АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мирзо Адиб- муқобили зулму истибдод

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Ба ифтихори зодрӯзи адиби урду Мирзо Адиб

   Адабиёт ягона василаи катбие аст, ки тавассути он шуури иҷтимоӣ, муносибат, зиндагӣ ва фаҳми андешаҳои мардумро бо тасвири баёнӣ ва аёнӣ дар шакли образҳои таъсирбахш инъикос кардан мумкин аст. Ин василаи катбӣ ба он маъно аст, ки дар замону даврҳои маҳдудшуда, метавонад, ҳолатҳои гуногуни иҷтимоиро бо далелу фактҳо икъикос намояд. Дар ин кор саҳму маҳорати адибону нависандагон зарурат аст, то ин оинаро муҷалло сохта, ба мардум нишон диҳанд. Ва онҳо на фақат бо ин иктифо мекунанд, балки нақши адабиётро дар ҷомеа дақиқ ва дуруст нишон дода, онро чун воситаи асоснок дар ҳифзу ҳимояти ҳуқуқ ва хубиҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд.

   Мисоли ин гуфтаҳоро дар симои нависандаи муосири адабиёти урду - Мирзо Адиб метавон дарёфт, ки дар ҳикояву романнависӣ дар асри ҷадид хеле шуҳрат дорад. Номи аслии ӯ Диловар Алӣ буда, бо номи адабӣ чун Мирзо Адиб дар адабиёти урду номвар шудааст. Ӯ  дар шаҳри қадимаи Лоҳур мутаввалид шуда, овони кӯдакиашро дар он ҷо гузаронидааст. Дар солҳои мактабии вай, минтақаи қораи ҳиндро ҷунбишу ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ печонида буд ва ҳама ҷоро фазои кашмакашиҳо иҳота мекард. Ин фазо ба ҷавонон ва мактабиён таъсири хос расондааст, ки акасари онҳо қалам гирифта, тамоми воқеаҳоро аксбаророна сабт кардаанд.

    Мирзо Адиб яке аз онҳо аст, ки бо офаридаҳои худ, зулмату торикӣ, фаросату фароғат, хайру шар, муҳаббату мусибат ва ватану ватандӯстиро тавъам бо услуби содаву оромбахш кашшофӣ кардааст. Ӯ бо асарҳои офаридаи худ мақомашро дар пояи баланди адабиёти урду нишон дода тавонист. Ва дар навиштаҷоташ чун фарди ифодакунандаи воқеъбин, орзую умед, одамдӯстӣ ва ватандӯстиро нишон дода, аз тарафи дигар нафрат, эътирози шадид ба нисбати истеъморгарони замонаш инъикос намудааст. Нависанда дар эҷодиёташ бар зидди даврони золимият, ки яке аз замонҳои ноосудагӣ, бедодгарӣ ва хонавайроншавии мардуми мазлум ба шумор меравад, нотарсона баён кардааст. Тасвирҳои зиндаи онро дар роману афсонаҳо хело рӯшан дидан мумкин аст.

   Мирзо Адиб 4-уми апрели соли 1914 дар маҳаллаи Сатони кӯчаи муғулони шаҳри Лоҳур, ки дар музофоти Панҷоби Покистон воқеъ аст, дар оилаи камбизоат ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаб солҳои 1925 то 1930 дар коллеҷи Лоҳур таҳсил карда, бо доктор Таъсир шиносоӣ пайдо мекунад ва бо назму наср зиёдтар ошно мегардад. Мирзо Адиб қадами аввалинашро ба ин боргоҳи маърифат гузошта, ба тадрису тарбият машғул мешавад. Аммо дар ин ҷо кайҳо ному насабашро ҳамаи атрофиён мешинохтанд. Зеро замони дар мактаб буданаш гоҳ-гоҳ дар барномаҳои адабӣ ва базмӣ иштирок карда, назм эҷод мекард. Дар ростои эҷодиёти шеър Мирзо Адиб чанд марҳиларо тай кардааст, то такомул пайдо кунад.

   Дертар Мирзо Адиб маълумоти ибтидоии худро дар мактаби миёнаи ба номи «Миёнспил комитти прймери скул Боти дарвоза Лоҳур» тамом кард. Бояд қайд кард, ки аз аҳли оилаи ӯ касе ба мактаб нарафтааст ва аз ин лиҳоз рафтани Мирзо Адиб ба назари ӯ ва дигар аҳли оила фоли аҷиб ва нек ба ҳисоб мерафт. Ёдовар мешавем, ки Мирзо Адиб баъди ба мактаб дохил шуданаш аз хонаи бибикалонаш дубора ба назди модараш оварда мешавад ва ӯ дуввумин касе мебошад, ки баъди бобояш аз оилаи онҳо дар мактаб таҳсил мекунад.

