АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мавлоно омӯзгори пиндору гуфтору кирдори нек

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Пешгуфтор

   Андешамандони замонаҳо дар ин ҷаҳони пур аз рамзу роз талош варзидаанд, ки ҳадафи офариниши Одаму Олам ва рисолати инсонро аз рӯзи ба рӯйи Замини ноошно по ниҳоданаш пайдо кунанд. Файласуфони доно, сухангустарони тавоно, диноварони ҷӯё ҳар кадоме андешаи дигаронро гаҳе росту дуруст ва гаҳе норосту нодуруст пиндошта, гумони худро ҳақиқати мутлақ ва ё наздик ба он пиндоштаанд. Дар он рӯзгороне, ки араб ба сарзамини донишсолорони Эрону Хуросон пой ниҳода боварҳои исломро чун ҳақиқати ниҳоӣ қабулонданд, гузаштагони мо пас аз пофишориҳои зиёд дини навро пазируфтанд, аммо пас аз чирамандии тозиён низ андешаҳои давраи пешазисломиро раҳо накарда, дар боварҳояшон  аз онҳо кор гирифтаанд. Ба огаҳони таърихи  истилои араб равшан аст, ки тозиён пас аз чирамандӣ ба марзу буми эронитаборон ба худ бартарии нажодӣ бахшида касонеро ки араб набуданд «маволӣ» (موالی) , мамлук ва кишварҳои ишғолкардаашонро «мамолик» и худ  медонистанд. Дар ҳамон замон тоҷикону эронитаборони озодманиш бар ин нотавонбиниҳо вокунишҳое аз худ нишон медоданд, ки онро арабҳо «ҳаракати шуъубия» унвон карда буданд ва ин ҷунбиши инкорсози бартариҳои нажодӣ, табақотӣ ва ҳатто динӣ, ки хостгори баробарии мутлақ буд, барои дастгоҳи халифаҳои Рошидини ба салтанати  Бани Уммия ва Банни Аббос табдил гашта, хуш наомад. Дар бораи ҷунбиши шуъубия донишманди пуркори тоҷик устод Комил Бекзода асари пурарзишеро ба интишор расондаанд, ки бояд гуфт подоши беҳамтое барои ҷӯяндагони таърихи истодгариҳои тоҷикону эронитаборон дар рӯёрӯи тозиёни бартарипараст мебошад. Унвони асари устод Комил Бекзода, ҳамчун ҳаракати дигарандешон - диссидентҳо, («Шуубия: диссиденты средневекового ислама») ниҳоят гӯёву баҷост. Аз ин ки ҳадафҳо ва паёмадҳои ҳаракати шуъубияро ин донишманди нуктабин бо иқтибос аз пажӯҳишҳои ховаршиносони машриқиву мағрибӣ, пурра китобат кардаанд, мо аз бозгӯии нукоти он худдорӣ мекунем.

    Тасаввуфи эронитаборон низ ҳамчун биниши дигарандешон устувор бар пояи вокунишҳои дар боло ба ёд овардаамон, аз сӯфигарии рӯ ба дунёбезорӣ ва гӯшанишинӣ ниҳодаи соликонаш тафовут дорад, зеро ин ҷанбаи фалсафӣ - ирфонӣ дошта, баробар бо озодманишӣ будааст.

   Бад - он сон ки андешаҳо ва роҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо ҳамзамонаш Ҳоҷӣ Бектош, бунёдгузори тариқати «Бектошӣ» мухолиф буданд. Соликони тариқати «Бектошӣ» иборат аз дарвешони ҷанговар, гӯшанишинӣ (ба истилоҳи арабӣ узлатнишинӣ) ихтиёр доштанд ва таъйид мекарданд, ки Мавлоно ва ҳаммаслаконаш бо нағмапардозӣ ва рақс шуғли вақтхушӣ доранд, на худоҷӯӣ. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ин фикри онҳоро рад карда, таъйид менамуд, ки шинохти Худо аз роҳи пайванди рӯҳӣ бо ӯ ва расидан ба Ваҳдати вуҷуд ба даст меояд ва барои ин ба нестӣ расонидани пайкари инсон шарт нест. Ӯ дар «Маснавии Маънавӣ» ҳатто сӯфиёнро «луқмаҷӯ» хонда, риёкориҳояшонро  ба гурба ташбеҳ додааст, ки гурбаҳо бо панҷаҳояшон рӯй мемоланд, вале на барои пок кардани рӯй, балки аз барои шикори мӯш рабудани бӯйи худ ва  пинҳон доштани он аз сайд:

   Сӯфиёни таблхори луқмаҷӯ,

   Сангдилону ҳамчу гурба рӯйшӯ.

   Мавлоно ба сони суфиёни хонақоҳӣ ҳаргиз гӯшанишинӣ ихтиёр накарда буд. Дар байни омма мезист ва чун як инсони воқеъӣ дар синни 17 солагӣ ба духтаре бо номи Гавҳар ошиқ шуда, оила барпо мекунад ва соҳиби якчанд фарзанд мешавад. Аммо ҳамзамон лаҳзае худро аз ҷаҳони рӯҳонӣ канор нагирифтааст. Орифи хирадманд таъкидҳо дорад, ки ин ҷаҳонро гарон дониста, лаҳзаҳои ширини онро мебояд ғанимат шуморид:

   Ҳин, биё, эй ҷони ҷону сад ҷаҳон,

   Хуш ғанимат дор нақди ин замон.

