АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мероси мансури Мавлоно ва аҳамияти он дар рушди илму фарҳанги тоҷик

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ - «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» дар Душанбе, дар рӯзҳои 6-7 сентябри соли 2007 бахшида ба 800-умин солгарди мавлуди донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ (1207-1273) буданд, барҳақ зикр кардаанд: «Дар ҷараёни омодагӣ ба ин ҷашни бузург осори ҷовидонаи Мавлоно – «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» ва «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ба табъ расида, намунаҳои гуногуни чакидаҳои хомаи ин мутафаккири амиқназар дар шаклҳои мухталиф – мунтахабот, қитъаот, тарҷумаҳо ва ғайра дастраси доираи васеи хонандагон гардиданд. Ҳадафи аслии мо аз иҷрои ҳамаи ин чорабиниҳо шинохти амиқ ва беҳтари ганҷинаи афкор ва корномаи инсонгароии Мавлавии Кабир, истифодаи оқилона ва босамари он дар тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллат ва рушду камоли маънавияти ҳар фарди Ватан буд ва ин кор минбаъд низ идома хоҳад ёфт[1]».

   Барои расидан ба ҳадафи зикршуда бошад, нашри осори мансури ин мутафаккир ба таври мукаммал айни муддао хоҳад буд. Хушбахтона, дар солҳои охир дар нашри осори мансури Мавлоно низ, ки на танҳо дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти муаллиф, балки дар таҳқиқи  рушди илму фарҳанги тоҷик аҳаммияти хосса доранд, қадамҳои устуворе гузошта шуданд.

   Чунонки маълум аст, ба қалами Мавлоно се асари мансур муталлиқ аст: «Маҷолиси сабъа», “Мактубот” ва “Фиҳӣ мо фиҳӣ”. Асари аввалӣ - «Маҷолиси сабъа», ки барои хонандагони тоҷик дар шакли баргардон аз хатти форсӣ бо хатти кириллиасос дар соли 2012 пешниҳод гардидааст, фарогири ҳафт хутба, хитоба ё маҷлиси вазъи Мавлоно аст. Ҳар маҷлиси китоб бо хутба бо забони арабӣ дар насри мусаҷҷаъ оғоз шуда, баъди он муноҷот ё навъе аз дуо бо забони тоҷикии форсӣ бо насри мусаҷҷаъ меояд. Анҷоми маҷлисҳо ҳамду ситоиши Худованд, паямбар ва олу асҳоби ӯст.

   Муҳтавои хутбаҳои ҳар яке аз ҳафт маҷлиси Мавлоно тахминан чунин тартиб дорад: муаллиф дар ибтидо оёти қуръонӣ ё ҳадиси набавӣ оварда, баъдан онро бо овардани ҳикоятҳо, қиссаҳо, пораҳои шеър ё худ бо истинод ба оётҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавии дигар шарҳ медиҳад. Аз ҷиҳати муҳтаво «Маҷолиси сабъа», ба эътиқоди муҳаққиқи туркӣ Абдулбоқӣ Гулпинорлӣ, пеш аз ҳама аз он соҳиби аҳамияти бузург аст, ки аз мавзӯъҳои раҳоӣ аз фасоду гуноҳ, нишон додани қудрати имони инсон, худро фидои раҳоии дигарон кардан, арзишмандии илм, дурӣ аз ғафлат ва аҳамияти ақл барои инсон иборат аст[2]. Муҳаққиқи эронӣ доктор Тавфиқ Ҳ. Субҳонӣ бошад, аҳамияти «Маҷолиси сабъа»-ро пеш аз ҳама дар он мебинад, ки ин китоб калиди фаҳмиши «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва такмили  асари мансури ӯ «Фиҳӣ мо фиҳӣ» буда, забони содаву шево дорад ва намунаи комиле аз насри даврони Мавлоност[3].

  «Маҷолиси сабъа» чунин як асари Мавлоност, ки моро бо ҳаёт ва ҷаҳонбинии ин нобиғаи Шарқ то бархӯрд бо Шамси Табрезӣ шинос менамояд. Чунонки маълум аст маҳз баъди ҳамин вохӯрӣ Мавлоно аз минбари ваъзу воизӣ фуруд омад ва ба курсии шеъру шоирӣ ва ирфон нишаст. Ва дар ҳақиқат ҳам, дар ин даврон Мавлоно, ки бо суханони худ зоҳиди саҷҷоданишин буд, ибтидо аз вафоти падараш Баҳоуддини Валад дар соли 1231 то вохӯрӣ бо Шамс дар соли 1243, яъне ба муддати тахминан 12 сол муфтии шариат буда, фатвову тазкир медод, аз минбарҳо ваъз мегуфт ва маҷлисҳои хутбаву мавзиагӯӣ таъсис мекард. «Маҷолиси сабъа» бозгӯи махсусиятҳои маҳз ҳамин даврони фаъолияти Мавлоност.

