АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мавқеи иқтисоди сабз дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муаллиф: Ашуров Иброҳим

Расм

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Президенти кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд қайд кард, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди «сабз» дар мамлакат супоришҳои мушаххас дода шуд.

Иқтисоди «сабз» раванди рушди устувор буда, ҳадафи асосии он таъмини рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва мувозинати экологӣ дар давраи дарозмуддат аст, ки истифодаи самараноки захираҳои табииро таъмин менамояд.

Иқтисоди «сабз» ба маънои васеъ чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ маҳсуб меёбад, ки «ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад». Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»-ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯйии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои нерусарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст.

Ҳамзамон иқтисоди «сабз» фаъолияти иқтисодие аст, ки бо истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳо ва хизматрасониҳо алоқаманд буда, некӯаҳволии мардум ва нигаҳдории сармояи табииро барои давраи дарозмуҳлат таъмин менамояд.

Қайд бояд кард, ки соли 2008 аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид Ташаббуси «Иқтисоди сабз» (Green Economy Initiative) эълон карда шуд, ки мақсади он дар расонидани кӯмак ба ҳукуматҳои кишварҳои гуногун барои дигар кардани самти сиёсати иқтисодии онҳо бо аввалиндараҷа донистани афзалиятнокии технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, хизматрасонӣ дар соҳаи таъминоти об ва нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза, зарурати идоракунии партовҳо, бунёди биноҳои «сабз», кишоварзии босубот ва ғайра равона шудааст.[1]

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта ҷонибдори амалисозии принсипҳои иқтисоди «сабз» мебошад. Дар ин раванд таҳияи заминаи муносиби ҳуқуқӣ тавассути қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, инчунин қабули стратегия ва барномаҳо дар маҷмӯъ барои амалисозии иқтисоди «сабз» заминаи муносиб фароҳам оварда, рушди кишвар ва нигоҳ доштани мувозинати экологиро таъмин менамояд.

Ҳудуди Тоҷикистони муосир дорои захираҳо ва имкониятҳои зиёд барои рушди иқтисоди «сабз» буда, аз кӯҳҳои баланд, табиати нотакрор, обҳои мусаффо ва манбаъҳои барқароршаванда иборат мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 64 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, нерӯи барқ дар кишвар асосан аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол карда мешавад.

Дар ин раванд гидроэнергетика манбаи асосии таъмини аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ бо энергия мебошад, зеро неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обӣ ҳосил мегардад ва ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мақоми асосӣ дорад. Тоҷикистон дорои иқтидори истеҳсоли 527 млрд. кВт/соат қувваи барқ дар як сол буда, айни замон ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидорҳо аз худ карда шудаанд.

Чуноне ки Президенти кишварамон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд “барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад”.[2]

Иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280–330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ 2 000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳамият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад, ки ин дар қиёс бо кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди «иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037”–ро қабул кард, ки мақсади Стратегияи мазкур - гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти “иқтисоди сабз” мебошад.

Ҳаҷми маблағгузории “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” ба маблағи 21,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки татбиқи ҳадафу вазифаҳои Стратегия дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар воситаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад.

Чи гунае ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд намуданд “бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд”. [3]

Бо татбиқи иқтисоди «сабз» Тоҷикистон метавонад мавқеи пешсафро дар истифодабарии иқтидорҳои тавлиди нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ишғол намояд, ҳамчунин ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод ва ғайра), истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологии тоза (органикӣ) шуда, ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ (карбон) ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад.[4]

Барои ноил шудан ба рушди устувор дар раванди амалишавии иқтисоди «сабз» дар самтҳои зерин, аз ҷумла риоя намудани меъёрҳо ва санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ташаккули иқтисоди «сабз», таҳким ва тақвияти раванди мутобиқшавии институтсионалӣ ба талаботи иқтисоди «сабз», ҳавасманд намудани фаъолияти инноватсионӣ дар самти самараҷӯӣ ва сарфаҷӯӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҷалб намудани захираҳои молиявӣ ва интиқоли технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба иқтисоди «сабз», баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ тавассути зиёд намудани табақаи миёнаи аҳолӣ, тақвияти баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба хизматрасонии экологӣ, ҷорӣ намудани тамсилаҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини алоқамандӣ байни рушди иқтисодӣ ва устувории экологӣ, таъмини мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ бо иқтисоди «сабз» ва таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ ва афзуннамоии он корҳо тақвият дода мешаванд.

 

Адабиёт

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ш. Душанбе, 28 декабри соли 2023.
  2. «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» ш. Душанбе, соли 2022.

Ашуров Иброҳим Тағойбекович,

докторанти соли якуми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

 

[1]  «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» ш. Душанбе, соли 2022.

[2] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ш. Душанбе, 28 декабри соли 2023.

[3] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ш. Душанбе, 28 декабри соли 2023.

[4]  «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» ш. Душанбе, соли 2022.

 

БОЗГАШТ