   Пайдост, ки на Мавлоно ва на шогирдони ӯ ҳаргиз худро «суфӣ» нахондаанд, балки онҳо хешро «ошиқон» меномиданд. Дар пиромуни мавзӯи «ишқи Мавлоно» таълифоти ҷолиби  пажӯҳишгарон рӯйи даст мебошад ва чуноне пайдост дар нигари ӯ ишқ ҳаракатдиҳандаи ҳамаи мавҷудоти ҳастӣ мебошад:

   Умр, ки бе ишқ рафт, ҳеҷ ҳисобаш магир,

   Оби ҳаёт аст ишқ, дар дилу ҷонаш пазир.

   Ӯ ишқро ба нури Офтоб ҳамсон дониста, ин подоши Худоро мояи пешбурди зиндагии инсонҳо шуморидааст.

   Ин биниши орифи бузург дар андешаҳои нуктасанҷони бузурги рус ба таври фаровон ҷой дорад. Аз ҷумла Максим Горкий адиби намоёни оғози садсолаи XX гуфтааст: «Миром правит любовь», яъне ҷаҳонро ишқ идора мекунад.

   Дар ин ҷо боясти ба ёд овард, ки вожаи «ишқ»  дар китоби осмонии Қуръон ба чашм намехӯрад ва донишмандони решашиноси забонҳои сомӣ - арабӣ, яҳудӣ (иврит) ва форсӣ - тоҷикӣ калимаи «ишқ» - ро авастоӣ шуморидаанд. Аммо агар дар Қуръон сухан аз ишқ нарафта бошад ҳам, баёнгари ин лафз чашмгир аст; дӯст доштани Худо, талош ба сӯяш ва кореро анҷом пазируфтан, ки ӯ хушнуду розӣ бошад.

   Устод Саид Нафисӣ, пажӯҳишгари овозаманд, донишманди фарҳехтаи фалсафа, таърих ва забону адабиёти форс - тоҷик дар ҷусторҳои мӯбинонаи хеш ба таъкид ишораҳо дорад, ки аҳли тасаввуф «ҳамеша дар парда сухан гуфтаанд ва чора ҷуз он надоштаанд, ки бештар ба киноёту истиорот ва ҳатто истилоҳоти мармуз ва он чи худ Шатҳиёт, ё Шатаҳот гуфтаанд, яъне таъбироти зоҳиран парешону ошуфта, аммо пурмағзу дақиқ, матлаби бисёр рақиқи худро баён кунанд».

   Яке аз сабабҳои асосии пайдоиш ва ривоҷи тасаввуф дар сарзамини озодзодагон ин аст, ки мардумони ориёитабор дар пешрафтҳои фарҳангии моддӣ ва маънавӣ ба мақомҳои баландтарин расида буданд. Дар ҳунарҳои зебо чун мусиқӣ, таронасароӣ, наққошӣ, пайкартарошӣ, бофандагӣ, аз оҳану филиз афзорсозӣ ва дигар санъатҳо нисбат ба ҳама мардумони Осиё бартариҳои зиёд доштанд ва аз маҳдудиятҳои ба сари мардумони зебоипарасти тоҷику форс ба бор овардаи  диноварони тозӣ, безорӣ меҷӯстанд. Барои ин дар пайи роҳу тариқате буданд, ки озодандеширо дубора зинда созанд ва маҳз тасаввуф ягона роҳе буд барои баёни андешаҳои озод. Ҳамин буд, ки ҳамдигарро «аҳли дил»,  «аҳли назар», «аҳли роз», «аҳли маънӣ» хонда, андешаҳои нозуки худро пардапӯшона дар зери рамзу киёнаҳое баён мекарданд, ки ба қавли устод Саид Нафисӣ «...бо истилоҳи илмӣ метавон онҳоро Символ номид. Ба ҳамин ҷиҳат ашъори тасаввуфии Эрон комилан ба равиши Символизм аст». Устод Саид Нафисӣ ва иддае аз тасаввуфшиносони шинохта, ба таҳқиқ овардаанд, ки « … андешаи тасаввуф  ҳамон дастурҳоест, ки бояд ба Аҳурамаздо пайваст ва аз Аҳриман дур шуд.» Дар омӯзаҳои Зартушт пайваста таъкид мегардад, ки одамонро мебояд пеш аз ҳама аз «Деви дурӯғ» ва «Деви нафс» эҳтиёт кард, зеро онҳо офаридагони Аҳриман буда, касонро гирифтори андешаи палид ва куниши палид мекунанд. Мавлоно дили ҳанӯз ба покӣ нарасидаро «хонаи дев» ва инсони аз тарбия бозмондаро Оҳарман гуморидааст:

   Хонаи дев аст дилҳои ҳама,

   Кам пазир аз девмардум дамдама.

   Ва:

  Гар нахоҳӣ мо ҳама Оҳарманем,

   З - он зи Оҳарман расидастем мо.

   Дар устураҳои мардумони мо омадааст, ки инсон барои он ба ҷаҳон меояд, то дастёри Худо бошад ва Худо рӯҳи ҷаҳон аст. Дар таълимоти тасаввуфӣ омадааст, ки Худо ҳама ҷо ҳаст, гарчи    Қуръон мефармояд «Ҳар куҷо бошед, Худо бо шумост» (اينما کنتم فهومعکم - Инамо кунтум фаҳу маъкум).