   Барои муайян сохтани асосҳои ҷаҳонбинии Мавлоно, ки дар саҳифаҳои «Маҷолиси сабъа» инъикос гардидааст, мехостем таъкид созем, ки дар маърифати Ҳастии мутлақ Мавлоно ба пуррагӣ ба роҳҳои ҳадсӣ ва ирфонии дарёфти Ҳақиқат такя мекунад ва таълимоти ӯ дар ин самт комилан дар чаҳорчӯби фавқулақлоният, ирратсионализм ё худ ирфони шарқӣ, тасаввуфи хуросонӣ қарор дорад. Вале ногуфта намонад, ки ин навъи ҷаҳонбинӣ, ки барои Мавлоно баъди вохӯрӣ бо Шамс хос гардид, баъзе решаҳо дар фаъолияти ӯ то ин вохӯрӣ низ дорад. Мисоли ин баъзе гуфтаҳои мутафаккир аз «Маҷолиси сабъа» метавонад бошанд, ки дар поин як намунае аз онҳо оварда шудааст: «Аз сурати даъво дар ҳақиқат маънӣ овехтанд  ва ин тоифа соликони тариқат ва толибони айн-ул-ҳақтаъоло ва тақдис, ки дар анворуллоҳ афтодаанд. Гоҳе ҳаст аз ҷамоли аҳадият шуданд ва гоҳе нести камоли самадият гаштанд. Дар нести ҳастӣ ва дар ҳасти нестии лутфу қаҳр бимонданд[4]».

    Ин мисоли боло оҳангҳои сӯфиёна дорад. Вале дар ҳар сурат гуфтан мумкин аст, ки дар «Маҷолиси сабъа» шахсияти Мавлоно бештар ҳамчун воизи минбар ва муфтии ислом зуҳур мекунад, ки аз масъалаҳои ирфонӣ дида, ба масъалаҳои динӣ ва ахлоқӣ таваҷҷуҳи бештаре дорад. Барои исботи ин таҳлили муҳтавои ҳафт хутбае, ки дар ин асар омадаанд, далелу  бурҳони қотеъ буда метавонад.

   Масъалаҳои ахлоқие, ки Мавлоно дар «Маҷолиси сабъа»  бардошта ва ҳаллу фасл намудааст, то кунун аҳамияти амалии хешро гум накардаанд. Аз ҷумла, ҳирсу молу пул дар ин асар мавриди танқиди шадиди мутафаккир қарор гирифтааст: «Зару мол ҷодуи чашмбанд аст ва гӯшбанд аст. Қозиву ҳокиме, ки мӯй дар мӯй мебинад ба илму ҳунар, чун тамаи молу ришват кунад, чашми ӯ бибандад ва ба рӯзи равшан золимро аз мазлум нашиносад[5]».

   Ситоиши ақл ва илму амал низ дар сафҳаҳои «Маҷолиси сабъа»  мавқеи назаррас дорад. Чун олиму донишманд ва фақеҳи исломӣ Мавлоно иброз медорад, ки «боди илм ва оби илм аз баҳри ниҳоли ниҳоди одамӣ фиристодаанд… Агар синаи ғам дорӣ, насими илму ҳикмат дарахтвор бикаш. Агар ҷигари бирён дорӣ, аз оби ҳаёти амал ташнавор бичаш[6]».

   Барои мутафаккир илму маърифате фоидаовар маҳсуб аст, ки аз гуфтани беҳуда ва суханпардозиҳои бемаънӣ дур бошад.    Дар ин ҷода як рубоии Мавлоно, ки ташбеҳҳо дар бораи моҳӣ дорад, хеле ҷолиб аст:

   Гар дар  сару чашм ақл дорию  басар,

    Бифрӯш забонрову сар аз теғ бихар.

   Моҳӣ  тамаъ аз забони гӯйё бибрид,

   З-он менабуранд аз тани  моҳӣ сар[7].

    Ҳунаромӯзӣ низ яке аз мафҳумҳои калидист, ки дар ваъзҳои Мавлоно ҷойгоҳи баланде дорад. Ин маъниро ӯ чунон шарҳ додааст, ки ба фаҳмиши илми муосири фарҳангу адабиётшиносӣ хеле қаробат дорад. Аксари муҳаққиқони ин соҳаҳо чунин меҳисобиданд, ки ҳунару ҳунармандӣ бо эътирофу шарафёбӣ тавъаманд ва ҳар ҷо, ки истеъдоде бошад, шараф меҷӯяд. Дар суханони Мавлоно ин ду мафҳум - «истеъдод ва шараф» ба таври маҷозӣ - бо калимоти «ҳунар» ва «дӯкон» ифода ёфтаанд: «Мо чунин хосият ниҳодаем дар ҳар соҳибҳунаре ва ҳар пешаваре,  ҳар устоди коре   аз заргаре  ва ҷавҳаре  ва симиёгаре  ва кимиёгаре ва пешаварон ва олимон ва муҳаққиқон,  ки ҳамвора дар ҷӯш бошанд ва  ҳунари худ ошкоро  кунанд. Он ҷӯш мо ниҳодаем ва он талаб мо ниҳодаем, ки эшон беқарор шудаанд, ҳамчун он духтарони навболиғ дар хонаҳо чодар ва ҷамол меороянд, дар оина  менигаранд ва мехоҳанд  парда  бидарронад ва ҷамол ба хосу ом  бинамоянд ва аз миёни ҷон мегӯянд:

   Моро ба дами пир нигаҳ натвон дошт,

   Дар олами дилгир нигаҳ натвон дошт.

   В-онро, ки сари зулф чу занҷир бувад

   Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.

