МАВҚЕИ ҶАВОНОН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Давлатова Фарида

Расм

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

        Воқеан ҳам ҳар як  вохӯриҳо ва суханрониҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо табақаҳои гуногуни ҷомеа ба  масоили муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанигии ҷомеаи башар   равона шуда, баҳри рушди устувони минбаъдаи кишвар ироа мешавад.

       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»,  ки санаи 16 декабри соли равон ироа гардид, як қатор масъалаҳои муҳимми ҷомеа дар самтҳои мухталиф баррасӣ гардид.

       Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.

       Дар ҳақиқат татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати мо ҷиҳати нигоҳ доштани сулҳу субот дар мамлакат, таъмини шароити муносиби иҷтимоии зиндагӣ барои ҳамаи сокинон ба хусус ҷавонони мамлакатамон саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун қувваи бузург барои кишвар эътироф шудаанд. Зеро имрӯз, аз нуқтаи назари демографӣ, Тоҷикистон дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва беш аз нисфи аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи он ҷавононро ташкил медиҳад. Табиист, ки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакати моро бе иштироки фаъолонаи чунин қувваи бузург тасаввур кардан ғайриимкон аст.

       Пешвои миллат ҳамчунин иброз намуданд, ки: Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.

        Воқеан ҳам дар ҷомеаи муосир мавқеи ҷавонон дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хеле муҳим аст, зеро ин табақаи ҷомеа ғояҳои тоза ва нав дорад, қувваи муҳими пешбарандаи иқтисодиёт мебошад ва метавонад истифодаи васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот таъмин намояд.

        Бояд гуфт, ки сарвари давлат дар ҳама соҳаҳо нақши ҷавононро дар бунёди ҷомеаи муосир қувваи бузурги арзишманд ва ҳавасмандкунанда мешуморад. Ҳамеша ташаббусҳо ва пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ мекунад, барои амалӣ намудани онҳо имконият фароҳам меорад. Пешвои миллат ба ҷавонон бо эътимод муроҷиат намуда, онҳоро ба ояндаи дурахшон ва расидан ба ҳадафҳои наҷибу созандаи давлатдории миллии мо даъват менамоянд.

        Ҷавонон на танҳо ояндаи кишвар, балки қудрати имрӯзаи он низ мебошанд. Иқтидори зеҳнӣ, фаъолияти шаҳрвандӣ, рӯҳияи соҳибкорӣ ва тасаввуроти фарҳангии ҷавонон барои рушди ҷомеа ва давлат замина фароҳам меорад. Дастгирӣ ва сармоягузорӣ ба ҷавонон калиди ояндаи муваффақ ва устувор мебошад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани иқтидори ҷавонон, фароҳам овардани имкониятҳо барои омӯзиш, рушди касб ва иштироки фаъолона дар ҳаети ҷамъиятӣ муҳим аст. Сармоягузорӣ ба ҷавонон сармоягузорӣ ба оянда аст, ки дар шакли ҷомеаи рушдёбанда ва динамикӣ самара медиҳад.

        Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонон аз шароити мусоид, ки давлат фароҳам меорад, имкониятҳои конститутсионии худро самаранок ва оқилона истифода баранд ва тамоми кӯшишҳои худро ба омӯзиш, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, шукуфоӣ ва пешрафти сарзамини ниёгон, ҳифзи Ватан, рушди илму техника, инноватсия равона созанд.

 

Давлатзода Фарида

ходими хурди илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