Муаллиф: Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ
Муҳимтарин вазифаи фаъолияти давлатӣ фароҳам овардани муносибатҳои субъектҳои сиёсии дохили давлат дар самти ҳалли масъалаҳои стратегӣ мебошад. Дар тӯли таърих ашхос, гурӯҳҳо ва давлатҳои миллӣ барои асоснок кардани сиёсати худ ба “манфиатҳои миллӣ” муроҷиат намуда, дар арсаи байналмилалӣ бар зидди ҳамдигар иқдомоти гуногун пеш гирифтаанд. Ҳамаи давлатҳои хурду калон ва тараққикарда, ҳангоми тартиб додани сиёсати хориҷии худ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал мегузоранд. Дар ҷаҳони муосир фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳо дар муносибат ва таъсир ба якдигар амалӣ карда мешавад. Мураккаб будани шароити байналмилалӣ ва ҳодисаю равандҳои дар ҷаҳони тағйирёбанда ба амал омада, омӯхтани сиёсати хориҷии ва омилҳои муайянкунандаи давлатҳоро талаб мекунад.
Маълум аст, ки бо ташаккули давлати миллї ва “манфиатҳои миллї” низ ба њадафи стратегии сиёсї мубаддал гардида, бо шароитњои гуногуни дохилї ва хориҷӣ муайян карда мешавад. Аз ин лиҳоз, робитаи манфиатҳои миллӣ ва “манфиати давлатӣ”, инчунин манфиатҳои табақаҳои иҷтимоӣ, неруҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо, таъсир ва нақши онҳо дар сиёсати хориҷӣ имрӯз боиси баҳсу мунозираҳои тезутунд гардида, яке аз масъалаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Набудани таърифи дақиқи “манфиатҳои миллӣ” дар давлат боиси нофаҳмиҳо дар муносибатҳои байнидавлатӣ мегардад. Эъломияи оммавии “манфиатҳои миллӣ” тадбири амнияти давлатҳо буда, зиддиятҳои байни онҳоро пешгирӣ мекунад.
Дар мақола як қатор назарияҳое, ки мафҳуми “манфиати миллӣ” – ро таҳлил мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Ба эътиқоди бархе аз онҳо, ҳеҷ давлат наметавонад нисбат ба манфиатҳои миллии худ бетараф бошад. Аз ин ҷо мо ба хулосае меоем, ки манфиатҳои миллии давлатҳо хусусиятро муайян мекунанд муносибатҳои байни онҳо ва мафҳуми асосии муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ба ташаккул ва инкишофи муносибатҳои миллӣ мавқеи ҷуғрофии давлат ва дараҷаи тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир мерасонад.
Мақсади таҳқиқот гузаронидани таҳлили муқоисавии мафҳуми “манфиати миллӣ” дар сиёсати хориҷӣ дар корҳои илмӣ мебошад. Самти асосии таҳқиқот навсозии ғояҳо дар бораи консепсияи мавҷуда мутобиқи воқеияти геосиёсӣ иборат аст. Баъзе дастовардњоро дар соњаи дарки манфиатњои миллї дар осори Н. Макиавелли, Љ. Руссет де Мисси, Љ. Бодин, Љ. Де Силон ва бисёр дигар назариячиён мушоњида кардан мумкин аст.
Дар инкишофи минбаъдаи назарияи “манфиатҳои миллӣ” муҳаққиқони амрикоӣ Ч. Кенан, В. Липман, К. Уолс, Э. Франсис, Ч. Рознау ва дигарон нақши калон бозиданд. Дар баробари ин масъалаи “манфиатҳои миллӣ” дар асарҳои муҳаққиқони франсуз Р. Арон, П. Ренвен, Ҷ.В. Дуррел, Ф. Брейер ва дигарон мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳамаи онҳоро содиқ будан ба принсипҳои мактаби реализми сиёсӣ муттаҳид мекунад. Хизмати мухаққиқони номбурда дар омӯзиши масъалаи мазкур калон мебошад. Г. Моргентауро яке аз асосгузорони мафҳуми “манфиатҳои миллӣ” дар омӯзиши илмии муносибатҳои байналмилалӣ медонанд.
