АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муҳтарам Ҳотам: Таърих рукни ҳастии миллат аст

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Мусоҳиба бо шоир, нависанда ва таърихшинос Муҳтарам Ҳотам

Калимаи «тоҷик»-ро ба «тозӣ» мансубият додан хатост

- Маънои вожаи «тоҷик» барои ҳар фарди миллат ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дошту ҳаст. Перомуни ин истилоҳ бисёр гуфтаанд ва гуфтании Шумо ҳамчун мутахассис чӣ аст? Вожаи «тоҷик» аз кадом аср маълуму пайдо гардидаву мавриди истифода қарор гирифта дар забони мардум роиҷ гардидааст?

Дар бахши вожаи «тоҷик», пайдоиш, маъно, вусъати ҷуғрофӣ ва фурсати таърихии он навиштаҳои олимон воқеиятро дар ин маврид бозгӯ карда наметавонанд. Роҷеъ ба вожаи «тоҷик» бештари навиштаҳо сатҳӣ, камарзиш ғайривоқеӣ рӯи коғаз омадаанд. Инҷониб чандин сол аст, ки дар ин мавзӯъ пажӯҳиш мебарам.

Дар китоби навам «Тоҷик», ки ба наздикӣ ба нашр расид, ин масъала ба таври муфассал баррасӣ гардидааст. Вожаи тоҷик хеле қадимист. Дар забони санскрит зикр гардидани ин вожа далели 3-5 ҳазор сол қадимияти он аст. Дар адабиёти дини бон ё бонпо, ки қадимтарин дини дунё буда дар Тибет ва баъзе кишварҳои дигар имрӯз низ нуфуз дорад, ёдрас шуданаш далели таърихи бамаротиб зиёдтари он аст. Дар нахуст Тоҷик номи кишваре буд, ки аз чаҳор се ҳиссаи дунёи ҳамон вақт маълумро фаро мегирифт.

Тибқи навиштаҳои адабиёти Тибети қадим нажоди аслии кишвари Тоҷикро нажоди шоҳӣ, ки намояндагонашон аз осмон омада, бо заминиён издивоҷ намуда будаанд, ташкил додааст. Он шоҳон мисли камони ҳафтранг болои сарашон нуре доштаанд, ки он dmu-thag номида мешуд. Як нӯги он нур ба тораки сарашон пайваст ва нӯги дигараш ба сӯи осмон фароз рафта будааст. Вақти аз дунё гузаштан ҷисмашон тавассути он хатти нур ба ватани осмониашон реҳлат менамудааст. Ин шоҳон аз қабилаи Му-Шен буда, ҳамин гуна фарри ҳафтранги dmu-thag доштанд. Дар «Авесто» ва «Шоҳнома» шоҳони иронӣ бидуни фарри шоҳии каёнӣ тасаввур карда намешуд. Эҳтимол ҳамин фарри иронӣ ва dmu-thag айни ҳам будаанд. Баъдҳо шоҳони дигар шояд ба тақлиди он тоҷи нур дар сар тоҷи рангину мурассаъ мениҳоданд. Дар таркиби dmu-thag вожаи тҳаг: таг-тог-тоҷ ифода шудааст, ки баъдҳо ба шакли «тоҷ» зоҳир гардида, асоси вожаи тоҷикро ташкил додааст. Яъне тавре дида мешавад, тоҷ дар вожаи тоҷик асоси таърихиву ривоятӣ дорад. Мутобиқи тақвими Тибети бостон паёмбари дини бонпо, Тонпа Шенраб, ки аз кишвари Тоҷик буд, субҳдами рӯзи ҳаштуми моҳи аввали соли аввали Муши модинаи чӯбин то солшуморӣ нузул намуда будааст. Ин сана мутобиқи ҳисоби олимон ба соли 16016 то солшуморӣ баробар будааст. Санаи мазкур, албатта, аз ҷониби ҳамаи олимон ҷонибдорӣ ёфтааст. Баъзе олимон онро ҳадди аққал дар оғози ҳазораи аввали то солшуморӣ медонанд, ки ин сана низ хеле қадим аст.

Дар забони ориёиҳои аввалия Рта ном вожае ба маънои қонун, низоми Коинот ва ғ. вуҷуд дошт, ки аз ин реша дар бисёр забонҳои ориёӣ як силсила вожаҳои дигар сабзидаанд. Нахуст рта ё ки рста дар забони мо ба шакли «рост» ифода шуд. Рита, ритуал, дар забонҳои кишварҳои Ғарб, арта, арша, аша, рашт, рашн, дар «Авесто», ростӣ, растанӣ, род, рус - аз ҷумла, Рус-там ва тахаллусаш сагзӣ низ аз ҳамин реша буда, тоҷ, рус - номи миллат, дар забони русӣ - растение, яъне рустанӣ, рост, яъне сабзиш, нумӯ, рушди арабӣ ва ғайра аз ҳамин вожа ташаккул ёфтаанд. Шаклҳои гуногуни вожаи тоҷик – артакзи, стагзӣ, ртамзӣ, такзик ва ғ. вуҷуд доранд, ки дар ниҳодашон вожаи таг, та – тоҷ нуҳуфтааст. Маънии вожаи тоҷ бо осмон, рушанӣ, баландӣ, эзадӣ, коинот, ростӣ, қонун, адлу дод, некӯӣ, нашъунамо, меҳроб, нерӯ, паҳлавон, так – бошитоб ва чанде мафҳумҳои дигар мустақиман иртибот мегирад.

Вожаи «тозӣ», ки баъзе олимон онро арабӣ мешуморанд, шакли қадимтари ҳамин реша аст. Номи «тозӣ»-ро ориёиҳо бо муҳоҷираташон ба Осиёи Пеш интиқол дода буданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ қотеона собит мекунанд, ки тоз, тозик ва ғайра мафҳумҳои азалии шарқи Осиёи Миёна мебошанд. Тозиёне, ки дар «Бундаҳишн» ва қисмати аввали «Шоҳнома» зикр шудаанд, мардуми ориёӣ буданд. Сукунатгоҳи онҳо дар Фарғона ва атрофи он воқеъ буд. Ҳар гоҳ турониён аз самти Хутан ба Эрон, яъне Фарғона ва минтақаҳои ҳамҷавораш ҳуҷум меоварданд, нахуст зарба ба Тозиён мерасид. Афросиёб аз Турон - самти Хутан ба Эрон ҳуҷум карда, дар сари роҳаш кишвари Тозиёнро шикаст медиҳад.

Дар «Бундаҳишн» «Тоз» ҳамчун исми хос ва «Тозиён» ҳамчун дашт ва номи маҳал зикр шуда, сукунатгоҳи тозиён – Дашти Тозиён дар сарчашмаи руди Аранг – Сирдарё гуфта шудааст. Дар «Шоҳнома» низ Тозиён зикр гардидааст, ки тибқи таҳлилот ба минтақае дар самти шарқии қаторкӯҳи Фарғона мутобиқат мекунад. Водии Сарикӯл, ки Ямани дар «Шоҳнома» зикр гардида будааст ва баъзе қисматҳои водии Фарғона низ сукунатгоҳи ин тоифа ба шумор мерафтаанд. Тозиён ё Дашти Тозиён дар шарқи Фарғона воқеъ будааст. Заҳҳок ҳеҷ гоҳе тоифаи арабӣ набуд. Бо муҳоҷирати ориёиҳо – тозиён дар Осиёи Пеш нуфуз намуда, ҳангоми тасаллути арабҳо ба Осиёи Миёна ба ин минтақа бозгашт намуд. Иштибоҳи ба тозӣ мансубият додани тоҷик аз ҳамин ҷо сар задааст.

Рустам дар замоне худро тозӣ ва аз нажоди Заҳҳок медонад, ки дар шарқи Осиёи Миёна ҳанӯз дар бораи арабҳо тасаввуроте вуҷуд надорад. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки Афросиёб баъди шикаст аз эрониён «Бишуд Тозиён, то ба Халлух расид» - яъне пас аз гузаштани Дашти Тозиён ба Халлух расид. Аз адабиёти ҷуғрофии марбут ба таърихи Осиёи Миёна мавқеияти Халлух маълум аст. Дар ин шоҳасар Кобул (пушти қаторкӯҳи Фарғона) бо Тозиён ҳамҷаворӣ дошт ва ҳамин ҳамҷавории ҷуғрофист, ки шоҳи Кобул Меҳробшоҳ хоҳарзодаи Заҳҳок будааст. Кобули «Авесто» ва «Шоҳнома» низ дар шарқи қаторкӯҳи Фарғона воқеъ буд. Рустам, ки модараш духтари шоҳи Кобул Меҳробшоҳ аст, дар як муколамааш бо Исфандиёр аз нажоди модариаш, ки аз тоифаи тозиён аст, ёдовар мешавад. Чаро ин далелҳои равшан ба эътибор гирифта намешаванд? Чаро на мансубияти қавме аз арабҳо бо номи тозӣ ба тоҷикон, балки тоҷикон ба тозии арабӣ ҷолиби таваҷҷуҳ гардидааст? Чаро ба масъалаи таърихии вожаи тоҷик ба таври ҷиддӣ машғул намешавем?

