АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ: МАФҲУМ, ИМТИЁЗҲО ВА НАМУДҲО

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Дар марҳалаи имрӯзаи пешрафт ва ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ (минбаъд-МОИ) ба рушди иқтисодиёти кишвар, асосан ба ҳалли масъалаҳои бунёдии иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои саноатикунонӣ ва лоиҳаҳои стратегӣ бештар имконият фароҳам меорад. МОИ баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити истеҳсолот, рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигаронидани он фаъолият мебаранд, нақши асосиро мебозад.

Таърихи пайдоиши консепсияи минтақаҳои озоди иқтисодӣ асосан соли 1973 расман эътироф шуда Конвенсияи Киото оғоз шудааст, ки мутобиқи он минтақаи озод (минтақаи озоди бандар) ҳамчун як қисми ҳудуди кишвар фаҳмида мешуд. Дар он мол ҳамчун объекти берун аз худуди гумруки чойгиршуда (принсипи "экстрариториалии гумрукӣ") ба ҳисоб мерафт ва бинобар ин тобеъ ва назорати гумрукӣ ва андозбандии муқаррарӣ ташкил шуда буд. Ба гуфтаи коршиносон, 30%-и муомилоти молҳои ҷаҳонӣ тавассути МОИ мегузарад.

Мафҳуми минтақаи озоди иқтисодӣ яке аз қисмҳои маҳдуди қаламрави давлат ба ҳисоб меравад, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ низоми имтиёзноки иқтисодӣ дода мешавад. Минтақаҳо барои ҳалли мушкилоти дохилии иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, воридотӣ технологияҳои пешрафта ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ таъсис дода мешавад.[1]

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини саноатикунии босуръати ҳар як кишвар, рушди иқтисодиёт ва ҳамгироӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамин тариқ, соли 1990 Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба корпоратсияҳои фаромиллӣ (UNCTC) афзоиши иқтисодӣ ва иқдории МОИ-ро яке аз муҳимтарин тамоюлҳои даҳсолаҳои охир арзёбӣ карда буд. [2]

Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ гурӯҳҳои асосии имтиёзҳои зерин мавҷуданд: [3]

  1. Имтиёзҳои савдои хориҷӣ- ҷорӣ намудани низоми махсуси тарифии гумрукӣ кам кардан ё бекор кардани боҷҳои содироту воридотӣ ва тартиби соддакардашудаи амалиёти савдои хориҷиро пешбинӣ мекунад.
  2. Ҳавасмандгардонии андоз- қоидаҳои марбут ба имтиёзҳои андози фоида ё даромад ва арзиши амвол барои намудҳои алоҳидаи фаъолият ё рафтори соҳибкоронро дар бар мегирад. Ҷузъҳои ҷудогонаи он амортизатсия, хароҷоти музди меҳнат, тадқиқоти илмӣ-таҳқиқотӣ, сатҳи меъёрҳои андоз ва масъалаҳои озодкунии доимӣ ё муваққатӣ аз андозбандӣ мебошанд.
  3. Ҳавасмандгардонии молиявӣ- шаклҳои гуногуни субсидиро дар бар мегирад, ки дар шакли пасти нархи хизматрасониҳои коммуналӣ, арзон кардани иҷораи истифодаи замин ва биноҳои истеҳсолӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва қарзҳои имтиёзноки давлатӣ дода мешаванд.
  4. Имтиёзҳои маъмурӣ- аз ҷониби маъмурияти минтақа бо мақсади содда кардани тартибот ва ба қайд гирифтани корхонаҳо, режими даромаду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва расондани хизматрасониҳои гуногун дода мешавад.

Намудҳои МОИ-ро аз рӯи чунин меъёрҳо фарқ кардан мумкин аст:

  • аз рӯи дараҷаи ҳамгироӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва миллӣ;
  • аз рӯи саноат;
  • аз рӯи хусусияти амвол;
  • аз рӯи хусусияти фаъолият;
  • аз рӯи мувофиқи мақсади функсионалӣ.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба хусусиятҳо ва фаъолият ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

