АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Махфии Бадахшӣ

Муаллиф: Қодиров Ғиёсиддин

Расм

Махфӣ аз хонаводаи номдори мирони Бадахшон аст, ки сарсилаи онҳо Мирёрбег (1672-1740) буд. ӯ соли 1877 дар мавзеи Хулми Тошқурғон, замоне ки падараш дар он ҷо бадарға буд, ба дунё омад. Падараш Мирмуҳаммадшоҳи Оҷиз шоир ва нависанда буда, асари дастнависи манзуму мансури ӯ ба номи «Чорбоғи шоҳӣ» боқӣ мондааст. Модараш Бибӣ Ҷаҳоноро ном дошта, духтари Оқсақол Баҳори Қалуғ буд. Бародаронаш Мирмуҳаммадшоҳ ва Суҳробшоҳ ҳарду аҳли завқ буда, бо тахаллуси Ғамгин ва Савдо шеър мегуфтанд. Номи аслиаш Саидат ё Саидатуннисо буда, Махфӣ тахаллуси шоириаш мебошад.

Махфӣ дар зиндагӣ талхиҳои зиёдеро чашида ва тақрибан нисфи умри худро дар бадарға ва оворагӣ сипарӣ кардааст. Яксола буд, ки падараш вафот мекунад ва дар чорсолагӣ (1298) хонаводааш ба Бадахшон бармегардад. Аммо як сол нагузашта (1299) хонаводааш тавассути сардор Абдуллохони Тухӣ ба Кобул табъид мешавад. Як сол дар Қадаған зиста соли 1300 ба Кобул мерасанд. Вале се моҳ нагузашта, дар 8-солагӣ боқимондаи хонаводаашро ба Қандаҳор бадарға мекунанд ва онҳо 20 сол дар он ҷо мемонанд. Дар аввалҳои салтанати Амир Ҳабибуллохон (салтанат 1901-1918) зоҳиран иҷозати баргашт ҳосил намуда,ба Кобул меояд ва 16 сол дар пойтахт зиндагӣ мекунад. Соли 1914 дар 37-солагӣ ба Бадахшон баргашта дар деҳкадаи Қарақузи наздики Файзобод, дар канори дарёи Кукча сукунат ихтиёр намуд ва саранҷом баъди 87 соли умри пурранҷ соли 1964 аз ҷаҳон чашм пӯшид. Махфӣ тамоми умр муҷаррад, бо тақвою порсо зист ва чунон ки мегӯянд бо орифону олимон ва адибони муосири хеш аз пушти парда суҳбат мекард.

Тавре мебинем, Махфӣ қисмати ҷавонии худро дар давраи Амир Абдурраҳмонхон дар ҳоли табъиди сиёсӣ дар Кобулу Қандаҳор гузаронида буд. Вале бо вуҷуди ин, ба қавли устод Ғубор «духтари таҳсилкарда ва шеърсаро буд»[1] ва зоҳиран ин табъи мавзун дар вай фитрӣ буд. Зеро, Махфӣ аз хонадоне бархоста буд, ки тавре пештар гуфтем аксаран аҳли завқ ва шоир буданд.

Ин шоираи ориф ва гӯшанишин дар бисёр қолабҳои шеъри қадим, махсусан ғазал ва мухаммасу рубоиёт дорои осори қобили таваҷҷуҳе мебошад. Шеъраш равон, латиф ва аз печидагӯиҳои мактаби ҳиндӣ, ки дар замони ӯ дар шеъри дарӣ бисёр нуфуз дошт, озод аст. Ба Махфии Ҳиндӣ (Зебуннисо) иродат дорад ва гоҳо мисраҳое аз ғазалиёти ӯро бо каме тағйир такрор мекунад. Бо васфи ин, ба назари мо агар дар асри ӯ дар Афғонистон аз табақаи зан панҷ шоираи дорои мақоми адабӣ бархоста бошад, бешак яке аз онҳо Махфӣ хоҳад буд.

Адабшиносони ватанаш хотира ва шеъри ин шоираи зебосухани Бадахшониро гиромӣ медоранд ва дар китобҳои таърихӣ-адабӣ ва тазкираҳои шеъри муосири дарии Афғонистон шарҳи рӯзгор ва намунаҳои ашъори ӯ дар сафи сухансароёни баландпояи кишвар ҷой додаанд.