Чанде аз муҳаққиқони кишварҳои ҳамҷавор дар ҳаққи вожа ва миллати тоҷик таҳрифу таҳқирро ба кор мебаранд, миллати тоҷикро инкор карданӣ мешаванд. Баъзе зиёиёни мо ба ин таҳрифу таҳқирҳо хомӯшона ризоият медиҳанд, аммо ба навиштаҳои воқеии таърихи муаллифони худӣ дар мавриди миллат ва вожаи тоҷик эътибор намедиҳанд, балки муқобилият ҳам мекунанд…

[accordion]
[acc_item title="Муфассалтар хонед мусоҳибаро"]

-Устод, то ҷое маълум аст, Шумо ҳудуди 30 сол инҷониб дар ҷустуҷӯву таҳқиқотҳоятон аз маводи камошнои таърихӣ, манбаъҳои илмӣ, асотирӣ, архетипҳо ва маводи археологиро ба таҳқиқ гирифта, гӯшаҳои аз таҳқиқоти канормондаи таърихи тоҷиконро бо далелу санадҳои муътамад дар китобҳоятон равшан кардаед. Ҳар чанд ки қабл аз Шумо дар ин бора олимони тоҷик ва шарқшиносони хориҷӣ таҳқиқот бурдаанд, хулосаҳоятон барои хонандагон ҷолиб аст, зеро Шумо дар пажӯҳишҳоятон ҳамеша сухани тоза ва хулосаҳои муҳим доред…

-Расо 27 сол пеш, соли 1990 нахустин Муассисаи хурди нашриявиро бо номи «Ориёно»-ро таъсис дода будам. Яъне, ҳамон вақт андешаи пажӯҳиши зиндагиномаи ориёиҳо дар дилам нишаста буд. Худро пажӯҳишгари мустақил медонам. Дар пажӯҳишҳоям ба равиши тозае рӯ овардаам. Мутаассифона, дар кишвари мо роҷеъ ба ҷуғрофиёи кишварҳои ориёӣ, хусусан аҷдоди тоҷикон пажӯҳиши бунёдӣ амалӣ нашудааст. Ин масъала аз мушкилоти илми ҷаҳонӣ ва масъалаи хеле муҳимми таъриху тамаддуни халқи тоҷик аст. Таҳқиқот дар бораи сукунатгоҳҳои ориёӣ тақрибан 300 сол боз аз ҷониби садҳо олимони бисёр кишварҳои дунё идома дорад. Аксари онҳо ин сукунатгоҳро ба таври умумӣ шарқи Осиёи Миёна гуфтаанд. Дар таҳқиқоти ман ҷойгоҳи ин кишварҳо мушаххас карда шудааст.

Яке аз сабабҳои ошкор нагардидани воқеияти таърихии нахустмеҳани ориёиҳо ин аст, ки вазъи ҷуғрофии Осиёи Миёна дар даврони куҳан ба эътибор гирифта нашуд. Помир ва кӯҳҳои минтақа 10 ҳазор сол пеш аз ин назар ба ҳолати имрӯзаашон тақрибан 700-800 метр пасттар ва чанде ҳам ҷанубтар воқеъ гашта буданд. Иқлими он айём гармтар буд. Саросари Осиёи Миёнаро баҳру кӯлҳо фаро гирифта буданд. Инро хулосаҳои экспедитсияҳои сершумори Институти баҳршиносии Санкт-Петербург, ки дар Осиёи Миёна гузаронидаанд, тасдиқ намудаанд. Аз ҳамин ҷост, ки 7 кишвари дар асарҳои ориёиҳиндӣ зикргардида дар миёни об воқеъ гардида, ҷазира ё қитъа номида шудаанд. Дар он даврон ориёҳиндуҳо ва ориёэрониҳо, ки бо ориётоҷикон ва баъзе халқҳои дигар дар шарқи Осиёи Миёна – ҳудудҳои кунунии Тоҷикистону Хитой, ҳавзаҳои кӯлҳои Балхаш, Иссиқкӯл ва ғайра мезистанд, дорои як аҷдоди муштарак, умумияти қавмиву нажодӣ, ҷомеавӣ ва ҷуғрофӣ буданд.

Илми анъанавӣ гузаштаи башариятро дар форматсияҳои таърихӣ - ҷомеаҳои ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ ва ғ. ё ки ба давронҳои палеолит, неолит, ё асри санг, оҳан, биринҷӣ мансуб медонад. Ман дар пажӯҳишҳоям ориёиҳоро ҳамчун инсони эҷодкор, дорои фарҳангу маънавиёт, забону адабиёт, устураву асотир ва ғ. суроғ кардаам. Бале, ҳанӯз ҳам аз сад як ҳиссаи таърихи тоҷикон ошкор нагардидааст.

Хеле ҷойи таассуф аст, ки бо вуҷуди таҳқиқоти даҳҳо олимони бисёр кишварҳои дунё воқеияти ҳол ва сукунатгоҳи ориёиҳо ба таври мушаххас таъйин нагардидааст. Азбаски асарҳои олимон дар мавриди пайдо кардани ҷуғрофияи аслӣ ва нахустмеҳани ориёиҳо маро қаноатманд нагардонид, ҳалли ин масъаларо ба дӯши худ гирифтам.

Бале, кӯшиш кардаам, ки ҳамеша назари наверо изҳор намоям. Аммо на ба хотири пешниҳоди назари нав, балки ба хотири дарёфти воқеияти таърихӣ. Дар асарҳоям садҳо назару кашфиётест, ки дар илм бори нахуст пешниҳод мегарданд. Бинобар ин қабули онҳо низ ба душворӣ даст медиҳад…

[acc_item title="Калимаи «тоҷик»-ро ба «тозӣ» мансубият додан хатост"]

- Маънои вожаи «тоҷик» барои ҳар фарди миллат ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дошту ҳаст. Перомуни ин истилоҳ бисёр гуфтаанд ва гуфтании Шумо ҳамчун мутахассис чӣ аст? Вожаи «тоҷик» аз кадом аср маълуму пайдо гардидаву мавриди истифода қарор гирифта дар забони мардум роиҷ гардидааст?

Дар бахши вожаи «тоҷик», пайдоиш, маъно, вусъати ҷуғрофӣ ва фурсати таърихии он навиштаҳои олимон воқеиятро дар ин маврид бозгӯ карда наметавонанд. Роҷеъ ба вожаи «тоҷик» бештари навиштаҳо сатҳӣ, камарзиш ғайривоқеӣ рӯи коғаз омадаанд. Инҷониб чандин сол аст, ки дар ин мавзӯъ пажӯҳиш мебарам.

Дар китоби навам «Тоҷик», ки ба наздикӣ ба нашр расид, ин масъала ба таври муфассал баррасӣ гардидааст. Вожаи тоҷик хеле қадимист. Дар забони санскрит зикр гардидани ин вожа далели 3-5 ҳазор сол қадимияти он аст. Дар адабиёти дини бон ё бонпо, ки қадимтарин дини дунё буда дар Тибет ва баъзе кишварҳои дигар имрӯз низ нуфуз дорад, ёдрас шуданаш далели таърихи бамаротиб зиёдтари он аст. Дар нахуст Тоҷик номи кишваре буд, ки аз чаҳор се ҳиссаи дунёи ҳамон вақт маълумро фаро мегирифт.

Тибқи навиштаҳои адабиёти Тибети қадим нажоди аслии кишвари Тоҷикро нажоди шоҳӣ, ки намояндагонашон аз осмон омада, бо заминиён издивоҷ намуда будаанд, ташкил додааст. Он шоҳон мисли камони ҳафтранг болои сарашон нуре доштаанд, ки он dmu-thag номида мешуд. Як нӯги он нур ба тораки сарашон пайваст ва нӯги дигараш ба сӯи осмон фароз рафта будааст. Вақти аз дунё гузаштан ҷисмашон тавассути он хатти нур ба ватани осмониашон реҳлат менамудааст. Ин шоҳон аз қабилаи Му-Шен буда, ҳамин гуна фарри ҳафтранги dmu-thag доштанд. Дар «Авесто» ва «Шоҳнома» шоҳони иронӣ бидуни фарри шоҳии каёнӣ тасаввур карда намешуд. Эҳтимол ҳамин фарри иронӣ ва dmu-thag айни ҳам будаанд. Баъдҳо шоҳони дигар шояд ба тақлиди он тоҷи нур дар сар тоҷи рангину мурассаъ мениҳоданд. Дар таркиби dmu-thag вожаи тҳаг: таг-тог-тоҷ ифода шудааст, ки баъдҳо ба шакли «тоҷ» зоҳир гардида, асоси вожаи тоҷикро ташкил додааст. Яъне тавре дида мешавад, тоҷ дар вожаи тоҷик асоси таърихиву ривоятӣ дорад. Мутобиқи тақвими Тибети бостон паёмбари дини бонпо, Тонпа Шенраб, ки аз кишвари Тоҷик буд, субҳдами рӯзи ҳаштуми моҳи аввали соли аввали Муши модинаи чӯбин то солшуморӣ нузул намуда будааст. Ин сана мутобиқи ҳисоби олимон ба соли 16016 то солшуморӣ баробар будааст. Санаи мазкур, албатта, аз ҷониби ҳамаи олимон ҷонибдорӣ ёфтааст. Баъзе олимон онро ҳадди аққал дар оғози ҳазораи аввали то солшуморӣ медонанд, ки ин сана низ хеле қадим аст.

