АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Миянмар миёни ҳукми артиш ва норозигиҳои мардумӣ намунаи Ироқи навин

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Маҳкумияти ҷаҳонӣ ба кудатои артиш ба хотири бозгашт ба қудрат дар кишвари Миянмар (собиқ Бирма) идома дорад, ки ин бозгашти дубораи артиш ба идораи кишвар мебошад. Сарфи назар аз он, ки артиш беш аз 50 сол қудратро дар Миянмар дар даст дошту кишварро назорат мекард. Иқдоми пешгирифтаи артиши Миянмар барои гузаштан ба марҳилаи демократия дар ин давлат монеъа эҷод намуд. Аммо артиш шурӯъи марҳилаи демократиякунониро дар асоси Конститутсияи кишвар ҳанӯз соли 2008 оғоз карда буд. Аз ин рӯ, ба артиш муяссар гардид, ки 25% курсиҳоро дар парлумон нигоҳ дорад. Аммо татбиқи тағйироти конститутсионӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, ки метавонанд таъсири артишро коҳиш диҳанд, манъ шудааст. Аксуламали кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то ҳадде шадидтар нисбат ба Чин, Россия ва кишварҳои Осиё буданд, ки дар Миянмар ҳар он чӣ мегузарад, як масъалаи дохилӣ буда, бо диққат ва эҳтиёткорона бо он муомала мекунанд. Ҳамсояҳои кишвари Миянмар тамоми тарафҳоро ба ҳалли ихтилофҳо аз роҳи гуфтушунид ҳал намудан даъват карданд. Ин раванд баръакси он чизе, ки дар минтақаи арабӣ бо кишвари Ироқ гузашта буд, дар замони сари қудрат будани президент Саддом Ҳусейн рух дод, чунин шабоҳатро ба хотир меорад. Зеро ҳамсоягони Ироқ фазои ҳавоиву заминии худро барои нобуд кардани давлати Ироқ ва куштани мардуми он ба қувваҳои хориҷӣ боз карданд. Натиҷа он шуд, ки мардуми Ироқ ҳанӯз ҳам ҳазинаи гарони онро пардохт мекунад. Кишварҳои ҳамсоя дар ҳалли мушкилоти Ироқ иқдоми мусбӣ нагирифтанд, балки машаққатро болои мардуми Ироқ ва раисаш Саддом Ҳусейн, ки саркаш буд, афзоиш доданд. Махсусан пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон Саддомро ташвиқ ва дастгирии моддӣ ва луҷистӣ барои ҷанг алайҳи ҳамсояи Эронаш намуданд. Сарфи назар аз қимати гароне, ки Ироқ ба сабаби беэҳтиётии президенти худ Саддом Ҳусейн дар ҳамла ба Кувайт, нобуд намудани артиши Ироқ аз ҷониби неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пардохт карда бошад ҳам, аммо нархи аз он бештар ишғол намудани Ироқ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Бритониё буд.
Бо таваҷҷуҳ ба он ки орзуи амрикоиҳо дар бораи барангехтани буҳрони кишвари Осиёи Ҷанубӣ Миянмар, бо назардошти муттаҳидони Миянмар нисбати иқдомоти пешгирифтаи артиш, бавижа Чин ва кишварҳои ҳамсоя пойбанданд, ба назар дурандешона мерасанд. Сиёсати таҳримоти иқтисодӣ бо вуҷуди боздоштани баъзе лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ дар Миянмар, нахоҳад таъсири манфӣ расонад, зеро Чин ва Русия лоиҳаҳои худро дар Най Пи Тав (Nay Pyi Taw- сеюмин шаҳри калонтарини Миянмар) ва (собиқ Янгоун) идома ва таҳким мебахшанд.
 