   Пас тақозои ҳамаи хубон ва ҳунармандон, ки меҷӯшанд бар худ, то ҷамол ва камоли худ бинамоянд, дӯконе металабанд, то бар он дӯкон ҳунари худ  пайдо кунанд[8]».

  Чунонки маълум аст, маъниҳои бикр оид ба рафоқату дӯстӣ, иттиҳоду ваҳдати ёрон дар ғазалиёти Мавлоно зиёд ба чашм мерасанд ва то имрӯз дар шакли шеър ё таронаҳои хушоҳанг аз забони мардум садо медиҳанд. Перомуни ёрию дӯстӣ дар «Маҷолиси сабъа» низ андешаҳои баланди мутафаккир инъикос ёфтаанд. Вале ӯ инсонҳоро ба он даъват мекунад, ки дар рафоқату дӯстӣ аз ёрони бад канораҷӯӣ намоянд, зеро «ёрони бад гӯянд туро, ту они моӣ, мо они туем, дар марг ва зиндагонӣ мефармояд, ки ба он ғарра машавед, ки эшон мехоҳанд, то  шуморо бад-ин дамдама ҳамчун худ фосид кунанд ва дар фасод кашанд. Чун шуморо олуда кунанд, на ёри шумо монанд ва на дӯсти шумо, аз шумо безор шаванд[9]”.

   Барои Мавлоно, ки бо аҳли футувват ошноии бевосита дошт, ахлоқи ҳамидае чун ҷавонмардию саховатпешагӣ низ мақоми арзанда доранд. Ҳамзамон ӯ ин мафҳумҳоро бо дур будан аз зоҳирпарастӣ ва худнишондиҳӣ ташвиқу тарғиб мекунад:

   Бо ҳиммати боз бошу бо кибри паланг,

   Зебо ба гаҳи шикору пирӯз ба ҷанг.

   Кам кун бар андалебу товус диранг,

   К-ин ҷо ҳама ҷо овосту он ҷо ҳама ранг[10].

   Чунонки маълум аст, таълимоти Мавлоно бо ҳалли мушкилоти инсон ва инсонпарварии худ дар байни мактабҳои дигари фалсафа ва тасаввуф мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Инсон дар осори ӯ ба ҳайси маркази доираи фалак қарор дорад ва ҳалли ин ё он масъалаи фалсафӣ мутафаккирро ҳатман ба андеша дар бораи инсон меоварад. Инсон ва инсондӯстӣ, ки дар саҳифаҳои «Маҷолиси сабъа» омадааст, ин ҷанбаи таълимоти Мавлоноро барои мо боз ҳам равшантар мегардонад.

    Дар ин самт Мавлоно инсонро ба мормоҳӣ монанд мекунад. Боду хок, аз назари ӯ, ғизои мори нафси аммора аст. Хокро мутафаккир ба ҳама чарбу ширинии дунё тамсил медиҳад. Бод бошад, ба андешаи ӯ «ҷоҳи амирӣ ва хоҷагӣ, ки одамӣ ҳамин, ки аз нон сер шуд, аз гуруснагӣ дасти орзуи боди хоҷагӣ дар сар мекунад, ки асли мо чунин будааст ва мо чунин муҳтарам будаем. Мансаб талаб  мекунад он  нафси морпора, чун ин хоку бод фаровон ёфт, аждаҳое мешавад ҳамчун Фиръавн[11]».

   Дар мисоли «Маҷолиси саъба» як хусусияти дигари эҷодиёти Мавлоноро, ки иборат аз истифодаи қиссаву ҳикояҳо аст, метавон таҳлил намуд. Чунонки маълум аст, дар «Маснавӣ»-и мутафаккир қиссаҳои гуногун бо таҳлилоти илмӣ аз аввал то охир дар омезишанд. Мутафаккир қиссае, воқеаи муқаррарие ё худ латифае оварда, баъди он андешаҳои назариявии худро дар мушкилтарин масоили тасаввуфу ирфон ва амсоли он баён мекунад. Ба ибораи дигар, камтарин таҷрибаи инсонӣ ҳам барои Мавлоно воситаи таълим аст. Ногуфта намонад, ки ин услуб, ки дар осори Абдуллоҳи Ансорӣ, Саноӣ ва дигарон решаҳо дорад, дар «Маориф»-и падари Мавлоно - Баҳоуддини Валад низ ба хубӣ корбаст гардида буд ва минбаъд онро писараш Султонвалад ҳам ба таври худ истифода кардааст.

   Дар ин самт дар «Маҷолиси саъба» қиссаҳои хеле зиёд метавонад мавриди таваҷҷуҳ бошад. Аз ҷумла, дар маҷлиси аввал Мавлоно қиссаи ҷонсӯзи кушта шудани Ҳамза ва тавбахоҳии қотили ӯ Ваҳширо вобаста ба шарҳи манфиати тавба дар ислом ва қиссаи ибратомӯзи роҳиб Барсисоро, ки дар роҳи ишқ ба ҷавондухтари зебо тӯъмаи нафс гардид, барои тафсири  раҳоӣ аз нафс ва пайвастан ба ақл мисол меорад. Ҳамчунин, дар маҷлисҳои минбаъдаи ин асар қиссаҳо дар бораи қассоб ва лошахӯр, рӯбоҳ ва табл, Сулаймон, Билқис ва пайки ҳудҳуд, Ҳорисаи муъмина, хурмофурӯшу зани зебо, Озими ҳайратзада, тавбаи Саълаба аз гуноҳ, тақводории Ҳабиби Аҷамӣ чун ризқрасони ӯ, гови бемори «ҷӯъулбақар», шинохти насли оҳу ва гург ва амсоли он хеле аз ҷиҳати ахлоқӣ ибратомӯзанд.