Дар забони ориёиҳои аввалия Рта ном вожае ба маънои қонун, низоми Коинот ва ғ. вуҷуд дошт, ки аз ин реша дар бисёр забонҳои ориёӣ як силсила вожаҳои дигар сабзидаанд. Нахуст рта ё ки рста дар забони мо ба шакли «рост» ифода шуд. Рита, ритуал, дар забонҳои кишварҳои Ғарб, арта, арша, аша, рашт, рашн, дар «Авесто», ростӣ, растанӣ, род, рус - аз ҷумла, Рус-там ва тахаллусаш сагзӣ низ аз ҳамин реша буда, тоҷ, рус - номи миллат, дар забони русӣ - растение, яъне рустанӣ, рост, яъне сабзиш, нумӯ, рушди арабӣ ва ғайра аз ҳамин вожа ташаккул ёфтаанд. Шаклҳои гуногуни вожаи тоҷик – артакзи, стагзӣ, ртамзӣ, такзик ва ғ. вуҷуд доранд, ки дар ниҳодашон вожаи таг, та – тоҷ нуҳуфтааст. Маънии вожаи тоҷ бо осмон, рушанӣ, баландӣ, эзадӣ, коинот, ростӣ, қонун, адлу дод, некӯӣ, нашъунамо, меҳроб, нерӯ, паҳлавон, так – бошитоб ва чанде мафҳумҳои дигар мустақиман иртибот мегирад.

Вожаи «тозӣ», ки баъзе олимон онро арабӣ мешуморанд, шакли қадимтари ҳамин реша аст. Номи «тозӣ»-ро ориёиҳо бо муҳоҷираташон ба Осиёи Пеш интиқол дода буданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ қотеона собит мекунанд, ки тоз, тозик ва ғайра мафҳумҳои азалии шарқи Осиёи Миёна мебошанд. Тозиёне, ки дар «Бундаҳишн» ва қисмати аввали «Шоҳнома» зикр шудаанд, мардуми ориёӣ буданд. Сукунатгоҳи онҳо дар Фарғона ва атрофи он воқеъ буд. Ҳар гоҳ турониён аз самти Хутан ба Эрон, яъне Фарғона ва минтақаҳои ҳамҷавораш ҳуҷум меоварданд, нахуст зарба ба Тозиён мерасид. Афросиёб аз Турон - самти Хутан ба Эрон ҳуҷум карда, дар сари роҳаш кишвари Тозиёнро шикаст медиҳад.

Дар «Бундаҳишн» «Тоз» ҳамчун исми хос ва «Тозиён» ҳамчун дашт ва номи маҳал зикр шуда, сукунатгоҳи тозиён – Дашти Тозиён дар сарчашмаи руди Аранг – Сирдарё гуфта шудааст. Дар «Шоҳнома» низ Тозиён зикр гардидааст, ки тибқи таҳлилот ба минтақае дар самти шарқии қаторкӯҳи Фарғона мутобиқат мекунад. Водии Сарикӯл, ки Ямани дар «Шоҳнома» зикр гардида будааст ва баъзе қисматҳои водии Фарғона низ сукунатгоҳи ин тоифа ба шумор мерафтаанд. Тозиён ё Дашти Тозиён дар шарқи Фарғона воқеъ будааст. Заҳҳок ҳеҷ гоҳе тоифаи арабӣ набуд. Бо муҳоҷирати ориёиҳо – тозиён дар Осиёи Пеш нуфуз намуда, ҳангоми тасаллути арабҳо ба Осиёи Миёна ба ин минтақа бозгашт намуд. Иштибоҳи ба тозӣ мансубият додани тоҷик аз ҳамин ҷо сар задааст.

Рустам дар замоне худро тозӣ ва аз нажоди Заҳҳок медонад, ки дар шарқи Осиёи Миёна ҳанӯз дар бораи арабҳо тасаввуроте вуҷуд надорад. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки Афросиёб баъди шикаст аз эрониён «Бишуд Тозиён, то ба Халлух расид» - яъне пас аз гузаштани Дашти Тозиён ба Халлух расид. Аз адабиёти ҷуғрофии марбут ба таърихи Осиёи Миёна мавқеияти Халлух маълум аст. Дар ин шоҳасар Кобул (пушти қаторкӯҳи Фарғона) бо Тозиён ҳамҷаворӣ дошт ва ҳамин ҳамҷавории ҷуғрофист, ки шоҳи Кобул Меҳробшоҳ хоҳарзодаи Заҳҳок будааст. Кобули «Авесто» ва «Шоҳнома» низ дар шарқи қаторкӯҳи Фарғона воқеъ буд. Рустам, ки модараш духтари шоҳи Кобул Меҳробшоҳ аст, дар як муколамааш бо Исфандиёр аз нажоди модариаш, ки аз тоифаи тозиён аст, ёдовар мешавад. Чаро ин далелҳои равшан ба эътибор гирифта намешаванд? Чаро на мансубияти қавме аз арабҳо бо номи тозӣ ба тоҷикон, балки тоҷикон ба тозии арабӣ ҷолиби таваҷҷуҳ гардидааст? Чаро ба масъалаи таърихии вожаи тоҷик ба таври ҷиддӣ машғул намешавем?

Чанде аз муҳаққиқони кишварҳои ҳамҷавор дар ҳаққи вожа ва миллати тоҷик таҳрифу таҳқирро ба кор мебаранд, миллати тоҷикро инкор карданӣ мешаванд. Баъзе зиёиёни мо ба ин таҳрифу таҳқирҳо хомӯшона ризоият медиҳанд, аммо ба навиштаҳои воқеии таърихи муаллифони худӣ дар мавриди миллат ва вожаи тоҷик эътибор намедиҳанд, балки муқобилият ҳам мекунанд…

                      

[/acc_item]


[acc_item title="Тоҷик таърихи ҳаждаҳҳазорсола дорад"]

-Устод пайдоиши мардуми ориётоҷикро тибқи маълумоти Тибетӣ дар бораи кишваре бо номи Тоҷик ҳаждаҳ ҳазор сол пеш қайд кардед, дар ин бора мехостам маълумот гирам, ки ин ривоят аст ва ё…?

Кишвари Тоҷик, ки ба шаклҳои гуногун дар номаҳои Тибети бостон зикр гардидааст, як кишвари асрорангез буда, аз ҷониби олимони зиёди кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ю. Н. Рерих, Ҷ. Рейнолдс, П. Квери, Т. В. Ринпоч, Б. И. Кузнетсов, Л. Н. Гумилёв, Б. Шаҳсойлу ва дигарон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ин олимон кишвари Тоҷикро, ки аз чаҳор се ҳиссаи  ҷаҳони ҳамон замон маълумро (!) дар бар мегирифтааст, ба Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва минтақаҳои берун аз он айният додаанд. Дар номаҳои мазкур санаи нузули паёмбари дини бон Тонпа Шенраб Мивоче зикр гардидааст, ки ин рӯйдод дар субҳдами рӯзи ҳаштуми моҳи аввали соли  аввали Муши моддаи чӯбин  то солшуморӣ ба амал омада будааст. Ин сана мутобиқи солшумории тибетӣ ба соли 16016 то солшуморӣ баробар меояд. Яъне имсол аз ин сана 18 ҳазор сол сипарӣ шуд. Ин ҷо сухан дар бораи воқеӣ ё ривоятӣ будани ин таърих намеравад. Муҳим он аст, ки мавҷудияти номи кишвари Тоҷик дар адабиёти як сарзамини аз мо дуру бегона маҳфуз монда, ба таври сунъӣ ё қасдан эҷод намудани он нисбати таърихи халқу диёри мо имконнопазир аст. Ҳама олимони мазкур онро кишвари воқеӣ номидаанд. Яъне онҳо ба муътамад будани сарчашмаҳо бовар доранд. Бисёр далелҳои ин навиштаҳо дар «Бундаҳишн», «Авесто» ва дигар асарҳои ориёӣ тасдиқ пайдо мекунанд. Масалан дар номаҳои мазкур гуфта мешавад, ки хеле пештар аз Тонпа Шенраб шоҳи ин кишвар Гирвар буд ва ин ном ба Гиршоҳ (Гилшоҳ) – тахаллуси Каюмарс хеле шабеҳият дорад. Номи қавму тоифаҳо ва дигар хусусиёт дар ҳар ду адабиёт яксон аст. Ҳоло дар Тибет як вилояте ба хотири сарзамини Тоҷик (Тагзи, Ртакзик ва ғ.) Такзик ном дорад. Тибетиён ба поси он сарзамин писаронашонро Такзиг ном мегузоранд. Яке аз пайравони тариқат устод Милу Самлег аз шохаи Шанг Шунги Тагзиг (ин кишвари ориёӣ дар ғарби кунунии Хитой то асри 6 мелодӣ вуҷуд дошт- М.Ҳ.) тақрибан дар асри 5 қабл аз милод шеъре навишта будааст, ки қисмате аз тарҷумаи таҳтуллафзаш ин аст:

Ба ҳар тариқ ва ба ҳар сӯйе, ки менигарам,

Ҳеҷ чизе нест абадӣ ва бидуни тағйир.

Гӯё моҳияти ашё фикри ман аст ва аммо фикри ман

Он қадар тағйирёбанда аст, ки субҳ фикре мекунам,

Аммо рӯзона алаккай шубҳа меоварам ба он,

Бегоҳ комилан бо он фикр мухолифу зидам.

Пас ба чӣ такя метавонам кард? -агар ҳатто

Фикри шахсии ман ин гуна тағйирёбанда аст!…

Тасаввур мекунем, ки агар дигар халқҳо чунин, ҳатто, бигузор, устураву афсона медоштанд, онро чи гуна истифода мебурданд! Омӯзиш ва ошкор намудани воқеияти таърихии тоҷикон дар бомдоди таърих даъвоҳои бебунёди баъзе таҳрифгарон ва ғосибони таърихи тоҷиконро фошу ботил месозад! Касе гӯяд, ки ин сана бисёр аст, ман мегӯям, ки ҳанӯз кам аст. Олимон пайдоиши нажоди кунунии панҷуми инсонро, ки нажоди ориёӣ ном дорад, ба 70 ҳазор сол ва инсони homo sapies-ро тақрибан ба 30 ҳазор сол пеш марбут медонанд. Яъне даҳҳо ҳазор соли таърихи тоҷикон ҳанӯз зери пардаи ноаёнист.

