АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МУЛОҲИЗАҲО ПЕРОМУНИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНУ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Муаллиф: Каримова Шоҳона

Расм

МУЛОҲИЗАҲО ПЕРОМУНИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНУ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Мусаллам аст, ки 9 - марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқот намуда, зимни суханронии худ масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мулоқоти мазкур дар арафаи моҳи шарифи Рамазон доир гардид ва ба ҳамин хотир, нахуст Пешвои миллат кулли мардуми тоҷикро бо моҳи муборак таҳният намуда, иброз доштанд, ки «ҳикмати парҳезкориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусалмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад».

Аз ин рӯ, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз дар моҳи Рамазон амалҳои хайру савоб дар хаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон вусъат дода шавад. Вобаста ба ин масоил Сарвари давлат аз Қуръони маҷид оятҳо ва аз аҳодиси набавӣ низ далелҳои рӯшан оварданд ва мардумро даъват намуданд, ки ҷавҳари асосии тоату ибодатро дарк намоянд, зоҳиргароиву хурофотпарастӣ накунанд, балки ба умқу маънии ҳар як аркону аҳкоми динӣ раҳ кушоянду хислатҳои ҳамидаи инсониро дар худ такмил диҳанд.

Яке аз нуктаи муҳиме, ки дар суханронии Президенти мамлакат ироа гардид, масъалаи зиёрати умраву Ҳаҷ аст, ки шаҳрвандони мо ҳини маросими мазкур ба зиёдаравиву тақлидгариву исрофкорӣ рӯ меоранд. Воқеан, чунончи Сарвари давлат иброз намуданд «дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сару либос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи дини ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд».

Дар ҳақиқат, бархе аз мардум дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бо сад азобу машаққат музди меҳнатро ба даст меоранд, зану фарзандонашон иҷорашин ҳастанд, падару модари эшон пиру мӯҳтоҷи саробонанд, пас дар ин вазъияти ногувор зарур нест, ки зиёрати хонаи Худо намуд. Ҳамчунин, бархе бори севуму чорум ва ҳатто беш аз ин адои умра менамоянд, дар ҳоле, ки хешовандону ҳамсоягонашон бечораҳолу дармондаанд, ба кӯмаки моддӣ ниёз доранд, шояд бархе аз онон саломатиашонро аз даст додаанд ва ба табобат ва ҳатто ҷарроҳӣ ниёз доранд. Дар ин ҳолат шахсони сарватмандро зарур ва ҳатто фарз аст, ки аз онҳо кӯмаки худро дареғ надоранд. Дар ин росто Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст, ки:

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

     Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Дар воқеъ, чунончи Пешвои миллат зикр намуданд, ба шахсоне, ки сарватманд ҳастанду хеле зиёд ба зиёрати Каъба мераванд, кофист, ки дар умри хеш як маротиба адои Ҳаҷ намоянд ва ё як маротиба маросими умраро анҷом диҳанд, зеро аз ин зиёратҳои бешумор, ки савобаш танҳо ба худашон мерасад,  беҳтар он аст, ки ба макони бе об об гузаронанд, роҳу мактабсозӣ намоянд, пул бунёд кунанд, яъне амалҳоеро анҷом диҳанд, ки самараи он ба ҷамъият мерасад ва ҳамчунин, ин корҳо садақаи ҷория низ маҳсуб меёбанд.

Масъалаи дигаре, ки бо нуктахои боло ҳамоҳанг асту дар суханронии Сарвари давлат ироа гардид, маъракаҳои зиёди хоҷибинону хоҷиталбон аст, ки мардуми тоҷик ба он рӯ овардаанд. Воқеан, ин ҳурофоти бузургест, ки саропо исрофкорӣ аст, ҳам вақти мардум исроф мешавад ҳам маблағи зиёде масраф мешавад, ки баъзан ду ва ё се маротиба аз маблағи сафари умра бештар аст.

Барои чӣ мардуми Аврупо ва ё баъзе аз мамолики исломӣ тараққӣ намудаанду пешсафанд? Онҳо мардуми дурандешанд, агар ба дасташон маблағе ояд, аввал зиндагии хешро обод месозанд, сармояи ба даст омадаашонро бошуурона сарф намуда, ба тиҷорат машғул мешаванд, ё ягон корхона ва нуқтаеро бунёд месозанд, ки дар натиҷа ҳам сармояашон меафзояд, ҳам мардум бо кор таъмин мешаванд, ки ҳам ба Ватани хеш ва ҳам ба ақвоми дигар фоидаашон мерасад. Вале, мутаассифона, мардуми тоҷик пойбанди чунин хурофот аст, ки ҳафтаҳои дароз меҳмондорӣ мекунад, дастархон меорояд, дар дастурхони ӯ ҳатман бояд хӯроки якуму дуюм ва баъзан ҳатто сеюм, чандин намуд хуришҳо, моҳию мурғу самбӯсаву ширинӣ ва пухтупази хонагӣ бошад. Боиси таассуф аст, ки дар байни мардуми тоҷик чунин намуди дастархонороӣ ба мӯд табдил ёфтааст, ки ҳатто мардуми камбизоат низ дар тақлид аз дигар табақаҳо монданӣ надоранд. Мардуми тоҷик он қадар меҳмондӯстанд, ки дар маъракаи ҳоҷизиёрат мизбон ҳатман ҳамаи он меҳмонҳоро новобоста аз шумораашон агар мард бошад, бо ҷойнамозу тасбеҳ ва занҳоро низ ба ҷуз ҷонамозу тасбеҳ бо матоъ ва шириниву ҳоказо гусел намояд.   

