АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Масоили таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар Паёми Пешвои миллат

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дар Паёми навбатии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли ҷорӣ ироа гардид, дар баробари дастовардҳои муҳимми сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илму маориф дар даврони 30 соли Истиқлолият, ба масоили амниятӣ низ диққати хоса дода шудааст.
Пешвои миллатамон бори дигар таъкид карданд, ки тамоми таҳдиду хатарҳои муосир ба монади терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари характери транснатсионалӣ ё фаромиллидошта бо ҳодисаҳои Афғонистони имрӯза, алоқаманданд.
Чунончи, дар Паём омадааст: «Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Чунон ки мушоҳида мекунем, вазъият дар ин кишвари ҳамсояи наздики мо ҳамоно печида ва мураккаб боқӣ мемонад.
Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд.
Бори дигар такрор мекунам, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада, гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад». [1. с.1]
Суханони Пешвои миллат дар мавриди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз бист сол аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд, воқеият дорад. Масалан, дар суханронии Пешвои миллат дар мусоҳибаҳои умумии сиёсии иҷлосияи 54 – уми Маҷмааи умумии СММ сентябри соли 1999 гуфта шудааст:
«Афғонистон дар натиҷаи ҷанги тӯлонӣ ба яке аз манбаъҳои асосии истеҳсолкунандаи маводи нашъадори ҷаҳон табдил ёфт. Иҷозат диҳед хотиррасон кунам, ки ман ҳанӯз дар иҷлосияи махсуси 20 – уми Маҷмаи умуми моҳи июни соли 1998 пешниҳод карда будам, ки бо мақсади бастани роҳҳои интиқоли нашъа аз Афғонистон дар атрофи он «минтақаи амният» бунёд карда шавад. Ин пешниҳод вобаста ба он ба миён омад, ки барои Тоҷикистон дар шароити ҳозираи иҷтимоию иқтисодӣ ҳифзи боэътимоди сарҳади дарозиаш 1500 – километраи он бо Афғонистон осон нест». [2. с.2]
Вале, абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ бо дарназардошти манфиатҳои геополитикии худ дар Афғонистон ва истифода аз стандартҳои дугона, зиёда аз 40 сол мешавад, ки вазъияти ҳарбӣ – сиёсии ин кишварро буғранҷтар карданд. Ба сари қудрат расидани ҳаракати Толибон ояндаи ин кишварро боз ҳам норӯшантар сохтааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми худ чунин ишора карданд: «Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем. Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад. Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад. Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад.
Агар Афғонистон дар он айём орому босубот мебуд, гурӯҳҳои экстремистиву террористии аз ҷумлаи шаҳрвандони мо бо кӯмаку дастгирии кишварҳои манфиатдор ташкилгардида наметавонистанд қаламрави онро ҳамчун пойгоҳи аъмоли хунини худ бар зидди Тоҷикистон истифода намоянд». [3. с.3]
Яке аз хатари ҷиддие, ки солҳост ба амнияти миллии кишвар таъсиргузор аст ин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Доир ба ин проблема Пешвои миллат дар Паёмҳои қаблиашон низ ишора кардаанд. Дар Паёми навбатӣ низ масъалаи мазкур бори дигар таъкид гардид:
«Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд». [4. с.3]
Дар робита ба ин қайд бояд кард, ки аз тарафи мақомоти қудратӣ ва махсуси кишвар дар давоми нимсолаи соли 2021 дар маҷмуъ зиёда аз 1, 6 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд. Чунончи, тибқи омори аз тарафи Агентии назорати маводи мухаддири назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонаигардида, аз ин миқдор 819, 12 килограммро ВКД ҶТ; 662, 6 килограммро КДАМ ҶТ; 11, 7 килограммро ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва 1 килограммро Хадамоти гумрук, мусодира намудаанд. Дар ин муддат 28 гурȳҳи ҷиноятии 64 нафара, 1 гурȳҳи муташаккилонаи ҷиноятӣ, муайян ва дастгир карда шудааст. Инчунин, дар ин муддат 143 нафар аъзои гурȳҳҳои мухталифи террористию экстремистӣ, ки 7 нафарашон ҷавонон буданд, ба даст афтиданд. [5. с.4]
Дар робита ба таъмини боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, таҷҳизонидани иловагии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, аз тарафи Пешвои миллат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор супоришҳо дода шуд. Ин нукта дар Паём чунин ифода гардидааст:
«Бо дарназардошти торафт мураккаб гардидани вазъияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, бо мақсади ба таври боэътимод таъмин кардани амнияти давлат ва ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд». [6. с.4]
Ҳамин тариқ, дар давоми соли сипаришудаи 2021 таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ, ки Пешвои миллатамон ба онҳо дар Паёми худ мутазаккир шуданд, ҳамоно ҷой доштанд. Вазъияти муташанниҷи сиёсӣ - низомии Афғонистони имрȳза таҳти роҳбарии Толибон, ин таҳдиду хатарро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, дучанд афзоиш бахшид. Афғонистон дар оянда низ ҳамчун пойгоҳи ин абарқудратҳо барои гузаронидани технологияҳои гуногуни «ҷангҳои омехта» ба монанди «ҷангҳои террористӣ», «ҷангҳои мухаддиротӣ», «ҷангҳои иттилоотӣ», «ҷангҳои киберӣ» ва ғайра бар зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ, боқӣ хоҳад монд.

Нарзулло Сангинов
Номзади илмҳои сиёсӣ
  
АДАБИЁТИ  ИСТИФОДАШУДА:
  1. Паёми Президенти ҶТ. https://khovar.tj /2021/12/ [1. с.1]; [3. с.3]; [4. с.3]; [6. с.4].
  2. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии иҷлосияи 54 – уми Маҷмааи умумии СММ, сентябри соли 1999, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди 3, саҳ.194 – 203. [2. с.2]
  3. За шесть месяцев 2021 года в Таджикистане изъято более 1,6 тонн наркотиков. https://xs.uz/ru/post/za-polgoda-v-tadzhikistane-izyato-bolee-16-tonn-narkotikov. [5. с.4]

БОЗГАШТ