МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБАИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Ба истиқболи сафари расмии президенти Муғулистон муҳтарам 

Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-26 июли 2025

       Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ташкили давлати миллӣ, барқароршавии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид фароҳам овард, ки ҳамчун давлати мустақил дар муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992 бо шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолии давлат бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид муносибатҳои мутоқобилан судмандро тавассути дипломатияи сулҳҷӯёна ва ташаббускорона дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ оғоз намуд. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият бо 184 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ ва бо 110 давлат ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ монда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад [6,132]. Яке аз ин кишварҳо Муғулистон мебошад, ки Тоҷикистон бо ин кишвар муносибатҳои дипломатӣ, дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.

       Муғулистон дар охири солҳои 90-ум асри гузашта Консепсияи сиёсати хориҷиро таҳия кард, ки он ба принсипи бисёрҷонибагӣ асос ёфтааст. Самти асосии сиёсати хориҷии Муғулистон аз ривоҷ додани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои Осиё, иштирок дар фаъолиятҳои бисёрҷониба дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, дастгирӣ намудани сиёсат ва иштирок дар фаъолиятҳое мебошад, ки ба таҳкими суботи стратегӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои амниятӣ дар Осиёи Шарқӣ, Осиёи Шимолу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд. Муғулистон ҳамчун кишвари Осиё кӯшиш менамояд, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо дигар кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором фаъолона инкишоф диҳад ва дар ҳамкориҳои бисёрҷониба, ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намояд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки Муғулистон кишвари нозир дар СҲШ (2004) мебошад. Самти дигари муҳими сиёсати хориҷии Муғулистон ҳамкории фаъолона бо СММ, ташкилотҳои махсуси он, инчунин ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ, тиҷоратию иқтисодӣ мебошад. Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии Муғулистони муосир ва принсипи бисёрҷонибагии ин кишвар барои фаъолияти ин давлат дар фазои ҷаҳони бисёрқутба пурра мувофиқат мекунанд ва ба ин мамлакат барои ҳифзи манфиатҳои миллиаш шароит фароҳам меоварад[7]. Ҷумҳурии Муғулистон пас аз эълони Истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалин шуда, Истиқлоли Тоҷикистонро шинохт ва яке аз аввалин кишварҳое буд, ки 24 апрели соли 1992 бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон бо қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) ҷаноби Ибодзода Хайрулло ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Нур-Султон) Доржийн Баярхуу ҷаноби таъйин шудаанд[4].

       Мавриди зикр аст, ки ба марҳилаи нави ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Муғулистон сафарҳо ва мулоқотҳои сатҳи олӣ ва баланд мусоидат намуданд. Дар тӯли 33 соли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Муғулистон пас аз эълони сиёсати “дарҳои кушод” вохӯриҳо ва мулоқоти судманд дар асоси принсипҳои СММ  ва манфиатҳои ду кишвар анҷом додаанд.

1 октябри 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи СММ бо Президенти Муғулистон Натсагиин Багабанди мулоқот намуданд. Мусоҳибон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ҳамчунин ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд[5].

5 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Остона бо Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Намбарин Энхбаяр мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд[5].

       Мулоқотҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар рушди муносибатҳои дуҷониба такони навро бахшид.  23 марти соли 2009 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон баргузор гардид. Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд. Пас аз мулоқот панҷ созишномаи муҳими байнидавлатӣ ба имзо  расид, ки дар таҳкими соҳаҳои муносибатҳои дуҷониба мусоидат намуд[5].

       11 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, ки ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии ин созмон ба Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд[5].

       26 апрели соли 2019 дар Чин мулоқоти дуҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга баргузор гардид ва масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони мусоиди мулоқоту баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳошияи Форуми дуюми сатҳи байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” омили муҳими таҳкими робитаҳо арзёбӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши онҳо иброз доштанд[5].

       20 сентябри 2016 вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи 71-ум иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор гардид. 13 октябри 2018 дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Сарвазири Муғулистон баргузор гардид[4].

       Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон аз панҷ санади дуҷониба иборат аст, ки асоси ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳо, байторӣ ва сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон муайян мекунад:

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба шартҳои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 декабри 2004, №474).

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 марти 2009, №146, имзо шуда дар Улан-Батор, 27 марти 2009, тасдиқ шуда бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28 июли 2009, №425).

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 марти 2009, №148).

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 марти 2009, №149).

-Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 марти 2009, №147)[3].

15 апрели 2019 дар Душанбе даври дувуми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардида, роҳбарии ҳайатҳоро Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батмунх Батсемсег ба уҳда доштанд. Дар машваратҳои сиёсӣ дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор сурат гирифт[4].

       17 апрели соли 2025 машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор гардид. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҷониби Муғулистонро котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ Мунхтушиг Лханааджав роҳбарӣ намуданд. Зимни машваратҳои навбатӣ, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро баҳри густариши ҳамкориҳо, тақвияти тамосҳои мустақим, таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ  миёни Тоҷикистону Муғулистон иброз доштанд[4].