   Олимони ирфон роҳи растагориро роҳи Тафаккур шуморидаанд, на ибодат (таъабуд); ба пиндори онҳо як соати тафаккур беҳтар аз ҳазор соли ибодат аст.

   Бад - ин тартиб чун мардумони зебоипарасти мо наметавонистанд фарҳанги куҳани худро ба чоҳи фаромушӣ афкананд, новобаста аз маҳрумияти ба бор овардаи фақеҳони ислом, дар корбурди ҳунарҳои рақсу мусиқӣ, аҳли тасаввуф на танҳо онҳоро мубоҳ донистаанд, балки самоъ, оҳангнавозиву рақсро як навъ ибодат ва сафокории ботин, поксозии нафс шуморидаанд. Онҳо яке аз василаҳои корои баёни дигарандеширо шеър донистаанд. Ва шеъри форсӣ - тоҷикӣ дар шеваи гуфтори аҳли тасаввуф нақши чашмгире доштааст.

   Чун дар ин кундуков мо ба андешаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ рӯ овардаем, метавонем ба натиҷае бирасем, ки бештари ғазалиёти ин ситораи дурахшони ирфон бо як оҳангу ритми рақсӣ офарида шудаанд. Ба вижа он ғазалҳое, ки дар вазнҳои зарбии «Мусамман» ва «Мусаддас» суруда шудаанд, ҳатто каси аз эҳсоси тасаввуфӣ дар дурӣ қарор доштаро ба пойкӯбӣ ва сарҷунбонӣ мехонанд. Чунончи:

   Хоҷатуруш маро бигӯ сирка ба чанд медиҳӣ,

  Ҳаст шакарлабе агар сирка ба қанд медиҳӣ.

   Гар ту намехарӣ, махар, ман ба ҳавас ҳамехарам,

   Ошиқу бехудам, маро ҳарза чӣ панд медиҳӣ.

   Ё:

   Ҳам назарӣ, ҳам хабарӣ, ҳам ту қиронро қамарӣ,

  Ҳам шакар андар, шакар андар, шакар андар, шакарӣ.

   Мавлоно дар тафовут бо шайхону фақеҳону суфиёни ҷоҳил мусиқиро дӯст медошт. Дар маҷлиси соликон шунидани оҳанги наю рӯбоб ва сароидани офаридаҳои тозааш шеваи маҷлисороӣ буд. Ӯ бар он бовар буд, ки мусиқии заминӣ инъикоси оҳанги малакутӣ буда, таппиши нахустини офариниши оламро бозгӯ мекунад. Дар ғазалҳои ӯ ба намудҳои созҳои мусиқӣ ишораҳои зиёд дида мешаванд ва ба шоҳасари мусиқии бостонии тоҷикон «Дувоздаҳмақом» ғазали вижаеро бахшида, ҳар навои онро як - як ба ном овардааст. Он ғазал бо чунин мисраъҳо ба поён мерасад:

   Гар ёри росткорӣ, в - ар қавли «Рост» дорӣ,

  Дар «Рост» қавл баргӯ, то дар «Ҳиҷоз» оӣ,

  Дар пардаи «Ҳусайнӣ» «Ушшоқ» - ро даровар,

  В - аз «Бӯсалик» - у «Моя» бинмой дилкушоӣ.

  Аз ту «Дугоҳ» хоҳанд, ту «Чоргоҳ» баргӯ,

  Ту шамъи ин сароӣ, эй хуш, ки месароӣ.

  Муборизаи инсони комил бо нафс.

   Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар 26 ҳазор байт, ё шаш дафтари  Маснавии Маънавӣ, Девони Кабир (девони ғазалиёти худ, унвонии Девони Шамси Табрезӣ) гӯё ба тамоми паҳлӯҳои ахлоқи инсонӣ ва муносибат бо Худову офаридаҳои ӯ нигоҳи вижаи худро афкандааст, вале чуноне ба нигар мерасад мавзӯи чирамандии инсонҳо бар нафс ва муборизаи инсон ба ин аждаҳои фурӯбарандаи ахлоқ таваҷҷуҳи вижаи худро равона кардааст. Мавлоно бар пояи ояҳои Қуръон ва гуфтаҳои паямбарон, барои нишон додани паёмадҳои чирамандии Аҳримани нафс ба кирдори одамон, бо як бадеияти баланд ва забони гӯёву расо достонҳои марғуберо сурудааст.

   Сайри солики тасаввуф барои расидан ба ваҳдат гузар аз манзилҳову марҳилаҳои душворееро мехоҳад ва барои расидан ба водии Маърифат инсон бояд худро комил созад. Мурод аз «маърифат» аҳли тасаввуф шинохтани ҷоҳилии худро фаҳмидаанд. Инсони комилро мебояд дили пок дошт, то дар он ҷо ишқро ҷой диҳад. Ва ҷойгоҳи ишқи Худо дар Фуъод қарор дорад, босафотарин бурҷи дил, ки ҳатто хуни дил он ҷоро рангин намекунад. Барои поксозии дил инсонро боясти бо худ размида, як идда манишу кирдори ношоистаро нобуд созад. Дар миёни онҳо дар баробари худпарастӣ, ҳирс, озу ниёз, ғурур, дурӯғ, ҳасодат, аҳримани нафс ҷой дорад, ки пирӯзӣ бар он ниҳоят душвор аст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бар он аст, ки инсон дар шинохти ҳастӣ бояд худро бишиносад ва чун ботини хешро пурра шинохт, дархоҳад ёфт, ки ҳастӣ ва Худои ҳастӣ дар худи ӯст. Он ганҷу ганҷинаҳое, ки дар кундукови онҳост, «ман» - и ӯст, нафси ӯст. Орифи бузург барои он ки мардумон ин пардаи асрорро бикушоянд, масалҳо ва достонҳои бешумореро чи аз Қуръон, чи аз ҳадисҳо ва чӣ аз қиссаҳои  паёмбарон ва офаридаҳои шоирони бузург овардааст.

