Вақте, ки сухан дар бораи сайёҳии Италия меравад, Италия кишварест, ки дар баробари Фаронса ва Испания маркази сайёҳии байналмилалиро низ ба худ касб кардааст.
Ҳамасола зиёда аз 50 миллион нафар сайёҳон ба шаҳру истироҳатгоҳҳои ин кишвар сафар мекунанд. Италия дорои 155 осори мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад, ки нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон зиёдтар аст. Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёт Италия давлати бонуфузи дорои иқтисодиёт ва саноати хеле тараққикарда мебошад. Ин кишвар низ дар ибтидои таъсиси Иттиҳоди Аврупо саҳмгузор буд. Италия як кишвари аҷибест, ки дар он таърихи қадим ва муосир, давраҳои гуногун ва мероси ғании фарҳангӣ, анъанаҳо ва ҳувият ба ҳам пайванд шудаанд. Метавон аз ёдгориҳои замонҳои қадим, Рим, романтикаи дилрабои Венетсия, панорамаи кӯҳии Тоскана, нишебиҳои ҷанубии Алп, табиати аҷиб, офтоб, баҳр, ҳаво ёдовар шуд, ки ҳамаи ин муъҷизаҳо Италия аст! Онҳо дар қисми марказии баҳри Миёназамин мавқеи “беназири ҷуғрофӣ” дошта, ба гаҳвораи тамаддуни Аврупо табдил ёфтааст. Дар Апеннин, империяи Рими қадим ба вуҷуд омад, ки ба олимони машҳури ҷаҳон, амсоли Данте Алигэри рассомони шуҳрати ҷаҳони доштаи истеъдодҳои давраи эҳё “Ренессанс” амсоли Леонардо Да Винчи, Рафаэлло, Пабло Пикассо ва Клод Монэ ва шумораи зиёди аттраксионҳо машҳур аст. Дар Италия шахсиятҳои аҷоиб зиндагӣ мекунанд, ки шабеҳияти тоҷикона дошта бо табъи гарми худ, ошкорбаёнӣ, самимият, муоширати аҷиб ва меҳмоннавозии худ машҳуранд.
Дар миёни сайёњони ҳар ду кишвар, ки ин шањрњои ќадимаро тамошо мекунанд аз њама маъмултарин намуди сайёҳӣ ин мардумшиносӣ аст, зеро дар ин навъи сайёҳӣ ба ѓайр аз омӯзиши њунарњои ќадима, ҳунар ва тарзи зиндагии мардум, имконияти омўхтан ва аз нав барқарор кардани ҳунарҳои аз байн рафта, зиёд ба назар мерасад.
Обамбори Қайроќумро бањри тољик низ меноманд, ки дар Хуљанд ҷойгир аст ва дар натиљаи сохта шудани нерўгоњи барќї дар Сирдарё пайдо шудааст ва яке аз маконњои фароѓатї барои сайёњон ба њисоб меравад. Қобили қайд аст, ки маркази табобатию фароѓатии “Бањористон”, ки дар канори обанбор сохта шудааст, яке аз марказњои табобатию фароѓатие мебошад, ки ба тамоми стандартњои љањонӣ љавобгӯ мебошад ва яке аз манбањои асосии сайёњӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Тоҷикистон макони ќуллаҳои баланди куҳӣ, шаршараҳои зебо аз пиряхњои калон сарчашма гирифта, дарёњои пурталотум, кўлҳое зебо, кӯҳҳои осмонбӯс, манзарањои зебои нотакрор, гиёҳњо ва хайвонхои нодир диққати сайёҳони Аврупоӣ ва инчунин Италияро ба худ ҷалб мекунад. Тољикистон дорои табиати ба худ хос аст, барои мисол танњо як соат парвоз дар фазои Тоҷикистон имконият медихад, ки аз гармии тоќатфарсо яъне аз водии Вахш ба Бадахшон ба ќуллахои њамеша барфпўши Помир рафта расем, ин аст боигарии Тољикистон аз замони ќадим маркази таваҷҷуҳи сайёњони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Дар Тољикистон бисёр мамнўъгоњҳои давлатӣ вуљуд доранд, аз ќабили Зоркул, Ромит, Даштиҷум ва бисёр мавзехое, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза нигоҳ дошта шудаанд. Бисёр растаниву ҳайвонотҳое мебошанд, ки номашон дар китоби сурх ворид карда шудааст. Ногуфта намонад, ки яке аз оҳуи кӯҳии зеботарини Тоҷикистон ба номи сайёҳи итолиёӣ Марко Поло номгузорӣ карда шудааст. Қобили қайд аст, ки ҷойи сукунати оҳуи Марко Поло дар Тоҷикистон Помири Шарқӣ – Мурғоб, қаторкӯҳҳои Музкол, Пшарт, Аличури Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Вахон, Сарикӯл, Зулумарт ва Пасиолой мебошад.
Тоҷикистон ва Италия бо шабоҳатҳои зиёди таърихӣ ба ҳам мепайванданд. Яке аз далелҳои аҷибе, ки Италияро ба ҷаҳониён шинос мекунад, Колизейи Рум мебошад, ки бо номи Амфитеатри Флавӣ низ маъруф аст. Ин Колизей рамзи муҳандисии қадим ва бузургии Рум ба ҳисоб меравад. Ин сохтори бузург дар тӯли тақрибан ду ҳазор сол ҳамчун шаҳодати таҷрибаи меъморӣ ва нозукиҳои иҷтимоии империяи Рум боқӣ мондааст. Гарчанде ки он макони бозиҳои гладиаторӣ ва тамошои оммавӣ буд, дар бораи ин арсаи қадима далелҳои аҷибе мавҷуданд, ки барои оммаи васеъ ва сайёҳон хеле ҷолиб мебошанд.
Дар ҳуҳуди Тоҷикистон Помири бузург, яке аз марказҳои машҳури ҷаҳон бо баландтаринҳо аз 2800 то 7495 м. аст. Дар сатҳи боло аз сатҳи баҳр, дар саросари ҷаҳон, ба монанди “Сақфи ҷаҳон” машҳур аст.
Дар Тоҷикистон намудҳои гуногуни варзиш ба монанди куҳнавардӣ, алпинизм, рафтинг, сайёҳии кӯҳӣ ва дигар намуди варзиши экстрималӣ амал мекунад.
Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чашмаҳои шифобахш мавҷуданд, ки сайёҳони хориҷиро аз дигар кишварҳои дунё ба худ ҷалб менамояд, амсоли;