Аммо вақте навиштаҳои Тибети бостонро дар бораи кишвари Тоҷик арзёбӣ менамоем, воқеияти таърихиву ҷуғрофии он ҳувайдо мегардад. Масалан, рудҳои Сирдан (Сир), Вакшу (Вахш), номи тоифаҳои шаг (сака, сокоӣ), хос (кос), то (Тоз), Му-шен (Машиёна) ва чандин номҳои дигар бо номҳо ва ҷуғрофияи имрӯзии Тоҷикистон ва номи тоифаҳо аз «Бундаҳишн» хеле шабеҳият доранд.

Яке аз чаҳор шаҳре, ки Тонпа Шенраб дар чаҳор самти кӯҳи Меру (кӯҳи Исмоили Сомонӣ) бунёд намуд, Карон аст, ки дар ноҳияи Дарвоз ҳафриёташ ошкор шудааст. Ин шаҳр дар асарҳои ориёҳиндӣ зикр гардидааст. Профессори Масковӣ Чудинов дар бораи як сарзамини қадими рус таҳқиқот бурдааст, ки си ҳазор сол пеш аз ин вуҷуд дошта, аз уқёнус (Атлантика) то уқёнус (Ором)-ро дар бар мегирифтааст. Мутобиқи баъзе навиштаҳо ҷазираи Му, ки гӯё уйғурҳо намояндагони насли онҳоянд, 25 ҳазор сол пеш вуҷуд дошта будааст. Аҳромҳои Миср, ки аз ҷониби ориёиҳо бунёд ёфтаанд, таърихи 12-13 ҳазорсола доранд. Олимони Украина давлати Араттаро дар ҳудуди беш аз 12-ҳазор таъин кардаанд. Солшумории баъзе халқҳо (аз ҷумла ҳиндуҳо) аз 10 ҳазор сол пештар аст. Барои миллате, ки дар шумори бунёдгузорони тамаддунҳо қарор дорад, санаи  18 ҳазор сол санаи муқаррарист. Дар китоби «Ориётоҷикон: 18 ҳазор сол пеш» дар ин мавзӯъ муфассал сухан рафтааст. Ҳарчанд барои дақиқ намудани масъалаи кишвари Тоҷик пажӯҳиши махсуси илмӣ лозим аст, аз ин далелҳо сарфи назар кардан нашояд. Муддатҳост, ки аз Россия ва кишварҳои зиёди дигар дар ин мавзӯъҳо пажӯҳишу экспедитсияҳо амалӣ шуда истодаанд. Дар ин бахш ин ҷониб солҳост, ки ба танҳоӣ пажӯҳиш мебарам. Дар бахши муайян намудани мавқеияти кишварҳову маҳалҳо кӯҳҳову рӯдҳои дар асарҳои бостонӣ зикршуда, маънои вожаҳову ҳамвожаҳо бештар аз 1000 назари навро пешниҳод кардаам. Он чи дар ин мавзӯъ фаъолият кардам, дар қудрати як тан пажӯҳишгари мустақил ҳамин қадар имкон вуҷуд дорад. Боқӣ кори муассисаҳову мақомоти марбута аст.

[/acc_item]


[acc_item title="Эрони гумшуда» ва «Ҳинди гумшуда» чист?"]

-Китобҳои Шумо, «Эрони гумшуда» ва «Ҳинди гумшуда»-ро мутолиа кардам ва ишораҳое дар бораи муҳтавояшон дар номи китобҳо рафтааст. «Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст» мегӯянд, мегуфтед, ки чаро китобҳоятон чунин номгузорӣ намудед ва манзури Шумо аз вожаи «гумшуда» чист?

-Ҳиндустони кунунӣ ва Эрони кунунӣ на он кишварҳоеанд, ки дар «Ригведо», «Маҳабҳарата», «Пурон»-ҳо, «Рамаяна» ва дигар асарҳои ориёиҳиндӣ, инчунин «Авесто», «Бундаҳишн», дар қисмати аввали «Шоҳнома» ва дигар асарҳои дар боби ҷуғрофияи бостонии ориёӣ зикр гардидаанд. Дар ин асарҳо кишварҳои шарқи Осиёи Миёна – сарзаминҳои кунунии Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамҷаворашон, ки тақрибан 8-10 ҳазор сол пеш аз ин вуҷуд доштанд, тасвир шудаанд. 7 кишвари ориёиҳиндӣ ва 7 кишвари ориёиэронӣ дар ҳамин минтақаҳо арзи ҳастӣ намуда буданд. Дар он айём давродаври қитъаи Ҷамбу - Помирро баҳри Лаванода - оби Шӯр иҳота мекард, ки бо баланд шудани кӯҳҳо, ба нишебиҳо шорида ҳоло дар ҷояш дарёҳои Сурхоб, як қисмати Хингоб, Панҷ ва Гёздарё ҷористанд. Кӯҳи муқаддаси Меру, ки Помир бо ихтисори ду ҳарфи аввалу охир – у-Памер-у аз ҳамин ном тасмия шудааст, кӯҳи кунунии ба номи Исмоили Сомонист. Руди Ганг, мутобиқи ривоятҳо аз чаҳор шохоб иборат буда, ба чаҳор самти кӯҳи Меру ҷорӣ мешудааст, он ба руди Ганги кунунӣ дар Ҳиндустон мувофиқат намекунад. Балки рудҳои Танимас, Ғунд, Ванҷоб, Сурхоб руди Ганги аслианд. Бҳаратаи ориёиҳиндӣ - ҳоло номи конститутсионии Ҳиндустон чунин аст ва Ҳаратии авестоӣ як ном буда, дар қисмати ҷанубии Помир воқеъ буд. Асарҳои ориёиҳиндӣ, ки зикрашон рафт, аз ҷониби аҷдоди муштараки ҳиндуҳо, тоҷикон, эрониён ва баъзе халқҳои ориёӣ дар сарзаминҳои кунунии Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳамҷаворашон эҷод гардидаанд. Аз ин рӯ, ин асарҳо мероси аҷдодии тоҷикон низ ба шумор мераванд. Кишварҳои ориёӣ, 7 сарзамине, ки дар асарҳои ориёиҳиндӣ зикр шудааст, дар шарқи Осиёи Миёна воқеъ будаанд. Олимони Ҳинд ва дигар кишварҳо то ҳол дар бораи ин кишварҳо тахмину фарзия менависанд. Аз ин ҷост, китобамро дар бораи ин кишварҳо «Ҳинди гумшуда» номидаам.

Ҳамчунин аз ҷониби олимон ошкор нагардидани ҳудудҳои ҳафт кишвари ориёэронӣ Аризаҳӣ, Хуросон, Саваҳӣ, Ховар ё Шом, Воврубараштӣ ва Вовруҷараштӣ – Рум ё Бохтар, Фрададафшу ва Фрададафшу – Нимрӯз, Хванирас – Эронзамин имкон надод, воқеияти таърихиву ҷуғрофии ин сарзаминҳо ва кишварҳои ориёӣ ошкор карда шавад. Дар «Эрони гумшуда» бори нахуст ҳудудҳои ин сарзаминҳоро муайян кардаам. Эронзамин ё Хванирас аз ҷанубу шимол бо рудҳои Ому ва Сир, аз шарқ қаторкӯҳҳои Фарғонаву Сарикӯл, аз ғарб бо хатти Тирмиз-Самарқанд-Хуҷанд иҳота мешуд. Ҳар шаҳру кишваре, ки дар «Авесто» ва «Бундаҳишн» ҳамчун сарзамини эронӣ зикр шуда берун аз ин чаҳорчӯба ҷой медошт, ба Эроншаҳр шомил намешуд. Номҳои баъдии берун аз ин минтақа номҳои муҳоҷиршуда ва дуввуманд. Ва ҳар шаҳру кишваре, ки дар қисмати аввали «Шоҳнома» (то подшоҳии Ҳумой) ҳамчун сарзамини эронӣ номбар карда мешавад, дар ҳамин чаҳорчӯба шомил буд. Шаш кишвари дигар дар атрофи Хванирас ё Эроншаҳр ҷойгир буданд. Баъдҳо бо муҳоҷирату номгузориҳои дуввумӣ ин шаҳру кишварҳо дар дигар минтақаҳо арзи ҳастӣ карданд. Аксари пажӯҳандагон ин омилро ба назар нагирифтанд, ки иштибоҳоти ҷуғрофияи «Шоҳнома» аз ҳамин ҷо бархостааст.

Сарзаминҳои «Авесто» ва «Бундаҳишн» - ба истиснои чанд кишвар, ки дар натиҷаи таҳрироти баъдӣ ворид гардидаанд, ҳамагӣ дар шарқи Осиёи Миёна мавқеият доштанд. Рӯйдодҳои «Шоҳнома» дар ду давра ва дар ду минтақаи ҷуғрофӣ рух додаанд. Нахуст, аз оғоз то подшоҳии Ҳумой, дуввум аз подшоҳии Дороб то охир. Мутаассифона олимони пажӯҳишгари «Шоҳнома» ин нозукиро ошкор накарданд. Аз ин лиҳоз дар мушаххас намудани ҷуғрофияи ин шоҳасар бесомонӣ ба вуҷуд омад.