Манфиати миллӣ таърихан омили асосии сиёсати хориҷӣ будааст. Дар давраҳои гуногуни таърих сиёсати хориҷии аксарияти давлатҳоро пеш аз ҳама “манфиатҳои миллӣ” муайян мекарданд. Ҳатто дар замонҳои қадим мутафаккири юнонӣ Фукидид қайд карда буд, ки “Ҷамъияти манфиатҳо пайванди мустаҳкамтар байни давлатҳо ва дар айни замон байни шахсони алоҳида мебошад”. Манфиатҳои миллии давлат – ин ҳадафҳои асосии иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ё фарҳангӣ мебошанд. Маҳз барои таъмин ва татбиқи онҳо сиёсати хориҷӣ истифода бурда мешавад. Мувофиқи баъзе таълимот, хусусан марксизм, дар натиҷаи пошхурии феодализм, барҳам додани хоҷагии натуралӣ ва инкишофи муносибатҳои молию пулӣ миллат ба вуҷуд меояд. Миллат – ин ҷомеаи таърихии устувори одамонест, ки бо қаламрави худ, забон, фарҳанг ва ягонагии иқтисодӣ муайян карда шудаанд. Муаррихи немис Макс Вебер бар хилофи марксизм қайд мекунад, ки “халқи ба иттиҳоди муайяни сиёсӣ мансуб буда, дар як давлат зиндагӣ мекунад, ба миллат монанд кардан мумкин нест. Вай аз мавҷудияти ягонагии нажодӣ ба ягонагии иҷтимоию иқтисодии ҷамъият афзалияти калон додааст” [3, с. 23-27].
Аз хронологияи таърихӣ маълум аст, ки принсипи универсалӣ, ки аз замони Империяи бузурги Рим то ибтидои асри XXV нигоҳ дошта мешуд, маънои бунёди тартиботи ҷаҳониро дар асоси арзишҳои ахлоқии умумибашарии калисои католикӣ дошт. Бо вуҷуди ин, бо пайдоиши давлатҳо дар Аврупо, муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун низом ташаккул ёфтанд. Мафњумњои “манфиатњои миллї”, “тавозуни давлатњои бузург”ва “сиёсати ќудратї” пайдо шуданд.
Бояд гуфт, ки то асри XIX мафҳуми “манфиати миллӣ” бо сиёсати ҷаҳонӣ алоқаманд набуда, барои таърифи он истилоҳи дигар истифода мешуд. Формулаи аз ҳама бештар истифодашаванда “Раison d'etat” (манфиатҳои олии давлатҳо) буд, ки онро дипломат ва ходими машҳури давлатӣ А. Ришеле, ки вазифаҳои иҷтимоиро сирф дунявӣ медонист, чунин гуфта буд: Инсон ҷовидонӣ аст, зеро наҷоти рӯҳаш ӯро интизор аст, аммо давлат абадӣ нест, онро ҳоло ё ҳеҷ гоҳ ҳам наҷот додан лозим аст” [20, с. 420].
Мувофиқи принсипи “Раison d'etat” бо максади таъмини “манфиатҳои миллӣ” давлат ҳақ дорад аз ҳар воситае, ки баҳри саодатмандии худ истифода мебарад, вобаста ба он дин ва ахлоқ ба манфиатҳои олии давлат тобеъ гардонида шудааст. Татбиқи принсипи “ақли давлат” дар муносибатҳои байналмилалӣ боиси даъвоҳои ба ҳукмронии давлатҳои абарқудрат ё ба вуҷуд овардани таносуби қувваҳои бузург мегардад. Принсипи “Тавозуни давлатҳои бузург” маънои онро дошт, ки ҳар як давлати бузург дар баробари амалӣ намудани манфиатҳои худ ба амният ва пешрафти тамоми кишварҳои дигар мусоидат мекунад [8, с. 44]. Гап дар он аст, ки “Тавозуни давлатҳои бузург” маънои пойдор гардондани сулҳи умумиро надошт, балки ихтилофҳои байналмилалиро ақаллан қисман маҳдуд мекард. Бо вуҷуди ин, таърихи ҷаҳонӣ аз ҷангҳои бешуморе бой аст, ки давлатҳои Аврупо дар тӯли асри XVIII анҷом додаанд.
