АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муҳаммад Осимӣ ва шарқшиносии тоҷик

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Устод Муҳаммад Осимӣ аз нахустин солҳои ба вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин шуданашон дар андешаи он буданд, ки чи тавр илми шарқшиносиро, ки дар Тоҷикистони Советӣ, бо вуҷуди баъзе муваффақиятҳо ҳанӯз ба дараҷаи дилхоҳ инкишоф ва мавқеи худро наёфта буд, ба аҳли илм намоён ва ба талаботи вақт ҷавобгӯ намоянд. То он вақте ки шодравон академик Абдулғанӣ Мирзоев роҳбарии яке аз марказҳои асосии шарқшиносиро дар Тоҷикистон сарварӣ мекарданд, устод Осимӣ боварӣ доштанд ва бевосита худашон медиданд, ки шарқшиносии тоҷик сол то сол бо талоши донишмандони тоҷику русу эронӣ қавитар шуда, на танҳо дар бахши филология, балки дар бахшҳои дигар низ оҳиста – оҳиста аз мавҷудият ва зарур будани худ миёни дигар марказҳои шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки пештар бунёд шудаанду собиқаи бештар доранд, бо иҷрои корҳои муайяну мубрами тадқиқотӣ хабар медиҳад.
  Дар ҷодаи инкишофу тақвият додани шарқшиносӣ дар Тоҷикистон устод Муҳаммад Осимӣ чӣ нақше доранд ва чӣ саҳми назаррасе гузоштаанд, ҳамаи инро хоҳишмандон аз китоби академик Кароматулло Олимов, ки бо номи “Машъалафрӯзони хирад”[1] навиштаанду соли 2021 ба табъ расидааст, дастрас карда метавонанд. Дар ҳамрайъӣ бо академик Кароматулло Олимов мо ин мавридро истифода намуда, баён кардани чанд нуқтаи дигарро ин ҷо зарур донистем.
  Якум: Бе баҳс, таваҷҷуҳи устод Осимӣ ба масъалаҳои шарқшиносӣ, фикр мекунем, ки маҳз аз ҳамон солҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шуъбаи омӯзиши забонҳои арабиву форсӣ кушода шуда буд, оғоз ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 1958 қарори КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ оид ба таъсиси Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ қабул шуда буд, сурати амалиро дар назди Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифт. Вақте ки устод Осимӣ дар аввали солҳои шастум вазири маорифи халқи Тоҷикистон буданд, барои тайёр кардани мутахассисони забонҳои ҳиндӣ ва урду чораҳо андешидаанд. Маҳз ҳамон вақт як гурӯҳ ҷавонон барои омӯхтани забонҳои ҳиндӣ ва урду ба шаҳри Ленинград фиристонда шуданд, то ин ки пасон дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кушодани шуъбаҳои ҳиндӣ ва урду имконпазир шавад. Устод шахсан дар як сол се маротиба ин ҷавононро бо Идҳои Соли навӣ, Якуми Май ва Ҳафтуми ноябр табрик менамуданд. Пас аз он, ки ин гурӯҳ соли 1967 Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намуда, бо даъвати академик Мирзоев ба шаҳри Душанбе баргаштанд ва ҳамон вақт дар назди шуъбаи Шарқшиносӣ ва осори хаттӣ, ки пас ба Институти Шарқшиносӣ табдил дода шуд, сектори Ҳинду Покистон таъсис ёфт. Ҳамин тариқ, дар ташкил намудани ин сектори нав дар соли 1967 баробари саҳми академик Мирзоев, саҳми устод Осимӣ низ беназир аст.
  Дуюм: Пас аз фавти академик Абдулғанӣ Мирзоев дар соли 1976 устод Осимӣ дар як вақт баробар бо Президенти Академияи фанҳои Тоҷтикистон будан, боз чанд муддате роҳбарии Институти Шарқшиносиро низ ба уҳда доштанд. Банда чун дар ҳамин Институт ба ҳайси котиби илмӣ иҷрои вазифа мекардам, он вақт наздиктар бо устод Муҳаммад Осимӣ шинос шудам ва шахсан шоҳиди чандин пешниҳодҳо ва талошу ташвишҳояшон будам, ки ҳамааш барои дар Тоҷикистон неруманд ва боэътибор намудани масъалаҳои шарқшиносӣ буд.