   Воқеан, дар ин ҷо нигари шахсии хешро мехоҳам баён созам, ки гуфтаи рӯйи забони мардумон ривоҷ ёфтаи сухансанҷе ба гунаи «Маснавии Маънавии Мавлавӣ, Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ», ба он пиндори маъмулӣ, ки гӯё Маснавӣ тарҷумаи Қуръон ба забони паҳлавӣ, ё форсӣ - тоҷикӣ - дарӣ мебошад, норост ба чашм мехӯрад. Ба пиндори мо Маснавӣ шарҳи як идда оёти Қуръон бо овардани рамзу кинояҳо, саргузашту достонҳо мебошад ва Мавлоно пеши худ ҳадаф нагузоштааст, ки Қуръонро тарҷума кунад.

   Мавлоно аз устоди худ (ё пири худ), Шамсиддини Табрезӣ омӯхта буд, ки агар Иблис душмани инсон ва намоди бадкирдориҳои берунӣ бошад, нафс душмани дохили ӯст. Иблис, ё шайтон бо коргирӣ аз макру ҳилаҳои гуногун маҳз нафсро дар дили инсонҳо ҷой мекунад, то ки аз роҳи фармудаи Худо канор гирифта даст ба бадкориҳо барад. Аз рӯйи пиндори Мавлоно Иблис ва Нафс ҳар ду як чизанд - оташафрӯзони дузах. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ин ки сабабгори сар задани бисёре аз палидиҳои одамонро  дар нафс мебинад, дар ҳама дафтарҳои Маснавӣ ва баъзе ғазалҳои Девони Шамси Табрезӣ ба гунаҳои гуногун бозтоб намудани онро зарур донистааст:   

  Модари бутҳо бути нафси шумост,

  З - он ки он бут мору ин бут аждаҳост.

  Оҳану санг аст нафсу бут шарор,

  Он шарор аз об мегирад қарор.

 

   Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл,

  Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст, ҷаҳл.

  Сурати нафс ар биҷӯӣ эй, писар!

   Қиссаи дӯзах бихон бо ҳафт дар.

   Нафс ба сони шайтон чунон маккор аст, ки лаҳзае аз ҳилаҳои ӯ фориғ будан, касро ба чоҳи нокомиҳо меафканад. Ҳанӯз падари инсонҳо Одам бо як гоми ноҷо гузоштан гирифтори нафс гардида аз биҳишт ронда шуда буд:

   Як қадам зад Одам андар завқи нафс,

  Шуд фироқи садри ҷаннат тавқи нафс.

  Пас душмани аз ҳама пурхатари инсон нафс аст ва агар кас онро бикушад, гӯё дигар душмане нахоҳад монд:

  Нафс куштӣ, бозрастӣ з - эътибор,

  Кас туро душман намонад дар диёр.

 

   Гар ғизои нафс ҷӯяд абтар аст,

  В - ар ғизои рӯҳ хоҳад сарвар аст.

 

  Нафси худро куш, ҷаҳонро зинда кун,

  Хоҷаро куштаст, ӯро зинда кун.

  Мавлоно нафсро ба шайх, ё суфие ҳамсон донистааст, ки дар дасти рост тасбеҳу мусҳаф (китоби динӣ) дорад ва дар остин ханҷару шамшер пинҳон дорад. Бо баҳонаи вузӯъ туро назди ҳавз оварад, вале фурсат меҷӯяд то ба қаъри ҳавз дарафканад:

  Нафсро тасбеҳу мусҳаф дар ямин,

  Ханҷару шамшер андар остин.

  Мусҳафу солуси ӯ бовар макун,

  Хеш бо ӯ ҳамсиру ҳамсар макун.

  Сӯйи ҳавзат оварад баҳри вузӯ,

  В- андар андозад туро дар қаъри ӯ.

  Мавлоно як идда кирдорҳои бади инсонро, ба монанди шаҳват, кибру ҳавобаландӣ, ҳирс, хашм зода ва ҳамсози нафс донистааст. Мавлоно дар бознамоёндани сиришти зишти инсонҳои ба шаҳватронӣ гароида аз фаҷеҳтарин намодҳо ва қиссаҳо кор гирифтааст, ки гаҳе гумон меравад барои нобиғае бар ин бузургӣ овардани вожаву таркиботи фоҳиш норавост. Аммо чун орифи бузургвор ин хислатҳои ба ахлоқи ҷомеа ниҳоят осебрасонро хостааст барои хосу ом бознамоён созад, одамони ба шаҳват дода шударо дар ҳолатҳои музҳику шармандасоз бозтоб намудааст. Бар хилофи ин тарки ҳавову ҳавас, боздоштани худ аз хашму шаҳватро шеваи пайғамбарӣ донистааст:

  Сар зи ҳаво тофтан аз сарварист,

  Тарки ҳаво қуввати пайғамбарист.

