АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир

Муаллиф: Зуҳуров Абдухолиқ

Расм

Амир Ҳусайни Лодин дар китоби худ “Худосолорӣ ва дармондагӣ” қисматеро доир ба зиндагиномаи Куруши Кабир бахшида, қайд мекунад, ки таърихшиносону пажӯҳишгарон Курушро шоҳе хирадманд, меҳрубон ва бо ирода медонанд ва мегӯянд, Куруш дар муқобила бо мушкилот ақлгаро буд ва бидуни андеша ва тааммул ба қудрат мутавассил намешуд.

Дар футуҳот қатлу ғорат намекард, эътиқодот ва муқаддасоти мағлубонро муҳтарам мешумурд, бо миллатҳо ба шафқат ва бо подшоҳон ва фармонравоён, ки аз ӯ шикаст хӯрда буданд, ба мадоро ва меҳрубонӣ рафтор мекард. Лаёқат дар сиёсат, ҷавонмардӣ дар ҷанг ва инсоният бо мардум Курушро на танҳо сармашқи подшоҳон ва фармонравоён қарордод, балки ӯро улгуи раҳбарӣ кард.

Дар идомаи матлаб муаллиф барои тақвияти фикрихуд суханони муаррихи амрикоӣ Лорӣ Ҳедрикро иқтибос меорад, ки дар бораи Куруш гуфтааст: Беш аз 2500 сол пеш як раҳбари хирадманд ва покдомани эронӣ, Куруши Кабир, импературии Эронро поярезӣ кард, Бобулро фатҳ намуд ва чиҳил ҳазор яҳудиро аз асорат ва бардагӣ раҳо кард, аввалин маншури ҳуқуқи башарро навишт ва бо миллатҳое, ки шикаст дода буд бо эҳтиром ва навъпарастӣ рафтор кард”.

Баъдан муаллиф ба хотири шиносоӣ пайдо кардани хонандагон бо аввалин маншури ҳуқуқи башар, ки аз ҷониби Куруши Кабир таҳия гардидааст ва он яке аз куҳантарин санади хаттии додгустарӣ ва мирооти ҳуқуқи инсонӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва Куруши Кабир маншури ҳуқуқи башарро пас аз озод кардани асирон ва бардагон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор яҳудӣ аз банд ба вуҷуд овардааст, маълумоти муфид медиҳад. Аз ҷумла, муаллиф қайд мекунад, ки ин санад дорои 40 модда буда, соли 538 пеш аз мелод бо фармони Куруш бар устувонае нигошта шудааст ва ин устувона соли 1879 кашф гардида, дар музеи Британия ва нусхаи он дар созмони милал нигаҳдорӣ мешавад. Бахши ҷудошудаи дигари ин устувона дар Донишгоҳи Йил нигоҳдорӣ мешавад ва иштибоҳан ба подшоҳи Бобул нисбат дода шуда буд, то ин ки устувонаи Куруш ба даст омад.

Муаллиф дар идомаи матлаб даҳ моддаи аввали маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабирро ҳамчун намуна иқтибос меорад:

Моддаи 1: Тамоми афроди башар озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози ҳайсият ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд. Ҳама дорои ақлу виҷдон мебошанд ва бояд нисбат ба якдигар монанди бародар рафтор кунанд.

Моддаи 2: Ҳар кас метавонад бидуни ҳеҷ гуна тамоиз, хусусан аз ҳайси нажод, ранг, ҷинс, забон, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ ё ҳар ақидаи дигар ва ҳамчунин миллият, вазъи иҷтимоӣ, сарват, валодат ё ҳар мавқеияти дигар аз тамоми ҳуқуқ ва куллияи озодиҳое, ки дар эъломияи ҳозир зикр шудааст, баҳраманд гардад. Ба илова ҳеҷ табъизе ба амал нахоҳад омад, ки мубтанӣ бар вазъи сиёсӣ, идорӣ ва қазоӣ ё байналмилалии кишвар ё сарзамине бошад, ки шахс ба он тааллуқ дорад.

