АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МАВЛОНО ҶОМӢ ДАР КАШМАКАШҲОИ МАЗҲАБӢ-ИДЕОЛОГИИ АСРИ XVI (ЭРОНУ МОВАРОУННАҲР)

Муаллиф: Хоҷамуродов Олимҷон

Расм

Бо суқуту фурӯпошии императории бузурги Темуриён ва дар Хуросону Эрони ҷанубӣ ба сари қудрат омадани қизилбошҳои Сафавӣ ва аз тарафи Шайбониҳои ӯзбек ишғол шудани Мовароуннаҳр ҳавзаи бузургу воҳиди фарҳангу адаби форсзабонон аз ҳам ҷудо ва робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии Эрону Хуросон аз Мовароуннаҳр дар асари кашмакашиҳои мазҳабиву идиологӣ ба тадриҷ заъиф ва то нимаи дуюми қарни XX тақрибан ба нестӣ расида буд.

Ин муқобилиятҳои мазҳабӣ байни давлатҳои Сафавӣ ва Шайбонӣ, яъне ба ҳайси мазҳаби расмӣ шинохта шудани ташайюъ дар Эрон ва тасаннун дар Мовароуннаҳр як мазҳабситезӣ ва ҷудоиеро дар байни мардумони Эрону Хуросону Моварауннаҳр ба вуҷуд овард, ки паёмадҳои он дар адабу фарҳанги он манотиқ таъсиргузор будааст.

Зеро адабиёт чун рукне аз аркони рӯбинои ҷомеа бо сиёсату идеологияи замон робитаи қавӣ дорад. Аз ин рӯ, афкори сиёсӣ ва мазҳабӣ то ҷое ба завқи бадеӣ ва меъёрҳои дарки адабӣ-эстетикии афроди ҷомеа бетаъсир наметавонад бошад. Чунки ҳукуматҳо ва идеологияи ҳоким огоҳона завқи бадеӣ ва зебоишинохти афроди ҷомеаро метавонанд ба майлу дилхоҳи хеш дигаргун созанд. Ба таъбири дигар, эҷодиёти бадеию ҳунарӣ хоҳ нохоҳ аз идеологияи ҳоким бар ҷомеа таъсирпазир буда, ба тадриҷ бар пояи он идеология салиқаҳои адабӣ ва фарҳанги афрод ташаккул меёбанд.

Аз ин дидгоҳ, чун дар қаламрави Сафавиён сунниситезӣ авҷ мегирад ва тамоми дастгоҳи идеологӣ-мазҳабии ҳокимият алайҳи суннимазҳабон ба мубориза бармехезад, аз ин рӯ, дар адабиёту ҳунар низ тамҷиду мадҳи айамаи маъсум ва фарҳанги Ошуро ба авҷи хеш расида, дигар мавзуъҳои адабиётро таҳтушшуоъ қарор медиҳад. Ва, ҳатто барои ҳифзи идеологияи мазҳабии хеш, барои таблиғи шахсияту осори чеҳраҳои барҷастаи мазҳабию адабии форсии тоҷикии пайрави мазоҳиби дигар, ба вижа аҳли тасаннун як навъ “табу” эълом мегардад. Дар ин радиф пеш аз ҳама шахсият ва осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ осеб мебинад. Дар ин давра шуҳрати фазилату дониш ва таълифоти мухталифи Абдурраҳмони Ҷомӣ на танҳо дар Хуросону, Эрону Мовароуннаҳр, балки Ҳинду Руму Озарбойҷонро фаро гирифта буд.

Зеро дар замонаш Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз ҷониби бузургони илму адаб ва уламои дину ирфони кишварҳои гуногун ба ҳайси шахсияти бузурги диниву ирфонӣ пазируфта шуда аст. Бинобар таъйиди Муиниддини Исфизорӣ, донишманди маъруфи асри XV ва ҳамзамони Мавлоно: “Соҳибдавлате, ки гарданкашони ақолими илму ирфон аз ақсои билоди Ҳинд то интиҳои мамолики Руму Фаластин ва сарҳади Хитой ва Чину Мочин то навоҳии Булғору Сақсин сар бар хатти иродаташ ниҳоданд ва дар тамоми ақсоми улуми ҳақоиқ ва ҷамеи одобу фазоил ва асолиби маорифу авориф ҳазраташро (Ҷомиро – О.Х.) имому пешво ва муқаддаму муқтаво медонанду медоранд” [1, 26-27]

