АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муборизаву муқовимат бо хатару таҳдидҳо (бо истифода аз формулаи PEACE)

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

(дар ҳошияи конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ» Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 6 октябри 2023)

Бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 6-октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар конференсия масоили мубориза бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ дар паёмҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар доираи Созишномаи ҳамкории Шанхай (СҲШ), фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳ, амният ва суботи минтақа дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), нақши Маркази зидди террористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ва саҳми Тоҷикистон дар он, низоъҳои динӣ-сиёсии замони муосир ва таъсири онҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон-манбаъи таҳдидҳо ва хатарҳо ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

Бояд таъкид кард, ки Президенти Тоҷикистон ҳамеша дар мулоқоту суханрониҳояш таъкид мекунад, ки барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти террористон давлатҳоро зарур аст, ки зимни ҳифзи сарҳад тадбирҳои назоратиро мувофиқи уҳдадориҳо ва дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намуда, ҳамкорӣ ва муборизаҳои муштарак кард. 

Ҳамин тариқ, дар оғози конфронси мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ қайд намуд, ки нишасти имрӯза бешубҳа инъикоскунандаи ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сулҳу субот ва ҷилавгирӣ аз хатару таҳдидҳо нигаронида шудааст.

Дар идома зикр гардид, ки нишасти илмӣ нақши олимону муҳаққиқонро дар ҳифзи ҷомеаи озоду орому обод муҳим арзёбӣ карда, ҳамкориҳо дар таълиму ташвиқи созандагӣ бояд бештар тақвият ёбад. Дар кори конференсия ҳамзамон ноиби президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Назар Муъмин Абдуҷалол, вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, сиёсатшинос Акбаршо Искандаров, мудири кафедраи фалсафаи раёсати АМИТ Ғаффор Мирзоев, ҳуқуқшинос Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода ва дигарон тамоили экстремистиву террористиро аз дидгоҳи илмҳои ҷомеашиносӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамин тариқ, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони мустақил аз марказаҳои гуногун аз ҷумла Институти Осиё ва Аврупо-и АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Росияву Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштикорчиён қайд карданд, ки мақсаду мароми конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи идораву марказҳои дар соҳаҳои амнияту ҷилавгирӣ аз хатару таҳдидҳо бештар сурат гирифта, ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилооту ҳамлу нақл, бехатарӣ тавсеа ва тақвият ёбад.

Мавриди зикр аст, ки қонуни дар бораи муқовимат бо терроризм ва эктримизмро дар соли 2020 ба тасвиб расидааст. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар ин зимн, ҳукумати Тоҷикистон қонунро оиди асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро муқаррар намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷамъият ва давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тасвиб расонид, ки заминаҳои қонуниро барои мубориза ва ҷилавгирӣ аз хатару таҳдидҳо фароҳам намуда, роҳу равишҳоро барои ҳамкориҳои муштарак барои раҳосозии ҷомеа аз носуботиву нооромиҳо тақвият мебахшад.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва модели сулҳофаринии намунавии нодираш, метавонад ҳамкориҳояшро бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо таҳкиму тавсеа дода, минтақа ва ҷаҳонро аз хатарҳои мавҷуда ҷилавгирӣ намояд.

Нигорандаи сатрҳо аз иштирокчиёни фаъоли конфронс буда, мақолае зери унвони “Муборизаву муқовимат бо хатару таҳдидҳо (бо истифода аз формулаи PEACE)» ирсол карда, назару андешаашро иброз намуд, ки муҳтавои он ба таври зайл мебошад:

Хирад карпосро заррина созад,

Камолаш сангро оина созад. (Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

Тағйирот ва фазои имрӯзаи равандҳои геополитикии ҷаҳон Тоҷикистон ва минтақаро низ бетаъсир нагузоштааст. Дар ин зимн, Истиқлолият ва Ватандӯстӣ аз ғояҳои асосӣ дар шинохти ҳуввияти миллӣ ва рушди тамаддуну фарҳангсолории мо сокинони Тоҷикистон мебошад. Бештари муаррихону нависандагон, гардишгарону тоҷирони дохиливу хориҷӣ аз ҷумла Роберт Мидлетон ва Ҳав Томас тоҷику Тоҷикистонро дар китобе зери унвони "Тоҷикистон ва қуллаҳои баланди Помир" ба таври хос зикр карда, хотироташонро муфассал баён кардаанд, ки хонанда метавонад аз онҳо истифодаи маънавӣ пайдо кунад.

