АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Меркел барои мулоқот бо Макрон ба Марсел меравад

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи ҷумъа бо Президенти Фаронса Эммануел Макрон мулоқот хоҳад кард. Мавзӯи мулоқот сиёсати Аврупо нисбати муҳоҷирон ё фирориён.

Сухангӯи ҳукумати Олмон Штеффан Зайберт эълон намуд, ки Садри аъзам Ангела Меркел бо Президенти фаронса Эммануел Макрон мулоқот мекунад. Мақсад вохурии муфассал бо Макрон ва тими ӯст, вале аз ҷониби Зайберт ягон мавзӯъ ба таври мушаххас номбар нашудааст. Эҳтимол дар ин мулоқот сиёсат нисбати фирориён дар Иттиҳоди Аврупо нақши муҳим хощад бозид.

 Чанд моҳ қабл Макрон ислоҳотро (реформа) ба ИА пешниҳод кард, вале Меркел аз оғоз ин корро қабул накард. Ӯ танҳо якчанд нуктаҳоро дастгирӣ ва қабул намуд.

Чуноне маълум аст, Презтиденти Фаронса Эммануел Макрон 26-уми сентябри соли 2017 оид ба Иттиҳоди Аврупо, ки дар саҳни амфетеатри Донишогоҳи Сорбони шаҳри Париж баргузор гардид суханронӣ намуд. Зимни суханронии хеш сарвари давлати Фаронса чандин масъалаҳои мубрами рeз ва масоили  вобаста  ба Иттиҳоди Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар раванди суханрониаш e қайд намуд, ки «Аврупое, ки мо медонем хело заиф, ва хело бетаъсир аст, аммо  Аврупо метавонад танҳо ба мо имконият диҳад, ки дар раванди мушкилоти ҷаҳони имруза бетараф набошем».

Ҷои дигар муҳтавои суханронии Макронро чунин масъалаҳо ташкиш медоданд:

«Муҳофизат ва амнияти миллӣ» - Ин масъала пеш аз ҳама мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Президент Макрон изҳор дошт, ки барои пешгирии зуҳурои номатлуби аср ба монанди терроризм ва экстремизм махсус қувваҳои мусаллаҳ ташкил дода шаванд ва пешниҳод кард, ки барои муҳофизати амнияти фазои шаҳрвандӣ аз ҳодисоти табиӣ ниҳоди муштарак ташкил карда шавад.

«Муҳоҷират»- «Буҳрони муҳоҷиршавӣ ниҳоят раванди шадид аст» – изҳор дошт Президент. Дар ин самт бояд дар Аврупо идорае боз шавад, ки дар якҷоягӣ бо полис ин равандро танзим намояд.

«Вазъияти экологӣ» - Ин самтро Эммануел Макрон барои Аврупо аввалиндараҷа арзёбӣ карда, кайд намуд, ки бигзор барои паҳн намудани гази карбон ба фазо  то 25 -30 евро барои як тон ҷарима карда шавад. Ҷои дигар таъкид дошт, ки кишварҳои ҳамҷавор барои вайрон кардани фазои экологӣ тавассути корхонаҳои саноатияшон ба Аврупо андоз муайян намоянд.

Пешниҳоди дигар он буд, ки тавассути иттиҳодияи муштарак амнияти озуқаворӣ барои аврупоиҳо пурра ба роҳ монда шавад.

«Иқтисодиёт» - Ин қисмати муҳим дар суханронии сарвари кишвари Фаронса ҳисоб меёфт ва дар қатори дигар пешниҳодҳо Макрон таъкид дошт, ки сатҳи истифодаи евро густариш дода шавад. Ҳамзамон  изҳор намуд, ки ҳама ниҳодҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт фаъолият намоянд. Маоши ҳадди ақал ба ҳақиқати сатҳи иқтисодиёти ҳар кишвар мувофиқ карда шавад.

«Таҳсилот» - Ин қисматро Президент Макрон муҳим баррасӣ намуда, зикр дошт, ки  ҳар як донишҷӯи Аврупо ба муддати шаш моҳ дар дигар кишварҳои Иттиҳод таҳсил намояд ва ҳадди ақал  бояд ду забони хориҷиро донад. Ҳамзамон, ӯ таъкид дошт, ки раванди таҳсил дар хориҷ низ васеъ роҳандозӣ карда шавад.

 Ҳамчунин, рӯзи шанбе Ангела Меркел сафари худро ба Македония   идома дода, дар он ҷо бо сарвазир Зеран Заев мулоқот хоҳад кард. Бино бар иттилои Зайберт, мавзӯи мулоқот авзои минтақа хусусан дар Балкан ва муносибатҳои дуҷонибаро миёни ду кишвар фаро хощад гирифт.

Кайхусрави Субҳонзод

 

БОЗГАШТ