АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муаррифгари илми тоҷик дар хориҷи кишвар   ва ё дар бораи бонуи тоҷике, ки замоне мегуфт “Як рӯз не, як рӯз Ватани азизам маро мешинохтагист”

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Чеҳраҳои мондагори бонувони ориёӣ тӯли қарну солҳо, дар оинаи таърих ва тамаддуни бостонӣ, инчунин дар сохтори давлатдорӣ мавзӯи печидаву ҳамаҷониба буда, ҳамакнун мазмуни мутолиаи мо мебошад.
Агар ба саҳифаи таърихи бостон назар афканем, занони ориёӣ дар ҳама давру замон хеле фаъол буда, мо шоҳиди муборизаҳои онҳо барои истиқлол мебошем. Онҳо дар ҳаёти сиёсӣ - иҷтимоӣ нақши муассир дошта, соҳиби мақом, шахсияти бомаърифат ва дар тақдири миллат саҳми худро мегузоранд.
Дар замони муосир ҳам бонувони фаъоле, ки саҳми арзанда дар рушду нумӯи илми тоҷик намудаанд, кам нестанд.
Президенти кишвари мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ гуфта буданд, ки беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан - модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст.
Бонувон имрӯз ба ҳайси мураббию омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон нақши худро мегузоранд. Мегӯянд аввалин устоди тифл дар хонавода ин модар аст, зеро нахустин алфози ширину роҳравиро кӯдакон аз модар меомӯзанд. Пас, ин мактаби бузургест, ки дар саргаҳаш устоди ҳама инсоният Модар қарор дорад.
Дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти илмию педагогиам бо як қатор занҳои боиффату покдомон, накукору донишманд, омӯзгору олима шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик шогирду ҳамкор будам ва ҳастам. Маҳз онҳо сабаб гардиданд, ки ман имрӯз то ба ин мартаба расам ва ба Ватани азизам меҳнати ҳалолу содиқона дошта бошам. Инҳо аввало модари мушфиқу ғамхорам, сипас дар мактаби таҳсилоти миёна Мастура Шарипова ва Салихова Лилия Ахмедзяновна, дар омӯзишгоҳи педагогӣ Исоева Зарина Зоировна, дар донишгоҳи педагогӣ профессор Маҷидова Бибиҳафиза Самиевна ва дар ин даргоҳи муқаддаси илму маърифат, ки макони соҳибкасбону ҷойи фаъолияти банда аст Санавбарбону Воҳидова мебошанд.
Чун имрӯз аз меҳру садоқат, ҷасорати ин бузургзанҳо, чеҳраҳои мондагори миллати куҳанбунёди тоҷик сухан меронем, фурсати муносибест, барои ба риштаи таҳқиқ кашидани осору фаъолияти ин зан - олимаи худшиносу худогоҳи миллати тоҷик.
Ҳамзамон, пешниҳод менамоям, ки аз кору фаъолияти илмии занҳои сарсупурдаи миллат рисолаҳои номзадию докторӣ таълиф карда шавад, то наслҳои ояндаи мо низ донанд, ин занҳоро шиносанд ва аз осори илмии бонувони тоҷик дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI огоҳии васеъ пайдо намоянд. Худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар ин давра зан - модари тоҷик чӣ рӯзгор, чӣ сарнавиште дошт, ки  тамоми ин сахтиҳоро паси сар карда, имрӯз бовиқор аз натиҷаи заҳматҳои илмии онҳо аз минбари баланди дохилу хориҷи Ватан садо баланд менамоем, ки шояд аз ин бахти баландтаре набошад.
Бозмегардем сари матлаб, профессор, доктори илмҳои таърих Санавбарбону Воҳидова аз зумраи олимаҳое мебошанд, ки иродаи матин, зани истиқлолхоҳ, адолатпарвар, ватандӯст, зираку доно, суханвар, зани муосир буда, дар ташвиқу тарғиби илми тоҷик дар дохилу хориҷи Ватан саҳми арзанда гузоштаву ҳоло ҳам гузошта истодааст.
