АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муҳаммад Осимӣ ва шинохти Ҳиндустон

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

Муҳаммад Осимӣ  ва шинохти Ҳиндустон

Акдемик Муҳаммад Осимӣ тавре, ки маълум аст, аз рӯи ихтисосашон на филолог буданду на шарқшинос, вале ошноие, ки бо илмҳои филологӣ, таваҷҷуҳе, ки  ба масъалаҳои шарқшиносӣ ва эътиборе, ки ба масъалаҳои омӯзиши бузургтарин намояндагони илм ва алалхусус ба намояндагони адабиёт доштанд, шоистаи ҳар навъ аҳсан аст. Ин паҳлӯи фаъолияти Муҳаммад Осимиро  ба некӣ   ба ёд оварда, устодро шарқшиноси асил гӯем, иштибоҳе намешавад. Таваҷҷуҳе, ки оид ба илмҳои дигар доштанду дар мавридҳои гуногун ҳангоми сармуҳаррири энсиклопедияи тоҷик буданашон, ошкор мешуд ва манфиате аз чунин таваҷҷуҳ гирифтан мумкин буд, инро онҳое, ки дар идораи энсиклопедияи тоҷик  ҳамон солҳо  кор мекарданд, пурра тасдиқ карда метавонанд. Даҳҳо олимони шинохтаи Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷа, ки  аққалан   як маротиба бо устод вохӯрдаанд ва ё оид ба ин шахси наҷиб  ягон маълумотеро хонда ё шунида бошанд, ҳатман заҳматҳои ин арбоби намоёни илму фарҳангро бо арзи қаноатмандӣ ва эҳтироми хос баён кардаанд. Саид Ризо Ҳайдар аз Ҳиндустон писари Мансура Ҳайдар, хонуми фарҳангие, ки устодро хуб мешинохтанд,  дар мақолаи худ “Хотира ва хотироти хуш” бо андак ошноӣ бо акдемик Муҳаммад Осимӣ таъсуроте бардоштааст, ки муайянкунандаи симои воқеӣ ва фаъолияти бисёрҷонибаи устодро  баръало ифода менамояд: “Дар бораи шахсияти нотакрор ва мондагор академик Муҳаммад Осимӣ ҳарчи бештару хубтар нависед ҳамон қадар саҳифаҳои рангоранги як давраи муассири таърихӣ пеши назар меояд. Зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятию илмии академик Муҳаммад Осимӣ воқеан намунаи ибрат на фақат барои ҳамзамононаш буд, инчунин намунаи олии садоқати як инсони заминӣ, олими некбин нисбат ба таърих, фарҳанг ва мардум буд”.

Акдемик Муҳаммад Осимӣ аз нахустин солҳои Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон шуданашон (1965) ба адабиёти ватанию хориҷӣ таваҷҷуҳи хос доштанд, хусусан ба адабиёти форсизабони Ҳиндустон.

Ҳамчун Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳамчун   арбоби шинохтаи илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ дар таҷлили солгарди намояндагони барҷастаи аҳли илму адаб ба мисли Амир Хусрав Деҳлавӣ, Абуалӣ Ибни Сино (1980), Абдураҳмони Ҷомӣ (1989), Аҳмади Дониш (1975) ва ҷашни 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1996) ва ғайраҳо саҳми ниҳоят бузург гузоштаанд.

 Аз миёни бисёр шоирони номдори адабиёти форсизабони Ҳиндустон академик Муҳаммад Осимӣ, - сарфарозшудаи мукофоти Ҷавоҳирлол Неҳру ба шахсият ва осори адабии Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Муҳаммад Иқбол таваҷҷуҳи хос доштанд. Дар нимаи дуюми асри ХХ дар институтҳои гуманитарии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва факултетҳои филологии мактабҳои  олӣ ба таври назаррас омӯзиши адабиёти форсизабони Ҳиндустон ба роҳ монда шуда буд. Дар солҳои панҷоҳум-ҳаштодум олимони тоҷик дар бораи Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Муҳаммад Иқбол мақолаҳои илмӣ ва монографияҳои ҷудогона иншо кардаанд. Ҳамзамон ашъори ин нобиғаҳои адаб ба хонандагони тоҷик бо тиражи зиёд нашр ва пешниҳод мешуд. Роҷеъ ба Амир Хусрави Деҳлавӣ рисолаи илмии шодравон Муҳаммадвафо Бақоев “Ҳаёт ва эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ” соли 1975  аз тариқи нашриёти “Дониш” ба табъ расида буд. Нашри дуввуми ин рисола соли 2023 сурат гирифтааст.

Китобе, ки имрӯз бо номи “Хусрави мулки сухан” ба хонандагони  гиромӣ пешкаш шудааст, маҳсули ҳамон муҳаббату эътиқоде мебошад, ки академик Муҳаммад Осимӣ  ба шахсият ва ашъори Амир Хусрави Деҳлавӣ доштанд. Нашри ин китоб бо кӯшиши хонум Гавҳар Осимӣ – духтари устод ва профессор Аскаралӣ Раҷабов, ки академик Осимиро чун падари маънавии худ меҳисобад, ба табъ расидааст. Ин нуқта зарурат ба таъкид аст, ки профессор Аскаралӣ Раҷабов барои гузаронидани ҳар як маҳфил, нишаст ва конференсияи илмие, ки ба хотири ёдбуди устод ташкил карда мешавад дар он бошарафона саҳмгузори карданро  ба ӯҳда дорад. Ҳамин талоши Аскаралӣ Раҷабов буд, ки конференсияи илмии байналмилалӣ бахшида ба 100 – солагии академик Осимӣ дар соли 2020 дар самти бисёр баланд гузаронида шуда, мақолаҳои зиёда аз ҳафтод нафар донишмандони маъруфи ватаниву хориҷӣ ба муносибати ҷашни устод дар андак вақт ҷамъоварӣ ва дар ҳаҷми 870 саҳифа бо номи “Академик Муҳаммад Осимӣ ва омӯзиши масоили тамаддуни Осиёи Марказӣ” соли 2020 чоп шуда, дар рӯзи конференсияи байналмилалӣ ба иштирокчиёни  он тақдим карда шуд.

