Муаллиф: Ибрагимова Мадина
Солгарди истиқлолияти Ҳиндустон, ки Деҳлии Нав 15 август таҷлили онро бо шукўҳ баргузор кард, ин навбат аз унсурҳои муҳимми он дар пасманзари ҷангҳои шадиде, ки дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон сурат мегирад, хеле ҷаззобу ҷолиб буд. Ин унсури ҷолиб, албатта, шахсияти пешвои муборизаҳои истиқлолхоҳии Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ буда, ва дар давраи хушунатбори ҷаҳони имрўз ёдоварӣ аз ў ранги истиқлоли Ҳиндустонро дар зеҳнҳо муҷаллотар менамояд. Маҳатма Гандӣ сиёсатмадоре буд бо меъёрҳои ахлоқӣ ва равиши қатъӣ. Ӯ муборизаи бидуни зўровариву хушунатро дар ҷаҳон асос гузошт ва бо ин равиш кишварашро дар муборизаи озодихоҳӣ ба пирўзӣ расонд. Гандӣ, ки дар Лондон дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил карда буд, дар оѓоз муътақид ба қонун ва риояи назми ҷорӣ буд. Аммо ҳангоми сафари корӣ ба Африқо дарёфт, ки муҳоҷирони ҳиндӣ аз тарафи мустамликадорон ба таври қонунӣ истисмор мешаванд. Он рўз, ки ўро ба хотири ҳиндӣ буданаш аз қатора дараҷаи аввал берун карданду ба қатора дараҷаи се фиристоданд, сарнавишташро ба куллӣ таѓйир дод ва ўро ба роҳи мубориза бо нажодпарастӣ пеш ронд. Ҳангоме ки Маҳатма Гандӣ ба Ҳиндустон баргашт, номи ў аллакай ҳамчун пешвои мубориза бидуни зўроварӣ машҳур гашта буд ва ин хитобаи ба мустамликадорон дар сари забонҳо буд: «Дар ин сўи ҷаҳон мо кўшидем пуле миёни ду ҷаҳон бандем, ки роҳе ба сўи оромиш бошад, чунин чизе танҳо бо ҳақиқат ва огоҳӣ мумкин аст. Раҳоии ҷаҳон дар ин нуҳуфтааст». Гандӣ пас аз бозгашт ба Ҳиндустон роҳабрии Конгресси миллиро ба даст гирифт. То он вақт ин Конгресс ба шакли маҳфил буд, ки ҷамъ меомаданду баҳсу ҷадал мекарданду мерафтанд. Маҳатма Гандӣ онро ба ҷунбиши мардумӣ ва баътар ба ҳизби мардумӣ табдил дод, ки муҳимтарин абзоре барои мубориза гардид. Муборизаи безўроварии Гандӣ аслан бесилоҳ набуд, силоҳи бузург дошт, аммо на силоҳи гарм. Ин силоҳ ҳақиқат буд, ки ба мардум интиқол медод ва мардум ин ҳақиқатро чунон ботинаи дарк карда буданд, ки биме аз хатар надоштанд. Дар айёми муборизаҳои озодихоҳӣ ихтилофҳои дохилӣ низ хеле зиёд буданд, монанди ихтилофҳо миёни шаҳру деҳот, мусулмонону ҳидуён, миёни кастаҳои ҳиндӣ ва ѓайра. Гандӣ парҳезкориро пеша мекард, то мардуми кишварашро бо ҳам оштӣ диҳад. Ў мегуфт, ки халқи Ҳиндустон ҳанўз миллат нашудааст. Ҳеҷ гоҳ намехост, миёни мусулмонону ҳиндувон ҷудоӣ бошад, Ҳеҷ гоҳ тарафдори ба ду бахшу се бахш тақсим шудани кишвараш набуд. Агар чи бар хилофи ирода ва ормони ў дар муборизаҳои истиқлолхоҳии Ҳиндустон хуни зиёд рехт ва худаш низ нишони тири маргбор қарор гирифт, кишвар тақсим шуд.Бо вуҷуди ин, идеяи ў усули муборизаи безўроварии ў на танҳо дар саргузашти Ҳиндустон, балки дар хазонаи таърихи ҷаҳон боқӣ монд, ки рўзе, албатта, ҷойгузини ҷангҳову террорҳо хоҳад шуд. Бешак «Муборизаи бидуни зўрӣ»-и Гандӣ дар таърихи тамаддуни инсонӣ достони марѓубест, монанди достони «Қишлоқи тиллоӣ». Таҳия аз китоби: Махатма Ганди “Моя жизнь”:-М. изд-во «Азбука», 2014 г. 480 стр.