                      Сабабҳо ва омили ангезаҳои табаддулот;

Муносибат миёни раҳбари Иттифоқи Миллӣ барои демократия (National League for Democracy) хонум Аун Сан Су Кӣ (Aung San Suu Kyi)- барандаи ҷоизаи сулҳи Нобелӣ 75-сола ва фармондеҳи артиш Мин Аунг Хлаинги (Min Aung Hlaing)-и 64-сола, ки мебоист ахир баъд аз се соли тамдиди ҳукмаш дар тобистони соли оянда ба нафақа мебаромад, он қадар гарм набуд.
Мавқеъи хонум Аун Сан Су Кӣ аз бархӯрд бо артиш канорагирӣ буд, ӯ ҳатто ба нақзи ҳуқуқи инсон ва ҷанги хонумонсӯз, ки артиш алайҳи мусалмонони тоифаи Роҳинҷа- Rohingya (номи миллати этникие, ки дар иёлати Аракан дар ғарби Миянмар зиндагӣ мекунад) барангехт, манъ ҳатто ва эътироз ҳам накард, ки дастгирии байналмилалиро аз даст дод. Аз даст додани кумаки байналмилалӣ дар замоне сурат гирифт, ки хонум Аун Сан Су Кӣ барои интихоботи парлумонӣ омодагӣ мегирифт ва ҳадафи даровардани ислоҳот дар моддаи конститутсия, ҷиҳати коҳиш додани салоҳиятҳои артиш нигаронида шуда буд. Ҳамзамон мақсади кам намудани салоҳиятҳои артиш ҳам як омили дигар шуд, ки хашми низомиёнро ҳам бар зидди худаш барангезад. Ҳизби хонум Аун Сан Су Кӣ дар интихоботе, ки моҳи ноябри соли 2020 баргузор шуд, ба аксарияти 84% ҷойҳо, ё 396 курсӣ аз 476 курсӣ пирӯз гашт. Аммо артиш ин интихоботро рад карда гуфт, ки ҳизби хонум Аун Сан Су Кӣ барои овози аксариятро ёфтан дар интихобот тақаллуб ва сохтакорӣ кардааст. Ҳамчунон роҳбарони артиш изҳор доштанд, ки дар интихобот беш аз 8,6 миллион қонуншиканӣ вуҷуд дошт. Аммо Комиссияи интихобот иттиҳомоти артишро рад кард, ки он боиси истифодаи моддаҳои 217-248-и Конститутсия ва моддаи 47 барои иҷрои вазъи фавқулода ба муддати як сол эълон шуда, интихобот лағв шуд ва раҳбари Лигаи Миллӣ барои демократия хонум Аун Сан Су Кӣ бо ҳамроҳи президент Вин Миинт-Win Myint, ки узви Лигаи Миллӣ барои демократия буд, ба ҳабс гирифта шуданд. Гузоришҳои истихборотӣ таъкид бар он мекунанд, ки Москва ба роҳбарони артиш дар бораи кӯшиши “Лигаи Миллӣ барои демократия” ҷиҳати барангехтани як инқилоби рангӣ бо дастгирии кишварҳои ғарбӣ ва ИМА дар ин кишвар ва ноамн кардани амният ва субот маълумоти дақиқ додааст, ки ин боиси дар сари кудрат мондани роҳбари артиш шуда, нисбати ин табаддулот истодагарӣ намуда ва эътибори артишро барқарор кунад.
 