 

  Тарки хашму шаҳвату ҳирсоварӣ,

  Ҳаст мардиву раҳи пайғамбарӣ.

  Мавлоно чандин достонҳоро ба ҳарисии хоҷагону ҳокимон бахшидааст, ки тавсифи рафтори он ҳарисон рӯзҳои фарҷомини Маҳмуди Сабуктегинро ба ёд меоварад. (Гарчи ин достон дар Маснавӣ сабт нагашта бошад ҳам, бо бозгӯ кардани он метавон паёмади ҳарисии  ҳокимону хоҷагони мумсикро ёдовар шуд.)  

  Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ғуломи нафс

  Ҳама медонанд, ки шоҳи Хуросон Маҳмуди Ғазнавӣ бо баҳонаи дингустарӣ зери парчами «Ҷанги муқаддаси ислом», аз соли 1002 то соли 1030 15 бор ба Ҳинд лашкар кашида, садҳо ҳазорон мардумонро ба қатл расонида, шаҳру деҳотро ба хок яксон намуда буд. Маҳмуд аз юришҳои Ҳинд ба хазинааш сангҳои қиматбаҳо, дурру гавҳар ва тиллову нуқраро дар 350  фил бор карда, бо 57 ҳазор ғулом ба Ғазна овард. Соли 1031 дар Хуросон дар натиҷаи хушксолии пай дар пай гуруснагии сахт рӯй дод, ки даҳҳо ҳазорон одамон, чӣ кӯдакону пирсолон аз гуруснагӣ ҷон доданд. Чуноне таърихнигорон овардаанд, мардум сагу пишакҳоро хӯрданд. Воқеаҳои одамхӯрӣ зиёд ба чашм мехӯрд. Маҳмуд имкон дошт, ки мардумро аз қаҳтӣ наҷот диҳад, аммо Султон Маҳмуди худхоҳу, баднафсу танпарвар, як дирҳаме аз он сарватҳои рабуда, барои наҷоти мардум сарф накард.  Рӯзи марг, ки дигар аз гуфтор бозмонда буд, ба сӯйи хазинадор бо имову ишорат амр кард, ки дурру гавхари хазинаашро биёранд, то бубинад. Вақте ки он сарватҳоро дар гирду атрофи бистари шоҳ паҳн карданд, толор аз рангҳои сурху сабзу лоҷуварду арғувонии сангҳо барқ меафрӯхт. Маҳмуд ишора мекард, ки ба паҳлӯи дигар бигардонандаш то ба ҷавоҳироти дар самти муқобил ҷой дошта бингарад, вале чашмаш ба он самт нарасида, дар дасти хидматгор ҷон дод.

  Хашм ва «Мову ман» зодаи нафс

  Мавлоно хашмро зодаи кибру ғурур гуморидааст, зеро агар инсон «Мову ман» - и худро аз байн набарад, наметавонад инсони комил шавад. Барои тасбити ин нукта рӯ ба яке аз ғазалҳои Девони Шамси Табрезӣ меоварем:

  Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав,

  Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав.

  Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибри мову ман,

  Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар афлок шав.

  Ҳар куҷо ту хашм дидӣ, кибрро дар хашм ҷӯ,

  Гар хушӣ бо ин ду морат, худ бирав Заҳҳок шав».

  Омӯзгори фарҳехтаи ахлоқи инсонӣ дар «Маснавии Маънавӣ», шаҳватро обишхӯри кибру кинатӯзӣ ва саранҷом ба одати бад гаройидани одамон бознамоёндааст:

  Ибтидои кибру кин аз шаҳват аст,

  Росихии шаҳватат аз одат аст.

  Чун зи одат гашт мӯҳка хӯйи бад,

  Хашмат ояд бар касе, к- ит вокашад.

  Яке аз достонҳои фаҷеҳи Дафтари дувуми «Маснавӣ», қиссаи «Маломат кардани мардум шахсеро, ки модарашро кушта буд ба туҳмат» мебошад. Дар ин достон бо дасти фарзанд куштани модар, намунаи одамони бадгавҳар мебошад, ки пеши роҳи хашми худро гирифта натавониста, модарро бо зарби мушту корд мекушад:

  Он яке аз хашм модарро бикушт,

  Ҳам ба захми ханҷару ҳам захми мушт.

  Он дигар гуфташ, ки аз бадгавҳарӣ,

  Ёд н - овардӣ ту ҳаққи модарӣ.

  Мавлоно болотарин ҷойгоҳи инсонро ба нестӣ расонидани «Ман» и - худ мешуморад, ки баёнгари аслии нафс аст. Ӯ барои равшантар бознамоёндани ин вижагии роҳи маърифат онро «меъроҷи фалак» хонда, дину мазҳаби ошиқонро «Нестӣ» донистааст:

  Чист меъроҷи фалак? Ин нестӣ,

  Ошиқонро мазҳабу дин нестӣ.

  Дарвоқеъ устод Саид Нафисӣ мулоҳизае дорад ишора бар он, ки орифони доное чун Мавлоно инсонҳоро ба мазҳабҳо фасл намекарданд: «... ҳанӯз дар Ҳиндустон, ки тасаввуф нерӯмандтар ва зиндатар аз Эрон аст, мусалмону ҳинду, ҳар ду дар тариқати тасаввуф бародару баробаранд.»

