АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад ё Чаро Вилям Бернс ба Маскав омад?

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 
Маълум, ки ахиран авзои сиёсӣ ва дар ҳамин замина муносибатҳои баналмилалӣ дар тамоми ҷаҳон ба як буҳрони ғайричашмдошт ва нигаронкунанда мувоҷеҳ шудааст.
Дар ин бобат сабабҳо гуногунанд, аз қабили ғасби қудрати сиёсӣ дар Кобул аз тарафи Толибон, масъалаҳои марбут ба камбуд ва боло рафтани нархи сӯзишворӣ махсусан дар Аврупо, мушкилиҳои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва тағйироти иқлим, ҳалли дурусти раванди ҷаҳонии муҳоҷирати меҳнатӣ ва зиндагии шоистаи муҳоҷирон ва ғайра. Дар ин миён тезутунд шудани муносибатҳои байни Маскав ва Киев ба оташи ин ҳамдигарнофаҳмиҳо равған рехт. Асли гап чӣ аст?
 Ахиран нерӯҳои ҳарбии Россия дар наздикиҳои марзи Украина тамаркуз дода шуданд. Мутобиқи расонаҳои хабарии Маскав, чунин ҷобаҷо кардан ва ҳаракати қувваҳои низомии Россия дар доираи низоми қонунгузории кишвар сурат гирифтааст ва ба хотири таъмини амнияти миллии он анҷом дода шудааст. Ба ҳамин муносибат дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон оид ба аксҳои моҳвораӣ Дмитрий Песков, сухангӯи маъмурияти Президент Путин ҳафтаи равон гуфт, ки "ҳаракати техникаи низомӣ ё воҳидҳои артиши мо дар қаламрави Федератсияи Россия танҳо кори мост.  Россия ҳеҷ гоҳ ба касе таҳдид накардааст, таҳдид намекунад ва барои касе хатаре ҳам надорад. Аммо дар пасманзари тамоюлҳои начандон хашмгини экспансионистӣ, ба хусус НАТО ва кишварҳои дигар Россия ҳамеша чораҳое меандешидааст, ки амнияти худро аз ҷониби НАТО ва дигар кишварҳо таъмин карда бошад ва минбаъд ҳам ҳамин тавр мекунад»[1].
Дар чунин як шароит Вилям Бернс, директори хадамоти истихборотии  марказии ИМА (CIA) ба Россия сафар намуд. Ин сафар рӯзҳои 2-3 ноябр сурат гирифт. Вай дар Маскав бо Николай Патрушев, дабири Шӯрои амният ва мудири хадамоти кашфи хориҷӣ Сергей Наришкин мулоқот кардааст. Тибқи маълумоти расонаҳо, Президенти Русия Владимир Путин низ бо ӯ телефонӣ гуфтугӯ намуд.
Қаблан CNN бо такя ба манобеъи номаълум хабар дода буд, ки Бернс ба Маскав сафар кардааст, то Россияро дар бобати муносибаташ бо Украина "огоҳ" кунад ва ниятҳои Кремлро бифаҳмад. Ба гуфтаи вай, пас аз ин боздид мудири CIA бо Владимир Зеленский телефонӣ гуфтугӯ кардааст, то "танишро миёни Киев ва Маскав мӯътадил созад"[2].
Дар ҳамин ҳол мақомоти Украина мегӯянд, бовар надоранд, ки ИМА барои ҷилавгирӣ аз таҷовузи Россия ба қадри кофӣ иқдом кардааст. Киев ИМА-ро водор мекунад, ки барои пурра ба кор даромадани лӯлаи гази Русия-Германия, ки бо номи "Маҷрои Шимолӣ-2" маъруф аст, коре бештар кунад, ки ин ба Россия имкон медиҳад, ки ҳангоми интиқоли газ ба Аврупо комилан Украинаро давр занад ва ба эътиқоди Киев, Украинаро боз ҳам осебпазиртар кунад[3].
Хулосаи ин гуфтаҳо аз он иборат аст, ки гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ мехоҳанд мушкилиҳои алоҳидаи мавҷударо, аз қабили ташаннуҷи муносибатҳо байни Маскав ва Киев обуранги бештар диҳанд ва аз ҳамин роҳ авзои печидаи рӯзро боз ҳам чигилтар созанд. Дар ин моҷароҳо ба ҳам ситезонидани давлатҳои қудратманде чун Россия ва Амрико хатарнок аст. Тарафҳои даргир набояд ба хотири ғаразҳои сиёсии худ тақдири инсоният ва таъмини амнияти саросариро зери хатар гузоранд.
Қобили зикр аст, ки на Маскав ва на Вашингтон тарафдори чунин бархӯрдҳо ва боло рафтани сатҳи нобовариҳо нестанд. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба ҳамин муносибат гуфтааст, ки бо вуҷуди ташаннуҷҳо маъмурияти ӯ мехоҳад бо Маскав дар масоили мушаххас, аз ҷумла коҳиши силоҳҳои стратегӣ, музокироти ҳастаии Эрон ва мубориза бо нармафзори фидя ва дигар ҳамлаҳои киберӣ ҳамкорӣ кунад[4]. Аз назари мо, моҳияти сафари оғои Бернс ба Маскав ва гуфтушунидҳояш бо раҳбарони олирутбаи Кремл низ  аз ҳамин иборат аст. Ва ин ягона роҳи дурусти баррасӣ ва ҳалли мушкилиҳо ва норавшаниҳои мавҷуда аст, ки бояд аз тариқи маслиҳат ва машваратҳо сурат бигирад. Ба қавли Румии бузург,
Аҷлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
 
[1] CIA director dispatched to Moscow to warn Russia over troop buildup near Ukraine. CIA director dispatched to Moscow to warn Russia over troop buildup near Ukraine. By Natasha Bertrand, Jim Sciutto and Kylie Atwood, CNN. 05.11.21//https://edition.cnn.com/2021/11/05/politics/bill-burns-moscow-ukraine/index.html 
[2]  Путин поговорил по телефону с директором ЦРУ. 08.11.21//    https://ria.ru/20211108/putin-1758037843.html    
[3] В Госдуме призвали не верить сообщениям СМИ о целях визита главы ЦРУ в РФ. 06.11.21 // https://radiosputnik.ria.ru/20211106/slutskiy-1757883447.html?in=t  
[4] On Rare Visit to Moscow, CIA's Burns Holds Talks With SVR Chief Naryshkin. 03.11.21 //https://www.rferl.org/a/cia-burns-moscow-svr/31543107.html
 
 
 
 
 
Шамсиддин Каримов, доктори илмҳои сиёсӣ,
сарходими илмии Шуъбаи Аврупо ва Амрикои
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