АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МОДЕЛИ ИҶТИМОИИ КИШВАРҲОИ СКАНДИНАВӢ ВА ТАҶРИБАИ ОН ДАР СОХТОРИ ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Модели скандинавӣ, бо номҳои модели шведӣ, модели Аврупои Шимолӣ, модели иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Аврупои Шимолӣ (Дания, Исландия, Норвегия, Шветсия ва Финландия) маълум аст. Модели скандинавӣ ҷиҳати иҷтимоӣ ва некуаҳволии кишварро рушду тараққӣ медиҳад.
  Истилоҳи «кишвари иҷтимоӣ» пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бештар дар байни мамолики Ғарб паҳн шуда, дар сохтори давлатӣ ворид гардидааст. Дар баробари ин сатҳи баланди иҷтимоии мамлакатҳои Ғарб аз солҳои 50 инкишоф ёфтааст. Ба таври дигар метавон гуфт, ки асри XX истилоҳи «ҷомеаи иҷтимоӣ» маҳз тавассути модели скандинавӣ ба вуҷуд омад. Сатҳи иҷтимоии кишварҳоро аксар вақт бо давлати сотсиалистӣ муайян менамуданд. Бинобар ин “Энсиклопедияи Британика” шарҳ медиҳад, ки давлати иҷтимоӣ дар ҳифз ва пешбурди иқтисодӣ нақши калидӣ дошта, талаботи иҷтимоии шаҳрвандонро қонеъ мегардонад. Он ба сохторҳои ҳукуматӣ баробар асос ёфта, имкониятҳо, тақсими одилонаи сарват ва масъулияти шаҳрвандӣ дар нисбат ба онхое, ки худашонро мустакилона таъмин карда наметавонанд, стандартҳо иҷтимоиро муайян мекунад.
  Ҳамин тариқ, меъёри ибтидоии ҷорӣ кардани модели скандинавӣ дар давлати иҷтимоӣ ба як намуди махсуси сохтори давлатӣ, ки ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ ҷорӣ карда шавад, лекин бисёр давлатҳо усули хоси худро доранд.  
  Боиси зикр аст, ки ҳарчанд байни кишварҳои скандинавӣ фарқиятҳои назаррас вуҷуд доранд, ҳамаи онҳо баъзе вижагиҳои умумиро низ дороанд. Модели мазкур тараққиёти ин давлатҳоро таъмин намуда, барои баланд бардоштани мустақилияти инфиродӣ, мусоидат ба ҳаракати иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои асосии инсон ва суботи иқтисодии кишварро таъмин месозад. Модели скандинавӣ аз дигар намудҳои модули иҷтимоӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳадди аксар расонидани иштироки қувваи корӣ (шуғли умумӣ), баробарии гендерӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои иҷтимоӣ ва дараҷаи бештари тақсимоти даромад ва сарват фарқ мекунад.
  Ин модели некӯаҳволии васеи иҷтимоӣ ва ҳамзамон индивидуализми густурдае, ки ба ин кишварҳо хос аст, аз ҷониби Ларс Трагард аз Коллеҷи Донишгоҳи Эрста Скондал ҳамчун “индивидуализми давлатӣ” тавсиф шудааст. Баъзан модули мазкурро ба сохтори сотсиалистӣ (сотсиализми скандинавӣ) шабоҳат медиҳанд.
  Дар баробари ин, баъзе таҳлилгарон ва мутахассисон ин моделро ҳамчун сотсиализми аз ҳад зиёд озоду (демократишуда) ва сердаромад (капиталистӣ) танқид мекунанд ва бархе аз олимон ҳатто истифодаи истилоҳи «сотсиализм»-ро дар робита ба модели скандинавӣ нодуруст арзёбӣ менамоянд. Модели скандинавиро метавон ҳамчун бо як навъ марҳала, яъне бо номи “марҳалаи тиллоӣ” тавсиф намуд. Он комилан на сохтори капиталист ва на сотсиалист мебошад ва танҳо мутахассисон кӯшиш менамоянд, унсурҳои муваффақи ҳар ду сохторро якҷо нишон диҳанд. Дар ин замина соли 2013 маҷаллаи “The Economist” изҳор доштааст, ки кишварҳои скандинавӣ бо модули иҷтимоии худ беҳтарин системаи идоракуниро дар ҷаҳон доранд.
  Лозим ба ёдоварист, ки кишварҳои скандинавӣ моделҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро доранд, ки баъзан аз ҳамсояҳои худ хеле фарқ мекунанд. Масалан, баъзе кишварҳои шимолӣ дар 20 соли охир механизмҳои бозории либералиро таҷриба кардаанд. Дар Шветсия, сиёсатҳои неолибералӣ ва беэътиноӣ ба сектори давлатӣ дар даҳсолаҳои охир боиси афзоиши босуръати нобаробарӣ дар байни кишварҳои Ғарб гардид. Бо вуҷуди ин, маълум гардид, ки Шветсия то ҳол яке аз кишварҳои баробарҳуқуқи иҷтимоӣ дар ҷаҳон боқӣ мемонад.
  Солҳои 1990-2005 тамоюли умумии скандинавӣ барои кам кардани шумораи гирандагони кӯмакҳои иҷтимоӣ ошкор карда шуд. Аз соли 1990 то 2005 шумораи гирандагони кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол дар Дания аз 235,2 ҳазор то 179,3 ҳазор, дар Норвегия аз 178,3 то 150,6 ҳазор, дар Шветсия аз 339,4 то 271,6 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Дар ин давра ҳиссаи гирандагони кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дар шумораи умумии аҳолии аз 18 сола боло низ коҳиш ёфт: дар Дания аз 5,8 то 4,3 фоиз, дар Исландия аз 2,6 то 2,4 фоиз, дар Норвегия аз 5,3 то 4,2 фоиз, аз 5,0 то 3,8 % дар Шветсия ва ғ. Ба истиснои Финляндия, ки шумораи гирандагони кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дар солҳои 1990-2005 аз 255,6 то 279,6 ҳазор нафар афзуда, ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии аҳолии аз 18 сола боло аз 5,9 то 6,7 фоиз афзудааст.
  Қайд кардан зарур аст, ки модули иҷтимоӣ метавонад барои мамолики дунё, чун ҷаҳони Шарқ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ кӯмак кунад. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад аз модули скандинавӣ истифода намояд. Истифода аз модели мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим аст, ки оғози ҷорӣ намудани модели мазкур аз баланд намудани сатҳу сифати моддиву маънавии сохтори илм ва маориф шурӯъ намояд. Вобаста ба ин модел Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонем, аз ҷиҳатҳои “сохтори рушди иҷтимоӣ”и “бабрҳои осиёӣ” (Индонезия, Малайзия ва Сингапур) низ истифода намояд.
  Зимни талошу кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тоҷику тоҷикистонӣ итминон дорад, ки сохтори иҷтимоии мамлакат дар даҳсолаи оянда ҳалли пурраи худро меёбад.      
 
Шозиёева Г.П.
ходими пешбари илмии Институт
Хушачинова М.М.
магистранти Институт
 

БОЗГАШТ