати як фармондеҳ қарор доранд, сурат мегирад.” [2. 88]. Дар ҳуқуқи байналхалқӣ ҷангро ҳамчун муборизаи байни ду давлат ё ду гурӯҳи давлатҳо эътироф мекунанд. Аммо низои мусаллаҳона ҳамчун байни давлатҳо ва гурӯҳҳои дохилии ин давлатҳо ба монанди шӯриши исёнгарона, мувофиқи ҳуқуқҳои байналхалқӣ мисоли ҷанги шаҳрвандӣ шуда метавонад, на ҳамчун ҷанг. Мафҳуми низои мусаллаҳона нисбат ба мафҳуми ҷанг васеътар аст. Низои мусаллаҳона он замон рух медиҳад, ки давлат ба сари қудрат меояд ё ҳангоме ки муноқишаи мусаллаҳонаи давомдор байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳонаи муташаккилонаи дохили як давлат ба амал меояд.
      Вобаста ба мавзӯъ, низоъҳои мусаллаҳона ба таври зайл таснифбандӣ карда мешаванд:
  • низоъҳои ҳудудӣ ё сарҳадӣ, ки асоси онро ихтилофоти фарогир ташкил дода, ба он озод кардан ё васеъ кардани ҳудуди худ, забти ҳудуди бегона ё мубориза барои минтақаҳои баҳсталаб мансуб аст. Ба монанди Қарабоғи Кӯҳӣ, ки миёни Арманистон ва Озарбойҷон ба вуқуъ омад, мисоли ин навъи низоъ шуда метавонад.
  • низоъҳои мазҳабӣ, ки он байни тарафдорон ва мухолифони як равияи мазҳаби муайян ё дар доираи ҳаракатҳои динӣ ба миён меояд. Ба монанди ҷангҳои динии масеҳӣ дар Аврупо дар асрҳои XVI-XVIII, низоъҳои байни равияҳои суннӣ ва шиаҳо дар Ховари Миёна ва ғайра мисоли ин навъи низоъ шуда метавонад.
  • низоъҳои хислати ҷудоихоҳӣ дошта, ки барои ҷудо кардан ё мустақил шудани ягон қисмати давлат ба вуқуъ меояд. Як қатор давлатҳое ки дар асри XX ташкил шуданд, маҳз дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳамчун мисол, вилояти Дамбас, ки дар Украина воқеъ аст, мехоҳад ки аз ҳудуди Украина ҷудо шуда, истиқлолияти худро ба даст орад.
  • низоъҳое, ки бо сабаби завол ёфтани давлатҳои бузурги бисёрмиллатӣ ба амал меояд ва дар бисёр ҳолат сарҳадҳо бо назардошти минтақаи истиқоматӣ, гурӯҳи этникӣ, ҷомеаҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ давлатҳои ҷудогона ба амал меояд [7. с - 6].
  • низоъҳои байнимиллатӣ, ки бо хусусияти бераҳмӣ фарқ мекунанд. Чунин низоъҳо рӯ меояд, ки ҳуввияти миллии қабилаҳо ва қавмҳое, ки қаблан қудрати мустамликавӣ доштанд, ташаккул наёфтаанд. Мисол ин ҳолат дар минтақаҳои Саҳрои Африқо мушоҳида кардан мумкин.
  • низоъҳо дар асоси мубориза барои ноил шудан ба қудрат. Дар чунин низоъҳо гурӯҳҳои шӯришчиён бо фаҳмиши идеологӣ барои сарнагун сохтани низоми қоимбуда (масалан, аз ҷониби қувваҳои чап муттаҳид кардани қувваҳои буржуазӣ) ё бар зидди ҳокимони фасодкор ва бесамар мубориза мебаранд.
  • низоъҳо байни давлатҳо ва гурӯҳҳои террористӣ, ки ҳам дар дохили давлат ва ҳам дар сохторҳои фаромиллӣ фаъолият мекунад. Масалан ба ном “Давлати Исломӣ” кӯшиш мекунанд, ки на танҳо дар дохили Сурия ва Ироқ, балки берун аз он ҳам хилофати худро таъсис диҳанд.
  • низоъ байни давлатҳо бо сохторҳо ва арзишҳои гуногуни иттилоотӣ. Пас аз хотимаи Ҷанги Сард авҷи чунин низоъҳо барои кишварҳои Ғарб хос аст, ки бо кӯмаки “империализми демократӣ” режими номатлубро (Ироқ, Либия, Сурия ва ғайра) сарнагун созанд.
Роҳҳои ҳалли низоъҳои мусаллаҳона. Воситаҳои бештар маъмули ҳалли низоъҳои мусаллаҳона гуфтушунид ва миёнравӣ маҳсуб гардида, он аз сатҳи байнифардӣ, то сатҳи байналмилалӣ истифода мешаванд.
Хулоса, низоъҳо як қисми ҷудонопазири инсон дар ҷомеа ва таъсири мутақобилаи он бо дигар инсонҳо ба шумор меравад. Садсолаи гузашта, ки фарогири ихтилофоти шадиди байналхалқӣ буд, муҳаққиқонро водор намуд, ки диққати худро ба ин масъала бештар равона кунанд. Омӯзиш ва таҳқиқи амиқи низоъҳо ба ҳаллу баррасӣ ва пешгирии онҳо мусоидат мекунад. Низоъҳо дар баробари оқибатҳои манфӣ оқибатҳои мусбӣ низ доранд. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқони ин соҳа гуфтаанд: ҷомеа бидуни низоъ ҷомеаи мурда аст.
 
Рӯйхати адабётҳои истифодашуда:
  1. Анцупов А. Я. Конфликтология: учубник для вузов / Москва. ЮНИТИ, 1999. с. 23;
  2. Давид Э. Принципы права вооруженных конфликтов: курс лекций юридического факультета открытого Барсельского университета. М. Межд. комитет Красного Креста. 2000. с. 88;
  3. Лукин Ю. Ф. Конфликтология: упровление конфликтами – Москва, Академически Проэкт, 2007. - 798 с.;
  4. Муқаддимаи низоъшиносӣ. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Вазорати маорифи ҶТ. - Душанбе: “Эр-граф”, 2006. -272 саҳ.
  5. Нахратова Е. А. Переговоры как способ урегулирования международных противоречей – Екатеринбург, 2018. - 105 с.
  6. Николай Баранов, Международные конфликты и пути их разрешения https://nicbar.ru/politology/study/55-kurs-sovremennaya-vneshnepoliticheskaya-strategiya-rossii-i-mezhdunarodnye-konflikty/578-lektsiya-8-mezhdunarodnye-konflikty-i-puti-ikh-razresheniyа.
  7. Никитин А.И. Международные конфликты: вмешательство, миротворчество, урегулирование: учебник. М.: Издательство «Аспект Пресс», 2017. с. 10-75;
  8. Хангтингтон С. Столкновение цивилизаций// политические иследования, 1994, № 1.
  9. Энсиклопедияи советии тоҷик (ҷилди 3 ). - Душанбе, 2014.
 
 
Фарида Давлатова,
магистри Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 

БОЗГАШТ