МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР КАНАДА: ТАҶРИБА, ДАСТОВАРД ВА САБАҚҲО БАРОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

     Коррупсия яке аз мушкилиҳои глобалии асри XXI буда, монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва идоракунӣ ба шумор меравад. Дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо мушкилоти густурдаи коррупсия рӯ ба рӯ ҳастанд, таҷрибаи давлатҳои пешрафта, ба монанди Канада, таҷрибаи муассир ва омӯзанда мебошад. Дар тӯли чанд даҳсолаи охир Канада тавонист низоми муассири зиддикоррупсиониро роҳандозӣ кунад, ки ба принсипҳои эҳтироми қонун, шаффофият ва масъулиятнокии мақомоти давлатӣ асос ёфтааст.

     Мувофиқи маълумоти нашршудаи ташкилоти “Transparency International” барои соли 2024 Канада дар индекси дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index) 75 хол аз 100 имтиёз ба даст овард.

     Бояд қайд кард, ки индекси коррупсия дар Канада дар давраи аз соли 1995 то 2024 ба ҳисоби миёна 84.31 холро ташкил додааст. Нуқтаи аз ҳама баландтарини он  92.00 хол дар соли 1998 ва пастарин бошад  74 хол дар соли 2021 сабт шудааст.

     Сарфи назар аз он, ки Канада дар рейтингҳои байналмилалӣ  дорои сатҳи пасти коррупсия шинохта мешавад лекин масъалаи мубориза бо коррупсия то ҳол ҳамчун як раванд боқи мондааст, аз ҷумла дар соҳаи сиёсат ва бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ба мушоҳида мерасад. Бояд қайд кард, ки қисме аз коррупсия ҳамчунин ба ҷиноятҳои муташаккил рабт дорад, ки дар он гурӯҳҳои ҷиноятӣ ба фаъолияти ғайриқонунии молиявӣ  машғул мешаванд.

     Коррупсияи сиёсӣ ба чанд қисм ҷудо мешаванд. Ба ин дохил мешавад:

  • Порадиҳӣ (Bribery) як намуди коррупсия мебошад, ки  пешниҳод ё қабули маблағ, ё туҳфа барои таъсир расонидан ба қарор ё амал;

  • Ғасби мол (Embezzlement) сӯистифодаи маблағ ё дороиҳо барои манфиати шахсӣ;

  • Хешутаборӣ (Nepotism) афзалият додан ба хешу табор ё дӯстон ҳангоми таъин ё додани шартномаҳо;

  • Бархӯрди манфиатҳои шахсӣ (Conflict of interest) вазъиятҳое, ки манфиатҳои шахсии мансабдори давлатӣ метавонад ба иҷрои вазифаҳои расмии ӯ таъсир расонанд.

     Коррупсияи корпоративӣ (дар ширкатҳо) ҳам ба чанд қисм ҷудо мешаванд. Аз ҷумла:

  • Қаллобӣ (Fraud)  амал ё рафтори фиребандае мебошад, ки бо мақсади ба даст овардани фоидаи молиявӣ анҷом дода мешавад;

  • Пулшӯи (Money laundering) пинҳон намудани манбаъ ва сарчашмаи маблағҳое, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд;

  • Порадиҳӣ (Bribery) як намуди коррупсия мебошад, ки  пешниҳод ё қабули маблағ бо мақсади ба даст овардани шартномаҳо ё созишномаҳои   тиҷоратӣ;

  • Мубодилаи дохилӣ (Insider trading) хариди фурӯши қоғазҳои қиматнок бо истифода аз иттилооти махфӣ.