  Хирадманди бузург фасл гардидани мусалмононро ба «72 миллат»  бехабарӣ аз ҳамдигар арзёбӣ карда ба сурати рамз корбурди гунагуни тасбеҳро аз ҷониби аҳли тасаннун ва ташайуъ мавриди истеҳзо қарор додааст:

  Балки ҳафтоду ду миллат ҳар яке,

  Бехабар аз якдигар в - андар шаке.

  Чун ду нотиқро зи ҳоли ҳамдигар,

  Нест огаҳ, чун бувад девору дар?

 

  Ҳаст сунниро яке тасбеҳи хос,

  Ҳаст ҷабриро зиди он дар манос.

  Суннӣ аз тасбеҳи ҷабрӣ бехабар,

  Ҷабрӣ аз тасбеҳи суннӣ беасар.

  Дар ин ҷо шоиста аст гуфтаҳои диншиноси барҷастаи Фаронса, Жан Гитон (1901 - 1996), бузургтарин файласуфи масеҳӣ, ки аслан аз мазҳаб католик буда, вижагиҳо ва бартариҳои дини исломро ба таври олӣ тавсиф кардааст, ба ёд оварем. Жан Гитон (Jean Guiton), фармудааст: «Вақте ман ба нонвоӣ меравам, моилам нонво нони хубе ба ман бидиҳад. Чӣ кор дорам ӯ чӣ тавр фикр мекунад, ҳоло ӯ масеҳист, ё мусалмон, ё бовар ба дини дигаре дорад...»

  Биниши Жорж Гитон бо Ҷалолуддини Балхӣ ҳамсон аст, зеро аз масалҳо ва намодҳои офаридаи орифи ҷаҳонбин ин андеша бармеояд, ки «мешавад мусалмон буд, вале ба ақоиди дигарон низ эҳтиром гузошт.»

  Барои Мавлоно равшан аст, ки бадкирдориҳоро наметавон комилан аз рӯи олам решакан кард, аммо орифи бузург бар он аст, ки бо некандешӣ ва дурнигарӣ метавон сарчашмаи онро дар дили худ хушк кард. Барои расидан ба ин ҳадаф инсон ниёз ба хирад (ақл) дорад. Шоистаи гуфтан аст, ки бузургони адабиёти мо ба мавзӯи хирад сатрҳои бешумор бахшидаанд ва Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» и ҷовидони худро аз ситоиши хирад ва ҷойгоҳи он дар кирдору рафтору гуфтори одамон оғоз кардааст, ки барои тақвияти навишторамон баҷост байтеро бозоварем:

  Хирад раҳнамою хирад дилкушой,

  Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

  Ва Мавлоно ҳамоқати шахси маҳруми ақлу хирадро, бо суханони дурушт баён намудааст:

  Ақл мегуфташ ҳамоқат бо ту аст,

  Бо ҳамоқат аҳдро ояд шикаст.

  Ақлро бошад вафои ақлҳо,

  Ту надорӣ ақл, рав, эй харбаҳо.

   Ақлро ёд ояд аз паймони х(в)ад,

  Пардаи насён бидарронад хирад.

  Чунки ақлат нест, нисён мири туст,

   Душману ботилкуни тадбири туст.

   Ҳамчунон дар қиссаи Мусо ва Фиръавн омадааст: 

  Ақл зидди шаҳват аст, эй паҳлавон,

  Он ки шаҳват метанад, ақлаш махон.

  Ончуноне ба нигар мерасад манбаи дигари файзи маънавӣ, ки дар хирад (ақл) сарчашма дорад, Сабр мебошад ва баъзе орифони роҳи тасаввуф онро яке аз марҳилаҳои сайри солик донистаанд.

  Соҳиби «Маснавии Маънавӣ» барои бозгӯ намудани ҷойгоҳи Сабр дар роҳпаймоӣ то ба манзили Умед, аз ҳикмати гӯё кор гирифтааст, ки он Сабрро калиди кушодани душвориҳо шуморидан мебошад:

  Гар ту кӯрӣ нест бар аъмо ҳараҷ,

  В - арна рав, «к - ас - сабру мифтоҳу - л - фараҷ».

  Пардаҳои дидаро доруи сабр,

  Ҳам бисӯзад, ҳам бисозад шарҳи садр.

   Таъкидҳои пай дар пайи, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ он аст, ки инсон баста ба лаззатҳои зудгузари шаҳвонӣ мебошад, ки обишхӯри нашинохтани хештани хеш аст. Ин ки инсонҳо зиндагиро ба гирифториҳо дар айшу нӯш, кибру такаббур, бухлу хашм, супоридани тан ба машруботу маводи мухаддир, ғуломи сарватандӯзӣ ва дигар танпарастиҳо мебахшанд, гувоҳи нотавон буданашон дар назди Аҳримани нафс мебошад. Хирад ҷузъи аҳуроии одам аст, ки ҳамсони нур (рӯшноӣ) буда, дархӯри раҳнамоии роҳи Биҳишт аст. Хирад аз роҳи шинохти Худо ва некандешиву накӯкорӣ ба сиришти инсонҳо дармеомезад.