Хонандагони тоҷик низ бо номи ин шоираи ширинзабон ошно ҳастанд, онҳоро мехонанд ва меписанданд. Муҳаққиқон миқдори ашъори девони ӯро даҳ ҳазор мисраъ[2] навиштаанд. Девони чопии шоираро надидам ва намунаҳои андаке, ки аз ашъори ӯ пешниҳод мегардад аз китобчаи кӯчаке (84 саҳ.) ба номи «Девони Махфӣ, шоираи Бадахшонӣ», ки тақрибан солҳои 1963 ё 1964 дар матбаъаи Бадахшон бидуни соли нашр чоп шудааст ва мақолаи Зуҳуруллои Зуҳурӣ «Ёде аз Махфии Бадахшӣ, шоири овора» (маҷ. Ҳунар, №1, соли 3, Кобул, 1359) интихоб шудаанд.
 

Ҳарчанд зи дасти ту хароб аст дили мо,

Дар баҳри ҷунун гавҳари об аст дили мо.

Дар неши ту монанди хазаф қадр надорад,

Хармуҳра мабин, дурри хушоб аст дили мо.

Чун шамъ зи сӯзи ҷигару дидаи хунбор,

Умрест, ки дар оташу об аст дили мо.

Ҳарчанд ки тай карда биёбони фироқат,

Лабташнатар аз мавҷи сароб аст дили мо.

То чанд бигӯ, эй маҳи бемеҳр, Худоро,

Бо ғайр хурӣ бодаву об аст дили мо.

Як хандаи гул буд саропои баҳорам,

Ин қофила бигзашту ба хоб аст дили мо.

Чун хостаи ин ғазал аз Махфии дилреш,

«Гӯё ба саволи ту ҷавоб аст дили мо».
 

                   * * *

Хат омад бар рухат, эй симтан оҳиста-оҳиста,

Бурун шуд сабзаат гирди чаман оҳиста-оҳиста.

Бибин, эй боғбон гул кард он ҳарфе, ки дӣ мегуфт,

Насими субҳ дар гӯши чаман оҳиста-оҳиста.

Бути номеҳрбонам меҳрбон гардид метарсам,

Мабодо бишнавад чархи куҳан оҳиста-оҳиста.

Ба сад афсун чу тифлеро бифребанд бо шаккар,

Диламро бурд он ширинсухан оҳиста-оҳиста.

Фидоят ҷони ман, қосид чу бурдӣ номаам сӯяш,

Забонӣ ҳам бигӯ аҳволи ман оҳиста-оҳиста.

Хушо сайри баҳори Кандаҳору дӯстон бо ҳам,

Ки мегаштем дар гирди чаман оҳиста-оҳиста.

Набудӣ гар сари озурдани Махфӣ, чаро гуфтӣ,

Сухан бо муддаӣ дар анҷуман оҳиста-оҳиста.
 

                    * * *

Шоми ҳиҷрон баски ёд он лаъли хандон мекунам,

Аз хаёлам мулки Кобулро Бадахшон мекунам.

Нолаву ҳирмону оҳу доғи дил гул кардааст,

Дар баҳори бекасӣ сайри гулистон мекунам.

Ҳар дам аз ёди нигоҳи маҳрухи лайливаше,

Ҳамчу Маҷнун бӯсаҳо чашми ғизолон мекунам.

Кокули пурчини ӯ як шаб ба хоб омад маро,

Умрҳо таъбири он хоби парешон мекунам.

Аз фироқат мешавам девона, лекин рӯзу шаб,

Хешро машғули бозӣ ҳамчу тифлон мекунам.

Гул начидам ман зи боғат, боғбон тундӣ макун,

Хуни дил аз дида боридам ба домон мекунам.

Дар сухан ҷӯ майл агар дорӣ маро, к-андар сухан,

Хешро чун бӯйи гул дар барг пинҳон мекунам.

Гарчи мискину ғарибам бурёи хешро,

Кай баробар бар фароши тахти шоҳон мекунам.

Махфии дилрешро набвад сари байту ғазал,

Хотири худро ба ину он парешон мекунам.
 

                       * * *

Гар нома ба он шӯхи ситамгор нависам,

Хоҳам, ки ҳама шиква зи озор нависам.

Бедоди ту дар номаву мактуб нағунҷад,

Бояд, ки чу афсона дар ахбор нависам.

Он дам, ки ҷафоҳои ту таҳрир намоям,

Сад бор кунам пораву сад бор нависам.

Ҳарчанд басе кардаам аз ишқи ту иқрор,

Баргашта зи иқрори худ инкор нависам.

Махфӣ ситами дӯст чу гуфтан натавонам,

Ночор ба абёту ба ашъор нависам.
 

                    * * *

Эй он, ки зи фардо хабарат нест, ки ҳастӣ,

Мағрур машав ҳеҷ гар аз худ хабар астӣ.

Боре, ба ту маълум шавад ҳоли баду нек,

Рӯзе, ки аз ин манзили пурҳодиса растӣ.

Ҷуз теғи ҳаво бар туву он чашми майолуд,

Шамшер надидаст касе дар кафи масте.