Ҳамасола дар паёми Президенти кишвар самтҳои гуногун, аз ҷумла Ватандӯстиву ҳифзи Истиқлолият мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки сиёсати дарҳои боз, илму маориф ва пешгирӣ аз равишу хатароти номатлуби ҷомеа низ шомиланд.

Зимнан бояд зикр кард, ки миллати мо аз замонҳои қадим дорои хислатҳо ва одобу русуме буданд, ки таърих ва таърихнигорон роҷеъ ба он хело китобу рисолаҳо навиштаанду боз хоҳанд навишт.

Ин ҷо мехоҳем чанд андешаро дар бораи мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистони навин ва муборизаву муқовимат бо таҳдиду хатарҳо бо истифода аз формулаи эҷодшудаи камина “PEACE”, ки маншаъ аз ташаббусҳои созандагӣ ва мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон гирифтааст, баён намоем.

Аз давраи бостон тоҷикон мардуми бомаърифату бофарҳанг буданд ва то имрӯз дар миёни дигар халқҳои олам бо чунин арҷгузорӣ боқӣ мондаанд. Ҷасорату матонати миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардида, дар натиҷа эҷоди ҳамгироиву сулҳу ваҳдат ба вуҷуд омад. Бо ҳамин роҳ тоҷикон тавонистанд аз худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, ба сӯйи қуллаҳои мурод роҳашонро идома диҳанд. Пӯшида нест, ки дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари дилсӯзу меҳандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар дар сояи дарахти амну субот бо осоиштагӣ ба сар мебаранд ва ифтихор менамоянд, ки Тоҷикистон бо оромиву субот ва табиати афсункораш дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистони навин солиёни дароз зери мудирияти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт, ки шомили 15 кишвар буд. Аҳолии ин сарзамин ҳамеша талошу мубориза мебурданд, то чун қавм ё миллати дорои тамаддуну таърихии бостонӣ мустақилона дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллии худ умр ба сар бурда, тамаддуну фарҳанги худро ҳифз намуда, барои ободии мардумони худ хидмат намоянд.

Бо чунин ормону орзуҳои хуб мардумони ин сарзамин соҳиби давлат шуда, бо истифода аз донишу хирад ва роҳнамои фарзандони фарзонаи худ таҳти сарпарастии сиёсатмадор ва ташаббускору созанда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ талошу мубориза намуда, Ватанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карданд. Бо чунин ташаббусшҳои созандаву шоиста тоҷикон мактаби сулҳофариниро бунёд карданд, ки чун намуна ва мисоли ибратбахш барои дигар мамолики дунё пазируфта шуда, ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст. Вожаҳои “сулҳ ва ваҳдат” аслан арабӣ буда, аввал маънои оштӣ, мусолимат, осоиштагӣ, амонӣ ва дувумӣ маънои ягонагӣ ва якрангиро ифода мекунанд. Ҳамин тавр, ҳарду мафҳуми дӯстии иҷтимоӣ, ҳамдардӣ ва меҳрубонӣ, адолат, баробарӣ ва набудани душманӣ ва ваҳшоният миёни мардумон буда, роҳҳоро барои эҷоди ободиву оромӣ боз менамоянд. Дар ҳақиқат ҳам, фарҳанги сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон падидаи беназир мебошад, ки раванди он 27-уми июни соли 1997 дар Москва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, саҳифаи созандагии навин дар кишвар оғоз гардид. Ҳарду тавъам аз муҳимтарин шоистагӣ ва арзишҳои волои башарӣ мебошанд, ки дар тӯли таърих аз ҷониби ҳамаи фарҳангҳо, динҳо ва ҷомеаҳо мудом таъкид ва баррасӣ мешаванд. Зеро онҳо боиси беҳтар шудани муносибатҳои одамон гардида, муоширати мусбатро эҷод менамоянд, то мардум якҷоя кору фаъолият карда, ба комёбиҳои бузургтар ноил гарданд.