Арман Жан дю Плесси Ришеле, ки одами бошуур, катъӣ, аст, дар мустаҳкам намудани давлати худ нақши калон бозида, тамоюлҳои сепаратистиро пешгирй намудааст. Инчунин, дар замони Ри-Флоти Франсия дар баҳри Миёназамин пешсаф буд. Вай бо давлатҳои гуногун 74 шартномаи тиҷоратӣ имзо намудааст. Бо ташаббуси шахсии ӯ соли 1635 Академияи Фаронса таъсис ёфтааст. Дар рӯзномаҳо тариқи мақолаҳо сиёсати давлатро пайваста инъикос намуда, бовариро ба давлат дар байни мардуми оддӣ мустаҳкам мекард. Аз ин рӯ, ашрофони Фаронса ҳамеша ба таъсири ӯ ба подшоҳ ҳасад мебурданд.
Чунон ки маълум аст, баъд аз шартномаи Версал дар соли 1648 доктринаи “манфиатҳои олии давлат” мавқеи пешбарандаи сиёсати Аврупо гардид. Дере нагузашта, ба шарофати кӯшишҳои сиёсатмадорон мафҳуми “манфиати миллӣ” дар истилоҳоти илмии муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид. Сиёсатмадорони бритониёӣ дар татбиқи сиёсати хориҷӣ нишонаҳо ба амал оварданд. Ҳамин тавр, Палмерстон, ки сарвазир шуд дар вақти нутқи худ дар парлумон, ќайд намуд, ки “...Гумон кардан соддалавњї мебуд, ки ин ё он кишвар њамчун иттифоќчии абадї ё душмани абадии Англия нишон дода мешавад. Мо ягон иттифоќчии абадї ва ё душмани абадї надорем. Манфиатхои мо абадианд ва ба ин манфиатҳо расидан вазифаи мост” [6].
Тавре зикр гардид, вазифаи асосии сиёсати хориҷии ҳар як давлат ҳимоя ва амалӣ намудани “манфиатҳои миллӣ” мебошад. Бидуни амалӣ намудани ин манфиатҳо вазъи устувор ва рушди устувори давлату ҷомеа, мавҷудияти кишварро ҳамчун субъекти озоду мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин кардан ғайриимкон аст. Ба андешаи сиёсатшиносон Ҷорҷ Моделски, ки бо масъалаҳои назариявии сиёсати хориҷӣ машғул аст, ҳадафи сиёсати хориҷӣ танзими фаъолияти давлатҳо ба манфиати давлати худ мебошад. Сиёсати хориҷӣ низоми фаъолиятест, ки тавассути он давлат кўшиш мекунад ба фаъолияти дигар давлатњо таъсир расонад, инчунин фаъолияти худро ба тартиботи байналмилалї мутобиќ созад. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барқарории Истиқлоли сиёсӣ ба бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории худ, амалӣ намудани самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии бар асоси “манфиатҳои миллӣ” шуруъ намуд. Ҳамин тариқ, Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати “дарҳои кушод”, ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем ба аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем”. Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хати мутавозини сиёсати хориҷӣ асос ёфта, ба ҳалли масъалаҳои зерин нигаронида шудааст:
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард. Тибқи Моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад” [1].
Дипломат ва олими испанӣ, ки дар асри 19 зиндагӣ кардааст, Ф. Горний, ки мафҳуми манфиати миллиро мавриди омӯзиш қарор дода, бар ин назар аст, ки ба таърифи манфиати миллии давлат бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳадаф ва вазифаҳои он баҳои дуруст дода шавад. Муаррихи машҳури амрикоӣ Чарлз Остин Берд (1874-1948) манфиатҳои миллии ИМА-ро категорияи иқтисодии тарафдори он ҳисоб мекард, ки аз хусусияти муносибатҳои иқтисодии давлат бармеояд. Ӯ қайд кард, ки манфиатҳои миллиро аксар вақт ҳукумат аз худ мекунад. Ба ибораи дигар гуем, баъзан сиёсате, ки пеш гирифта мешавад, ба манфиати халқи Иёлоти Муттаҳида Амрико нақши кам мебозад [15, с.109]..