       Маҳз омилҳои дар боло зикргардида буданд, ки дар марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Муғулистон мусоидат намуданд.

23 июли соли 2025 Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом зимни мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт[5].

1.     Ҳолати кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаи байни кишварҳо. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадр, Президенти Муғулистон ва ҳайати расмии ин кишварро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Муғулистони дӯст таъкид карданд. Сарвари давлат изҳори боварӣ намуданд, ки табодули афкори судманди имрӯза ба раванди   таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар такони мусбат хоҳад бахшид. Зимни ёдоварӣ аз аҳамияти муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва  тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ҷонибҳо бар зарурати фаъол гардонидани кори Гурӯҳи муштараки дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун василаи муҳими густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид намуданд[5].

2.     Дурнамои муносибатҳои дуҷониба. Бо мақсади тавсеаи минбаъдаи маҷмуи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷониби Тоҷикистон  таҳия ва қабули Барномаи ҳамкориҳо ва Роҳкори соҳавии амалҳои муштаракро оид ба афзоиши гардиши мол барои солҳои наздик пешниҳод кард. Шурои соҳибкории Тоҷикистон ва Муғулистон ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Дар ин зимн баргузории мунтазами ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулоти ду кишвар муҳим дониста шуд. Ҳамоиши аввалини доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ҷонибҳо, ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, иқдоми муҳим дар ин самт арзёбӣ гардид. Дар саҳаҳои минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба самтҳои зерин баррасӣ гардиданд:

-масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши чорводорӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доштанд. Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳамчунин, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни ду давлат маънидод гардид.

-масъалаи пешбурди рӯзномаи “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди назари ду ҷониб қарор дошт.  Самти дигари афзалиятноки ҳамкорӣ соҳаи сайёҳӣ номида шуд. Дар ин зимн Пешвои миллат имкониятҳои фарохи Тоҷикистонро ҷиҳати рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва офиятбахшӣ алоҳида қайд карданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаи рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар, ҳамчун шакли муассири  густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ зоҳир гардид.

-Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар пешбурди тамоми маҷмуи робитаҳои Тоҷикистону Муғулистон, зарурати шурӯи фаъолияти онро дар ояндаи наздик салоҳ донистанд.

-ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ  таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон қадами аввали муҳим дар ин самт арзёбӣ шуд. Тарафҳо, ҳамчунин, аз тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илм, маориф, васоити ахбори омма, осорхонаҳо, сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷонибдорӣ намуданд[5].

3.     Рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ. Ҳамзамон, дар робита ба масъалаҳои мубрами  рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфта, ҷонибҳо аз идомаи ҳамкории созандаи ду давлат дар ин ҷода дар доираи ниҳодҳои бисёрҷониба, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он ҷонибдорӣ карданд. Сарвари давлат аз мусоидати пайвастаи ҷониби Муғулистон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карда,  хостори ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳои амниятӣ гардиданд[5].

       Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон дар Қасри миллат бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба рушди минбаъда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба имзо гузоштанд.

Ҳамчунин, 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон; Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ; Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ; Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва алоқаи Муғулистон дар соҳаи рақамикунонӣ; дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон; оид ба ҳамкории илмӣ ва технологияҳо миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Муғулистон; Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Марказҳои тасдиқкунанда, хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ” ва Корхонаи давлатии “Академияи Э-Муғулистон”; Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Муғулистон[5].

       Хулоса, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар буд, ки имрӯз кишварҳо ба марҳилаи нави робитаҳои гуногунҷанба ноил гаштанд.  Дар доираи  сафари давлатӣ мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин,  рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор гардид. Муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Муғулистон дар солҳои охир таҳким ёфта, ҷанбаҳои гуногун – аз сиёсати хориҷӣ то иқтисоду фарҳангро фаро мегиранд. Гарчанде ки ин ду кишвар бо ҳам ҳамсарҳад нестанд ва дар минтақаҳои ҷуғрофии гуногун ҷойгиранд, онҳо дар асоси манфиатҳои муштарак ва эҳтироми тарафайн ҳамкории мутақобиларо рушд медиҳанд[1].

       Мавриди зикр аст, ки иқтисодиёти Муғулистон ба чорводории ҷамъиятӣ, аз ҷумла чорвои калони шохдор, гӯсфанд, буз ва шутур асос ёфтааст. Соҳаи саноат асосан ба саноати хӯрокворӣ ва саноати пӯсту пашм алоқаманд аст. Муғулистон дорои иқтисоди кишоварзӣ буда, ба содироти он: гандум, ҷав, картошка, асп ва чорво дохил мешавад. Захираҳои зеризаминии он нафт, маъдани оҳан, тилло, мис ва руҳ (қалъа) мебошанд. Мис яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ мебошад. Фарҳанги мардуми ин кишвар бо фарҳанги Русу Чин қаробат дошта, аспсаворӣ ва размиданро хеле дӯст медоранд. Мусиқии бумии ин ҷо ба мардуми Осиёи Марказӣ шабоҳатҳои зиёд дорад[2].

Соҳиби Баҳруло

ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Файзуллаева Нигора

ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