Бонуи гиромӣ Санавбарбону Воҳидова, ки ҳамзамон мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, аз ҷумлаи занҳои пуркоре аст, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули кори илмии худро пешкаши ҷомеа месозанд. Дар конфронсу семинарҳо фикру назари худро ироа медоранд ва бо шогирдон ва кормандони шуъба машварату ҳамкориҳо ва барои тақвият додани илму дониши кормандони Институт саҳми арзандаи худро мегузоранд. Вақте ки муаллима масъулияти мудириятро доранд, ҳамавақт дар атрофашон шогирдонаш ҷамъомадаву дунболи кадом масъалаи илмианд. Меҳмонони шуъба чӣ аз дохили кишвар ва чӣ аз хориҷ ҳамавақт зиёд мебошанд. Амсоли ду сол аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи Ҳумболди Олмон ташриф оварда, аз таъриху фарҳанги тоҷик ошно шуданд ва муаллима ба онҳо ба забони олмонӣ дарс гуфтанд. Имсол бошад, ҳам донишҷӯёну муҳаққиқон аз Донишгоҳи Оксфорд ва Донишгоҳи Кембриҷ аз таърих ва фарҳанги тоҷикон дар Институт дарс мехонанд.
Моҳи феврали соли ҳамин сол бо ташаббус ва даъвати муаллима профессор Мак Намарра, ноиби ректори муносибатҳои байналмилалӣ меҳмони шуъбаи Аврупо ва Амрико буд. Бо кормандони институт дар семинари байналмилалӣ роҷеъ ба муносибатҳои фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Амрико суханронӣ кард. Ӯ аз сафари вилояти Суғд сухан ронда аз табиати Тоҷикистон тавассусти нақби “Истиқлол” мутаҳайир шуда гуфт: “Ман дар умрам ин табиати зеборо надидам, моҳи асал ба ёдам омад ва мутаассифам, ки оилаам ҳамроҳи ман набуд”. Мо як меморандум имзо кардем, роҷеъ ба забономӯзӣ, баланд кардани ихтисос ва гузаронидани тадқиқот дар ду кишвар.
Соли сипаришуда муаллима модератор ё созмондиҳандаи Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба 150 - солагии олими варзидаи рус, тоҷикшинос, этнограф, таърихнигор, шарқшинос академик В.В. Бартолд баргузор шуд, буданд. Дар ин конфронс олимони варзида аз Олмон, Қазоқистон, Академияи илмҳои Россия иштирок доштанд. Академик Бартолд яке аз аввалинҳо шуда, ориёӣ будани тоҷиконро таҳқиқ карда, мақоми тоҷиконро дар Осии Марказӣ асос гузошт.
Аслан ман дар бораи ин шахсияти барҷаста, олимаи тоҷик муаррифгари илми тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар борҳо шунида будам. Боре,  тариқи оинаи нилгун дар яке аз барномаҳои ТВ “Сафина” баромади ин бонуро тамошо намуда будам, ки муаллима арз доштанд, ки “Як рӯз не, як рӯз Ватани азизам маро мешинохтагист”. Ана ҳамин орзӯи ин ахтари тобони илми тоҷикро мехоҳам заррае бошад, ба шунавандаи ин конфронси илмӣ - амалӣ, ки тайи чанд соли охир дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илм” баргузор мегардад, муаррифӣ намоям.
Ҳангоме ки ба оинаи таърихи тамаддун назар меандозем, мо шоҳиди муборизаи занон барои истиқлол, демократия ва барои ба даст овардани ҳуқуқҳои хеш дар хонавода, сарфи назар аз он маҳдудиятҳое, ки мардон барояшон эҷод кардаанд, мешавем.
Шиносоию суҳбат бо ин зани донишманд бароям дари ҷаҳони илму маърифатро боз намудааст.
Бояд гуфт, ки муаллимаи азиз таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш - Хуҷанди бостонӣ гирифта, хатмкардаи университети педагогии шаҳри Москва, факултаи романиву олмонӣ мебошанд.
Пас аз хатми донишкада дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба кору фаъолият шурӯъ кардааст.