Тавре гуфта шуд, нисбати мафҳуми тозӣ ва тозиён низ чунин ҳол рух дод. Мафҳум ва ҷуғрофияи истифодаи тозӣ ва Тозиён низ ба ду қисмат ҷудо мешавад. Дар бахши нахусти «Шоҳнома» ҷуғрофияи ин вожаҳо дар нисбати минтақаҳои ғарби кунунии Хитой ва водии Фарғона истифода шудааст. Аммо дар бахши дуввуми ин шоҳасар мисли дигар ифодаву ҷуғрофияҳо истифодаи вожаҳои тозӣ дар нисбати арабҳо ба кор рафтааст. Зимнан бояд гуфт, ки дар «Шоҳнома» ду Эрон, ду Ҳинд, ду Рум, ду Форс ва баъзе кишварҳои дигар мавҷуд аст, ки ин дугонагӣ дар зоҳир чандон ба назар нанамояд, ҳам ҳангоми пажӯҳиш яке аз ин кишварҳо дар мавқеияти томуҳоҷиратӣ ва дигаре дар мавқеияти баъдимуҳоҷиратӣ ошкор мешавад. Ана ба ҳамин хотир «Эрони гумшуда» гуфтаам. Ҳоло бовар кардан, албатта, душвор, ки Систон, Ҳирманд Зобул, Ҷамбул-Замбул - Помири кунунӣ, Яман – Сарикӯл, Кашмир – Тошқӯрғон, Порт, Форс – Паретакен - Қаротегин, Нимрӯз – Бадахшону Хатлон, Исфаҳон – Испана, воқеъ дар водии Фарғона, Бағдод – Бағдод, воқеъ водии Фарғона будаанд. Ҳамин тавр то замони Ҳумой ҳар кишваре, ки дар «Шоҳнома» зикр шудааст, онро дар ҳамин минтақаҳо бояд суроғ кард. Олимони Ғарб ва Эрон дар нақшаҳояшон 16 кишвари Аҳуроофаридаро ба ҷуз Суғд, дар он сӯи руди Ому тасвир кардаанд. Дар нақшае, ки ин ҷониб тартиб додаам, воқеият чунин аст: 1. Эронвиҷ - водиҳои Олой ва Лахш; 2. Суғд - шимоли руди Сир дар Фарғона – Чуст, Ғовасой; 3. Мауру – Марғ - Мурғоб дар Бадахшон; 4. Балх - дар резишгоҳи рӯди Исфара. Балхи дуввум, ки Гуштосп сохт, ҳоло низ бо номи Балх дар ноҳияи Лахш вуҷуд дорад; 5. Нисо дар ҷануби ғарбии Фарғона воқеъ буда, дар асарҳои асримиёнагӣ номаш боқист). 6. Ҳарӣ - - самти ҷанубии қуллаи Ғалаба дар Тяншан; 7. Ваюкерета - Кобул - дар шарқи қаторкӯҳи Фарғона; 8. Урва - шимоли шарқии Сарикӯл; 9. Хнента дар Гургон ё Вркана - шимоли шарқии шаҳри Тошканд; 10. Ҳараҳватии зебо - дар соҳили руди Тарим, ғарби кунунии Хитой; 11 Ҳирманд - Ҳилманд, воқеъ атрофи кӯли Суман – Яшилкӯл, Бадахшон; 12. Рага - Роға, - дар саргаҳи руди Хингоб; 13 Чахра, ҳоло бо номи Чархлик дар ҳамҷавории Хутан боқист; 14. Варена - дар самти ғарбии Иссиқкӯл; 15. Ҳафтруд– минтақаи ҳамҷояшавии рудҳои Вахш, Панҷ, Кофарниҳон, Сурхондарё, Қундуздарё, Қашқадарё ва руди Шеробод; 16. Упа Аузаешу Аранг - сарчашмаи руди Сир. Бубинед, ҳатто Суғд, ки олимон Суғди кунунӣ ва водии руди Зарафшон пиндоштаанд, дар дигар маҳал – дар Чуст, Намангон воқеъ будааст.

[/acc_item]

[acc_item title="Кашидани харитаи равуои қаҳрамонони «Шоҳнома»]

-Устод, аз як муҳаққиқи дигар дар бораи аз таърих қисса кардани «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ пурсон шуда будам, ӯ ҳам дар ин масъала чизе нақл карда буд, ҳамзамон қайд кард, ки Муҳтарам Ҳотам харитаи равуои қаҳрамонони «Шоҳнома»-ро кашидаву таҳқиқ кардааст ва ман ҳам бар ин бовар дорам, ки Шумо чунин кор кардед, имкон бошад тазаккур бидиҳед чигуна харитаи ин китоби бузургро кашидаед, зеро танҳо хондани 120 ҳазор мисраъ назм вақти зиёд мегирад?

-«Шоҳнома» як уқёнуси бузург аст ва таҳқиқоту пажӯҳиши мо мисли як заврақи коғазиест, ки ин заврақча дар амвоҷи пуртуғёнаш метавонад ба ҷое нарасад. Ин шоҳасар як бахши муҳимми таърихи нажоди ориёӣ, бахусус тоҷикон аст. «Маҳабҳарата» низ таърихи ориёист. Ҳиндуҳо онро на ҳамчун асотир, балки ҳамчун таърихи воқеӣ мешуморанд, ки аз гузашти рӯйдодҳои он бештар аз 12 000 сол сипарӣ шудааст. Ин сана санаи солшумории кунунии ҳиндуҳост. Аммо ин санаи солшумории тоҷикон низ бояд бошад. Зеро ин асар дар ин минтақа аз ҷониби аҷдоди муштараки мову ҳиндуҳо эҷод шудааст. Мо бояд таърихи гумшудаи худро пайдо кунем. Зеро таърих як рукни асосии ҳастии миллат аст.

Муносибати рӯякӣ бо «Шоҳнома» боиси он гардидааст, ки бисёр пажӯҳишгарон ин шоҳасарро, хусусан қисмати аввалашро афсонаву асотир мешуморанд. Ҳаким Фирдавсӣ ба ин гуна пажӯҳишгарон «Ту онро дурӯғу фасона мадон» - гуфта буд. Ӯ дар ҷое изҳор доштааст, ки ҳангоми гирдоварии маводи «Шоҳнома» номаҳои куҳани пароканда ба дасташ расид ва ӯ онҳоро бо як рабту низом даровард.

Яке нома буд аз гаҳи бостон,

Фаровон бад-ӯ - андарун достон.

Пароканда дар дасти ҳар мӯбаде,

Аз ӯ баҳрае бурда ҳар бихраде.

Ва Ҳаким Фирдавсӣ ҳамчун эҷодкор ҳақ дошт, ки он парокандагиҳоро ба ҳам бупайвандад. Он гуна пайваст, ки баъзе муҳақкиқон то кунун пайванди онро дарк накардаанд. Муҳаққиқи эронӣ Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ дар асараш «Нақшаи ҷуғрофиёи Шоҳномаи Фирдавсӣ» 325 номи ҷуғрофиро зикр карда, ҷойгоҳи қисмати зиёди номҳои «Шоҳнома», аз ҷумла, Кангдиж, Алмосруд, Сагсор, Талимон, Кангдиж, Оби Маям, Кӯҳи Қулу, Мои Ҳинд ва ғайраро номаълум гуфтааст. Мо ҷойгоҳи аксари ин номҳоро ошкор намудем. Як чиз ҷолиб аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ асарашро дар асоси номаҳои куҳан он гуна бекаму кост навиштааст, ки ҳангоми баррасии мавзеъ гумон меравад он ҷойҳоро худ ба чашм дида бошад. Чунин ҳол ҳангоми тасвироти “Достони дувоздаҳ рух” ба назар мерасад, ки мутобиқи пажӯҳиши мо ин ҷанг дар дашти Ҳодарвеши назди Конибодом ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳатто номи кӯҳи Сиёҳ, ки дар “Шоҳнома” омадааст, имрӯз низ боқист. Ё кӯҳи Қулу, ки Сиёвуш ҳангоми фирораш ба назди чӯпонони ин кӯҳ меравад ва Пирон Кайхусрави хурдсолро ба чӯпонони ин кӯҳ месупорад, дар наздикии Хутан имрӯз низ бо ҳамин ном вуҷуд дорад. Чунин далелҳое, ки аз воқеияти рӯйдодҳои “Шоҳнома” гувоҳӣ медиҳанд, зиёданд...

Шумо аз нақшаҳои гардишҳо, амалиётҳо ва хатсайрҳои қаҳрамонҳои “Шоҳнома” суол кардед. Бисёр воқеиятҳои “Шоҳнома”-ро дар асоси нақша ошкор кардан имкон дорад. Масалан, вақте шоҳи Эрон Кайковус дар асорати шоҳи Ҳомоварон қарор дошт, Афросиёб аз Тӯрон ба Эрон ҳуҷум мекунад. Рустам аз Зобул нахуст ба Ҳомоварон омада Ковусро аз банд озод мекунад, пасон бо Афросиёб ба ҷанг мешавад. Бисёр донишмандон Эронро Эрони кунунӣ, Ҳомоваронро Ямани кунунӣ ва Зобулро Зобули кунунӣ пиндоштаанд, ки дар чунин сурат Рустам бояд аз Эроне, ки дар тасарруфи Афросиёб будааст, гузашта бояд ба Ҳомоварон бирвад ва Ковусро озод кунад. Аммо воқеият чунин аст: Зобул – Бадахшон, Ҳомоварон – Ҳисор, Эронзамин – Фарғона. Рустам аз Зобул – Бадахшон - ба Ҳомоварон - Ҳисор омада Ковусро озод мекунад, пас он ба Эрон рафта Афросиёбро шикаст медиҳад.

