АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мактуби иттилоотӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Мактуби иттилоотӣ

Шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди миллии «Роҳи абрешим – роҳи муттаҳидшавӣ» дар таърихи 25-26 апрели соли 2024 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Вусъат додани ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи энергетикаи об» баргузор мекунад.

Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  • таъмини механизми самараноки идоракунии обҳои фаромарзии дарёҳои Амударё ва Сирдарё;
  • нигоҳдорӣ ва густариши муколамаи байни ҳавзаҳои кишварҳои минтақа ва минтақаҳои ҳамсоя;
  • истифодаи босамари об ва захираҳои энергетикӣ дар минтақа;
  • таҷрибаи ШМА ва Канада дар истифодаи босамари захираҳои обҳои фаромарзӣ
  • ҳалли инноватсионӣ барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар бахши об ва энергетика.

Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.

Забонҳои кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир шуда, ба талабот ҷавобгӯй бошанд. Матни мақола набояд аз 8-саҳифа (формати-А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Тimes New Roman TJ, андозаи ҳарф - 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 пешниҳод гардад.

Конференсия дар шакли ҳам анъанавӣ (офлайн) ва ҳам маҷозӣ (онлайн) баргузор мешавад.

Муҳлати қабули мақолаҳо то 1-уми апрели соли 2024.

Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: Шуъбаи ШМА ва Канадаи ИОМДОА АМИТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33.

Почтаи электронӣ: dusacanada@gmail.com

Телефонҳо барои тамос: (992)-935-21-96-83

Шахси масъул: Дороншоева Н.Ш.

БОЗГАШТ