Дар айёми ҷавонӣ Санавбарбону дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи Олмон, ҳамчун коромӯз аз ҷумла Академияи илмҳои Берлин, қадимтарин Донишгоҳи Олмон - Лейпсиг донишгоҳи Мартин - Лютер Халле (1983), ва дар шуъбаи таърих ва мардумшиносии Академияи илмҳои Руссия кору фаъолият кардааст.
Донандаи забонҳои олмониву англисӣ ва форсӣ буда, муаллифи ҳудуди 100 мақолаи илмиву оммавӣ мебошанд. Навиштаҳояш дар нашрияҳои ватаниву хориҷӣ рӯи ҷоп омадаанд.
Соли 1993 - 2000 корманди Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ буда, солҳои 2000 - 2016 корманди Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буданд.
Муаллима соли 1998 рисолаи номзадӣ ва соли 2010 рисолаи доктории хешро дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намудааст.
Аз моҳи апрели соли 2016 то ҳол вазифаи пурмаҳсули мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доранд.
Се маротиба гирандаи  стипендияи  Хадамоти ҳамкории  Олмон:
- Донишгоҳи Карл - Август - Готтинген (2007)
- Рейнише Фридрих Вилгелми Донишгоҳи Бонн (2011)
- Донишгоҳи  Отто Фридрихи Бамберг (2017)
- Сертификати Донишгоҳи Зоҳидони Эрон барои шинохти “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ дар Аврупо.
Иштирокчии як қатор конфронсҳои байналхалқӣ ва симпозиумҳо дар Олмон, Фаронса, Австрия, Полша, Италия, Ҳиндустон ва Эрон буда, роҷеъ  ба  мақоми тоҷикон  дар  Осиёи  Марказӣ  суханронӣ намудааст.
Муаллифи як қатор монографияҳо оид ба  масоили эроншиносӣ ва  тоҷикшиносӣ аз  қарнҳои 15 то аввали  қарни 21 буда, мураттиби  китоби “Нақши занон дар рушди илму фарҳанг” (2006) мебошанд.
Мақолаҳои зиёде дар нашрияҳои хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар Канада, Париж, Милан, Вена, Краков, Ню - Дели, Теҳрон, Эрон, Руссия ва   Қазоқистон дар масоили гуногунҷанбаи эроншиносӣ ва тоҷикшиносӣ нашр намудааст.
Санавбарбону Воҳидова ҳангоми баромаду суханрониҳои хеш дар хориҷи кишвар шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як олимаи донишманду закӣ ҳифз намуда, саҳми босазои хешро дар ҳамаи ҷанбаи иҷтимоӣ - сиёсӣ гузоштааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки “Сухани нав гуфтан, чизи наве рӯи қоғаз офаридан нисбати аз кӯҳеро паст намудан мушкилтар мебошад” (Чингиз Айтматов). Муаллима сухани тозаро  мепазирад  дар баромадҳояш   сайъ  мекунад, то  сухани   наве   бигӯянд.
Ӯ мегӯяд, занҳои тоҷик имрӯз дар ҳама соҳаҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки муваффақ гарданд, вале дар ҷомеаи мо зан ба ин ё он комёбиҳо ноил гашта бошад ҳам, баъзан иттифоқ меафтад, ки бадбахтона мардон тадқиқоти занонро нашинохта ва ё нодида мегиранд.
Муаллимаи азизи мо аз арзишҳои миллӣ ҳарф мезананд. Арзишҳои миллии тоҷикро қадр мекунад. Бо забони ноби тоҷикӣ бо табассум ва хеле ширину маҳин ҳарф мезананд. Забони давлатиро пос медоранд ва талош мекунанд, ки дар баромадҳояшон бо забони тоҷикии зебо ҳарф зананд.
Бояд гӯфт, ки арзишҳои миллӣ - бунёди аслии ҳар як миллатанд. Дар ин ҷаҳони густурда ҳар миллат зебоии худро дорад, рангу бӯи хоси худу фарҳанги хешро дорад. Ҳар кадоме ба қадри захираву заминаи фарҳанги илмии худ дар тамаддуни ҷаҳон нақше дорад. Яке камтар ва дигаре бештар ва ҳар кадом аз инҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти хоссаро соҳибанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бузургони миллат бо меҳру муҳаббати хосса, бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доранд, кӯшиш менамоянд меъёрҳои забони адабиро риоя карда, бо забони фасеҳу шоиронаи тоҷикӣ озодона ҳарф зананд ва фикру андешаҳои худро бо ин забони гӯшнавоз ва гуворову дилкаш озодона, равшану возеҳ баён созанд.