Чунин тавсифро доир ба шуҳрати бемисли Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз тарафи шогирдонаш Абдулғафури Лорӣ дар “Такмила бар “Нафаҳотулунс”-и Мавлавӣ Ҷомӣ, Абдулвосеъи Низомӣ дар “Мақомоти Мавлавӣ Ҷомӣ”, Алишери Навоӣ дар “Хамсатулмутаҳайирин”, Фахриддини Алӣ Сафӣ дар “Рашҳат айналҳаёт” Хондамир дар “Ҳабибуссияр” ва амсоли он дидан мумкин аст. Ин тавсифҳо ва андешаҳо перомуни шуҳрату шахсияти Абдурраҳмони Ҷомӣ дар таҳқиқоти бунёдии адабиётшиносу ҷомишиноси маъруфи тоҷик, шодравон Аълохон Афсаҳзод ба таври муфассал арзёбӣ шудаанд [2], ки аз такрори он худдорӣ мекунем.

Ин ҷо, ба як нукта бояд ишора кард, ки бар иловаи муаллифони маъхазҳои гуногуни адабию таърихӣ худи Мавлоно Ҷомӣ аз интишори шуҳраташ дар мамолики Шарқ дар осораш ба каррот таъкид кардааст. Аз ҷумла, дар қасидаи шарҳиҳолиаш “Рашҳи болин би шарҳи ҳолин” зимни тафсили муҳимтарин лаҳазоти ҳаёташ мегӯяд:

... Зи баски сӯи ҳар иқлим гуфтугӯям рафт,

Шуданд сухраи аҳволи ман ҳама иқъёл

Гаҳе зи Рум нависад саломи ман қайсар,

Гаҳе зи Ҳинд фиристад паёми ман чайтол.

Расад зи волии мулки Ироқу Табрезам

Авотифи мутавотир, маноеҳи мутавол.

Чӣ дам занам зи Хуросону аҳли эҳсонаш,

Ки ҳастам аз кафашон ғарқи баҳри барру навол [3, 10].

Ҳадаф аз ин чанд иқтибос бори дигар ёдрас намудани мақому мартабаи шоирӣ ва шахсияти ирфониву иҷтимоии ин чеҳраи тобноки адабу фарҳанги форсии тоҷикӣ дар замонаш ва баъд аз вафоташ мебошад.

Албатта, чунин шахсияти адабию ирфонӣ чун Абдурраҳмони Ҷомӣ ва он ҳам суннимазҳабу аз пешвоёни тариқати нақшбандия, дар қаламрави шоҳони Сафавӣ хатари бузурге бар пояҳои идеологияи мазҳабии эшон маҳсуб мешуд. Агарчӣ дар рубоие, ки ба ӯ нисбат медиҳанд аз ин мазҳабситезиҳо болотар будани Мавлоноро кафолат медиҳаду мубаллиғу муравиҷҷи ваҳдати ислом буданашро собит мекунад, аммо ба қавли нависандаи маъруфи Эрон Ҷалол Оли Аҳмад барои қизилбошҳои сафавӣ, ки “ба зарби сунникушӣ мусаллат шуда” [4,30] буданд, осору шахсияти Мавлоно Ҷомӣ бо идиологияшон созгор набуд.

Аммо хилофи он, дар Моварауннаҳр ба иқтизои идеологияи Шайбониҳо, ки суннимазҳаб буда, сиёсати давлатдории хешро бар пояи шиъаситезӣ тарҳрезӣ карда буданд, мақому манзалати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоиру шахсияти динӣ ҳамеша мавриди тамҷиду ташвиқ қарор мегирад.

Барои тайиди ин гуфтаҳо дар ин мухтасар ба чаҳор тазкираи зер, ки баъд аз вафоти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар даврони ҳукмронии Сафавиҳо ва Шайбониҳо дар Эрону Моварауннаҳр таълиф шуданду дар бораи шоир маълумот додаанд, таваққуф хоҳем кард.