Мисоли дигар: дар бораи мавқеияти ҷуғрофии Мозандарони “Шоҳнома” назарҳо гуногунанд. Маънои Мозандорон кишвари бузургҷуссаҳо мебошад. Тавре аз “Шоҳнома” маълум аст, Рустам баъди гузаштани Ҳафт хон ба Мозандарон рафта, Ковусро аз банд раҳо мекунад. Бисёр донишмандон чунин назар доранд, ки Мозандарони “Шоҳнома” дар дигар мавқеият ҷой дошт. Масалан донишманди эронӣ Ҷалили Зиёнур, дар асараш «Мозандарони Фирдавсӣ куҷост?» онро дар Ҳиндустон донистааст. Муҳаққиқи итолиёвӣ Ҷ. Скарча ёдрас мекунад, ки бисёр муаллифон, аз ҷумла муаллифи «Иҳёу-л-мулук», Маркварт ва дигарон дар бораи дар дигар ҷой будани Мозандарони пешин изҳори назар кардаанд. Дар асоси нақша ман муайян кардам, ки Мозандарон дар Олтойи кунунӣ воқеъ будааст. Ҳатто маълум шуд, ки  Ковус ба Мозандарон аз роҳи дарози бехавф, яъне аз тариқи Чоч (Тошканд) ва самти шимолии қаторкӯҳи Тяншан ҳаракат карда буд. Вале Рустам бо маслиҳати Зол аз Систон (Бадахшон) бо роҳи кӯтоҳ - аз самти ҷанубии Тяншан ба сӯи Мозандарон - Олтой роҳ мегирад. Рустам баъди гузаштани Ҳафтхон ба Мозандарон рафта, Ковусро аз банд раҳо мекунад. Нақшаи худро бо асотиру афсонаҳои Чини бостон, мардуми Олтой ва дигар сарчашмаҳо муттако ва муътамад кардаам.

Ҳамчунин дар асоси нақша ва дигар далелҳо маълум гардид, ки Хоразми “Авесто” ва “Шоҳнома” Саразми кунунӣ будааст. Ин гуна далелҳо зиёданд. Дар “Шоҳнома” руди Ому ё Ҷайҳун ҳамчун сарҳади миёни Эрону Турон истифода шудааст. Зеро дар замони Ҳаким Фирдавсӣ чунин назар вуҷуд дошт, ки то кунун низ вуҷуд дорад. Аммо дар асл руди Сир ё Сайҳун сарҳади миёни Эрону Турон буд. Ҳангоми баррасии рӯйдодҳои “Шоҳнома” агар Омӯ ё Ҷайҳунро Сирдарё ва ин рӯдро сарҳади миёни Эрону Турон бишуморем, ҳама рӯйдодҳо ва воқеот ба ҷойи худ қарор мегиранд.

Ман танҳо он кишварҳои “Шоҳнома”-ро мавриди таҳқиқ қарор додаам, ки то подшоҳии Ҳумой, набераи Исфандиёр зикр шудаанд. Кишварҳое, ки дар қисмати дуввуми ин асар номбар гардидаанд, мавқеият ва ҷойгоҳашон аксаран маълум буда, ҳеҷ гуна шубҳаеро ба вуҷуд намеоранд. Пайдо кардани мавқеияти аслии Зобул, Систон, Порс, Исфаҳон, Хуросон ва ғайра дар ҳудудҳои кунунии шарқи Осиёи Миёна кори хеле заҳматталаб аст. Ба хотири дарёфти ин сарзаминҳо даҳҳо нақшаҳои кишварҳо ва хатсайрҳои сафарҳои қаҳрамонҳоро мураттаб намудам. Инчунин “Феҳрасти номҳои “Шоҳнома”-ро тартиб додаам, ки дар он тақрибан 300 номи ҷуғрофӣ, чанд бор зикр шудани он ном бо нишондоди ҷилду саҳифаи китоб мураттаб гардидааст. Баъзе номҳо, масалан, Алмосруд, Ило, Карх, Кот, Кӯс, Наванд, Нӯзарон ва ғайра танҳо як маротиба зикр шудаанд. Номҳои Албурз, Гангдиж, Зобул, Ҳирманд, Косаруд, Мозандарон, Канобад, Райбад, Сарахс, Систон ва ғайра танҳо дар қисмати аввали “Шоҳнома” борҳо зикр гардида, дар қисмати дуввум аз истифода афтодаанд.

Аксари номҳое, ки то замони шоҳии Ҳумой номбар гардидаанд, дар қисмати дувввуми китоб номбар намешаванд. Баракс, баъзе номҳо танҳо дар қисмати дуюми китоб омадаанд. Яъне бо муҳоҷирати ориёиҳо ҷуғрофияи номҳо низ тағйир ёфтааст. Ҳама ин номҳо дар худ розе нуҳуфта доранд. Татбиқи ҷуғрофияи “Шоҳнома” аз мушкилтарин заҳматҳои илми таърихӣ-ҷуғрофиёист. Ва маълум, ки ба ин хотир “Шоҳнома”-ро на як бору ду бор хондаам. Агар имкон шавад, ният дорам, ки “Шоҳнома”-ро тафсири ҷуғрофӣ намоям.

 Мо дар шинохти таърихи воқеии халқу кишварамон хеле беҷуръативу саҳлангорӣ мекунем. Сабабаш камдонишии мост дар ин бахш. Масъалаи мазкур масъалаи тақдири таърихии миллату кишвар аст, масъалаву мушкилоти илми ҷаҳонист. Агар халқи мо бунёдгузори тамаддуни башарӣ ва агар ватани мо биҳишти рӯи дунё буд, агар сарзамини мо дар шумори нахустмеҳани башарият қарор дошта, агар мо ворисони Пешдодиёну Каёниён бошем, бояд ин масъаларо ба тариқи бунёдӣ ва боҷасорат, тавре мегӯянд, рӯи об барорем. Чаро дар шинохти таъриху фарҳанги халқи худ тобеи назару фарзияҳои олимони хориҷа бошем? Замон замони мушаххасоту қотеият аст! Ин масъаларо агар имрӯз мо ошкору равшан насозем, он аз ҷониби насли оянда ҳатман баррасиву ошкор хоҳад гардид. Мабодо, ки назди он наслҳо дар хиҷолат бошем.

- Чун “Шоҳнома”-ро бисёр мавриди таҳқиқ қарор додед, фикр мекунам нисбати Рустами Достон ҳам гуфтаниҳое доред...

- Бале, дар бораи Рустами Достон низ мехоҳам чанд сухан гуфта бошам. Рустами Достон - бузургтарин қаҳрамони шукӯҳманд, появу девори марзбум ва ҳувияти ориёист, ки агар басо душманон ва девону ҷодувонро аз пой афканда буд, баъдҳо аждаҳои устура ӯро ба коми худ фурӯ бурд. Пури Дастон бар ҳама душманону бадхоҳонаш ва ҳама ононе, ки шарофату шаҳомати ориёиро заррае костан мехостанд, мубориза кард ва ҳамеша дастболо шуд. Ҷисми ӯро агар бародари ноҷавонмардаш Шағод ба чоҳи пур аз найзаву шамшер афканд, баъдҳо қаламбадастоне шағодона номашро ба чоҳи сиёҳи бетаги афсонаву устура афкандаанд.

Нахустин шахсе, ки бар дифои воқеияти таърихии Рустам қотеъона бар ҷой истод ва барои чунин амалаш ҳаёти худро дар хатару саргардониҳои зиёде гузошт, Ҳаким Фирдавсӣ буд. Фирдавсӣ на танҳо бузургтарин худованди сухан, балки бузургтарин донишманд ва муҳаққиқи таърихи ориёиҳо низ буд. Бешубҳа, ӯ барои эҷоди «Шоҳнома» даҳҳо маъхазу сарчашмаҳоро омӯхта, тамоми нақлу достонҳои дар замонаш вуҷуддоштаро баррасӣ намуда буд. Дар «Таърихи Систон» омадааст: «Ва ҳадиси Рустам бар он ҷумла аст, ки Булқосим Фирдавсӣ ба шеър кард ва бар номи Султон Маҳмуд кард ва чандин рӯз ҳамебархонд. Маҳмуд гуфт: -Ҳама «Шоҳнома» худ ҳеҷ нест, магар ҳадиси Рустам ва андар сипоҳи ман ҳазор мард чун Рустам ҳаст. Булқосим гуфт: -Зиндагонии худованд дароз бод, надонам андар сипоҳи ӯ чанд мард чун Рустам бошад, аммо ин донам, ки Худои таоло хештанро ҳеҷ банда чун Рустам дигар наёфарид. Ин бигуфт ва замин бӯса кард ва бирафт. Малик Маҳмуд вазирро гуфт: -Ин мардак маро ба таъриз дурӯғзан хонд. Вазираш гуфт: -Бибояд кушт. Ҳарчанд талаб карданд, наёфтанд. Чун бигуфт, ранҷи хеш зоеъ кард ва бирафт. Ҳеҷ ато наёфта, то ба ғурбат фармон ёфта».

Агар Фирдавсӣ ба воқеияти таърихии Рустам амиқан бовар намедошт, барои ҳимояти шахсияти ӯ чунин ҷони худро дар хатар намегузошт. Бовари Фирдавсӣ ба воқеияти шахсияти Рустам ҳамчунин дар самимияту муҳаббати Фирдавсӣ ҳангоми тасвири образи Таҳамтан зоҳир мегардад. Чунин самимияту муҳаббат ва чунин эҳтирому арҷро Ҳаким Фирдавсӣ ҳаргиз нисори шахсияти бофтаву хаёлӣ карда наметавонист. Таъкиди Ҳаким Фирдавсӣ:

Ту инро дурӯғу фасона махон,

Ба як сон равиш дар замона мадон... - бар воқеияти шахсияти Рустам низ мансубият мегирад. «Шоҳнома»-ро асотир ва Рустамро афсона донистан беэҳтиромист нисбати рӯҳи Ҳаким Фирдавсӣ! Вақте «Шоҳнома» дар ҷуғрофияи аслии худ татбиқ мегардад, воқеияти рӯйдодҳои он, воқеияти Рустами Достон бараъло равшан мешавад. Ман дар ин боб дар рисолаам «Рустами Достон ва меҳани ӯ» тамоми далелҳоро овардаам, ки зикр кардани чанде аз онҳоро ҷоиз медонам.