                               Чаро Миянмар?
Миянмар барои кишвари Чин ва Ҳиндустон мавқеи муҳимми стратегӣ дорад. Ин давлат бо шимолу шарқи Ҳиндустон тақрибан 1624 км марзи заминӣ ва бо дарозии баҳр 725 км марзи баҳрӣ дар халиҷи Бангола дорад. Таъсиси Миянмар ба соли 1057 мелодӣ аз ҷониби аввалин подшоҳ Анаврахта Минса-Anawrahta Minsa (1014-1077м.),  ки Иттиҳодияи Бирмаро таъсис дода, дини буддоиро қабул карда буд, таъсис дода шудааст. Ин кишвар зери фишори тамаъкоронаи ҳамсоягонаш ба монанди Муғулистон, Ҷопон, мустамликадории Португалия ва сипас Бритониё қарор гирифта солҳои 1824-1826 бо Англия мубориза бурда тавонист соҳили Араканро тибқи (Аҳдномаи Яндапу) зери назорати худ гирифта, онро ба Бритониёи Ҳиндустон ҳамроҳ намояд ва таҷовузҳои худро идома дода, соли 1852 дар ҷанги дувум бо Англия қисми поёнии онро ишғол намояд. Пас аз он дар тӯли солҳои 1850-1886 Бирма ба таври доимӣ ишғол карда шуд ва қаламрави Бирма ба Бритониёи Ҳиндустон ворид карда шуд. Ва танҳо соли 1937 он аз Ҳиндустон ҷудо карда шуд.
Инчунин Ҷопон дар соли 1942 Бирмаро ишғол кард ва Бритониё баргашта онро дар соли 1945 бо кӯмаки Аун Сан (падари хонум Аун Сан Су Кӣ) ва шаш нафари дигар, ки баъдтар аз ҷониби рақибони сиёсии худ кушта шуданд, ба даст овард. Пас аз он Бирма истиқлолияташро аз мустамликадории Бритониё дар соли 1948 ба даст овард. Ва аз он вақт инҷониб артиш ин кишварро бо табаддулоти ҳарбӣ алайҳи мухолифони худ то соли 1962 идора мекард, то замони табаддулоти ҳарбӣ бо гурӯҳи Юу Ну таҳти роҳбарии генерал Ни Вин сарнагун карда шуда ва низоми федералӣ бекор карда шуд ва дар айни ҳол "Роҳи сотсиализми Бирмӣ"-ро таъсис дод. Дар соли 1974 конститутсияи нав мавриди амал қарор гирифт ва қудрат аз низомиён ба Маҷлиси мардумӣ гузашт. Ҳаракатҳои исёнӣ, нооромиҳои сиёсӣ, ошӯбҳо ва хушунатҳо дар соли 1987 кишварро фаро гирифт. Пас аз беқурб шудани пули миллӣ дар давоми нооромиҳо садҳо нафар кушта шуданд. То замони ташкили Шӯрои давлатӣ барои барқарор кардани амният ва тартибот номи Бирма (Burma) ба Миянмар (Myanmar) ва номи пойтахташ Рангун (Rangoon) ба Ёнгун (Yangon) табдил ёфт. Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки ихтилоф миёни артиш ва ҳаракати демократӣ ба соли 1988 бармегардад. Вақте роҳбари ҳизб хонум Аун Сан Су Кӣ дар интихоботи моҳи август ва сентябри соли 1988 пирӯз гардид, ин боиси мавҷи эътирозҳо, тазоҳуроти оммавӣ ва корпартоиҳои бар зидди ҳукмронии артиш гардид, ки ҳаёти ҷамъиятро ба фалаҷ кашид. Артиш ин эътирозҳоро бераҳмона саркӯб кард ва роҳбарони ҳаракати мардумӣ, аз ҷумла роҳбари ҳизб хонум Аун Сан Су Киро боздошт карда, дар соли 1989 ӯро барои понздаҳ сол дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт. Он замон роҳбари артиш генерал Со Маунг General Saw Maung Шӯрои давлатиро ҷиҳати барқарорсозии қонун таъсис дод. Ва артиш ба  гузаронидани интихоботи соли 1990 иҷозат дода ва ба пирӯзӣ дар он итминон дошт, аммо “Лигаи Миллӣ  барои демократия” дар ин интихобот ғолиб шуд, вале артиш аз ақибнишинӣ саркашӣ кард.
Дар соли 1992 ба хотири кушишҳои хонум Аун Сан Су Кӣ барои тағйироти сулҳомез ҷоизаи сулҳи Нобелро ба даст овард. Ва дар ҳамон сол бисёре аз маҳбусони сиёсӣ бо мақсади баланд бардоштани обрӯи ҷаҳонии кишвари Миянмар озод карда шуданд. Ва Миянмар ба Иттиҳодияи кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё шомил карда шуд, ки дар соли 1997 бо номи “Форуми минтақавии АSЕАН”[1]  маъруф шуда буд ва маҳбусони сиёсӣ озод карда шуданд. Ва президенти Чин, Си Ҷинпин Jiang Zemin ислоҳоти иқтисодиро дар Миянмар дастгирӣ кард. Ва таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи ин кишвар ба хотири нақзи ҳуқуқи мардум ва худсарона саркӯб кардани тазоҳурот, ки суқути ҳукумати артишро  мехостанд, оғоз шуданд. Махсусан пас аз болоравии нархи сӯзишворӣ ва як қатор бомбгузориҳо ва амалҳои тахрибкорона дар соли 2008 то замони таҳия намудани артиш конститутсияи кишварро, ки парламент чоряки ҷойҳоро ба артиш ҷудо карда ва роҳбари Лигаи миллӣ барои демократия - хонум Аун Сан Су Киро аз гирифтани мансаби давлатӣ манъ мекард.