Дар ҳақиқат Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, саҳм мегузоранд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад.

Ҳамасола Тоҷикистон санаи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлолияти худро таҷлил карда, аз дастоварду пешрафтҳои он натиҷагирӣ менамояд. Имсол Тоҷикистони навину муосир 32-солагии худро қайд менамояд, ки чун заминагузор барои рушду нумуи худшиносии миллӣ дар партави донишу хирад ва ватандӯстиву сулҳофаринӣ қадам гузошта, имконоти хуберо фароҳам месозад.

Дар ин зимн, асари бузургтарини Толстой «Ҷанг ва Сулҳ» мебошад, ки дар он паҳлуҳои гуногуни мавзуъ баррасӣ гардидааст. (Толстой Лев Николаевич //Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А.М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.)

Ҳамин тариқ, дар бораи сулҳу созандагӣ ва арзишу муҳимияти он дар эҷоди ҷомеаи шоиставу шоён шоири маҳбуб ва қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода асару мақолаҳо офарида мубрамияти мавзуъро баён кардааст. Ӯ вожаи сулҳро калид ва бонги хотимаи ҳамаи ҷангҳои аҳли башар дониста, чунин баён мекунад:

Шавад осудагӣ, монад ба ҳар ҷо сулҳ агар пояш,        

Ҳама ҷанги ҷаҳонро менишонад сулҳ дар ҷояш.     

Дар луғатномаҳо калимаи террорист лотинӣ буда, решаи он аз феъли "terrorize" манбаъ гирифта, ба маънои тарсондан, тарсонидан ва кореро нописандона фармудан, омадааст. (Словар иностранних слов. М Русский язик,1988). Аммо дар қомуси Оксфорд забони англисӣ калимаи террорист ба маънои зӯроварии муназзам барои таъмини кафолати сиёсӣ истифода шудааст. Дар луғатномаи "Муъҷам-ул-васит" калимаи террор ва террористон ба касоне ишорат шудааст, ки роҳи зӯровариро пеша мекунанд ва терроризм ҳадафи сиёсии онон маҳсуб мешавад. Дар "Мунҷид" бошад маънои террорист ба касе гуфта мешавад, ки барои нигоҳдории қудрату шаҳоматаш ба терроризм паноҳ мебарад. Ва террорист касе аст, ки тарсу ваҳшатро барои дигарон ба вуҷуд меорад. Дар луғатномаи "Алмаврид" калимаи террор чун тарс, ваҳшат ва тарс ва ҳар ончи ки дар ҷонҳои инсонҳо ҳаросро эҷод мекунад, омада, мафҳуми терроризм ба маънои тарсон, ваҳшате, ки аз тарс сарчашма мегирад, маънидод шудааст.

