АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

«МАРЗ-2021». Дар Тоҷикистон ҳолати омодабошии ҷангии 230 ҳазор нафар бо бонги хатар санҷида шуд

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Тавре чанде пеш иттилоъ додем, субҳи имрӯз, 22 июли соли 2021, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта, ки анҷомбахши санҷиши омодагии ҷангии «Марз-2021» буд, бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.

БОЗГАШТ