   Нақл аст, ки рӯзе хоҳари Мирзо Адиб дар ҷои китобхонии ӯ оби гарм мерезад ва бародараш мехоҳад он ҷоро хушк кунад, аммо модар ин корро дида, ӯро сарзаниш мекунад ва падари Мирзо Адиб аз ин ғазаболуд шуда, мехоҳад китобҳоро бисӯзонад, аммо модари меҳрубон ӯро аз ин кор манъ карда, яке аз ангуштонашро дар оби гарми рехта месӯзонад. Ин дарду ранҷҳои модар ҳама ба хотири тарбияи фарзанди азиз буд, то рӯзе ин ҷигаргӯша ба ҷое бирасад ва ба қавли шоир:

   Писар рав қадри модар дон ки доим,

   Кашад ранҷи писар бечора модар.

   Аз ин паҳлу ба он паҳлу нағалтад,

   Шаб аз бими хатар бечора модар.

   Ба мактаб чун равӣ то боз гардӣ,

   Бувад чашмаш ба дар бечора модар...

   Бобои Мирзо Адиб яке аз олимон ва орифони замони худаш буд, ки китобҳои зиёдеро ҷамъоварӣ мекард ва ба тадрис машғул мешуд. Ин шахси донишманд, китобхонае дошт, ки Мирзо Адиб аз он истифода мекард. Мирзо Адиб имтиҳони мактабро супорида, ба коллеҷи Исломия, ки дар назди дарвозаи Бҳоти шаҳри Лоҳур воқеъ буд, дохил мешавад ва дар маҳфилҳои адабии он фаъолона иштирок намуда, ба шеърхонӣ шуруъ мекунад. Дар ин боргоҳи илм афроди номдор ба мисли Аллома Муҳаммад Иқбол низ таълим ва тадрис намудааст.

   Эҷодиёти ӯ дар синфи нуҳум ва даҳум дар ҳафтаномаҳои адабӣ ва фарҳангӣ чоп мешаванд. Мирзо Адиб дар яке аз озмунҳои адабӣ иштирок карда, соҳиби ҷойи аввал низ мегардад ва дертар ҷонишин ва ахиран ба ҳайси роҳбари ин маҳфили фарҳангӣ интихоб мегардад.

   Рашид Амҷад яке аз адибони муосири урдуи Покистон роҷеъ ба тарбия ва тадриси ӯ иброз медорад: «Мирзо Адиб аввалин маротиба шеърнависии худро аз даврони мактабияш шурӯъ намуд ва бо тахаллуси Осӣ ёд мешуд. Ва дертар вожаи Адибро ба сифати тахаллуси адабӣ писандид ва бо номи Мирзо Адиб таваққуф намуд". Ба лаҳни шӯхиомези Рашид Амҷад изофатан мегӯяд- "ӯ шоирию гунаҳкорӣ мекард ва баъди солҳои зиёде тавбаву надомат карда, бо адаб шуд ва тахаллуси Адибро ба худ қабул кард».

   Мирзо Адиб соли 1930 ин колеҷро бо баҳои хубу аъло тамом мекунад ва соҳиби маълумот мегардад. Дертар солҳои 1930 бо Наҷма Мирзо оиладор шуда, бо ҳам чил сол зиндагонӣ мекунанд ва соҳиби шаш фарзанд мегарданд. Ин зани наҷибу дилсӯз, 22 майи соли 1987 дунёоро падруд мегӯяд.

   Музофоти Панҷоби Покистон ва хусусан қисмати шаҳри Лоҳури қадима хеле машҳур буда, ба назари Мирзо Адиб маркази тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб мерафт, зеро дар ин шаҳр мусалмонон ва ҳиндуҳо якҷоя зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Дар замони кӯдакии Мирзо Адиб ин қисмати берунии дарвозаи ин шаҳр пур аз боғу бӯстон буд, ки чор тарафи онро дарахтон зебо мекарданд. Аз ҷумла, боғе, ки бо номи "Минту порк" ёд мешавад, маҳфилгоҳи ҷамъиятии мардуми ин шаҳри бостонӣ буд. Мирзо Адиб ба ин боғ омада, дар маҳфилҳо ва ҷамъомадҳои сиёсӣ ва адабии он иштирок мекард.