Мутаассифона, бо назардошти ҷангҳои зиёде, ки тайи чанд соли охир байни баъзе аз кишварҳо руйдода истодаанд ва ҳамчунин, вируси Ковид-19, ки талафоти фаровони ҷониву молиро ба амал овард ва ин ин омилҳо ба иқтисодиёти тамоми давлатҳо зарбаи сахт заданд ва нархи мавод куллан боло рафт, хеле мушкил аст, ки чунин маъракаҳои боҳашамат ороста шаванд, вале, мардуми тоҷик бо вуҷуди ин ҳама масъалаву мушкилаҳо боз ҳам ба одати пешини худ содиқ мондаанд. Кор ҳатто ба ҷое расидааст, ки мардум дастархондории худро ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш медиҳанд.

Чаро модари тоҷик бояд ба пажӯҳиш, ба омӯхтани илму дониш ва худсозиву худофаринӣ машғул нашавад? Зани тоҷик барои мутолиаи китоб кай фурсат пайдо мекунад? Ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ кай рӯ меорад, дар ҳоле, ки побанди залолату бемаърифатӣ асту аз ошхона ҳафтаҳо умуман берун намеояд? Пас модари тоҷик ба насли оянда чиро сабақ медиҳад? Ӯ барои тарбияи дурусти фарзандон, барои илму дониш андӯхтан ба кӯдакони худ кай вақт пайдо мекунад? Барои он ки танҳо ба муассисаҳои томактабиву мактабӣ фирсондани кӯдакон кифоя нест. Ҳар як кӯдак бояд аввал дар хона тарбияи дуруст гирад, ки ин вазифаи аввалиндараҷаи модар аст.

Дар ин масир гуфтаниҳо зиёданд. Аз ин боис хеле падидаи саодатбахше шуд, ки Пешвои миллат ба ин масоили воқеан муҳим рӯ оварданд ва мардумро даъват намуданд, ки ба худ ва дигарон ситам накунанд, зиндагии хешро бо чунин амалҳои ношоиста коҳиш надиҳанд, балки рӯзгори хешро обод созанд, ба фикри хонаводаи худ бошанд, ба ятимону дармондагон дасти ёрӣ дароз намоянд. Чунончи, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Дар робита ба ин масоил Пешвои муаззами миллат бо ходимони динӣ ва дигар фаъолону намояндагони ҷомеа ҷаласаи густурдае ороста, суханҳои хеле пурмуҳтаворо ироа намуданд, ки ҳар фарди тоҷик бояд онро пайгирӣ намояд.

Нуктаи дигари муҳиме, ки дар суханронии Президенти мамлакат зикр гардид, масъалаи терроризму экстримизм ва ифротгароӣ мебошад, ки мутаассифона, наврасону ҷавонон дар зарфи солҳои охир ба ҳар гуна гурӯҳҳо шомил шудаанд.

Волидайни тоҷик фарзандони хешро бо сад орзуву омол ба хориҷи кишвар мефиристанд, ки дониши хуби динӣ гиранд, вале бархе аз ин ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталиф пайваста, ба Ватани худ бармегарданд ва мағзҳои дигарро ба гумроҳию ҷаҳолат мекашанд.

Вобаста ба ин масоил Сарвари давлат аз ҳар як фарди мусалмони кишвар хоҳиш намуданд, ки зоҳири исломро наомӯзанд, балки ба ҷавҳари он нақб кушоянд, шарафи миллатро дар байни ҷомеаи башар ҳифз намоянд.

“Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле, ки баъзеҳо мегуфтанд, ки мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд. Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем” – иброз намуданд Пешвои миллат. Воқеан, миллати тоҷик аз азал чӣ қадар набардҳову ҷангҳоеро аз сар гузаронид, зери тасарруфи аҷнабиёни бешумор қарор дошт ва шаҳрҳои бузургтарини худро, ки мазҳари фарҳанги ориёӣ маҳсуб меёфтанд, аз даст дод. Хушбахтона, бо вуҷуди ин ҳама садду садамаи иҷтимоӣ мардуми шарафманди тоҷик ба суннатҳои бостонии худ ва ба оини фархундаи ниёконаш босадоқат монд.

Мардуми шарифи тоҷик, ки аҷдодаш Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш, устод Айниву Турсунзодаанд, ҷангҳои шаҳрвандиро паси сар карда, бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат дар зарфи бештар аз сӣ сол Тоҷикистонро таҷаддуди нав бахшид. Пас месазад, ки ба қадри ин ҳама нозу неъмат, ваҳдату осоиштагӣ ва ягонагиву ҳамдилӣ расид.

 Мардуми тоҷик бояд аз ниёкони худ ифтихор намояд ва пайгиру идомабахши роҳи эшон бошад. Ба илму маърифат, омӯхтани фанҳои дақиқу риёзӣ ва дигар фунуни дунявӣ бештар руҷӯъ намояд.

Хулоса, Пешвои миллат ба таври хеле густарда ҳамаи ин масоилро ба мардуми Тоҷикистон иброз намуданд ва ҳар як фарди тоҷик масъул аст, ки ин ҳуруфро пос дорад ва дар зиндагиаш ба кор оварад.

 

Каримова Шоҳона, номзади илмҳои филологӣ,

ходими калони илмии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