   Бад - ин тартиб андешапешагон дар дарозои ҳазорсолаҳо худро дар жарфнои сукут афканда, иллатҳои ошуфтагиҳо ва нокомиҳои мардумонро ҷустуҷӯ кардаанд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҳамон замонаҳои дур ба дингароии норост, ба шаҳвату бухлу ҳарисӣ,  ба кибру такаббур, ба ғорати сарватҳои табиӣ ва ба дигар зодагони шуми нафси беадаб ангушти ишора боло бардошта, фарёд мезанад:

  Ҷумла Қуръон шарҳи хубси нафсҳост,

  Бингар андар мусҳаф, он чашмат куҷост?

  Зикри нафси одиён, к - олат биёфт,

  Дар қитоли анбиё мӯ мешикофт.

  Қарн - қарн аз шуми нафси беадаб,

  Ногаҳон андар ҷаҳон мезад лаҳаб.

  Ҳикматҳои офаридаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, дар замони мо ҷойгоҳи худро пурра нигаҳ доштаанд ва бисёре аз онҳо дар замони модигароии саросарӣ, худпарастии ғарбӣ ва исломи толибониву наҳзатӣ, шиъигароиву суннигароӣ, мояи бознигарӣ ва бозандешии мардумон мебошанд.

  Гаҳе имрӯзиён мепиндоранд, ки садсолаи XXI илму фанро ба пояи ниҳоят баланде бардоштааст ва ақлҳои гузаштагонро нашояд бо дарёфтҳои техникии навин муқоиса кард. Аммо чун ба чархишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ чашми басират мекушоем, мулоҳиза мекунем, ки нобиғагон на танҳо саргузашти пешиниёни дурро омӯхта, бо рафторҳои  ҳамзамонони худ муқоиса кардаанд, балки бо таҳлилҳои мӯбинонаи хеш, оянданигариҳои ҷолиби худро барои андешидану натиҷагирӣ кардан, пеши дидори имрӯзиҳо гузоштаанд. Бад - он сон ки Мавлоно сиришти бадгуҳарони замони худро омӯхта, ҳушдор додааст, ки нашояд ба онҳо илму фан омӯзонд, зеро паёмади ин некӣ теғ ба дасти бехирадон додан аст:

  Бадгуҳарро илму фан омӯхтан,

  Додани теғе ба дасти роҳзан.

  Теғ додан дар кафи зангии маст,

  Беҳ ки ояд илм нокасро ба даст.

  Илму молу мансабу ҷоҳу қирон,

  Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.

   Магар ин гуфтаҳои паямбаронаи Мавлоно ҳушдор аз боззоии фошизми ҳитлерӣ, кунишҳои ваҳшиёнаи бомбафканӣ бар сари мардумони Хиросима ва Нагасаки, кушторҳое, ки имрӯзҳо дар Ироқ, Сурия, Афғонистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон сурат мегирад, нест?! Ишора ба он нест, ки бо омӯхтани бомбафкании бадгуҳарон, ҳар рӯз аз таркишҳо тифлон ва занону солхӯрдагони бегуноҳ кушта мешаванд?!

   Магар ин ишораҳо ба сӯйи одамоне нест, ки дар банди ҳирси сарватандӯзӣ, ба ришватхорӣ, дуздии моли давлат даст бурда, аз болои боми чандошёнаи худ бо як такаббурӣ ба дигарон менигаранд?

  Магар ангушти ишораи Мавлоно ба сӯйи касоне нест, ки мекӯшанд то аз китобҳои муқаддаси динӣ, бо ёрии муллоёни динфурӯш фатвоҳое пайдо кунанд, то ки чизпарастиву баднафсии худро бипӯшонанд?! Ҳамон нест, ки силоҳ, молу сарват ба дасти бадгавҳарон афтодааст?!  

  Имрӯз истеъмоли ноҷо ва ваҳшиёнаи обу хоку замину ҳаво, олудасозӣ ва беэҳтиромӣ ба ин чор унсури ҳастибахш, нобихрадона сарф кардани сарватҳои ба подош додаи Худо, хатари нобудии гаҳвораи инсоният - Заминро ба миён овардааст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мисле, ки аз забони илми навини экология бархурдор бошад, таъкид мекунад, ки «эй, бародар, ақл бо худ дошта бош, ки ҳама офаридаи худовандро барои баровардани нафси худ марги сиёҳ медиҳӣ, аммо бидон, ки ту маҳву қурбони нафси худ хоҳӣ шуд»:

  Аз адамҳо сӯйи ҳастӣ ҳар замон,

   Ҳаст, ё раб, корвон дар корвон,

  Хоса ҳар шаб ҷумла афкору уқул,

  Нест гарданд, ғарқ дар баҳри нуғӯл,

  Дар хазон он садҳазорон шоху барг,

  Аз ҳазимат рафта дар дарёи барг.

   Зоғ пӯшида сияҳ чун навҳагар,

   Дар гулистон навҳа карда бар ҳузар.

  Боз фармон ояд аз солори деҳ,

  Мар адамро он чӣ хурдӣ, боздеҳ.

  Он чӣ хурдӣ додаӣ марги сиёҳ,

  Аз наботу доруву баргу гиёҳ.

  Эй, бародар, ақл як дам бо худ ор,

  Дам ба дам дар ту хазон асту баҳор.