    «Маҷолиси саъба»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ на танҳо аз ҷиҳати мундариҷа фарогири мавзӯъҳои муҳимми динӣ, фиқҳӣ ва фалсафию ирфонӣ аст, балки аз рӯи хусусиятҳои бадеию забонӣ низ метавонад маводи хубе барои таҳқиқоти олимони соҳаҳои адабиёту забоншиносӣ бошад. Вале ин ҷо мехостем, ки вобаста ба забону бадеиёти ин асар ва ҳамчунин масъалагузорӣ дар ваъзҳои он баъзе нуктаҳоро барои ходимони динии кишвари муосири мо хотиррасон шавем. Қаблан мехостем зикр намоем, ки Пешвои муаззами миллат дар мулоқоти худ бо намояндагони аҳли ҷоеаи мамлакат дар соли 2013 дар ин хусус таъкид дошта буданд: «…ходимони дин ва шахсиятҳои рӯҳонӣ дар ҳар як сӯҳбату амри маъруфи худ бояд ҷавононро дар баробари риояи ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ ба омӯхтани илму дониш, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ … даъват намоянд. Ин аз воҷиботи динӣ ва қарзи инсонии онҳост[12]».

   Вобаста ба ин мавриди зикри хос аст, ки Мавлоно дар ваъзҳои худ ба интихоби оятҳо ва ҳадисҳои паямбар аҳамияти махсус медиҳад ва танҳо ба масъалаҳои ҷовидонӣ рӯ оварда, аз ҷузъиёти беҳуда канораҷуӣ менамояд. Ин кори ӯ барои воизони муосири мо, ки баъзе аз онҳо хурдагириҳои ноҷо мекунанд, ба масъалаҳои ҷузъие, ки ба ҳаёти рӯзмарраи дунявӣ алоқаманд буда, берун аз рисолати дину мазҳабанд, рӯй оварда, исломи поки нобро ба самти нопокизагиҳо мекашанд,  хеле ибратомӯз аст.

   Забони ваъзҳои Мавлоно ва масъалагузории ӯ тавъаманд, яъне ҳам ин баланд аст ва ҳам он олӣ. Барои мисол аз муқаддимаи ваъзҳои мутафаккир, муноҷоти ӯ ва дуоҳояш чанд намуна меоварем, ки шояд барои ходимони дин ва шахсиятҳои рӯҳонии мо, ки баъзан қабеҳгӯиҳо мекунанд, дар иҷрои боназокати рисолати онҳо дар самти тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеаи Тоҷикистон кӯмаке кунанд.

   Дар муқаддимаи ваъзҳояш Мавлоно бо забони арабӣ, бо насри мусаҷҷаъ, яъне бо истифода аз ҷумлаҳои мансури қофиядор ва бо услуби илмӣ ситоиши Холиқ, паямбар ва асҳоби ӯро мекунад: «Сипос бар он Худое, ки ҷаҳони ҳастиро биофарид. Тадбиркунанда ва офаринандаи мавҷудот аст. Худое, ки рӯзи растохез офаридаҳоро ба саҳрои маҳшар биоварад ва ҷони дубора бахшад. Худое, ки фалаки гирандаро дар уқёнуси сабзи осмону киштиро бар сафҳаи бекарони дарёҳо ба ҳаракат даровард, тӯдаи абрҳоро бар гӯшаи фазо падидор сохт[13]».

   Муноҷот дар ваъзҳои Мавлоно, ки бо забони шевои тоҷикӣ ва ҳамчунон бо насри мусаҷҷаъ гуфта ё дақиқтараш суруда шудаанд, бо истифода аз бадеиёти комил ва калимоту мафҳумҳои орифона таваҷҷуҳи шунавандаро бедор сохта, ӯро бехаёл ба олами маърифату муқаддасоти ҷовидона мебаранд: «Малико ва подшоҳо! Оташҳои ҳирси моро ба оби раҳмати хеш биншон. Ҷони муштоқонро шароби ваҳдат бичашон. Замири дили моро ба анвори маърифат ва асрори ваҳдат мунаввару равшан дор… Моро аз душманкомии ҳар ду ҷаҳон нигоҳ дор. Он чӣ душманон мехоҳанд бар мо, аз мо дур дор. Он чӣ дӯстон мехоҳанд ва гумон мебаранд, моро олитару беҳтар гардон. Эй хазонаи лутфи ту бепоён ва эй дарёи бопаҳнои бокарами ту бекарон![14]».