Аз байни ҳамаи таърифҳо роҷеъ ба терроризм назари коршиносони Иттиҳодияи Аврупо шомилтар мебошад, ки чунин ишора шудааст "терроризм амалест, ки ҳаросафканиро ба мардум бо шакли хатарнок ба вуҷуд меорад ё дар нооромии ҷомеа ё ташкилотҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии яке кишварҳо ё муассисаҳо бо эҷоди ҳуҷум ба афрод ва ҷони онон, одамрубоӣ, асорат, зарар ба идораҳои давлатӣ, дуздии ҳавопаймо, киштиҳо ва васоили нақлиёт, сохт ва нигоҳдории мавод ва силоҳҳои шимиёӣ ва биолоҷӣ ва ё мудирияти гурӯҳҳои террористӣ ё ширкат дар барномаҳои онон саҳм мегузорад. Хулоса терроризм ва масоили марбут ба онро аз дидгоҳи таҳлилгарон баррасӣ карда чунин хулоса баровард, ки он як падидаи номатлуби ҷомеа буда ва ба қавли Раиси ҷумҳури муҳтарами кишварамон "терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб,чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст". Мо олимон ва донишмандон метавонем аз андешаҳо ва назароти муҳаққиқон истифода кард ва омилҳо ва роҳҳое ки ба самти ин падидаи номатлуб моро мебарад кашф кард ва аз натоиҷи даҳшатовари он мардум ва ҷомеаро огоҳ сохт, зимнан истиқлолият, ҳуқуқ ва волоияти қонуни кишвар ва шаҳрвандони онро таҳти ҳимоя ва ҳифз қарор медиҳад.

Хулоса, мактаби сулҳу созандагӣ ва ҷашни Истиқлолият имкони хуберо фароҳам меорад, ки сокинони кишвар арзиши озодиву ватандориро омӯзанду дар партави хирад ба воя расанд. Ин як имкониятест, ки ба онҳо таълим дода шавад, ки набояд озодии худро ба таври муқаррарӣ қабул кунанд, балки онро қарзи ватанӣ дониста, дар назди ҳамватанон, ҷомеа ва дар маҷмуъ миллат масъулият доранду хидмати халқу миллати худ ва дар умум аҳли башарро муҳимтарин вазифаи инсонӣ шуморанд.

Ҳамаи ин имконоти фароҳамшуда ба мо маорифпарварону устодону донишомӯзону талабагон вобаста аст, ки аҳамияти ин рӯзро бо тамоми ҷалолу ҷамоли худ ба фарзандони ҷасуру тавонманди худ интиқол дода, барои озодиву оромиву ободии Ватан саҳми арзанда гузорем. Ба таъкиди Президенти кишвар "Мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад". Ҳамин тариқ, ҳама якҷону яктан Ватанро озоду ободу ором нигоҳ дошта, ҳаргиз намегузорем мардумонаш ба коми ваҳшату даҳшат афтанд ва дар ободии он саҳм мегузорем.

Дар ниҳоят бояд қайд кард, ки мактаби мазкур заминагузори худшиносиву худогоҳӣ, паёмрасони озодиву ободиву оромӣ ва амонии кишвар буда, чун як армуғон ё туҳфаи арзишманд, мо ва наслҳои моро ба сӯи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.

Мо бо чунин мактаби сулҳу созандагӣ бо шиори “Тоҷикистон ба пеш” якҷо Ватанро зери формулаи эҷодшудаи камина “PEACE” (СУЛҲ), ки аз таҷрибаи мактаби сулҳу созандагии Тоҷикиситон маншаъ мегирад, яъне бо роҳи

Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу суботу созандагӣ

Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ ва рушди микроэкономика ва макроэномикаи он

Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳову ташаббусҳои дохиливу байналмилалӣ

Cooperation-ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамзистӣ

Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон

Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ дошта, дӯстиву равобитро истеҳком бахшид.

 

 

Адабиёти истифодашуда:

  1. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,аз 23.01.2015,ш.Душанбе
  2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷ.Т,боби 2
  3. www.un.org/ru/sc/documents/resolutations
  4. www.wikipedia.org/terrorizm
  5. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷ Т 2003 №12 мод.697
  6. Терроризм-Энциклопедический словарь, М,Наука. Гл. ред. Лит.,1991
  7. Саҳифаи интернетии https://avangardpress.ru/ekstremizm-i-terrorizm-problema-sovremennogo-mira/
  8. Bruce Hoffman inside terrorism 2006 Columbia University Press/432P.
  9. Encyclopedia Britannica USA 1974
  10. Larousse Illustrated International Encyclopedia and Dictionary ,Paris,1972
  11. English Persian Dictionary Edited in the research unit of Frahangi mouser Tehron 2007

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии

шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

БОЗГАШТ