Намояндагони реализми сиёсӣ, ки яке аз маъруфтарин мактабҳои афкори сиёсии замони муосир ба шумор меравад, манфиатҳои миллиро санги аслии сиёсати хориҷии ҳар як давлат медонанд. Ба ақидаи онҳо роҳи дуруст дар сиёсати байналмилалӣ метавонад танҳо тавассути консепсияи манфиатҳо, ки дар шакли қудрат ташкил шудааст, пайдо кардан мумкин аст. Ин ба барпо намудани низоми сиёсии дохилии давлат, мавҷуд будани маҷмӯи ягонаи қонунҳо ва татбиқи онҳо бевосита алокаманд мебошад. Ҷеймс Розенау қайд мекунад, ки “муайян кардани манфиатҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ аз заминаи таҳлилӣ ва арзишҳои сиёсат зиёд шуда наметавонад”. Аз ин бармеояд, ки “манфиатҳои миллӣ” категорияи абстрактӣ ва субъективӣ мебошанд, зеро таснифҳои онро низоми ҷаҳонбинӣ ва арзишҳо муайян мекунанд [19, с. 81].
Бояд қайд кард, ки мафҳуми манфиати миллӣ ба илм дертар, дар солҳои 30 – юми асри ХХ ворид гардид. Ба ин масъала пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ диққати махсус дода шуд. Шарҳи муфассали мафҳуми “манфиатҳои миллӣ” дар китоби олими машҳури амрикоӣ Ханс Моргентау бо номи “Сиёсати байни миллатҳо. Мубориза барои ҳокимият ва сулҳ”, ки соли 1948 нашр шудааст, муносибатҳои байналмилалиро ҳамчун майдони зиддиятҳои байни давлатҳо таҳқиқ намудааст.
Моргентау назарияи худро инкишоф дода, таъкид мекунад, ки манфиати миллиро се омил муайян мекунад:
1. Хусусияти манфиатҳои ҳифзшаванда;
2. Муҳити сиёсие, ки амали манфиатҳоро муайян мекунад;
3. Зарурати оқилона, маҳдуд кардани интихоби ҳадаф ва вазифаҳо [17, [с.80].
Вай чунин мешуморид, ки манфиати миллӣ қувваи асосӣ ва ягонаи ҳамкории давлатҳо мебошад. Мувофиқи ақидаҳои назариявии ӯ мақсади фаъолияти байналмилалии ҳар як давлат мустаҳкам ё суст кардани давлатҳои дигар ва дар як вақт афзун гардонидани қудрати худ мебошад. Аз ин нуқтаи назар омили “қудрат” ҳамчун мафҳуми васеъ баррасӣ шуда, кафолатҳои зерини давлатро медиҳад:
Масъалаи дигари муњим ин ба вуљуд овардани таносуби муайяни ќуввањо дар арсаи љањон аз њисоби майли њар як давлат барои ба ҳадди аксар таъмин намудани манфиатњои миллии худ мебошад. Доштани чунин мувозинат ягона роҳи воқеии ба ҷои амнтар табдил додани ҷаҳон аст. Барқарор намудани муносибатҳои осоиштаи байни давлатҳо зуҳуроти мувозинат мебошад. Агар дар муддати дуру дароз сиёсатшиносони Ғарб масъалаи амнияти миллиро танҳо дар заминаи таъмини амнияти ҳарбӣ, баррасӣ мекарданд, пас дар ин ҷо Моргентау дар баробари амнияти ҳарбӣ маънои иқтисодӣ, сиёсӣ, демографӣ, фарҳангӣ ва ғайраро дар назар дорад Бинобар ин ду омили зерин вуҷуд дорад, ки талоши давлатҳоро маҳдуд карда метавонад:
Консепсияи муосири амнияти байналмилалӣ ин Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Ҳадафҳои асосии он аз инҳо иборат мебошад:
Давлате, ки сиёсати хориҷии худро дар асоси манфиатҳои воқеии объективии миллӣ месозад, бояд дар асоси принсипҳои соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахолат накардан ба корхои дохилӣ, ки омилҳои роҳбарикунандаи фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва татбиқи муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд, асос ёбад. Бешубҳа, дар ин раванд вазъи кунунии давлат, равандҳои этникӣ, вазъи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва омилҳои таърихиро ба назар гирифтан лозим аст.
Дар шароити нави таърихӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имкониятҳои васеъ барои таҳаввули сохтори муносибатҳои байнидавлатӣ бар пояи умумияти “манфиатҳои миллӣ” ба вуҷуд омаданд.
Афзоиш ёфтани иқтидори геосиёсии абарқудратҳо боиси дахолат дар умури дохилии давлатҳо гардидааст.