     Коррупсияи бахши давлатӣ низ ба чанд қисм ҷудо мешаванд, инҳоянд:

  • Таҳдиду найранг (шантаж) бо мақсади пулситонӣ (Extortion) талаби пул ё манфиат таҳти таҳдид ва фишор;

  • Сӯиистифода аз мақом (Abuse of power) истифодаи мансаб барои манфиати шахсӣ;

  • Пардохт барои кори анҷомнашуда (Ghosting) гирифтани музд ё маош барои коре, ки дар асл анҷом дода нашудааст, ё шахсе, ки умуман вуҷуд надорад;

  • Порагирии пинҳонӣ (Kickbacks) гирифтани қисми муайяне аз арзиши шартнома ба таври ғайриқонунӣ.

     Ҷиноятҳои муташшакил ҳам ба коррупсия дохил шуда, онҳо ба чанд қисм ҷудо мешаванд:

  • Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (Drug trafficking) ин тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир;

  • Қочоқи инсон (Human trafficking) фурӯш ва интиқоли ғайриқонунии одамон бо мақсади истисмор, яъне меҳнати инсонҳо, ҷинсӣ ва узви инсон.

     Бояд қайд кард, ки мақомоти Канада барои мубориза ба коррупсия як қатор чораҳои зарури андешидаанд, аз ҷумла қабули санадҳои махсус, таъсиси ниҳодҳои татбиқи қонун ва роҳандозии маъракаҳои баланд бардоштани огоҳии мардум ва ғ. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз санадҳои муҳимтарини ҳуқуқии зидди коррупсионӣ ин Қонуни мубориза бо порадиҳӣ ба мансабдорони хориҷӣ дар  муомилаҳои байналмилалии тиҷоратӣ (Corruption of Foreign Public Officials Act-CFPOA)  мебошад, ки соли 1999 қабул гардид, ба иҷрои Конвенсияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) оид ба мубориза бо порадиҳӣ ба мансабдорони давлатӣ дар марҳилаҳои байналмилалӣ равона шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Канада  нафақат дар дохили кишвар ба муқобили коррупсия мубориза мебарад, балки  барои муқовимати ҷаҳонӣ низ саҳм мегузорад.

     Дар баробари ин, Қонуни дастрасӣ ба иттилоот (Access to Information Act) ва Қонуни ахлоқи хизматчиёнӣ давлатӣ (Public Servants Disclosure Protection Act) имконият медиҳанд, ки ҳар як шаҳрванд ё расонаҳо метавонанд фаъолияти мақомоти давлатиро таҳти назорат қарор диҳанд.

     Ба ғайр аз ин нақши ниҳодҳои мустақим, аз қабили мақомоти зиддикоррупсионӣ, додгоҳҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар тамини иҷрои қонунгузорӣ ва мубориза бо коррупсия нақши муҳим мебозанд

     Яке аз сохтори мустақили назоратӣ ин Санҷиши олии молиявӣ (Auditor General of Canada) мебошад, ки хароҷоти давлатиро санҷида, ҳолатҳои истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки  маблағҳои буҷетиро ифшо ва арзёбӣ мекунад.

     Полиси махсуси шоҳии Канада (Royal Canadian Mounted Police – RCMP) як ниҳоди махсус тафтиши ҷиноятҳои вобаста ба коррупсияро ба уҳда дорад, бахусус дар ҳолате, ки қонунҳои марбут ба мубориза бо порадиҳӣ дар чаҳорҷӯби Қонуни мубориза бо порадиҳӣ ба мансабдорони хориҷӣ дар  муомилаҳои байналмилалии тиҷоратӣ вайрон мешаванд, равона шудааст.

     Дар баробари ҳамаи ин як ниҳоди дигар ин Дафтари Комиссари мустақили манфиатҳои зиддият ва ахлоқи хизматӣ (Office of the Conflict of Interest and Ethics Commissioner) аз болои мансабдорони давлатӣ назорат мебарад, то миёни манфиатҳои шахсӣ ва вазифаҳои расмии худ омехта накунанд ва  талаботи ахлоқи касбиро риоя намоянд.