Аммо марҳилаи иктишофи нафту газ ва вуруди ширкатҳои сармоягузори хориҷӣ барои рақобат болои “Торти бирмагӣ” ва марҳилаи демократияи машрута дар ин кишвар оғоз ёфт. Кишварҳои ғарбӣ ба бекор кардани таҳримҳои ғайриҳарбӣ алайҳи Миянмар ва пуштибонӣ аз лоиҳаҳои рушди Комиссияи Иттиҳоди Аврупо шурӯъ карданд. Ва интихобот баргузор шуд, ки боиси пирӯзии “Лигаи Миллӣ барои демократия” гардид. Муноқишаи мазҳабӣ байни буддоиҳои Рохин “Rakhine” ва ақаллияти мусалмонони Роҳинга “Rohingya” шуруъ шуд, ки дар натиҷа ба қурбонию талафот дар байни ҳарду ҷониб ба анҷом расид. Куштори дастаҷамъонаи этникӣ алайҳи ақаллиятҳои мусалмон аз соли 2012 ин ҷониб оғоз ёфта буд, ки боиси фирори аксарияти онҳо аз марг ба кишвари ҳамсояи Бангладеш ва Тайланд шуд. Ҳамзамон вазъият бо дахолати артиш, ки ба қонуншиканӣ ва ҷанги нобудкунӣ алайҳи ақаллияти мусалмонон айбдор мешуд, шадидтар шуда боиси куштори садҳо ва фирори беш аз як миллион мусалмони Роҳинга шуд. Дар соли 2017 Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифт, ки таҳқиқи ҷиноятҳо алайҳи мусалмонони Роҳингиро оғоз кунад. Пас дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2018 тасдиқ шуд, ки артиш наслкушии мусалмононро анҷом додааст ва саркардагони низомии артишро ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият айбдор кардааст, шуруъ намояд. Ва дар гузориш талаб шудааст, ки шаш генерали артиши Миянмар ба суди байналмилалии ҷиноят барои таҳқиқ фиристода шаванд. Вале ҳукумат талаби Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳидро қабул накард ва ҳам роҳбари Лигаи Миллӣ барои демократия хонум Аун Сан Су Кӣ ҳамин талабро низ напзируфт.
Таҳаввулоти ахир дар Миянмар Ҳиндустонро бо назардошти вазъияти геополитикӣ ва тағйироти байналмилалӣ дар дуроҳа гузоштааст. Ин дар ҳоле сурат гирифта буд, ки президенти ҷадиди Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден (Joseph Robinette Biden) маъмурияти Кохи Сафедро ба даст гирифтааст. Ҳиндустон миёни дастгирии аз низомиён ё дастгирии ҳаракатҳои демократӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодии баён бимонад ва ё майл ба мавқеи Амрико ва Ғарб карда, бар зидди эълони вазъи фавқулодда ва саркуб кардани озодихоҳии Миянмар баргардад. Ҳиндустон ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ бо Миянмарро тақрибан ба ду миллиард доллари ИМА афзоиш додааст, то нуфузи Чинро аз ин кишвар дур кунад. Инчунин Ҳиндустон Миянмарро дарвозаи худ ба кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё меҳисобад. Ҳамзамон дар Миянмар лоиҳаҳои зиёди рушди инфрасохторӣ роҳандозӣ шудааст, ки аз ҷониби Ҳиндустон маблағгузорӣ мешаванд, ба монанди лоиҳаи шоҳроҳи босуръати сетарафа байни Ҳиндустон, Миянмар ва Тайланд ва лоиҳаи пайвасти бандари Роҳинга дар Миянмар бо бандари Калкуттаи Ҳиндустон тавассути баҳр дар назар аст. Инчунин Миянмар узви “Гурӯҳи ҳамкории минтақавӣ барои кишварҳои хурди иқтисодии ҳавзаи Бангола-BIMSTEC” мебошад. Ҳиндустон ҳамкориҳои низомӣ ва амниятиро бо Миянмар тақвият бахшида, ба он силоҳ мефурӯшад ва машқҳои низомӣ мегузаронад. Пас, мавқеи Деҳлӣ нисбат ба ҳукумати Миянмар дар робита ба масъалаи ақаллияти мусалмонони Роҳинга аз якдилӣ бештар намебошад.
Кишвари Миянмар бо гуногунқавмӣ ва этникӣ имтиёзи худро дорад, ки аҳолии он тақрибан ба 60 миллион нафар мерасад. Ва ақаллияти бирмагиҳо, ки қудратро бо артиш тақсим мекунанд, тақрибан 55-60% фоиз буда, қисми аз ҳама зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд. Аммо ақаллиятҳои дигар ба монанди ақаллияти Шан, Карен ва Араканис дар наздикии марз бо кишварҳои ҳамсоя зиндагӣ мекунанд. Аксарияти буддоиён, ақаллиятҳои мусалмон ва масеҳиро таҳдид ба мавҷудияти худ мешуморанд. Аз ин рӯ мавқеи хонум Аун Сан Су Кӣ дар масъалаи он чи болои мусалмонони Роҳинҷа рух дод, як масъалаи ватандӯстӣ ва миллӣ мешуморад, то тавоно будани артишро дар муқобили кӯшишҳои шубҳанок барои заиф сохтани артиш ва ноустувор гардонидани амният ва суботи кишварро мепиндорад ва ҳалли ин масъаларо ба тариқи Югославияи собиқ ва пасон Ироқ мебинад.