  Сеюм: Соли 1987 ҳукумати Ҳиндустон тамоми ҳамин солро соли 40 солагии истиқлолияти Ҳиндустон эълон намуда чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намуд. Дар нақша - барономаи ин иқдом баробари дигар чорабиниҳо, дар шаҳрҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронидани намоиши китобҳои ҳиндӣ сабт шуда буд. Ин намоишро нуқтаи охирини гузорониданаш шаҳри Душанбе буд. Дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ намоиши чор ҳазор китобҳои нашри Ҳиндустон ба забонҳои гуногуни Ҳиндустон, аз ҷумла забонҳои ҳиндӣ, урду панҷобӣ, банголӣ ва ғайра гузаронида шуд. Як миқдори муайяни китобҳо ба забони англисӣ буданд. Ба ғайри китобҳои бадеӣ, ки шумораашон бештар буд, боз китобҳо бахшида ба адабиёт, забон, тиб, таърих, фарҳанг, санъати меъморӣ ва ғайра дар ин намоиш дида мешуд. Рӯзи кушодашавии намоиш дар оғоз мутобиқи барнома устод Муҳаммад Осимӣ бояд суханронӣ мекарданд. Чанде пеш аз кушодашавии ин рӯйдоди ҷолиб, устод манро, ки он вақт дар Донишгоҳи давлатӣ мудири кафедраи филологияи Ҳинд будам, даъват намуданд ва дар утоқи кории директори китобхона суҳбатеро муносиб дида, гуфтанд, ки дар кушодани намоиш бояд суханронӣ намоянд ва ният доранд чанд нуқтаеро аз адабиётҳои Ҳиндустон ёдовар шаванд. Тавре медонистем худашон оид ба адабиёти форсизабони Ҳиндустон ва маъруфтарин намояндагони он огоҳии хуб доштанд ва саволҳое, ки ба ман доданд, масъалаҳои адабиёти қадимаи Ҳиндустонро ба забони санскрит дар бар мегирифтанд, аз ҷумла оид ба ҳикояҳои “Панчатантра”, “Ҳитопадеша” ва маъруфтарин драматургҳои замони қадими Ҳиндустон. Ҳамин тариқ, чанд чизро барои худ дақиқ карданд. Муҳтавои суханронӣ ин буд, ки ин намоиш Ҳиндустони афсонавиро воқеӣ ба тоҷикон наздиктар менамояд. Пас аз суханрониашон устод бо кормандони намоиши китобҳо, ки ҳиндуҳо буданд, суҳбат карданд ва ман дар ин суҳбат нақши тарҷумонро иҷро мекардам. Пас аз гузаштани ин намоиш, ки якчанд рӯз давом ёфта буд, тамоми ҳамин чор ҳазор китоб, ки ҳар кадомаш қимати баланд доштанд, ба китобхонаи Фирдавсӣ туҳфа карда шуд.
  Аз ин намоиш маҳз ба хотири он ёдовар шудем, ки дар гузаронидани намоиши китобҳои ҳиндӣ дар Тоҷикистон ва пурра барои истифода ба китобхонаи Фирдавсӣ туҳфа шудани ин китобҳои нодир бевосита саҳми устод Осимиро бояд таъкид намуд. Ин далел низ ҷолиби зикр мебошад, ки ҳамон вақтҳо дар шуъбаи адабиёти хориҷии китобхонаи мазкур, ки роҳбарии онро В. Белан ба уҳда дошт, ҳамагӣ як китоб ба забони ҳиндӣ мавҷуд буду халос. Ин китоб - романи Садриддин Айнӣ “Дохунда” буд, ки онро олим ва тарҷумони машҳури Ҳинд Раҳул Санкритяян (1893-1963) ба забони ҳиндӣ тарҷума карда буд. Китоби “Дохунда” ба забони ҳиндӣ, тавре мегӯянд, зери ҳафт қулф бисёр бо эҳтиёт нигоҳ дошта мешуд. Метавон гуфт, ки бо шарофати устод Осимӣ якбора ин қадар китоб ба забонҳои гунгуни Ҳиндустон муфт ба хонандагон ва олимони тоҷик насиб гардид.