Аз ҷумла Ҳ. Шарифов Дар китобаш  «Тоҷики гумгашта боз ояд…» зикр мекунад, «Сайёҳи бузурги рус Н.М. Пржевалский аснои сафараш ба Туркистони шарқӣ (қисман Хутан – М.Ҳ.) ба чандин вайронаҳои шаҳрҳое, ки ба Сиёвуш нисбат дода мешуданд, вохӯрд. Мардуми таҳҷоӣ ба ӯ Сиёвушро на ҳамчун қаҳрамони асотирӣ, балки ҳамчун подшоҳи тавонои аҳди қадим ном мегирифт. Баъдан ин муҳаққиқ менависад, ки «Дар воҳаи Сампула Пржевалский ва ҳамроҳонашро Хангуй ном мавзее пеш омад, ки аз 130 ҳавлӣ иборат буду сокинонаш мувофиқи ривояти маҳаллӣ авлоди паҳлавони афсонавӣ Рустами Дастон будаанд… Ривояти пайдоиши сокинони Хангуй чунин аст: Рустами Достон писаре дошт хурдсол. Аснои ба юруши тӯлонӣ раҳсупор шудан ӯро ҳамроҳи модараш дар ҳудуди Туркистони шарқӣ монда рафт». Тавре аз «Шоҳнома» маълум аст, Рустам 7 сол дар Тӯрон – Хутани кунунӣ подшоҳӣ карда буд ва ин ривояти уткинони маҳалли мазкур аз воқеияти Рустам Дастон огоҳӣ медиҳад. Ба қавли ин муҳаққиқ сокинони водии Қаракӯл чунин назар доранд, ки оромгоҳи Рустам дар ин водист. Агар ба маълумоти адабиёти ориёӣ такя кунем, Кашмирро Рустам бунёд намуда будааст. Ва таври пажӯҳишҳои мо ошкор мегардад, ки Кашмири нахустин ва аслӣ, ки аз ёдҳо фаромӯш шудааст, имрӯз бо номи Тошқӯрғон машҳур аст.

Дар «Шоҳнома» номбар шудани чандин маҳалҳое, ки танҳо марбути шарқи Осиёи Миёна, буда ба маҳаллоти Эрони кунунӣ иртибот надоранд, далели он аст, ки ин паҳлавон бархостаи минтақи Тоҷикистон ва Помир аст. Масалан Данбар, Марғ, Мой, Ғунд, Шангон, Шукнон ва ғайра ҳеҷ гоҳе сохтаи хаёлоти Ҳаким Фирдавсӣ буда наметавонанд. Ин гуна далелҳо фаровонанд. Агар Рустам Достон моли сокоиёни Сакастон ва ё бофтаи Ҳаким Фмрдавсӣ мебуд, дар бораи иртиботи ӯ бо маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон қиссаву ривоятҳо вуҷуд дошта наметавонистанд.

[/acc_item]

[acc_item title="Оё “Биҳишти гумшуда” дар Тоҷикистон аст?"]

- Шумо муҳаққиқед, мо дар бораи «Биҳишти гумшуда»-и таърихӣ аз забони Шумо шунидан мехоҳам ва намедонам ривоят аст ё чизи дигар, ки ҳатто Искандари Мақдунӣ ҳам онро мавриди ҷустуҷӯ қарор дода, онро аз пирони маҳалҳо пурсон шудааст ва он боғи афсонавӣ гӯё дар ҳудуди Тоҷикистон будааст, метавонед, гӯед, ки ин чӣ биҳишт асту дар куҷост?

Биҳишти рӯи замин вуҷуд дошт ё не, ин мавзӯи дигар аст, аммо он сарзамине, ки дар тасаввури ориёиҳои пешин ва бисёр халқҳои дигар ҳамчун биҳишт дониста мешуд, дар сарзамини мо воқеъ буд. Бояд гуфт, ки ориёҳиндуҳо, ориёэрониҳо ва дигар гурӯҳҳои ориёӣ бе асоси воқеӣ ва омилҳои дар ин боб вуҷуддоштаи заминиву кайҳонӣ ватани худро биҳишт ва маркази дунё гуфта наметавонистанд. Дар «Авесто» беҳтар дониста шудани Ориёно аз дигар сарзаминҳо ба ҳамин далел асос ёфтааст. Назари биҳишт дониста шудани мавқеияти сарзаминҳои ривоятии Олмолинг, Шамбала, Илаврит, Арйаварта ва Эронвиҷ, ки ин сарзаминҳо дар қисмати марказ ва шимоли шарқии Помир мавқеият доштанд, дар баъзе адабиёти асрҳои баъдӣ боқӣ монд. Масалан, Ибни Батутта гуфтааст, ки: «Аз паҳлӯи Хоразм яке аз чаҳор руде, ки аз биҳишт сарчашма мегиранд - руди Ҷайҳун ҷорист». Ин чаҳор руди бузург - Сирдарё, Амударё, Торум ва Синд аз ҳудудҳои ҳамҷавори атрофи Помир сарчашма мегиранд ва кишварҳое, ки мо дар бораашон сӯҳбат кардем, низ дар ҳамин минтақа ҷой доштаанд. Дар «Библия» нашри тоҷикӣ, Стокголм, 1992, саҳифаи 17 дар бораи боғи биҳишт ва яке аз чаҳор руди он - Ҷайҳун омадааст: «Ва Худо боғе дар Адан ба тарафи Машриқ шинонд; ва он Одамро, ки сиришта буд, дар он ҷо гузошт. Ва наҳре аз Адан берун меомад... Ва аз он ҷо ба чаҳор шохоб тақсим мешуд... Ва номи наҳри дуюм Ҷайҳун аст». Дар анъанаи адабиёти шарқ руди Сайҳун - Сирдарё низ яке аз чаҳор дарёи биҳиштӣ ном бурда шудааст. Масалан, Фазлуллоҳ Рӯзбеҳони Хинҷӣ - Исфаҳонӣ дар «Меҳмонхонаи Бухоро» ном асараш роҷеъ ба Сирдарё чунин гуфтааст: «Ва наҳри Сайҳун аз анҳори арбааи олам аст, ки дар баъзе аҳодис марвист, аз биҳишт меояд. Ва манбаи зулоли эшон хоки анбарсиришти ҷовидон аст. Ва он наҳрро дар забони аҳли он билод Оби Хуҷанд гӯянд».

Омӯзишу пажӯҳиши бисёр адабиёт далолат бар он менамояд, ки Боғи Ирам, Биҳишти Адан ва биҳишти ривоятии адабиёти халқҳои Аврупо Эдем айнияти ҳамдигаранд. Дар «Ғиёс-ул-луғот» ҷазираи Адан дар Яман дониста шудааст. Аммо дар баъзе адабиёт боғи Аданро низ бо ҷазираи Сарандеп яке гуфтаанд. Аз ишораи «тарафи Машриқ» дар «Библия» ва таҳлили чандин хусусиёти дигар адабиётҳо бармеояд, ки он мавқеияте дар назар дошта шудааст, ки бо мавқеияти мавриди таҳқиқи мо қарориёфта айният дорад. Далели дигар он аст, ки Ямани аслӣ нахуст дар водии Сарикӯл воқеъ гашта, дар адабиёти ориёҳиндӣ Сам Яманӣ ном дошт.

Дар достони «Хирадномаи Искандарӣ»-и А. Ҷомӣ омадааст, ки Искандар ба мамлакате мерасад, ки дар он на шоҳ буду на гадо, ҳама мардумаш серу пур ва шоду хандон. Оё Ҷомӣ дар ин достон ба ҳамон кишвари биҳиштосои ривоятӣ ишора накардааст? Муҳаққиқини Юнони Қадим навиштаанд, ки Искандари Мақдунӣ орзуи онро дошт, ки он биҳиштро пайдо карда, умри ҷовидонӣ дарёбад. Ӯ ба ин ҳадаф ба сӯи кишварҳои Шарқ лашкар кашид. Ба қавли муҳаққиқи таърихи номҳои тоифаҳо ва кишварҳо Р.А. Агеева аврупоиён дар даврони асримиёнагӣ биҳишти рӯи замин - Эдемро дар ҳудудҳои шарқии Осиё тахмин менамуданд. Дар Юнони қадим бовар доштанд, ки биҳишт дар яке аз қуллаҳои баланди Осиёи Шарқӣ ҷой гирифтааст. Ба қавли муаллифи мазкур роҳиби асримиёнагӣ Меффрет изҳор доштааст, ки Василии валӣ ва Амврасии валӣ ба ӯ ваҳйе оварданд, ки тибқи он биҳишт дар яке аз қуллаҳои баланди кӯҳҳои Осиёи Шарқӣ воқеъ будааст. Дар яке аз дастнависҳои маҳфуз дар Осорхонаи Бритониё гуфта шудааст, ки тӯфон – обхезӣ аз он рӯ ба ин биҳишт беасар монд, ки вай дар миёни замину осмон дар фосилаи 40 сажени баҳрӣ болотар аз қуллаи баландтарини кӯҳҳо қарор дорад. Дар «Авесто» низ омадааст, ки биҳишт дар яке аз қуллаҳои кӯҳи ҳампаҳлӯи баландтарин қуллаи кӯҳи Ҳара Баразайт – Албурз - Ҳукар, ки қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ҷой дорад. Мутобиқи бовари ориёэрониҳо як нӯги Чинводпул дар болои чакоди Доити - ҳоло қуллаи ба номи Абуалӣ ибни Сино ва нӯги дигари он дар болои Албурз -қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ - гузошта шудааст. Шаҳри ҷовидонон Амарватӣ ва биҳишти Браҳма, ки дар адабиёти ориёҳиндӣ тасвир ёфтааст, дар болои ҳамин қулла воқеъ гашта будааст. Қиссаи машҳури «Қишлоқи тиллоӣ», ки онро Мирсаид Миршакар ба назм даровардааст, аз сарзамини зебову обод, мардуми хушбахт ва биҳишти рӯи замин дар минтақаи мазкур нақл мекунад...