  • Минтақаҳои тиҷоратӣ. Дар минтақаҳои тиҷоратӣ бандарҳои озод, анборҳои бебоҷ ва минтақаҳои озоди гумрукӣ дохил мешавад. Дар асоси сабукгардонии низоми тарифи гумрукӣ ва назорати содироту воридотӣ мебошад, ки дар амалиёти савдои хориҷӣ нақши муҳим дорад. Дар он бандарҳои озод, минтақаҳои бебоҷ, дӯконҳои бебоҷ, анборҳои гумрукӣ, анборҳои озод, микроминтақаҳои гумрукӣ, интерпортҳо дохил мебошад, ки барои таъмини савдои озод ва рушди савдои бебоҷ таъсис дода мешавад. Дар ин ҳудудҳо амалиёти нигоҳдорӣ ва коркарди аввалияи моли воридотӣ анҷом дода мешавад.
  • Минтақаҳои саноатию истеҳсолӣ. Дар минтақа ба низоми имтиёзноки андоз, гумрук, савдо, асъор, инчунин маблағгузории андоз ва андозбандӣ мебошад, ки низоми воридотӣ ва содиротӣ дар бар мегирад. Дар ҳудудҳое МОИ ҷойгир шуда, дар онҳо ба корхонаҳои саноатие ки маҳсулоти содиротӣ ва ё воридотивазкунанда доранд, имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ дода мешаванд. Минтақаҳои озоди саноатӣ, минтақаҳои содиротию истеҳсолӣ ва минтақаҳои содиротии воридотивазкунанда.
  • Минтақаҳои хизматрасонӣ. Дар минтақаҳои хизматрасонӣ минтақаи офшорӣ, бонкӣ, технопаркҳо ва инноватсия мебошад. Дар чунин минтақаҳо аз ҷумла марказҳои оффшорӣ, сайёҳӣ, рекреатсионӣ, минтақаҳои манфиатҳои иқтисодӣ, минтақаҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва суғурта мебошанд ва дар ҳудудҳои имтиёзнок барои ширкатҳои хизматрасонӣ ҷойгир карда мешавад.
  • Минтақаҳои технологӣ. Намудҳои техно-инноватсионӣ, технопаркҳо, технополисҳо, минтақаҳои рушди технологияҳои нав ва олӣ, минтақаҳои рушди техно-иқтисодӣ, минтақаҳои инноватсионӣ, паркҳои агросаноатӣ мебошанд, ки фирмаҳои миллӣ ё хориҷие, ки фаъолияти инноватсионӣ ё тадқиқотӣ мегузаронанд, мутамарказ шудаанд ва дар ҳудудҳои ин гуна минтақаҳо фаъолият мекунанд.
  • Минтақаҳои комплексӣ. Дар чунин минтақа минтақаҳои озоди соҳибкорӣ, минтақаҳои махсус, шаҳрҳои озод ё боз дохил мешавад. Минтақаҳои дорои ихтисоси васеъ мебошад, яъне минтақаҳои ҳамкории байналмилалии иқтисод, минтақаҳои эко-иқтисод ва минтақаҳои сармоягузорӣ.

Хулоса

Айни замон дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ таҳияи сиёсати самарабахши иқтисодии кишвар аҳамияти хоса дорад. Дар тӯли 31 соли Истиқлолият Тоҷикистон дар самтҳои низоми сиёсӣ ва афзалиятҳои сиёсати хориҷиро муайян карда, дар он ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Инчунин марҳила ба марҳила дар самтҳои иқтисод ва иҷтимои ислоҳот ворид шуда, сатҳи зиндагии ҷомеа сол ба сол хуб шуда истодааст. Айни замон Тоҷикистон кишвари агро-санаотӣ мебошад ва ба воситаи МОИ дар оянда метавонад кишвари саноатӣ гардад. Тоҷикистон мавқеъи хуби транзитиро дорад, ки баромад ба бозорҳои бузурги истеъмолии аз қабили кишварҳои кишварҳои ОМ, ҶМЧ, Русия, Ҳиндустон ва Афғонистонро дорад. Кишвар дорои иқтисодири бузурги гидроэнергетикӣ, конҳои маъданӣ ва иқтидори саноатӣ мебошад.

Тоҷикистон барои ташкили бомуваффақияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дурнамои воқеъона дорад. Зеро барои ҳалли самараноки мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ таъсир расонида, қобилияти рақобатии онро баланд мебардорад. Дар роҳи расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар нақши МОИ назаррас мебошад. Зеро, дар МОИ-и Тоҷикистон бо истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, ашёи хоми ватанӣ ва қувваи корӣ баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва афзун гардидани номгӯйи маҳсулоти ватанӣ ва ҳаҷми он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Тоҷикистон намудҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият намуда истодааст. Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон ворид шудааст. Дар ниҳоят, тиҷорати муосирро бе чунин минтақаҳо тасаввур кардан душвор аст. Дар кишвар 5 МОИ мавчуд аст. МОИ «Суғд», «Панҷ», «Данғара», «Ишкошим» ва «Кӯлоб». Арзиши иҷораи қитъаи замин, тибқи муқаррарот, барои 1 метри мураббаъ дар як сол 1 долларро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодиёт ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар қаламрави кишвар аз 5 марти соли 2008 чаҳор МОИ ташкил карда буд, ки аз рӯйи чунин шаклҳо фаъолият мебаранд:

-МОИ “Суғд” - саноатӣ-инноватсионӣ дорои 24 субъект (20-то истеҳсолӣ, 4-то хизматрасонӣ),

-“Данғара”- истеҳсолӣ-инноватсионӣ дорои 27 субъект (21-то истеҳсолӣ, 6-то хизматрасонӣ),

-“Панҷ”-комплексӣ дорои 17 субъект (13-то истеҳсолӣ, 4-то хизматрасонӣ),

-“Ишкошим”- истеҳсолӣ-тиҷоратӣ дорои 3 субъект (1-то истеҳсолӣ, 2-то хизматрасонӣ)

Соли 2019 МОИ “Кӯлоб” таъсис дода шудааст, ки шакли фаъолияташ-истеҳсолӣ буда, дорои 1 субъект мебошад.

Аз ин рӯ, барои босуръати иқтисодӣ кишвар чунин пешниҳод карда мешавад, ки аз имтиёзҳо ва намудҳои дар боло зикр гардида истифода барад ва дар самти нақлиёти ҳавоӣ, яъне терминали боркашонӣ, анборҳои бебоҷ ва имтиёзҳо, ки дар намудҳо ва имтиёзҳои минтақаҳои озод дохил аст, эълон карда шавад.

 

Соҳиби Баҳруло

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

 

 


[1] Авдокушин Е.Ф. (2009), Международные экономические отношения,М.: Экономист – С. 446  С-1

[2] The Role of Export Processing Zones and Similar Arrangements in Economic Development. UNCTC. 1990.

[3] Копылов Ю.М. Свободные экономические зоны: мировой опыт и перспективы развития в России. - Владивосток, 2003.

БОЗГАШТ