 Хулоса
Шакке нест, он чизе, ки дар минтақа рух медиҳад, ба низоъи байни қудратҳои бузург, алахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин иртибот дорад. Аз ин рӯ нооромиҳо дар Ҳонгконг, Тайланд ва ҳоло дар Миянмар як қисми асосии ин низоъ аст. Зеро ин ду кишвар - Таиланд ва Миянмар – ҳадафи санги гузоштаи асосии ташаббуси Чин (Як хат – як роҳ) шуморида мешавад.
Аз ҷумла, он чи ки мегузарад, метавонад нишонаҳои дастҳои пинҳонӣ паси пардаи инқилоби рангини нопурраи Миянмарро нишон диҳад, аммо ин ба мо монеъ намешавад, ки дар паҳлуи ҳуқуқи мардум барои татбиқи демократия ва озодиҳои фардӣ бошем. Ва бояд артиш ба демократия баргардад ва амният ва суботро дар кишвар таъмин намояд.
 
Доктор Воил Аввод,
Нависанда, рӯзноманигори суриягӣ ва мутахассиси масоили осиёӣ
11.02.2021

Тарҷума аз арабӣ
Субҳониддин Қ., Абдуҳалим Одинаев 
Ниг:.. Рӯзномаи электронии “Раъйи имрӯз-رأي اليوم”.
(www.raialyoum.com)
ميانمار بين حكم العسكر والعصيان المدنيّ – العراق الجديد. الدّكتور وائل عوّاد
 
 
[1] - Иттиҳодияи кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё (АSЕАН) дар 8-ми августи соли 1967 дар шаҳри Бангкоки Таиланд аз панҷ кишвар: Индонезия, Малайзия, Филиппин, Сингапур ва Таиланд таъсис ёфтааст. Кишвари Бруней дар моҳи январи 1984 ба ин гурӯҳ ва сипас Ветнам дар соли 1995, Лаос ва Мянмар дар соли 1997 ва Камбоҷа дар соли 1999 пайвастанд. Ниг:.. Иттиҳодияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН). 19.11.2007. Манбаъ: Агентиҳо. Шабакаи ал-Ҷазира. Al Jazeera (www.aljazeera.net). (رابطة دول جنوب شرقي آسيا (آسيان

БОЗГАШТ