     Бар замми ин омилҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ  дар раванди мубориза бо коррупсия нақши асоси бозида, фаъолона ширкат меварзанд. Барои расонаҳои озод ва мустақим шароити зарурӣ фароҳам оварда, то ҳолатҳои эҳтимолии коррупсия сари вақт ошкор ва ба ҷомеа  расонида шаванд,  ки ин ба баланд шудани сатҳи  шаффофият ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъул мусоидат менамояд.

     Бар замми ин ҷораҳои андешидашуда, дар асри XXI ки асри технология ба шумор меравад Канада дар роҳи пешгирии коррупсия ба истифодаи васеъ аз технологияҳои рақамӣ такя мекунад. Системаҳои идоракунии электронии ҳуҷҷатҳо, баргузории тендерҳои кушода, реестрҳои онлайнӣ ва платформаҳои махсуси гузоришдиҳӣ ҳама ба он равона шудаанд, ки раванди қабули қарорҳо, хароҷоти давлатӣ ва тақсими захираҳои молиявӣ шаффоф, ҳисобдиҳанда ва назоратшаванда бошанд. Ин ҷораҳо на танҳо имконият медиҳанд, ки хатари коррупсия коҳиш ёбад, балки боварии шаҳрвандонро ба муассисаҳои давлатӣ тақвият мебахшанд

     Аз таҷрибаи Канада собит мегардад, ки барои мубориза бурдан ба коррупсия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи чунин чораҳо муҳим ва зарурӣ мебошад:

  • Иродаи сиёсӣ ва мустақилияти ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ таъмин намудани фаъолияти озоду мустақили сохторҳои назоратӣ ва тафтишотӣ, ки аз ҳар гуна дахолати сиёсӣ ва беруна ҳифз карда шаванд;

  • Қонунгузории мукаммал ва ҷазои  ногузир, таҳкими пойгоҳи ҳуқуқӣ ва амали баробар ва бефосилаи қонун нисбат ба ҳама шаҳрвандон, новобаста аз мансаб ва нуфузи онҳо;

  • Шафофият ва рақамикунони дар раванди қабули қарорҳо ва хароҷоти давлатӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири субъективӣ, тақвияти назорати ҷамъиятӣ ва пешгирии сӯистифодаи молиявӣ;

  • Боло бурдани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ  дар раванди мубориза бо коррупсия.  Фароҳам овардани шароит барои расонаҳои озод ва мустақим то ҳолатҳои эҳтимолии коррупсия сари вақт ошкор ва ба ҷомеа  расонида шаванд,  ки ин ба баланд шудани сатҳи  шаффофият ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъул мусоидат намояд;

  • Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ. Ҷори намудани барномаҳои таълими дар тамоми зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон.

     Мубориза бо коррупсия масъалаи глобалӣ буда, тамоми давлатҳои ҷаҳон бар зидди ин раванд мубориза бурда истодаанд. Таҷрибаи Канада ҳамчун як кишвари пешрафта нишон медиҳад, ки мубориза бо коррупсия тавассути сохторҳои мустақил, қонунгузории мукаммад, шаффофият ва истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад самарабахш бошад. Дар Канада ҳамчун бештар ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои мустақил ва ҷузъҳои ҳифзи ҳуқуқ аҳамият дода мешавад, ки ин равандро мустаҳкам месозад.

     Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхтани ин таҷриба метавонад барои таҳкими низоми зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани шаффофият, тақвияти назорати ҷамъиятӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия мусоидат намояд. Муҳимтар аз ҳама зарурати иродаи сиёсӣ ва мустақилияти комили ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ, таҳқими пойгоҳи ҳуқуқӣ ва таъмини таҳкими фарҳангӣ зиддикоррупсионӣ дар тамоми зинаҳои ҷомеа мебошад. Бо дарназардошти ин омилҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба роҳҳои муназзам ва муассири мубориза бо коррупсия ки ба рушди пойдор ва адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, расад.

Некбахт ДОРОНШОЕВА

мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои 

Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои сиёсӣ

БОЗГАШТ