   Мирзо Адиб ин лаҳзаҳоро душвортарин лаҳзаҳои зиндагӣ гуфта, китобе бо номи «Дунёи орзу», ки баъдар бо машварати дӯсти ӯ Башир Мунзир бо номи «Хобун ко мусофир», ки дар бораи ноҷурӣ ва нотавонии худаш нақл мекунад, таълиф ва чоп мерасонад.

   Баъд аз истиқлолияти Покистон дар соли 1949 бо талоши ҳукумати онвақта “Анҷумани нависандагон” барои беҳбудӣ ва тавсеаи кори аҳлу адаб таъсис дода шуд ва Мирзо Адиб ҳамкориашро бо ин анҷуман оғоз намуд.

   Ниҳоят Мирзо Адиб 31 июли 1999 аз дунё чашм мепӯшад.

Фаъолияити адабии нависанда

   Дар аввал ба анҷумани романнависон робита пайдо карда, романҳо ба забони урду таҳия кардааст. Баъдҳо вай дар бораи ҳар воқеа ва ҳодисаи ҳаётии ҷомеа ва масоили зиндагӣ асарҳо меофарид. Осори вай бо забони фаҳмо ва дилкаш таҳия шуда, драммаҳои нақшӣ офаридааст, ки дар родио ва телевизион пахш мешуданд ва мақоми хос доштанд.

   Вай дар қатори намоишноманависони муосири урду шомил шуда, узви анҷумани тараққипарвари нависандагони Ҳиндустон ва сардабири маҷаллаи “Адаби Латиф” низ буд.

Хусусиёт дар осори Мирзо Адиб

- ҳадафмандӣ: дар намоишномаҳои вай возеҳият ва ҳадаф дида мешавад;

- гуфтугӯҳои мутавваҷеҳкунанда: дар намоишҳои вай диалогҳои байни афроди ҷолиб ва ҳозирҷавоб мебошанд. Ҳар нақшофарин муносиб ба мақомаш кор мекунад;

- гуногуншакл: шомили тамоми бахши зиндагӣ;

- прагматикӣ: ба ҳодисаҳо таваҷҷуҳи бештар, на ба характерҳо;

- инсонгароӣ: ҳикояву намоишҳояш пур аз инсонгароӣ ва гуманизм;

- ғайритабиӣ: дар баъзе ҷойҳо;

- норӯшанӣ: драммаҳои намоишӣ рӯшан нестанд;

Эҷодиёт

Драммаҳои мунтахаби нависанда иборатанд аз:

- Оби дида ва ситора ‘Āⁿsū aur Sitārē’ (آنسو اور ستارے, ‘Tears and the Stars’);

- Хун ва қолин ‘Lahū aur Qālīn’ (لہو اور قالین, ‘the Blood and the Carpet’);

- Девори шиша ‘Šīšē kī Dīwār’ (شیشے کی دیوار, ‘the Wall of Glass’); Сутун‘Sutūn’ (ستون, ‘the Pillar’);

- Қисми шаб ‘Faṣīl-e Šab’ (فصیلِ شب, ‘Part of the Night’);

- Паси парда ‘Pas-e Pardah’ (پسِ پرده, ‘Beneath the Veil’, 1967);

- Хокнишин ‘Xāk Našīn’ (خاک نشین, ‘the Earth Dwellers’);

- Шиша ва санг ‘Šīšah Mērē Saŋg’ (شیشہ میرے سنگ, ‘the Glass With Me’);

Ҳикояҳои мунтахаби Мирзо Адиб:

- Ҷангал‘Jaŋgal’ (جنگل, ‘the Jungle’);

- Деворҳо ‘Dīwārēⁿ’ (دیواریں, ‘the Walls’);

- Курпа ‘Kambal’ (کمبل, ‘the Blanket’);

Осори мунтахаб оид ба ҳолноманависӣ:

- Қарзи нохун ‘Nāxun kā Qarź (ناخن کا قرض, ‘the Debt of the Fingernail’);

- Чароғи хок ‘Miṫṫī kā Diyā’ (مٹّی کا دیا, ‘the Earthen Lamp’);

Мирсаид Раҳмонов,

корманди Институт

БОЗГАШТ