Чашми туву сад ғамза, ба ҳар ғамза балое,

Зулфи туву сад ҳалқа, ба ҳар ҳалқа шикасте.

Гуфтам, ки ҷавоби ғазали кист? Хирад гуфт:

Махфӣ, на туро гуфтам, аз ин мартаба пастӣ.
 

                          * * *

Надонам чун кунам, ё раб дили девонаи худро,

Надорад улфати саҳро, на майли хонаи худро.

Шароби ишқро карданд аз рӯзи азал қимат,

Ман аз хуни ҷигар пур кардаам паймонаи худро.

Шаби торам нашуд ҳосил зи шамъе ҳамчу парвона,

Магар аз дасти худ оташ занам кошонаи худро.

Бикун қасде, ки дорӣ бо ман, эй чархи ҷафопеша,

Ки кардам фарши роҳи сели ғам вайронаи худро.

Зи оҳам ҳамчу най оташ ба ҷон афтад Зулайхоро,

Кашам гар дар найистон нолаи мастонаи худро.

Надорам мазраи дунё ба ҷуз ғам ҳосиле, эй дил

Бисӯз аз барқи оҳе хирмани бедонаи худро.

Расид аз дӯстонам захмҳо бар дил, ки медонам,

Ғанимат з-ошноён суҳбати бегонаи худро.

Нагардад то дилат сад чок аз мижгони хунрезаш,

Насозӣ маҳраме дар шоми зулфаш шонаи худро.

Надидам дар ҷаҳони бевафо аз кас вафо, Махфӣ,

Ки то созам фидои шамъи ӯ парвонаи худро.
 

                     * * *

Ба даст сабҳаву паймона дар бағал дорам,

Ба Каъба рафтаму бутхона дар бағал дорам.

Ба ҳар куҷо фиканад шамъи оразаш партав,

Фанои хеш чу парвона дар бағал дорам.

Мудом аз дили садчоки хеш чун шамшод,

Ба ёди зулфи каҷаш шона дар бағал дорам.

Макун ҳикояти Маҷнуну Кӯҳкан, ки чунин,

Ҳазор қиссаву афсона дар бағал дорам.

Ба ёди наргиси махмуру майпарасти касе,

Пиёла дар кафу майхона дар бағал дорам.

Чу андалеб ман аз ёди гулшани васлаш,

Ҳазор нолаи мастона дар бағал дорам.

Бигӯй, Махфӣ агар гуфтаӣ ҷавоби Мутеъ,

Калиди Каъбаву бутхона дар бағал дорам.
 

          Аз мухаммасот:


Мухаммас ба ғазали Парии Ҳисорӣ:

Он сар, ки нест меҳри туаш варшикаста беҳ,

Он дил, ки нест аз ту дар он ғам нишаста беҳ.

Аз неши заҳрдодаи ғам зору хаста беҳ,

Чашме, ки нест боз ба рӯи ту баста беҳ.

Дасте, ки домани ту нагирад шикаста беҳ,

Рӯзе, ки чеҳра олами ҳастӣ ба ман намуд,

Он рӯз барқи ҷилваи ҷаннат дилам рабуд,

Меҳрат танид дар рагу пай ҳамчу тору пуд,

Дилро, ки риштааст ба шерозаи вуҷуд,

Пайванд агар ба ғайри ту бошад гусаста беҳ.

Бо турраи ту то дили ушшоқ банд шуд,

Ҷонҳо ҳама бар оташи ишқат сипанд шуд,

Рафтиву оҳи дилшудагонат дучанд шуд,

Бархостӣ қиёмати Кубро баланд шуд,

Биншин даме, ки фитнаи маҳшар нишаста беҳ.

Бар қавли зоҳидони риёӣ нарафта хуш,

Ин панди пучу ваъзи риёӣ нагуфта хуш,

Ҳар қилу қоли беҳударо ношукуфта хуш,

Ҳарфе, ки дарди ишқ надорад нуҳуфта хуш,

Оҳе, ки беасар бувад аз дил нараста беҳ.

Махфӣ, баҳор хушхабарӣ мекунад ба базм,

Гулҳо нисор симу зарӣ мекунад ба базм,

Соқии мо чи ҷилвагарӣ мекунад ба базм,

Имшаб хаёл нағмапарӣ мекунад ба базм,

Зоҳид, бирав, ки шишаи тақво шикаста беҳ.

 

 

[1] Ғубор ва дигарон. Таърихи адабиёти Афғонистон, барои сунуфи 12 ва лайсаҳо, Кобул, 1330, с. 378.

[2]Ниг.: Маҷ. Адаб, №5-6, Кобул, 1342.


Ғиёсиддин Қодиров, адабиётшинос

БОЗГАШТ