Ашъори маъруфтарин шоири форсизабони Ҳиндустон Амир Хусрави Деҳлавӣ, бе муболиға, диққати ҳазорҳо муҳаққиқон ва хонандагони одиро дар Ҳинду Покистон ва хориҷи ин кишварҳо ба худ ҷалб кардааст. Академик Муҳаммад Осимӣ  вақте ки баробари Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буданашон боз директори Институти Шарқшиносии ҳамин Академия буданд, дар маҳфилҳои гуногуни илмии институт бевосита иштирок намуда, мавриди муносиб ёфта, ҳатман аз Амир Хусрави Деҳлавӣ ёдовар мешуданд, аз ашъори шоир ҳатман ягон байтеро ба забон меоварданд. Барояшон хусусан ин байт хеле хуш омада буд:

Мард, ки аз илм тавонгар бувад,

Кай назараш бар гуҳару зар бувад.

Соли 1989, каме дер шуда бошад ҳам, дар шаҳри Деҳлӣ бо кӯшиши прфессор Девендра Каушик ба муносибати 80–солагии академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ баргузор шуд. Дар нишасти баъд аз ин конференсия  устод Осимӣ аз адибони тоҷику форсизабони Ҳиндустон ёдовар шуданд ва зиёдтар дар бораи Амир Хусрави Деҳлавӣ гап мезаданд. Ин гуна ошноӣ ба осору шахсияти  Амир Хусрави Деҳлавӣ рафиқони ҳиндустониро ба ҳайрат овард ва ҷаноби Девендра Каушик, ки манро хуб мешинохтанд, аз ман савол карданд, ки магар ҷаноби Осимӣ боз дар ягон мактаби олии Тоҷикистон аз адабиёти форсизабон дарс мегӯянд, ки ин қадар рағбату ошноӣ ба Амир Хусрави Деҳлавӣ доранд? Дар суҳбат маълум буд, ки дар дилу андешаи устод Осимӣ ҷой ва мақоми Амир Хусрави Деҳлавӣ ҳамчун шоири бемисл ҷудо ва хеле намоён аст. Барои ҳамин ба табъ расидани андешаҳо ва ёдоштҳои устод оид ба Амир Хусрави Деҳлавӣ дар шакли китоби ҷудогона амалест табиӣ ва ифодагари таваҷҷуҳи доимии устод ба адабу фарҳанги Ҳиндустон мебошад.

Китоби “Хусрави мулки сухан”   пешгуфтор ва нӯҳ бобро дар бар гирифтааст. Дар ҳар яке аз ин бобҳо бисёр маълумотҳои тоза ва андешаҳои ҷолиби устодро пайдо кардан мумкин аст. Ба истиснои боби “Сайри забони форсӣ дар Ҳинду Покистон” дигар ҳамаи бобҳо, аз ҷумла пешгуфтор ҳам бо намунаҳо аз ашъори Амир Хусрави Деҳлавӣ гулкорӣ карда шуда, иқтибосҳо оварда шудаанд. Дар “Пешгуфтор” аз оғозёбии омӯзиш ва нашри мунтахаби ашъори Амир Хусрави Деҳлавӣ дар Тоҷикистон сухан гуфта, таъкид мекунад, ки он вақт пиру барно ғазалҳои шоирро дар маҳфилҳои гуногун бо лаҳни махсус ба забон меоварданд. Пас барои тасдиқи ин андеша  ба як ғазали ниҳоят машҳури шоир, ки бо байти “Ин чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ, Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ”   муроҷиат менамояд.

Як боби рисола “Ошиқи Ҳиндустон” ном гирифтааст, ки устод он ҷо нишон додаанд, ки Амир Хусрави Деҳлавӣ то чи андоза ошиқи  Ҳиндустон аст. Мо ба ин боб нигоҳ карда, метавонем илова кунем, ки академик Муҳаммад Осимӣ худ ҳам сахт ошиқи Ҳиндустон буданд.

Аз тариқи ин китоб мо ба олами андешаҳои устод ворид шуда, вобаста ба Амир Хусрави Деҳлавӣ дар Тоҷикистон аз бисёр  чизҳое огоҳ мешавем, ки то имрӯз нуҳуфта буданд. Ба воситаи ин китоб мо бори дигар   ба чандин паҳлуҳои олами андешаҳои арзишманди шоир  назар намуда,  дарк мекунем, ки дар воқеъ, Амир Хусрави Деҳлавӣ Хусрави  мулки сухан аст.

Пешлафзи ба ин китоб навиштаи профессор Аскаралӣ Раҷабов низ ҷолиби диққат аст. Аскаралӣ Раҷабов дар ин пешлафз як бори дигар симо ва хислатҳои наҷиби олими барҷаста, инсони комил ва сипоҳии асили илму фарҳанг будани академик Муҳаммад Осимиро ба қалам додааст. Боварӣ дорам, ки ин китоб, бо вуҷуди ҳаҷми бузург надоштан, ҳатман писанди хонандаҳои гиромӣ ва мухлисони осори академик Осимӣ  мегардад.

Ҳабибулло Раҷабов,

сарходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

БОЗГАШТ