АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

«МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ…»-ҳамоиши илмӣ боиштироки намояндаи насли 22-юми Мавлоно ҶалолиддиниБалхии Румӣ дар Душанбе

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

«Мавлавихонӣ ва самоъ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаёт ва фалсафаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ҳамоиши илмӣ доир гардид, ки дар он намояндаи насли 22-юми Мавлоно — Байру Айше Эсин ва олимону адибони ҳарду кишвар иштирок доштанд.

  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни сухани ифтитоҳӣ чунин иброз намуд: «Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ориф ва файласуфи диниест, ки тавонист аз  устураҳои диниву қавмии хеш таълимотеро ба вуҷуд орад ва ба василаи он ҳам марҳилаҳои рушди шахсияти худро ифода созад ва ҳам дар заминаи ин мероси мондагор  насли минбаъдаи худро новобаста аз догмаҳои қавмиву динӣ ба шинохти инсоният ҳидоят кунад».

  Ба андешаи Фарҳод Раҳимӣ, имрӯз дар заминаи чунин шинохт  таълимоти Мавлоно  дар саросари ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ӯ яке аз шахсиятҳое ба шумор меравад, ки башариятро ба ҳамгироиву сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, дар таълимоти худ гуфтугӯи фарҳангиро ба роҳ мондааст. Ин нишаст низ давоми таълимоти инсонсолории Мавлоно буда, наслҳои башариятро бо ҳам мепайвандад.
Сипас, Сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Коксал, академик Кароматулло Олимов, профессорон Хуршед Зиёев ва Муҳиба Маҳмадҷонова дар бораи  фалсафаи шоир, олим ва мутафаккири бузурги олами Шарқ сухан карданд.
  Таъкид гардид, ки Мавлоно меъёри арзишгузориро на ба арзишҳои динию устуравӣ, балки ба ҳолатҳои инсонӣ асос ниҳодааст, ки ин ҳолатҳову воқеиятҳо болотар аз ҳар гуна арзишҳои қолабӣ, шахшуда ва догматикӣ мебошанд. Чунин шинохт омиле гашт, ки Мавлоно аз доираи бинишҳои хурофотӣ берун омада, дар сатҳи фарҳанги ҷаҳонӣ ё умумиинсонӣ эътибор дошта бошад. Имрӯз дар заминаи чунин шинохт таълимоти ӯ дар саросари ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, яке аз шахсиятҳое ба шумор меравад, ки башариятро ба ҳамгироиву ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, дар таълимоти худ гуфтугӯи фарҳангиро намунаи бориз дар муносибатҳои иҷтимоӣ ба башарият пешниҳод кардааст.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, аз ҷумла, зикр кард, ки «Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ – сафири фарҳангии байни Тоҷикистону Туркия ва тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки дар таълимоти худ заминаи гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳоро роҳандозӣ кардааст. Ин гуфтугӯи фарҳангҳо дар ҷаҳони муосир муассиртарин шеваи устувории равобити байналмилалӣ буда, омили аз байн бурдани ҳар гуна зиддиятҳову низоъҳои байни давлатҳо шуда метавонад».
Намояндаи насли 22-юми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Байру Айше Эсин баъди ҳамоиш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки «паёми Мавлоно паёми зиндагисозӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳрварзӣ ва инсонсолорӣ буда, дар ҳар давру замон ҳалқаи пайванди наслҳо ва инсонҳоро таъмин намудааст. Башарият ба ин навъи паём:

Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

Ҳамеша ниёз дорад ва дар партави ин паёми мардуммеҳвар ба сӯи маърифат, фазилат, садоқат, шарофат, асолат, ҳувият ва, билохира, инсоният қадамҳои устувор мебардорад».
Ба андешаи Байру Айше Эсин, «аз куҷо будани Мавлоно Балхӣ муҳим нест, муҳим шеър, андеша, ирфон ва фалсафаи Мавлоност, ки бо тозагиву таровиши вижа асрҳои аср сарзамини фарҳангу маънавиёти халқҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷику туркро шодоб гардонидааст ва дар оянда ҳам шодоб хоҳад кард. Ин таровишро имрӯз ҳам дар муносиботи мутақобилан судманди сиёсӣ ва фарҳангии ду кишвар –Тоҷикистону Туркия ба хубӣ метавон мушоҳида кард».
Бояд зикр намуд, ки МавлоноҶалолиддини Балхии Румӣ   дар байни сухансароёну бинишварони адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷику форс ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш тӯли 810 сол инҷониб маъруф аст. Шоҳкориҳои адабиву ирфонии ӯ, амсоли «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Девони Шамс», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Мактубот» осори пурарзише ҳастанд ва кулли масъалаҳои ин китобҳо ба тарбияи инсони комил бахшида шудаанд.

Мавҷуда АНВАРӢ

БОЗГАШТ