   Дуоҳое, ки дар «Маҷолиси сабъа»-и Мавлоно омадаанд, билкул аз дуои қориёну намозгузорони муқаррарӣ тафовут дошта, маъниҳои рӯзмарраи дуогузоронро ба таври саҳли мумтанеъ ба самъи шунаванда мерасонанд: «Фалаки бозигар ҳамчун шаббозон аз паси чодари хаёлоти исторагон ва лӯъбатони сайёрот бозиҳо берун меорад ва мо чун ҳангома бар гирди он бозӣ мустағарқ шудаем ва шаби умр ба поён мебарем.  Субҳи марг бирасад ва ин ҳангомаи шаббози фалак сард шавад ва мо шаби умр ба бод дода. Ё раб! Пештар аз он, ки субҳи марг бидамад, ин бозиро бар дили мо сард гардон, то ба ҳангом аз ин ҳангома берун  оем ва аз шабравон боз намонем[15]».

   Чанд сухани болоро хулоса карда, метавон бо итминони комил таъкид сохт, ки асари Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ - «Маҷолиси саъба» бо он аҳамияти илмӣ, бадеӣ ва диншиносие, ки дорад, метавонад дар тарбия ва болобарии сатҳи маърифати насли имрӯзу фардои ин миллат саҳми муайяне дошта бошад. Он як роҳнамои хубе барои аҳли илму маориф, муҳаққиқону ходимони дин ва тамоми ҳаводорони каломи мансуру манзуми Мавлоно мебошад.

   Дар асари дигари мансури Мавлоно - «Мактубот» ҳуҷҷатҳои гуногун дар ҳаҷми аз як то ду саҳифагӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Ин ҳуҷҷатҳо асосан номаҳо ва муроҷиатҳои Мавлоно ба ҳокимону ашрофони Қӯния, аҳли оила ва дӯстони ӯ мебошанд.

   Тазаккур бояд дод, ки номаҳои Мавлоноро шогирдон ва фарзандону ёру дӯстони ӯ ҷамъ оварда, дар шакли китоби алоҳидае ҷилд кардаанд. Дастхатҳои ин муҷаллад дар китобхонаҳои Туркия маҳфуз буда, онҳо дар шакли китоби алоҳида дар соли 1356 ҳиҷрии қамарӣ дар Истанбул ба нашр расидаанд. Баргардони номаҳо аз хатти форсии арабӣ ба хатти кирилиасоси тоҷикӣ дар соли 2014 нашр шудааст.

   Қисмати асосии китоби «Мактубот» фарогири 144 мактуб ё номаҳои Мавлоно аст. Ба ин шумора ҳамчунин чанд мактубе дохил мешавад, ки шояд ба худи Мавлоно аз ҷониби касони дигар навишта шудаанд ё нома набуда, мулоҳизоти сабтшудаи муаллифро оид ба ин ё он мавзӯъ дар бар мегиранд, ё дар чанд маврид такрори ҳамдигаранд.

   Номаҳои Мавлоно дар «Мактубот», чунонки дар боло ҳам таъкид ёфт, ба ашхоси мухталиф нигаронида шудаанд. Баъзе шахсиятҳое, ки Мавлоно ба унвонии онҳо ин номаҳоро навиштааст, инҳоянд: фарзандонаш Баҳоуддин ва Алоуддин, Муъинуддин Парвона, вазири давлати Салҷуқиёни Рум дар аҳди Мавлоно, Ноиббек, Малика, Оли Довуд, Сувбошибек, Атобек – аз амирону ҳокимони маҳаллии давлати Салҷуқиёни Рум ва ғайра.

   Мавзӯъҳои муроҷиати Мавлоно дар номаҳояш гуногунанд ва оид ба ин нукта муҳаққиқони эронӣ Юсуф Ҷамшедпур ва Ғуломҳусайн Амин зикр доштаанд: «Ин номаҳо барои ташреҳу тафсири матолиби ирфонӣ ва ғавомизу муаззалоти тасаввуф нест, балки ағлаби онҳо супоришномаҳоест, ки ба хотири муридону ниёзмандон худ ба ашхоси зинуфуз навишта аст, вале камтар номае дида мешавад, ки дар он асаре аз нукоти маърифату латоифи тариқат набошад[16]».

   Ҷолиби зикр аст, ки тавассути омӯзиши амиқи номаҳои Мавлоно метавон маълумоти иловагӣ оид ба ҳаёту фаъолияти мутафаккир, махсусан муносибатҳои ӯ дар оила, бо ёрону дӯстон ва бо ҳокимони давр пайдо кард. Аз ҷумла, маълум мегардад, ки  Мавлоно ба ҷуз хонааш берун аз шаҳр боғе доштааст, яке аз писаронаш ба ӯ мушкилоти оилавӣ эҷод мекардааст ва ғайра. Табиист, ки ин маълумот баррасии алоҳидаро тақозо мекунад.

   Чун аз муҳтавои номаҳои Мавлонои Румӣ сухан меравад, қобили қайд аст, ки дар онҳо ҳам оҳангҳои сӯфиёна, ҳам фақеҳона ва ахлоқию иҷтимоӣ баръало ҳувайдоянд. Аз ҷумла, ӯ ҳокимону амиронро барои ҳалли масъалаҳои ҷомеа давъват мекунад, аз онҳо барои таъмини амнияти мардум сипос мегӯяд: «Алҳамду лил лоҳ,  ки аҳли ислом ба авдаси рикоби маймуну мавкуби ҳумоюни шумо шодмон гаштанду ғубори ошӯбу фитна аз бисоти рӯзгор ба ҷорӯби адлу инсоф барафшонда шуд[17]”.