Амалиёти ҳарбии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ алайҳи Ироқ дар соли 1991 ва Югославия дар соли 2003, намоиши неруи низомӣ дар гулӯгоҳи Тайван, тавсеаи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ба сӯйи Шарқ, мудохилаи ҳарбӣ ба Сомалӣ ва Руанда, рӯйдодҳои Либия ва Сурия, кушиши танзими низоъи Исроил ва Фаластин, паҳн гардидани манфиатҳои ИМА дар тамоми минтақаҳои сайёра, мушаххас сохтани давлатҳои сарпеч ва таъқиби онҳо – намунаи равшани дигаргуниҳои ҷаҳони муосиранд [9, с.21].
Бояд таъкид намуд, ки мафҳуми манфиати миллӣ дар сиёсати хориҷӣ фаъолияти сиёсати хориҷиро аз асосҳои ахлоқии худ маҳрум месозад, ки ин боиси баҳсу мунозираи тезу тунд дар байни бисёр ҷараёнҳои назариявӣ гардид. Ба ин маъно, ки дар дахсолаҳои охир дар доираҳои элитаи сиёсии ИМА байни реалистҳо ва либералҳо мубоҳисаҳои тезу тунд ба амал омадаанд. Аввал мехоҳанд ба принсипҳои асосии стратегияи ИМА дар арсаи ҷаҳон, сарфи назар аз муносибат ба режими муайян ё шахсияти сиёсӣ, ки асосан ба мулоҳизаҳои прагматикӣ асос ёфтаанд, ноил шаванд. Либералҳо чунин мешуморанд, ки “манфиатҳои миллӣ” ҳамчун натиҷаи умумӣ ва ниҳоии манфиатҳои шаҳрвандон ба вуҷуд меоянд. Тибқи ин консепсия вазифаи сиёсати хориҷии давлат таъмини манфиатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла талаботи амнияти хориҷии иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ мебошад. Дар баробари ин, онҳо бар ин назаранд, ки давлат бояд арзишҳо ва дороиҳои бунёдии ҷомеаро, ки бо табиати демократии ҷомеа ва аз тарафи аксарияти шањрвандон ва башарият ќабул карда мешаванд, ба назар гирифта, ҳифз намояд... [5, с.9-22].
Муваффаққияти сиёсати хориҷӣ на танҳо ба “манфиатҳои миллӣ”, балки ба аник муайян кардани воситаю роҳҳои амалӣ гардонидани онҳо низ вобаста мебошад. Инчунин, таъмини амнияти миллӣ дар ҳама самтҳо ва шаклҳои афзалиятноки давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Амнияти миллӣ, пеш аз ҳама, чунин нишондиҳандаҳои геосиёсӣ, аз қабили ҳузури ҷисмонии давлат, ҳифз ва нигоҳдории соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии он, қобилияти вокуниши муносиб ба ҳама таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии берунаро дар бар мегирад.
Сиёсатшинос ва рӯзноманигори амрикоӣ Уолтер Липпман, ки бори нахуст истилоҳи “ҷанги сард” – ро ба адабиёти илмӣ ворид кардааст, дар таърифи мафҳуми амнияти миллӣ низ хеле ҷолиб аст. Ў ќайд мекунад, ки давлат дар њолати амнї ќарор дорад, ки барои пешгирї аз љанг манфиатњои ќонунии худро љурбон накунад ва дар њолати зарурї имкони њифзи ин манфиатњоро тавассути љанг дорад. Яъне давлат бояд амнияти худро чӣ бо роҳи сулҳ ва чӣ бо рохи ҷанг таъмин намояд. Ҳамин тариқ, унсурҳои асосии амнияти миллиро метавон ба таври зерин гурӯҳбандӣ кард:
Донишманди манфиатҳои миллии бритониёӣ Доналд Нойхтерлейн дониш ва баҳсҳои ҷамъшударо дар бораи “манфиатҳои миллӣ” аз соли 1925 то 1976 баррасӣ намуда, таснифоти мураккабтареро таҳия кардааст. Муњаќќиќ тамоми манфиатњои миллиро ба манфиатњои мудофиавию иќтисодї, фарњангї – идеологї ва тартиботи љањонї људо кардааст. Ба фикри Нойтерлейн, манфиати миллӣ ҳам ҷузъи мақсадноки сиёсати хориҷӣ, меъёри арзиши шахсӣ ва асосноккунии роҳи сиёсати хориҷии давлат ба ҳисоб меравад [18, с.82-83].