Шамбала, Тула, Ҷазираи Сафед, Агарти, Илаврит ва дигар сарзаминҳои ривоятӣ ба хонандаи аврупоӣ кайҳо боз маълум аст. Аммо аксари ин ривоятҳо баромади ориёӣ-тоҷикӣ доштаву дар минтақаҳои кунунии Тоҷикистон воқеъ бошанд ҳам, хонандаи тоҷик аз онҳо камтар огоҳӣ дорад. Барои хонандаи рус ва аврупоӣ чунин хизматро қабл аз ҳама Е. Блаватская ва Н. Рерих ба ҷой оварда буданд.

Бояд гуфт, ки ҷойгоҳи биҳишт, нофи замин, маркази замин ва дунё ҳама аз адабиёти ведоӣ сарчашма гирифтааст, ки аксаран он кӯҳ Меру ва Албурз дониста мешаванд, ки дар асл як кӯҳ – кӯҳи кунунии ба номи Исмоили Сомонӣ ҳастанд. Карл Риттер баландиҳои муқаддасро дар Осиёи Марказӣ дониста, гуфтааст, ки «Қутб, ва ё вилояти он – ин Меру мебошад» ва «Меру – ин боғи Дарахти Ҳаёт аст».

Як сарзамин дар даврони ориёҳиндуҳо бо номи Арйаварта дар ҳамҷавории кӯҳи муқаддаси Меру ва дар замони ориёэрониҳо бо номи Арияна Ваеҷа дар ҳамҷавории кӯҳи Ҳара Баразайт, ки ҳар ду ба кӯҳи кунунии ба номи Исмоили Сомонӣ айният мегиранд, воқеъ буда, дар даврони ҳар ду гурӯҳи ориёиҳо сарзамини муқаддас, поку беолоиш, роҳи сӯи биҳишти ҷовидон дониста мешуд. Ин сарзамин зиёратгоҳи тамоми мардуми нажоди ориёии ҳамон даврон ба шумор мерафт. Аксари ҷангҳои байниқабилавӣ ба хотири соҳиб шудан ба ҳамин сарзаминҳо ба вуқӯъ мепайваст. Тибқи тасвироти адабиёти ориёҳиндӣ Аряварта дар самти шимоли Ҷамбу воқеъ қарор дошт. Биҳишти Амарватӣ бар фарози кӯҳи муқаддаси Меру – кӯҳи ҳоло ба номи Исмоили Сомонӣ воқеъ гашта буд. Ин анъанаи ориёҳиндӣ ба ориёэрониҳо низ тақрибан айнан ворид гардид. Арйаварта – ин сарзамини муқаддасро ориёэрониҳо Арияна Ваеҷа ва кӯҳи Меруро Албурз номиданд. Дар он даврон Арияна Ваеҷа ҳамчун замини муқаддас, бахтовар ва хостгоҳи эзадон машҳур буд. Як нӯги пули биҳишти аҳуроӣ - Чиндипул воқеъ дар болои ҳамин кӯҳ буд. Наздиктарин роҳ ба сӯи биҳишт аз Арияна Ваеҷа мегузашт. Шоҳону паҳлавонон дар ин сарзамин ба хотири пирӯзиву саодат маросими қурбонӣ ва ниёиш бар ҷой меоварданд.

Ҳоло аксар Олимон Эронвиҷро дар саросари Осиёи Миёна суроғ мекунанд. Дар Осиёи Миёна даҳҳо руд вуҷуд доранд, ки танҳо яке аз онҳо руди Доитӣ буда метавонад. Ва дар асарҳои ориёӣ Эронвиҷ дар соҳили руди Доитиё дониста шудааст. Мо дар «Эрони гумшуда» тамоми нишониҳои Эронвиҷро, ки дар «Бундаҳиш» ва дигар асарҳо зикр гардидаанд, пайдову собит намудаем. Эронвиҷ ин водии Олой ба пайвасти водии Лахш дар соҳили руди Қизилсуи кунунист.

Ҷанги миёни Салму Тур ва Эраҷ ба он сабаб сар зад, ки Фаридун сарзамини биҳиштии Эронвиҷро ба Эраҷ дод. Сом писари навзодаш Золро на ба хотири нобуд кардан ба кӯҳи Албурз - кӯҳи Ҳинд, – ба ин минтақа оварда танҳову бекас мегузорад, балки мутмаин аст, ки дар ин минтақаи биҳиштӣ ба ӯ кӯмак мерасад. Афросиёб Кангдижи машҳурашро ба ҳамин хотир дар ин минтақа - самти шимолии қаторкӯҳи Сарикӯл сохта буд. Сарандеб, ҷойгоҳи нузули Ҳазрати Одам дар самти ҷануби шарқии Помир буд.

Олими машҳури асри XIX рус Н. Федоров Помирро Кремли умумиҷаҳонӣ, ҷойгоҳи биҳишти Эдем, яке аз се ҷойгоҳи муқаддаси дунё номидааст. Вай Помирро ҳамчун гаҳвораи башарият дониста, оромгоҳи Нахустпадарро дар ҳамин ҷо суроғ кардааст.

Тоҷику русҳо ҳамчун бародарон бо як забон ҳарф мезаданд

- Дар китобатон «Божественная корона таджиков и русских» аз ҷумла навиштаед, ки дар замонҳои хеле дури таърихӣ аҷдоди тоҷику русҳо ҳамчун бародарон бо як забон ҳарф мезаданд, як номи қавмӣ доштанд ва офтобашон аз як кӯҳ мебаромад ба як кӯҳ ғуруб мекард… Манзуратон аз ин гуфта чист?

- Манзур ин аст, ки тоҷикон ва русҳо дар даврони хеле қадим дар як умумияти қавмиву нажодӣ ва маҳалливу забонӣ зиндагӣ мекаданд. Яъне бобоҳои мову русон замоне бародару бародарзодаҳо буда, бо як забон ҳарф мезаданд ва дар як сарзамин истиқомат доштанд. Воқеан нишониҳои ориёии русҳо бештар аз дигар халқҳои ориёинажод ва наздикии онҳо хусусан бо тоҷикон бештар аз дигар халқиятҳо зоҳир мегардад. Умумияти қавмиву забонии даврони ориёҳиндии тоҷикону русҳо дар Осиёи Миёна, хоса водии Фарғона, ғарби кунунии Хитой ва ноҳияҳои кунунии Тошканду Алмаато тақрибан 7-8 ҳазор сол пеш аз ин вуҷуд дошт. Яке аз далелҳои мавҷудияти номҳои якхелаи маҳалҳо дар Тоҷикистон, атрофи он ва дар минтақаҳои славяннишин хусусан Россия мебошанд. Далели дигари ин назар шабеҳияти вожаҳои сершуморе мебошад, ки дар забонҳои санскрит, тоҷикӣ ва русӣ имрӯз вуҷуд доранд. Дар китобе, ки Шумо номбар кардед, фарҳанги ҳамвожаҳои русӣ-тоҷикиро овардаам, ки тақрибан дувуним ҳазор ҳамвожаро дар бар мегирад. Мавҷудияти вожаҳои яксон дар гӯишҳои тоҷикӣ ва забони русӣ далели қавии ҳамзистии замоне вуҷуддоштаи халқҳои рус ва тоҷик мебошад. Аҷдоди халқи рус мисли тоҷикону ҳиндуҳо иштирокчӣ ва ҳиссагузори эҷоди достонҳои «Ригведо» «Маҳабҳарата» ва дигар эҷодҳои ориёӣ буд.

Ин ду халқ тоҷикону русҳо то ҷое ба ҳам наздик буданд, ки номашон рус ва тоҷик аз як реша – Арта - Арса – Артакзик – тагзӣ - бархоста, маънояш ростиву эзадӣ, баландиву рушанӣ ва дорои дигар маъниҳост.

Иқтибоси дар боло оварда аз «Велесова книга» далели равшани ориёӣ будани русҳост. Онҳо низ бо тоҷикон дар паҳлуи Эронвиҷ сукунат доштанд. Дар китоби мазкурам тамоми далелҳои аз як қавм бар омадани тоҷикону русҳоро овардаам.

Суҳбат дар ин боб ҳанӯз бисёр аст. Дар мавзӯи мазкур 7 китоб ба нашр расондаву се китоби дигарам ҳанӯз ба нашр нарасидааст. Онҳо дар маҷмӯъ тақрибан 3 ҳазор саҳифаро ташкил медиҳанд, ки бозгӯи инҳо дар ин як суҳбати кӯтоҳ имкон надорад. Аммо ҳанӯз ҳам пажӯҳишҳои ман ба поён нарасидаанд.

[/acc_item]

[/accordion]
 

Суҳбаторо

Умед Пудинаев,

корманди Институти

омӯзиши масъалаҳои

Осиё ва Аврупо

-

БОЗГАШТ