Чунин эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки наслҳои оянда барои ҳифзу нигаҳбонии ин муқаддасоти миллӣ талош варзида, онро ба сифати меҳри модар қадрдонӣ хоҳанд кард.
Аз ҷумлаи он бузургоне, ки забону миллати худро дӯст медорад, ба арзишҳои миллӣ эҳтироми баланд дорад, ҳар суханаш бо васфи Ватану Тоҷикистон оғоз мешавад, муаллимаи зебои мо Санавбарбону Воҳидова мебошанд.
Муаллима раванди тозаи илмиро таҳқиқ мекунанд, яъне ки эроншиносӣ ва тоҷикшиносӣ дар таърихнигории Аврупо аз аввали қарни 15 то аввали асри 21 таҳқиқ мекунад. Вақте ки дар муаллима дар соҳаи хидмати илмӣ барои гирифтани лоиҳаи “Беҳтарини беҳтаринҳо” сазовор шуданд, аз тарафи сафорат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Олмон бо имзои президенти ҳамкории Хадамоти Олмон барои ду моҳ ба сафари хидматӣ ба Аврупо мушарраф гардиданд. Муаллима бо даъвати Академияи илмҳои Австрия дар Конфронси байналмилалии эроншиносӣ дар Аврупо иштирок карда, суханронӣ намуданд. Дар ҳамон конфронс як хонуми олима аз Инглистон роҷеъ ба Тоҷикистон маърӯза карда, занони тоҷикро мавриди интиқод қарор додааст. Аз ҷумла қайд карда, ки дар Тоҷикистон 80 дарсад камбизоат ҳастанду занонашон таҳти фаранҷии сиёҳ мегарданд ва дигару дигар. Вале  муаллимаи азизи мо аснои суолу ҷавоб ба забони олмонӣ ба он хонум баҳс намуда, суолгузорӣ намуда гуфтааст, ки
- оё Шумо боре ба Тоҷикистон сафар кардаед?
Ӯ хонум ҷавоб дода, ки
- на!
Баъдан муаллима гуфтанд,
- Шумо ба Тоҷикистон сафар накарда, таҳқиқоти иҷтимоӣ набурда, ҳуқуқ надоред, ки дар бораи Тоҷикистон ҳарф занед!!! Ман аз Тоҷикистони ҳуқуқбунёди демократӣ ҳастам.
Пас он бону гуфта, ки
- ман аз Шумо узр мепурсам. Ин таҳқиқоти ман аслан барои аврупоиён мансуб аст...
Боз ҳам муаллима  хитоб ба он зан гуфтааст, ки Шумо ҳуқуқи маънавӣ надоред, ки ин гуфтаи пучу беасоси худро роҷеъ ба Тоҷикистон рӯи чоп биёред!
Дар толор қариб 1000 нафар иштирок доштаанд, ҳама қарсак зада ӯро дастгирӣ кардаанд ва амр кардаанд, ки ин мақола чоп нашавад. 45 кишвар бо як овоз муаллимаро ба узви созмони эроншиносии аврупоиён қабул кардаанд.
Билохира, заҳматҳои олимаи варзидаи тоҷик Санавбарбону Воҳидова аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.  Ва соли 2019 дар робита ба “Рӯзи илм” бо пешниҳоди Шӯрои илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ сазовори ҷоизаи М. Осимӣ оид ба илмҳои гуманитарӣ барои силсила  монографияҳояш гардиданд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба кору фаъолияти муаллима комёбиҳои назаррас таманно намуда, солиму зебо буданашонро аз даргоҳи Илоҳӣ орзумандам.
  
Сафаргул Давлиёрова,
ходими пешбари илмии шуъбаи “Осиёи Марказӣ”- и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 

БОЗГАШТ