    а)    Тазкираҳое, ки дар аҳди Сафавӣ таълиф шудаанд:

         1. “Тӯҳфаи Сомӣ”-и Соммирзои Сафавӣ нимаи аввали асри XVI

         2. “Тазкираи Насрободӣ” таълифи Мирзо Тоҳири Насрободӣ, асри XVII

     б)   Тазкираҳое, ки дар Моварауннаҳр таълиф шудаанд:

          1. Тазкираи “Музаккирулаҳбоб”-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, нимаи аввали асри XVI

          2.  “Тазкиратушшуаро”- и Мутрибии Самарқандӣ нимаи дуюми асри XVI

Тавре ки қаблан аз иқтибоси дар бораи Мавлоно Ҷомӣ аз ҳамасраш оварда мулоҳиза мегардад, пеш аз зикри ному насаби шоир, ҳатман алқобу унвонҳои ситоишгаронаи эшон оварда мешавад. Ва дар тазкираҳо ва сарчашмаҳои таърихию адабие, ки баъдан дар Моварауннаҳр таълиф шуданд, ин суннат муроот шудааст. Аз ҷумла, Ҳасани Нисорӣ бо як эҳтироми хос чунин таъбирҳоро истифода кардааст: “Ҳазрати хуҷастафар Ҷомии қуддиса сурруҳулсомӣ” ва ё “Ҳазрати Маҳдуми Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ қуддисасуруҳулсомӣ” [5, 141, 147] ва Мутрибӣ таъбироти зеринро ба кор бурдааст: “Ҳазрати махдумии хуҷастафар” [6, 147, 150, 246, 257] ва “Ҳазрати ҳақоиқпаноҳи ҳуҷастафар” ва “ҳазрати ҳақоиқпаноҳи хуҷастафар Ҷомӣ” [6,185, 244, 353, 355, 357].

Аммо чунин эҳтирому ихлосро мо дар тазкираҳое, ки дар Эрони аҳди сафавӣ таълиф шуда, мушоҳида намекунем. Масалан, Соммирзо дар тазкираш баштар ба унвони Мавлоно Ҷомӣ [7, 42, 43, 74, 113, 159, 172, 173, 191, 219, 240, 262, 300, 315, 328] ва Насрободӣ дар тазкирааш танҳо ба номи Мулло Ҷомӣ [8,499] ёд кардааст.

Дар тазкираҳое, ки дар Моварауннаҳр таълиф шудаанд, на танҳо алқобу унвонҳои Мавлоно Ҷомӣ бо як эҳтирому арҷгузорӣ истифода мешавад, балки таъсирпазирии шуарои баъдӣ аз осори Ҷомӣ ва татабӯъ ба ғазалҳои ӯ, ифтихори шогирдӣ доштани фалон шоир зикр шудаанд, аз ҷумла матлаби фавқ дар тазкираи Хоҷа Ҳасани Нисорӣ баён гардидааст. Дар тазкираи Мутрибӣ низ пайваста сухан аз он меравад, ки фалон шоир дар сабки Ҷомӣ шеър гуфта ва ё дар суханварӣ аз рӯҳӣ Мавлоно ёрӣ талабидааст ва амсоли он. Ба таъбири дигар, тазкиранигорони мовароуннаҳрӣ ҳатталимкон саъй намудаанд, таъсири мактаби адабии Мавлоно Ҷомиро дар эҷодиёти шуарои асрҳои баъдӣ нишон дода, бузургии шахсияту осори ӯро тазаккур диҳанд.

Тазкираҳое, ки дар қаламрави давлати Сафавӣ ва ё зери асари идеологияи мазҳаби шиъа таълиф шудаанд, то ҳадде воқеияти ҳаёти адабӣ – идеологии Эрони замони хешро мунъакис кардаанд ва дар ин тазкираҳо ҳеҷ сухане аз Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва аз тақлиду татаббӯи осори ӯ нест. Аз ҷумла, Насрободӣ зимни зикри он ки “Мулло Ҷомӣ аз вилояти Ҷом аст... дар шеъру муаммо саромад аст ва куллиёташ сӣ ҳазор байт мешавад ва дар боби муаммо се рисола дорад ва камоли эътибор дар айёми худ дошта” [8, 499] дар фасли “Муаммо” чанд муаммои шоирро мисол овардаасту бас. Зери таъсири идеологияи мазҳабситезии сафавиҳо кор то ба ҷое расида, ки шоирон шеърҳои Мавлоно Ҷомиро ба сирқат мебурданд ва узрашон ин буда, ки ӯ шоири суннимазҳаб аст. Масалан, Соммирзо дар бораи шоире бо номи Ҳушии Шерозӣ мегӯяд:

 “Девонаваш марде буд ва шеъри мардум ба исми худ мехонд. Навбате ин матлаи Мавлоно Ҷомиро тағйир дода чунин мехонад:

Ҳушӣ, туву ҷоми маю беҳушию мастӣ,

Роҳу хиради мардуми ҳушёр чӣ донӣ?

Кас гуфт: Ин шеъри Ҷомист.Чаро ба исми худ мехонӣ?

Ҷавоб дод: ки “Чӣ шуда? Ӯ суннӣ буду ман шиъаям. Моли суннӣ бар шиъа ҳалол аст ва ман ин байтро аз Ҷомӣ касб кардаам” [7,219].

Мусалламан, чунин муносибати шуарои Эрони даврони Сафавӣ ношӣ аз рафтору сиёсати давлатмардони он буд, ки нисбат ба оромгоҳу осори он бузургвор анҷом дода буданд.

Ин таассуби мазҳабие, ки дар асрҳои XVI-XVII дар Эрону Хуросону Моварауннаҳр, дар асари ба сари қудрат омадани Сафавиҳо ва Шайбониҳо ба вуҷуд омад, боиси ба тадриҷ аз ҳам гусаста шудани фарҳангу адаби воҳиди форсӣ гардида, то ҳадде адабиёти пурбори форсии дарии тоҷикиро, ки барҳақ авҷи шукуҳаш Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомист, заиф ва побанди адабиёти мазҳабӣ ва ашъори маснуъӣ кард.

 

ПАЙНАВИШТ:

 

  1. Муниддини Исфизорӣ. Равзатулҷаннат фи авсофи мадинатил Ҳирот. Бо тасҳеҳи Сайид Муҳаммадқозими Имом. Башхи 2. Теҳрон. 1339 ҳ.ш.
  2. Аълохон Афсаҳзод. Рӯзгор ва осори Абдурраҳмони Ҷомӣ. Душанбе. 1980. С. 81-103.; Ҳамон муаллиф. Лирика Абдар-Рахмана Джами. Проблемы текста и поэтики. М: “Наука”-1988. С. 6-8.
  3. Абдурраҳмони Ҷомӣ. Воситат- ул-иқд ва хотимат- ул-ҳаёт. Матни илмии интиқодӣ, ба кӯшиши Аълохон Афсаҳзод. М: “Наука”-1980.
  4. Ҷалол Оли Аҳмад. Ғарбзадагӣ. Теҳрон. Чопи чаҳорум. 1390 ҳ.ш.
  5. Ҳасан Нисорӣ. Музаккирулаҳбоб. Нусхабардорӣ шуда аз нусхаи №1438 Захираи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон, ки зери рақами 3223 дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ маҳфуз аст.
  6. Султонмуҳаммад Мутрибии Самарқандӣ. Тазкиратушшуаро. Пешгуфтор таҳия ва таъмиқоти Алӣ Рафиъӣ Аломардуштӣ. Бо муқаддимаи Асғар Ҷонфидо. Теҳрон: Мероси мактуб-чопи дувум 1383 ҳ.ш.
  7.  Соммирзои Сафавӣ. Тазкираи Тӯҳфаи Сомӣ. Таҳияи матн (ба алифбои кириллӣ) муаллифи пешгутор ва тавзеҳот Бадриддин Мақсудов. Душанбе: Душанбе-принт. 2018.
  8. Мирзо Муҳаммадтоҳири Насрободӣ. Тазкираи Насрободӣ. Бо тасҳеҳу Ваҳиди Дастгирдӣ. Теҳрон. Чопхонаи “Армуғон”, Меҳрмоши 1317 ҳ.ш.

 

ОЛИМҶОН ХОҶАМУРОДОВ

сарходими илмии шуъбаи

Шарқи Миёна ва Наздик

 

БОЗГАШТ