   Масъалаҳои маърифати тасаввуфӣ, аз қабили худшиносиву Худошиносӣ низ дар номаҳои Мавлоно инъикос гардидаанд. Дар онҳо ашъори баландпояе низ иқтибос оварда шудаанд, ки моли худи муаллифанд ё аз шоирони дигар ба орият гирифта шудаанд. Мавзуъҳои ин ашъор гуногун аст. Аз ҷумла, дар бораи ишқи илоҳӣ ва инсонӣ абёти зерини ӯ ҷолиби таваҷҷуҳанд:

   Устоди ту ишқ аст, ту он ҷо бирасӣ,

   Ӯ худ ба забони ҳол гӯяд, чун кун[18].

  Дар мавзӯъҳои ахлоқӣ, аз ҷумла мардонагиву рафоқат бошад, байти поин аз номаҳои Мавлоно хеле пуртаъсир аст:

  Аз садаф дур талаб, зи оҳу ноф,

  Дил зи мардон талаб, зи нодон лоф[19].

  Дар хусуси саховату саховатмандӣ низ мутафаккир ашхосеро, ки дар номаҳояш ба онҳо муроҷиат мекунад, пайваста таъкид мекунад:

   З-он пеш, ки додаро аҷал бистонад,

   Ҳар дод, ки доданист, мебояд дод[20].

   На танҳо пораҳои манзум, балки насри мусаҷҷаъ низ, ки Мавлоно аз он дар номаҳояш зиёд истифода мекунад, ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз лиҳози мазмун хеле моҳиронаву воло аст:  “...хоноқоҳ ва хайрот, ки дар олам бино кардаанд, бар умеди он кардаанд, ки бандаи Ҳақ, на бандаи дақ ва ёри хосса, на ёри коса ва ошиқи диндор, на ошиқи динор ва дарвеши ҷондор, на дарвеши нонхор бошад, ки рӯзе аз иқбол иттифоқан дар ин иморат гузар кунад[21]”.

   Номаҳои Мавлоно аз ҷиҳати шаклу мазмун имконият медиҳанд, ки қонунмандиҳои шаклу навъи мукотибот - жанри эпистоляриро дар таърихи асрҳои миёнагии мардуми тоҷик таҳқиқ намоем. Чунонки маълум аст, номи ин навъи наср – “эпистолярӣ”, аз решаи калимаи юнонии “нома” буда, мутахассисон одатан аз ду навъи мукотибот - шахсӣ ва корию расмӣ сухан мекунанд. Сохтори як номаро бошад, дар шакли хеле одияш ба якчанд қисмат, аз қабили қисми муроҷиат, мазмуни асосии нома, эҳтиромоти хулосавию ниҳоӣ, имзо ва таърихи китобат тақсим мекунанд. 

   Дар номаҳои Мавлоно, ки ҳам шахсӣ ва ҳам корию расмианд, ин махсусиятҳои дар боло зикршуда ба таври айён ҳувайдоянд. Аз ҷумла ӯ муроҷиат мекунад:  “Саломи Ҳақ ва раҳмати абадӣ бар зоти шарифи маликул умаро, боситул адл, носирул ҳақ, абил мулук вас салотин, адомал лоҳу улуваҳу бодӣ![22]”.

   Оид ба қисмати мазмуни асосии нома дар мисоли номаҳои Мавлоно болотар сухан рафт. Дар қисмати эҳтиромоти хулосавию ниҳоӣ бошад, дар ин номаҳо чунин сохтори навъи мукотибот низ аксаран риоя гардидааст. Масалан: “Аз баҳри рӯзе, ки умед медоред, ки Қаҳҳори мутлақ тақсирҳои шуморо афв кунад, дар он рӯзе, ки касеро заҳраи шафоат кардан набошад, аз ин заъиф имрӯз захира созаду ҷиҳати он умеди шафоати ин доӣ қабул кунад, то миннатҳо дошта ояд ва савоб ҷазил ва санои ҷамил ҳосил ояд. Ҷовид муҳсин бод, омин ё раббал оламин[23]”.

  Вале аксарияти номаҳои Мавлоно дар шакли то мо расида, бе қисмати имзоянд ё кулли онҳо сабти таърихи нигориш надоранд. Аз ҷумлаи имзоҳои Мавлоно чунин мисол метавон овард: “Алмуфтахару би дуоҳи, Муҳаммад бин Муҳаммад бин Алҳусайн Албалхӣ[24]”.

   Забони номаҳои ин шоиру мутафаккири барҷастаи тоҷик асосан форсии тоҷикӣ аст. Аммо дар дохили матн муаллиф калимоту иборот, ҷумлаҳои комил, пораҳои манзуму мансурро дар забони арабӣ зиёд истифода кардааст. Чанд номаи мутафаккир бошад, пурра бо забони арабӣ мебошад. Ҳамчунин, дар чанд номае миқдоре калимаву ибороти туркӣ низ мавриди истифодаи муаллиф қарор дорад.