  Чорум: Декабри соли 1988, шаҳри Деҳлӣ. Ҳамин вақт дар Ҳиндустон конференсияи байналмилалии забони форсӣ гузаронида шуд. Дар ин конференсия аз Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ, академик Аҳрор Мухторов, днишмандони маъруф Абдуқодир Маниёзов, Абдуллоҷон Ғаффоров ва аспиранти Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав Равшан Раҳмонӣ иштирок намуданд. Ин сафари олимони тоҷик ба ҳамон вақте рост омад, ки пас аз ин конференсия бо ташаббуси бевоситаи яке аз шогирдони академик Бобоҷон Ғафуров профессор Девендра Каушик як конференсияи дигар - конференсияи илмӣ бахшида ба 60 – солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешуд. Ман дар ин конференсия даъватӣ будам ва баромад доштам. Устод Осимӣ дар конференсияи ба академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба забони англисӣ суханронӣ карданд, ки шахсан барои ман ғайри чашмдошт буд. Баромади ман бошад ба забони ҳиндӣ буд. Пас аз конференсия бо устод суҳбати хосае доштем. Инро як навъ идомаи конференсия гӯем ҳам мешавад. Зеро устод дар ҳарду маврид ба масъалаи саҳми Бобоҷон Ғафуров дар омӯзиши Ҳиндустон ва тайёр кардани мутахассисони шарқшинос, аз ҷумла ҳиндшинос барои Тоҷикистон эътибори ҷиддӣ додаанд. Устод Осимӣ таъкид карданд, ки дар шарқшиносии тоҷик ҷой ва мавқеи Ҳиндустон бояд ба таври ҳамешагӣ махсус муайян шуда истад.
  Панҷум: Устод Осимӣ, вақте ки роҳбарии Институти Шарқшиносиро ба уҳда доштанд, бисёр мехостанд, ки дар Институт шумораи шуъбаҳо ва секторҳо афзоиш ёбанд ва ба ғайр аз омӯзиши масъалаҳои филологӣ боз масъалаҳои таърих, иқтисодиёт, афкори ҷамъиятӣ, мардумшиносӣ ва мисли инҳо зиёд шаванд. Ба хотири ин ҳадаф бевосита бо пешниҳоди устод ба Институт чанд мутахассиси иқтисодчӣ ва таърихшинос ба кор гирифта шуд.
  Дар солҳои шастуму ҳафтодуми асри ХХ дар мамлакатҳои Шарқ авҷгирии бесобиқаи ҳаракатҳои динӣ мушоҳида мешуд, бинобар ин боз зарурати бештару ҷиддитар омӯхтани ин ҳаракатҳо низ пеш омад. Дар шӯрои илмии Институт ба қароре омаданд, ки бояд дар Институт як шуъбаи нав бо номи “Афкори ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои динии мамлакатҳои Шарқ” ташкил карда шавад. Барои амалӣ шудани ин кор якчанд вазифа, аз ҷумла асоснок кардани зарурати кушодани чунин шуъба, ба дӯши ман ва муовини директор оид ба илм Дӯстмурод Саидмуродов гузошта шуд. Иҷрои ин кор чӣ қадар мушкилиҳо дошт, устод худашон медонистанд. Ба ташкилотҳои дахлдор борҳо мактуб навиштем, борҳо розигии шахсони ҷудогонаро гирифтем, борҳо далелҳои нав меовардем ва ғайра. Пас аз гирифтани розигии Ҳукумати Тоҷкистон дар шахсияти Расулов Ҷаббор Расулович (1913-1982), котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба раиси Совети вазирони СССР Косигин Алексей Николаевич (1904-1980) аз номи Расулов Ҷаббор Расулович (албатта бо маслиҳати худи Ҳукумати Тоҷикистон), мактуби махсус фиристодем, то ин ки барои кушодани ин шуъба иҷозат диҳанд. Бояд гуфт, ки шахсан кӯшишу дастгирии устод Осимӣ буд, ки ин кор дар охир имконпазир шуд.
