АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Машварати ҳамкории Душанбе ва паёмадҳои он

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   15-уми июни соли 2019 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷойгоҳи вохурии асосии сарони давлатҳои ҳамоиши Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё буд. Ба ин муносибат Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро гулрезу гулбез карда, ба он либоси тозаву зебо пушонид. Симои зебои оростаи шаҳри Душанбе, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ҷиҳати осудагии меҳмонони олиқадр дар фазои орому ороста, дубора расму оини қадимии меҳмоннавозии миллати тамаддунофари тоҷикро дар Осиё ба таваҷҷуҳи ҷаҳониён расониданд.    Ташаккули ин созмони минтақавӣ (МҲТБО) ва фаъолияти амалии он дар моҳи октябри соли 1992 оғоз гардидааст. Дар он то имрӯз 27 кишвари ҷаҳон аъзо буда, 5 созмони минтақавӣ ва 8 давлати дигар ҳамчун нозир иштирок доранд[3].
   Дар ҳамоиши якуми ин созмон, ки дар шаҳри Алма-ато баргузор гардид, Оиннома ва Эъломия оид ба бартарафсозии терроризм ва пешбурди муколама байни тамаддунҳо қабул шуд[3]. Ҳамоиши панҷум, ки дар шаҳри Душанбе барпо шуд, раванди мустаҳкам намудани боварӣ, рушду инкишофи минтақаи Осиё, амнияти минтақа ва гуфтугӯи байни тамаддунҳоро мавриди муҳокама қарор дод[3].
   Ин чоррабинӣ замоне сурат гирифт, ки Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолият дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвару ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ тадбирҳои арзандаеро пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе чанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардида, ба як маркази бузурги ҳамоҳангсозию ҳамкории муштарак бар зидди хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
   Гуфтаҳои президенти Шӯрои Аврупо, Доналд Туск далели ин аст, ки Тоҷикистон дар ҳифзи амнияту суботи минтақа нақши калидӣ дорад. Ӯ изофа намуд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон яке аз кишварҳои пешсаф аст.
   "Ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо шоҳиди ташаббусҳои некуву башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон буд. Дар миёни кӯҳсори Тоҷикистон ганҷинае нуҳуфтааст, ки наҷотбахши аҳли башар буда метавонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори башардӯст ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидаанд",-илова намуд Д. Туск. Ҳамзамон вай гуфт, ки мардуми Тоҷикистонро воқеан, шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки мардуми бисёре аз кишварҳои сайёра доштани чунин сарварро орзу мекунанд[2].
   Воқеан имрӯз Тоҷикистон ба як маркази бузурги ҳамоҳангсозии ҳамкории муштарак бар зидди хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахш ва оромии минтақа аҳамияти назаррасе дорад.
   Баргузории ин чорабинии дар сатҳи байналмилалии, бидуни шак ба ибтикору талошҳои зиёди бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ дорад.
   Ин чорабинии муҳим, ки дар муставои олии байналмилалӣ гузашт барои кишварҳои қитъаи Осиё, аз ҷумла, Шарқи Наздик хеле тақдирсоз тавсиф гардид, зеро дар замоне сурат гирифт, ки вазъи сиёсии ҷаҳон дар ҳолати нооромӣ ва сар задани низоъҳои гуногунпаҳлу, хусусан дар Халиҷи форс, ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Ин гуфтугӯи ошкоро метавонад бисёри мушкилиҳои ҷаҳониро ҳал намуда, садоқату бовариро дар муносибат байни ҳамдигар тақвият бахшида, дар рушди ҳамкории кишварҳо мусоидат намояд. Аз он ҷумла, дар равобиту ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ.
   Рӯзноманигори шабакаи телевизионии лубнонӣ «Ал-Маёдин» Абдулмуъмин ал–Убайдӣ дар мавриди ҳамоиши мазкур чунин навиштааст: «Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ дар шароити ҷаҳони муосир хеле муҳим аст, зеро  равобити Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ таърихи беш аз ҳазорсола дошта, онҳоро робитаҳои неки фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мустақил ва дар ҳоли рушд тавонистааст, ки чунин чорабинии муҳими байналмилалиро дар сатҳи олӣ баргузор намояд. Кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон эҳсоси самимияти бузург дошта, ҷонибдори ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ман аминам, ки баргузории ҳамоиши мазкур низ ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад»[1].
   Ташаббусҳои наҷиби минтақавӣ ва байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дигар масъалаҳои глобалии марбут ба об, таъмини башарият бо оби тоза, мубориза бо ирҳобу ифротгароӣ, таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби СММ ҷонибдорӣ гардидаанд[3].
   Ҳама чашми умед ба ояндаи неки зиндагӣ дошта, орзӯи рушду устувори сулҳу истиқрори тамоми кишварҳоро доранд. Ҳамзамон Машварати дар шаҳри Душанбе доиргардида, дар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои узви Машварат ва ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, коҳиши хатару таҳдидҳои глобалӣ нақши муассир гузошта, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии бисёрҷониба гардида, ба ҷалби сармояи кишварҳои рушдкарда барои тавсеаи густариши соҳаҳои дигари муҳими саноат, энергетика ва туризм мусоидат менамояд.
   Мардуми сулҳдусти кишварҳои Осиё итминон ба он доранд, ки саммити панҷум боз як қадами дигарест ба суи табдил додани қитъаи Осиё ба минтақаи сулҳи пойдор ва шукуфошуда ва он ба таҳкими амиқ ва эҳёи робитаҳои қадимӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
 
   Адабиёти истифодашуда:
  1. Абдулмуъмин Ал-Убайдӣ: «Шабакаи ТВ Ал-Маёдин» Тоҷикистонро ба кишварҳои арабӣ муаррифӣ менамояд», 15.06.2019. (http://khovar.tj)
  2. Доналд Туск: "Тоҷикистон дар ҳифзи амнияти минтақа ва ҳалли масоили глобалӣ нақши калидӣ дорад", 03.06.2019. (http://jumhuriyat.tj)
  3. Профессор Абдураҳмон Муҳаммад: «Тоҷикистон сиёсати хориҷии сулҳомез, башардӯстона ва пайвандгароро пеш мебарад» 13.06.2019. (http://khovar.tj).
Абдуҳалим ОДИНАЕВ
ходими пешбари
илмии Институт

БОЗГАШТ