Моддаи 3: Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ, озодӣ ва амнияти шахсӣ дорад.

Моддаи 4: Аҳадеро наметавон дар бардагӣ нигаҳ дошт ва доду гирифти бардагон ба ҳар шакле, ки бошад, мамнӯъ аст.

Моддаи 5: Ҳеҷкасро набояд мавриди зулму шиканҷа ё рафтори таҳқиромез, ё хилофи инсоният ва шаъни башар қарор дод.

Моддаи 6: Ҳар кас ҳақ дорад, ки шахсият ва ҳуқуқи ӯ дар ҳама ҷо ба унвони як инсон дар муқобили қонун шинохта шавад.

Моддаи 7: Ҳама дар баробари қонун баробарҳастанд ва ҳақ доранд бидуни табъиз аз ҳимояти қонун бархурдор шаванд. Ҳама ҳақ доранд дар муқобили ҳар табъизе, ки ноқизи эъломияи ҳозир бошад ва алайҳи ҳар таҳрике, ки барои чунин табъизе ба амал ояд ба таври тасовӣ аз ҳимояти қонун баҳраманд шаванд.

Моддаи 8: Дар баробари аъмоле, ки ҳуқуқи асосии фардро мавриди таҷовуз қарор бидиҳад ва он ҳуқуқ ба василаи қонуни асосӣ ё қонуни дигаре барои ӯ шинохта шуда бошад, ҳар кас ҳаққи руҷӯъ ба муҳокими миллии солеҳа дорад.

Моддаи 9: Аҳадеро наметавон худсарона тавқиф, ҳабс ё табъиз намуд.

Моддаи 10: Ҳар кас бо мусовоти комил ҳақ дорад, ки даъвояш ба василаи додгоҳи мустақил ва бетарафе мунсифона ва аланӣ расидагӣ шавад ва чунин додгоҳе дар бораи ҳуқуқ ва илзомоти ӯ ё ҳар иттиҳоми ҷазое, ки ба ӯ тавҷеҳ зада шуда бошад, тасмим бигирад.

Муаллиф қайд мекунад, ки поягузорони асосии демократия дар Амрико Томас Ҷеферсон, Ҷеймс Медисон ва Франклин аз тариқи Таврот бо Куруш ва андешааш дар мавриди озодии динҳо ва таҳаммули дигарандешӣ ошно буданд. Томас Ҷеферсон барои ошноии бештар ва шинохти беҳтари Куруш китоби зиндагии Куруш, навиштаи Газенфани Юнониро мутолиа карда, зери баъзе аз ҷумлаҳои он китоб хат мекашид ва дар ҳошияи китоб ҷумлаҳояшро ёддошт мекард. Яке аз бардоштҳои Ҷеферсон аз андешаи Куруш нақши мазҳаб мебошад, ки дар қонуни асосии Амрико мунъакис шудааст.

Дар интиҳо муаллиф тавсия ва дуои Куруши Кабирро оварда, бо ҳамин қисмати Курушро ҷамъбаст мекунад. Тавсия ва дуои Куруш ба шакли зер аст:

Тавсияи Куруш: Ҳаргиз дурӯғгӯ ва мутамалиқро ба худ роҳ надеҳ, чун ҳардуи онҳо офати салтанатанд ва бидуни тараҳум дурӯғгӯро аз худ бирон. Ҳамвора ҳомии кеши яздонпарастӣ бош, аммо ҳеҷқавмеро маҷбур накун, ки аз кеши ту пайравӣ намояд ва пайваста ва ҳамеша ба хотир дошта бош, ки ҳар касе бояд озод бошад, то аз ҳар кеше пайравӣ кунад.

Дуои Куруш: Худовандо сарзамини маро аз ҳамлаи бегона, хушксолӣ ва дурӯғ дар амон бидор. Замони Куруш эрониён дар тиҷорат ширкат намекарданд, зеро дар тиҷорат эҳтимоли дурӯғ гуфтан вуҷуд дошт.

 

Абдухолиқ Зуҳуров, ходими илмии Институт

БОЗГАШТ