АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мавқеи расонаҳои ҷаҳон оид ба қатли сайёҳони хориҷӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Дар расонаҳои хабарии Аврупову Амрико марги сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон дар шакли мухтасар ва кӯтоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мардуми ин минтақаҳо аз ин ҳодиса бохабар шуданд, аммо чандон вокунише аз худ нишон надоданд.

   Ба таври умум, ин ҳодисаи нангин аз тарафи шаҳрвандон ва доираҳои сиёсию иҷтимоии ИМА ва Аврупо сахт маҳкум карда шуд. Аммо воқеият ин аст, ки шарҳу тафсир перомуни ин мавзуъ оҳанги номатлуби сиёсӣ ба худ касб накарданд. Пеш аз ҳама, ба ин ҳодиса, ҳарчанд ҷоҳилона ва нангин ҳам ки бошад, аз нигоҳи қаринаи умумии амният ва оромии вазъи ҷаҳони имрӯз баҳо дода шуда, таъкид гардидааст, ки, мутаассифона, чунин ҳодисаҳои номатлуб ва талафоти инсонӣ дар ҳама гӯшаю канори дунё ба вуқуъ мепайванданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар асл хеле нигарон кардааст. Сониян, дар ин ҳодисаи номатлуб мақомоти расмии Тоҷикистон гунаҳгор эълон нашудааст, баръакс, ба ҳукуматдорони Тоҷикистон ва шаҳрвандони он изҳори ҳамдилию ҳамбастагӣ сурат гирифтааст. Масалан, дар изҳороте, ки аз тарафи сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба нашр расидааст ба он ишора мешавад, ки мақомоти расмии ҳарду кишвар дар мавриди баррасии сабабҳо ва оқибатҳои ин ҳодисаи нангин бо ҳаманд ва ин ҳодиса ҳаргиз ба муносибатҳои байни ду давлат таъсири манфӣ нахоҳад расонд.

   Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико ин ҳодисаро як «амали бемаънӣ» номидааст. Президенти ИМА Доналд Трамп дар баёнияи худ аз ин ҳодисаи нангин бо таассуф сухан ронда, ба Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯшишҳояшон дар ин замина изҳори миннатдорӣ кард ва гуфт, ки ҳукумати ӯ омода аст, ки дар раванди тадқиқи мукаммали ин ҳодиса ба макомоти расмии Тоҷикистон кӯмак намояд.

   US TODAY – яке аз расонаҳои бонуфузи Амрико дар шумораи рӯзи 31 июли худ таҳти унвони «Ду амрикоӣ дар байни 4 нафар велосипедистҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба қатл расонида шуданд», гузориш медиҳад, ки ин ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Данғара, 100 км дуртар аз Душанбе рух додааст. Дар гузориш ба гуфтаҳои Умарҷон Эмомалӣ, сухангӯи ҳукумати Тоҷикистон истинод карда мешавад, ки ӯ дар мусоҳибааш бо CNN гуфтааст: муфаттишон ҳама имкониятҳоро, аз ҷумла, терроризм ва ҷой доштани садамаи нақлиётиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод». –

   Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, - гуфта мешавад дар гузориши мазкур, - дар баёнияе ба CNN изҳор доштааст, ки дар ҷои ҳодиса ду нафар гумонбар ва ду нафари дигар ба сабаби муқовимат ба мансабдорон дастгир ва ҳабс карда шуданд.

Агентии ВВС бошад, хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти расонаҳои маҳаллӣ гумонбаршудагон ба сайёҳоне, ки якҷо бо се нафари дигар аз кишварҳои Фаронса, Нидерландия ва Шветсария саёҳат мекарданд, бо корд ҳамла кардаанд. Ҳамчунон изҳороти Сафорати ИМА дар Душанбе оварда шудааст, ки дар он гуфта мешавад: «Дар асари ҳамкории зич бо мақомоти расмии Тоҷикистон мо гуфта метавонем, ки ба таърихи 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ду нафар шаҳрвандони Амрико ба қатл расонда шудаанд». (https://www.usatoday.com/story/news/world/2018/07/30/americans-killed-hit-and-run-tajikistan/862755002/)

   The Guardian ба он ишора кардааст, ки ин амали нангин натиҷаи як амалиёти пешакӣ ба нақша гирифташуда мебошад: «Наворҳои тозае, ки ахиран дастрас шудаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки чор велосипедсаворе, ки дар Тоҷикистон кушта шуданд, мавриди қурбонии ғаразнок ва банақшагирифташуда гардидаанд». https://www.theguardian.com/world/2018/jul/30/video-of-tourists-killed-in-tajikistan-shows-deliberate-attack

   NBC - агентии мазкур дар инъикоси ҳодиса ба он ишора кардааст, ки тибқи маълумоти мақомоти расмии Ҳукумати Тоҷикистон муаллифони ин амали нангин Ҳизби наҳзати исломӣ ва дастандардорони он аст. Дар гузоришҳои ин агентӣ ҳамчунон ДИИШ ва гурӯҳҳои террористии исломмаоб гунаҳгор дониста мешаванд. (https://www.nbcphiladelphia.com/news/national-international/Georgetown-Grad-Killed-in-Senseless-Tajikistan-Attack-Claimed-by-Islamic-Extremists-489675331.html)

   Хулоса, инъикоси ҳодисаи Данғара дар расонаҳои хабарии Амрико ба таври хеле фишӯрда ва то андозае сатҳӣ сурат гирифтааст. Шояд сабаби чунин бархӯрд он бошад, ки шаҳрвандони ин кишварҳо аслан нафаҳмидаанд, ки ин воқеа дар куҷо ба вуқӯъ пайвастааст, ба ин ҳодиса аз диди замони ноороми имрӯз назар кардаанд ва хулоса кардаанд, ки ин ҳодисаҳо ҳамеша сурат мегирад. Дар мавриди марказҳои илмию тадқикотӣ ва мақомоти расмии Амрико бошад, чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба ин ҳодиса чандон ҷиддӣ рафтор накардаанд ва ё дар ин амал кадом ҳодисаи фавқулодаро надидаанд. Ба таври умум, тарафҳои алоқаманд бо ин нукта мувофиқанд, ки авзои байналмилалӣ аз нигоҳи таъмини амният хеле заиф шудааст ва эҳтиёҷи ҷиддӣ ба ҳамкориҳои пурсамар дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақаҳо ба миён омадааст.

Шуъбаи Аврупо ва Амрико

 

БОЗГАШТ