   Дар забони номаҳои Мавлоно забони форсии тоҷикӣ бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш мунъакис аст. Дар баробари ин баъзе калимотеро метавон пайдо намуд, ки махсусанд. Аз ҷумла, истифодаи калимаҳоиидрорӣ” ё “ҷомагӣ” ба маънии идрорпулӣ (стипендия): “Ҷамоате аз фарзандони мо, ки дар мадрасаи Қаротоӣ, раҳамаҳул лоҳу, идрорӣ доранд, хоифанд, ки мударриси бегона биояд ва ҷонро мутаарриз шавад ва мудоро ва муросо, ки сайидул мударрисин Шамсиддин мекунад бо фарзандони мо, он бегона ба акси он кунад[25]”; “Тавфиқ аз макорими ахлоқ ва лутфи шомили Шумо он аст, ки дар тақрир ва итмом ва таъйини ҷомагӣ ҳарчӣ вофиртар ва бештар саъй фармоянд...[26]”.

   Ё худ истифодаи калимаи “шабгардак” ба маънии маҳфили шабонаи тӯйи арӯсӣ аз ҷониби мутафаккир ва даҳҳо калимоту ибороти дигар аз назари забоншиносии муосири тоҷик хеле ҷолибанд: “...ва аз баҳри сапедрӯии абадии ин падар ва аз они худ ва аз он ҳама қабила хотири эшонро азизи азиз дорад ва ҳар рӯзрову ҳар шабро чун рӯзи аввал ва шабгардак донад дар сайд кардан ба доми дилу ҷон...[27]”.

   Хулоса, дар асоси “Мактубот” муҳаққиқону ҳаводорони осори Мавлоно имкон доранд, ки на танҳо аз ҳаёт ва фаъолияти ин сӯфии оламгир маълумоти бештар пайдо кунанд, балки махсусиятҳои иҷтимоию фарҳангии даврони ӯ ва ҷанбаҳои мухталифи таълимоти мутафаккир ва хусусиятҳои бадеӣ, услубӣ ва забонии ин осорро амиқтар таҳқиқу баррасӣ намоянд.

   Асари Мавлоно -  «Фиҳӣ мо фиҳӣ» низ асари мансур буда, муаллиф онро дар пайравии асари падараш Баҳоуддини Валад «Маориф» эҷод кардааст.  Дар асар баъзе масоили дар асарҳои дигари Румӣ буда такрор шудаанд. Ин асар дар шакли дастхат дар солҳои 716 ҳиҷрии қамарӣ  ва 751  ҳиҷрии қамарӣ  дар Осиёи Сағир  (Туркияи имрӯза) интишор гардида, нусхаҳои он дар китобхона  ва музейҳои ин кишвар маҳфузанд. Дар замони муосир китоби  мазкур се бор дар шакли пурра ва як бор дар шакли гузида  аз он дар Эрон ба табъ расидааст. Бори аввал матни пурраи  «Фиҳӣ мо фиҳӣ»-ро муҳаққиқи  шинохтаи эронӣ  Бадеъуззамони Фурӯзонфар дар соли 1330 ҳиҷрии шамсӣ дар шаҳри Теҳрон  аз нашр баровардааст, ки он дар асоси  дастхатҳои  дар боло зикршуда таҳия гардидааст. Бори дуюму сеюм матни ин асари Мавлоноро  Ҷаъфар Мударрис Содиқӣ дар солҳои  1372 ҳиҷрии шамсӣ ва соли 1374 ҳиҷрии шамсӣ дар Теҳрон ба табъ расонид, ки  дар асоси ҳамон матни нашрнамудаи Бадеъуззамони  Фурӯзонфар аст.

   Гузидаи  «Фиҳӣ мо фиҳӣ»  дар Эрон  аз ҷониби Ҳусейн Қумшаӣ ба табъ расида, онро муҳаққиқи  тоҷик Абдуллоҳ  Шавактӣ дар соли 2007 бо хатти кириллиасоси тоҷикӣ  баргардон  ва ба табъ расонид. Қобили зикр аст, ки ин гузида  дар қиёс бо Қуръон иборат аз 114 пораи мунтахаб аз матни «Фиҳӣ то фиҳӣ» тартиб дода шуда, бештар характери тафсирӣ дорад ва нашри интиқодии матни ин асари Мавлоно ба ҳисоб намеравад. Аз ҷумла, матни кириллиасос аз 302 саҳифа иборат аст, ки аз он 47 саҳифа пешгуфтор, 172 саҳифа шарҳу таълиқот, 17 саҳифа шарҳи луғат, ҷамъ 236 саҳифа буда, матни асл ҳамагӣ 60 саҳифа ё 20 фисади китоби ба табъ расонидаро дар бар мегирад.

   «Фиҳӣ мо фиҳӣ», ба иттилои муҳаққиқони  эронӣ, дар шакли дастхат бо номҳои  «Китоби фиҳӣ мо фиҳӣ» ё «Асрор-ул–ҷалолия» зикр шудааст. Дар дафтари панҷуми  «Маснавии маънавӣ» худи Мавлоно ин китобро бо номи «Мақолот» ёд кардааст. Вале ин асар бештар бо номи «Фиҳӣ мо фиҳӣ» машҳур аст. Маънии номи асар таҳтуллафз аз тарҷумаи арабӣ  «Дар ӯст, ҳар он  чӣ дар ӯст» мебошад ва сарчашмаи ин ибораро дар маъхазҳо ва таҳқиқоти муосир ба таври гуногун тафсир кардаанд. Аз ҷиҳати моҳият ин ибора мафҳуми машҳурро аз фалсафаи донишманди шинохтаи олмонӣ  Иммануил Кант  - «чизҳо дар худ» ба ёд меорад.