  Шашум: Замони Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон ва директори Институти Шарқшиносӣ будани устод Осимӣ боз ба замоне рост омадааст, ки дигаргуниҳои азиме яке аз паси дигаре дар мамлакатҳои аз лиҳози забону адабиёту таъриху фарҳанг бо мо хеле наздик Афғонистон (Инқилоби Савр, 1978) ва Эрон (Инқилоби Исломии Эрон, 1979) мушоҳида мешуд. Бе ин инқилобҳо ҳам устод барои омӯзиши ин ду давлат пайваста эътибор медоданд. Чун дар ин давлатҳо дар натиҷаи инқилобҳо дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд, устод тасмим гирифтанд, ки шумораи мутахассисони афғоншиносу эроншинос дар шуъбаҳои мутобиқи Институти шарқшиносӣ ва дигар институтҳои Академия зиёд карда шаванд. Таъкиди устод танҳо аз он маҳдуд набуд, ки шумораи тадқиқотчиёни ин мамлакатҳо зиёд карда шавад. Корҳои тадқиқотӣ бояд ин тавр сурат мегирифтанд, ки ба ҳамаи масъалаҳои пештар мавҷуд буда ва акнун тоза пайдошуда нигоҳи дигар ва таҳлили ҷавобгӯи вақт таҷриба карда шавад. Дар ин даврон бисёр кормандони Институти шарқшиносӣ ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар Эрону Афғонистон иҷрои вазифа мекарданд. Устод бо ин гуна кормандон пеш аз сафар ба хориҷа ва баъди хатми сафар ҳатман суҳбат мекарданд. Муҳтавои суҳбатҳои пеш аз сафар аз он иборат буд, ки аз фурсати мусоид истифода бурда, корҳои тадқиқотиро қатъ накарда, дар он мамлакатҳо низ идома диҳанд. Маводҳои лозимиро барои худашон ва барои Институт биёранд. Баъди хатми сафар ба ҳар яке саволҳои мухталиф дода, ҷавобҳоро бисёр бо диққат гӯш мекарданд, пас нисбат ба корҳои илмии ояндаашон маслиҳатҳои муфид медоданд. Ҳатмӣ медонистанд, ки ҳар сол гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонони болаёқату умедбахш ба аспирантура ба шаҳрҳои Маскаву Ленинград барои таҳсил ё коромӯзӣ фиристонда шаванд. Вақте ки институтҳо чунин ҷавононро ба марказҳои шарқшиносии шаҳрҳои номбурда фиристоданӣ мешуданд, устод ба қобилият ва ҷаҳонбинии онҳо шинос мешуданд ва таъкид менамуданд, ки дар бахши шарқшиносӣ набояд шахсони тасодуфӣ роҳхат гиранд.
  Ҳафтум: Устод Муҳаммад Осимӣ хуб огоҳ буданд, ки дар осорхонаҳо ва китобхонаҳои сершумору бонуфузи Ҳиндустон ҳазорҳо - ҳазорҳо нусха дастхатҳои нодир ба забони тоҷикӣ-форсӣ мавҷуданд ва ҳиндшиносии тоҷик дар асри ХХ маҳз бо омӯзиши адабиёти форсизабони Ҳиндустон оғоз ёфтааст, ки мисоли равшанашро дар тадқиқотҳои сершумори устод Садриддин Айнӣ мебинем. Аз ин ҷо мутахассисони ин бахшро махсус дастгирӣ менамуданд ва орзу доштанд, ки олимони тоҷик, аз ҷумла ҳиндшиносон зудтар ва ҷиддитар рӯ ба ин хазинаҳои бебаҳои илму адабиҲиндустон оранд.
  Ҳаштум: Устод Осимӣ чанд дафъа дар ҷаласаи назди директори Институт, ки худ раисии онро ба зима доштанд, пешниҳод намуданд, ки дар назди Институт бояд шуъбаи тарҷумонӣ ташкил карда шавад то ин ки тарҷумонҳо асарҳои бадеӣ ва илмии муаллифони Шарқи хориҷиро бевосита аз забонҳои асл ба забони тоҷикӣ тарҷума кунанд. Амалӣ шудани ин ният дар маҷмӯъ барои хубтар иҷро намудани корҳои илмӣ -тадқиқотӣ манфиати хеле зиёдро доро мешуд. Лекин он вақт ҳалли ин масъала баъзе нозукиҳои дигар дошт, барои ҳамин ҳам ҳалли мусбату дилхлҳи худро наёфт.
  Ҳамин тариқ, устод Муҳаммад Осимӣ барои тақвияту пешрафти бахшҳои гуногуни шарқшиносӣ ҳамчун Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳамчун директори Институти шарқшиносӣ ва ниҳоят ҳамчун донишманди асил ва шуҷоаткори майдони илм бо ҳамон тавоноие, ки доштанд саҳми худро гузоштаанд.

Ҳабибулло Раҷабов
мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
[1] Олимов К. Машъалафрӯзони хирад. Душанбе, 2021.

БОЗГАШТ