  Охирсухан

  Ба гумони мо агар инсон аҳли тасаввуф ҳам набошад, вале ба истилоҳ шаҳрҳои ишқро паймуда некиву накӯкориро пешаи худ дониста бошад, дили касеро наранҷонда, умре душмани худбузургбиниву мутакаббирӣ, нафсу танпарвариву ҳарисӣ (ба истилоҳи арабӣ ҳирсу валаъу кибру ҳасодат) бошад ва дарбиравад, ки ишқ ба Худо ин ишқ ба офаридаҳои ӯ мебошад, зеро гиёҳон низ ишқ доранду дарахтон, оҳувону булбулон, пас ӯ метавонад бо хушнудӣ ба водии фано расад. Агар инсон умри худофармударо чун фариштагон бо некӣ сипарӣ намуда бошад, бо ин дунё ба осонӣ падруд хоҳад гуфт.

  Бад - ин тартиб роҳи ирфон ҳамон роҳест, ки шашҳазорсолагони мо дар ойини худ бо ин ҳикмати сегона бозгӯ намуда буданд: маниши нек, гӯиши нек, куниши нек, яъне Пиндори нек, Кирдори нек, Гуфтори нек.

  Адабиёти истифодашуда

  1. Эмомалӣ Раҳмон, «Тоҷикон дар  оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар остони фардо» Душанбе с.1997

  2. Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, Маснавии Маънавӣ, Теҳрон  Нашри Замон, с. 2001

 3. Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, Маснавии Маънавӣ, аз рӯйи нусхаи табъи солҳои 1925 - 1933, Теҳрон, Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1379 (2000)

  4. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳнома», Душанбе«Адиб»1987 ҷ.I Ҳаким Саноӣ (бо сарсухани Кароматулло Олимов), Душанбе «Адиб», 1993

  5. Ҷалолуддини Балхӣ, Девони Кабир, Душанбе «Адиб», с.1993, ҷ.I,II Устод Саид Нафисӣ, Сарчашммаи тасаввуф дар Эрон, Теҳрон, 2009)

  6. Сарсухан ба Девони баргузидаи Неъматуллоҳи Валӣ «Тасаввуфи  Эрон аз назари фалсафӣ», Теҳрон Ҳақиқат, 1383 (2004)

  7. Салими Хатлони, Проблемы поэтических образов в творчестве  Джалолуддина Руми (Автореферат на соискание учённой степени  доктора филологических наук.), Душанбе, 2009

   8. Девони Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, бо муқаддимаи устод Саид Нафисӣ

   9. Одилов Н. Мировоззрение Джалолиддина Руми. Душанбе, 1979,  с. 75

   10. دیوان: شاه نعمت‌الله ولی، با مقدمهٔ سعید نفیسی، مؤسسهٔ انتشارات نگاه، ۱۳۷۴ خورشیدی

   11. Аҳмади Касравӣ, Сӯфигарӣ, аз интишороти бунгоҳи матбуотии Гютенберг, 1339 (1960)

   12. Муртазо Муттаҳарӣ, Хадамоти мутақобили Ислом ва Эрон, Душанбе «Пайванд», 2007

   13. Комил Бекзода, Шуубия: диссиденты средневекового ислама, Душанбе, 2017

   14. Ширин Биноӣ, Ишқ аз дидгоҳи Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ

   15. Фиш Радий, Джалалиддин Руми, (из серии Жизнь  замечательных людей),    Москва, 1972

   16. М. Горький, Литературные портреты, Минск, 1986

   17. Абдулҳусейни  Зарринкӯб, «Ҷустуҷӯ дар тасаввуфи Эрон», Душанбе «Ирфон», 1992

  18. Олимов Кароматулло, Хорасанский суфизм: Опыт историко - философского исследования. – Ташкент, 1994

  19. Иқболшиносӣ (маҷмӯаи мақолаҳо), мураттиб Алии Муҳаммадии  Хуросонӣ, Душанбе «Дониш», 2016

   20. Доктор Қосим Ғани. Таърихи тасаввуф. Теҳрон, 1940, с. 484, Махмаджонова М Т., Этические взгляды Джалолуддина Руми,  (Шабакаи интернетӣ - cheloveknauka.com)

   21. Саидолимов, Комилджон Саидмирзоевич, Образ человека в  рассказах и притчах "Маснавии маънави" Джалолиддина Руми  (Автореферат на соискание учённой степени кандидата филолгических наук) (Шабакаи интернетӣ - cheloveknauka.com), 2003

   22. Зиёев Х.М. Перомуни  баъзе сабабҳои шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо  кардани Мавлоно Ҷалолуддини Рӯмӣ, (Аз шабакаи интернетӣ: https://elibrary.ru/item.asp)

   23. Ҳафиз Бобоёров, Методологияи «Бехатарии вуҷудӣ»: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб, Душанбе «Дониш», 2015

  24. Ҳамидризо Касихон, Хостгоҳи симбулисм, маҷаллаи «Кайҳони фарҳангӣ», 1382 (2003), № 204, с. 56 – 61

  25. Худо ва илм, дар гуфтугӯ бо Жан Гитон, маҷаллаи «Кайҳони  фарҳангӣ», 1378 (1999), № 127, с. 42- 48

  Вожаҳои калидӣ: нафс, пайғамбар, ваҳдати вуҷуд, ориф, тасаввуф, кибр, хашм, ақл, шаҳват, хирад, сабр, тариқат, маърифат, ишқ, мазҳаб, дин, шайх, сӯфӣ, пажӯҳишгар, солус, бадгавҳар, шиъӣ, суннӣ, инсон, мардум, худшиносӣ, худошиносӣ.

 Зафар Мирзоён,

мушовири ректори

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

(профессори фахрии ДДК)

БОЗГАШТ