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлат ҳамчун субъекти асосии таъмини амнияти миллӣ иштирок мекунад. Бояд гуфт, ки таъмини амнияти миллии инфиродӣ аз ҷониби давлат бидуни давлатҳои дигар бо назардошти амнияти худи онҳо ғайриимкон аст. Дар охир сухан дар бораи таносуби амнияти миллӣ ва амнияти байналмилалї, бояд ќайд намуд, ки амнияти миллї категорияи сиёсї буда, роњњо, воситањо ва шаклњои таъмини манфиатњои миллии давлатро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар низоми муносибатњои байналмилалї ифода мекунад. Амнияти байналмилалӣ категорияест, ки манфиатҳои асосии миллии ҳамаи субъектҳои сиёсати ҷаҳониро инъикос мекунад. Дар баробари ин ба фарқи амнияти миллӣ ва амнияти байналмилалӣ диққат додан лозим аст.
Агар амнияти миллӣ бештар ба сиёсат вобаста бошад, пас амнияти байналмилалӣ бештар ба давлатҳо вобаста аст. Дар ин замина муносибот бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ афзалият доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тақвият додани нақши муттаҳидкунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар асри XXI мебошад ва онро ба ҳайси ягона ниҳоди танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дорои салоҳияти қабул намудани қарорҳои вобаста ба амалиёти дастҷамъона дар мавриди ҳифзи сулҳ ва таҳкими амнияти низоми байналмилалӣ мешиносад [2].
Ваќтњои охир бисёре аз назариячиёни муосир ќайд кардаанд, ки дар натиљаи равандњои љањонї дар љањон марзи байни тањдидњои дохилї ва беруна амалан шуста мешавад. Ба ҳамдигар вобастагии амнияти миллӣ ва байналмилалии байни манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ равшан аст.
Ҳамин тариқ, ҷолиби диққат дар мубоҳисаҳо ва таҳқиқоти илмӣ дар бораи мафҳуми “манфиати миллӣ” дар сиёсати хориҷӣ ин аст, ки ин истилоҳ аз асри гузашта амалан бетағйир мондааст. Аз ин рӯ, ин дар назария муфид аст, аммо дар амал баъзан каме норавшан аст. Бо вуҷуди ин, он баррасӣ мешавад. Омўзиш ва тањлили муќоисавии ин мафњум дар пажўњишњои илмї имкон медињад, ки ба хулосае ояд, ки омили манфиатњои миллї дар таъмини рушди устувор, субот ва якпорчагии њар кишвар њамеша вазни хоса доштааст. Аз ин рӯ, муайян ва таъмини “манфиатҳои миллӣ” дар назди ҳар як давлат ва халқи ташкилкардаи он ҳамчун вазифаи асосӣ ба миён гузошта мешавад. Ин бори дигар гувоњї медињад, ки давлату љомеа танњо дар заминаи рушду манфиатњои миллї барои бартараф намудани чунин хатарњо омодаанд. Аз ин рӯ, чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст:
Ҳамин тариқ, низомҳои манфиатҳои миллии кишварҳои алоҳида унсурҳои таркибии сохти низоми байналмилалӣ буда, дар асоси он амнияти миллии ҳар як давлат ҳамчун устувории низоми амнияти байналмилалӣ қабул карда мешавад. Дар мавриди аҳаммияти илмию амалии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ метавон гуфт, ки ҷалби баҳсҳои назариявӣ ба муомилоти илмӣ яке аз шартҳои муҳимми ҳифзи фаъолонаи манфиатҳои миллии давлатҳои пешрафтаи асри XXI мебошад.
Инчунин, мафҳуми «манфиати миллӣ» моҳияти бунёдӣ ва муайянкунандаи худро дар таҳлили омилии сиёсати хориҷии давлати муосир исбот мекунад. Таҷрибаи давлатҳои муосири ҷаҳон нишон медиҳад,ки ҳар яки онҳо дар фаъолияти хориҷии худ ва дар интихоби шарикони стратегӣ, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ пеш аз ҳама ба манфиатҳои миллии худ такя мекунанд.
РАҲМОНЗОДА Азимҷон Шералӣ
ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
номзади илмҳои таърих