   Оғозу анҷоми таълифи «Фиҳӣ мо фиҳӣ» аз ҷониби Мавлоно маълум нест, вале тахмин меравад, ки мутафаккир дар маҳфилҳои дӯстону шогирдон сухан мегуфт ва ибтидо аз соли 645 ҳиҷрии қамарӣ  ва ё баъди вафоти ӯ муридон  ва ё писараш Султонвалад ин суханонро тадвин кардаанд. Муҳаққиқи  рус Э. Бертелс  низ бар ҳамин ақида аст: «Ин китоб, ба тасаввури мо, чизе аз қабили қайди нимастенографии «сӯҳбатҳои» шайхи мутасаввиф бо муридони худ аст»[28].

   Муҳаққиқи эронӣ Ҷаъфар Муддарис Содиқӣ чунин меҳисобад, ки матни дастнависҳои  «Фиҳӣ мо фиҳӣ»  дар шакли хом аст ва дар нашри Бадеъуззамони Фурӯзонфар  ин хосияти дастнависҳо нигоҳ дошта шудааст. Дар матни асар фаслбандии он ба ягон қоида тобеъ набуда, дар як пора  чандин маъниҳо  бе робита бо ҳамдигар омадаанд. Аз ин рӯ ин асари Мавлоноро баъзан «машқи Маснавӣ» ҳисобидаанд.  Доир ба мундариҷаи «Фиҳӣ мо фиҳӣ» низ муҳаққиқон ақидаҳои гуногунро баён кардаанд. Аз ҷумла, Бадеъуззмони  Фурӯзонфар онро шарҳи «Маснавии маънавӣ» ҳисобидааст, Ҷаъфар Мударрис Содиқӣ бошад, баръакс онро муқаддима ба «Маснавӣ» хондааст. Ин муҳаққиқ қайд менамояд, ки хонанда Мавлоноро дар  «Фиҳӣ мо фиҳӣ» бепарда мебинад. Мавлоно дар ин асари худ савол мегузорад ва ба он ҷавоб мегӯяд, ҳадисе меорад ва онро шарҳ медиҳад. Бо  ин сабаб забони асар намунаи дурахшони содданависӣ  ва «ёдовари насри покизаи асри Сомонӣ» аст[29].

    Дар маҷмуъ, асари Мавлоно - «Фиҳӣ мо фиҳӣ» чун ду асари дигари дар боло таҳлилшуда низ дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти муаллиф, дар таҳқиқи  рушди илму фарҳанги тоҷикзабонон дар Осиёи Сағир, мушаххассозии таълимоти тасаввуфи Хуросон, самтҳои инкишофи забон ва адабиёти тоҷик дар асрҳои миёна ва амсоли он аҳаммияти бағоят бузург дорад. Аз ин рӯ нашри матни пурраи ин асар  боз як қадаме дар таҳқиқи мукаммали таълимоти ин орифи ҷаҳоншумул хоҳад буд.

 Хуршед Зиёӣ,

директори Пажӯҳишгоҳи

рушди маориф ба номи

Абдураҳмони Ҷомӣ,

профессор

    Манбаъҳо

   [1] Раҳмон Эмомалӣ. Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ. – Душанбе: «Бухоро», 2012.- С. 5.

   [2] Субҳонӣ Тавфиқ. Пешгуфтор // Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маҷолиси сабъа.- Теҳрон, 1365 ҳ.- С. 13.

   [3] Субҳонӣ Тавфиқ. Асари мазкур.- С. 12.

   [4] Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маҷолиси сабъа. – Душанбе, 2014.- С.

   [5] Ҳамон ҷо.- С.

   [6] Ҳамон ҷо.- С.

   [7] Ҳамон ҷо.- С.

   [8] Ҳамон ҷо.- С.

   [9] Ҳамон ҷо.- С.

   [10] Ҳамон ҷо.- С.

   [11] Ҳамон ҷо.- С.

   [12] Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат. 4 июли соли 2013.

   [13] Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маҷолиси сабъа. – С.

   [14] Ҳамон ҷо.- С.

   [15] Ҳамон ҷо.- С.

   [16] Муқаддима // «Мактубот»-и Ҷалолуддин Муҳаммад машҳур ба Мавлавӣ бо муқаддима, ҳавошӣ ва таълиқот. –Теҳрон, 1336 ҳ.ш. – С.  31-32.

   [17] Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Мактубот. – Душанбе: «…», 2015.- С.

   [18] Ҳамон ҷо.- С.

   [19] Ҳамон ҷо.- С.

   [20] Ҳамон ҷо.- С.

   [21] Ҳамон ҷо.- С.

   [22] Ҳамон ҷо.- С.

   [23] Ҳамон ҷо.- С.

   [24] Ҳамон ҷо.- С.

   [25] Ҳамон ҷо.- С.

   [26] Ҳамон ҷо.- С.

   [27] Ҳамон ҷо.- С.

   [28] Бертельс Е.Э. Избранные произведения. История персидско-таджикской литературы.- М., 1960.- С. 527.

   [29] Мақолоти  Мавлоно  (Фиҳӣ мо фиҳӣ)-и Мавлоно  Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ (Румӣ).- Теҳрон, 374 ҳ. С.

БОЗГАШТ