АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Улуғбек Иноятов

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.
 «-Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягии мо ба вуҷуд омад. Сафари Шумо ба Тоҷикистон таҷассумгари равобити барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мекунем-афзуд дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид шуд, ки мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.
Боиси хушнудист, ки дар муддати кӯтоҳ мо метавонем муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав барорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои баӣналмилалии парлумонӣ рушд меёбанд.
Вохӯриҳои Президентҳои кишварҳои мо дар Душанбе ва Тошканд, ки дар доираи ин мулоқотҳо беш аз 50 санади нав ба имзо расиданд, нишон доданд, ки ҷонибҳо барои таҳкими равобити дуҷониба паҳлӯ ба паҳлӯи ядигар фаъолият мекунанд.
Дар ин ҳуҷҷатҳо маӣлу хоҳиши қадима ва иродаи халқҳои бародари мо таҷассум меёбанд.
Барои мо имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии кишварҳоямон ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз, аллакай, ба мушоҳида мерасад, ки созишномаҳои бадастомада кор мекунанд. Ҳарду кишвар раводидҳоро то 30 рӯз бекор карданд ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро амиқтар карданд.
Ҳамаи ин муваффақиятҳо,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода бешубҳа, аз хирадмандии Сарони кишварҳои мо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, робитаҳои сатҳи баланди корӣ ва дӯстии наздики онҳо шаҳодат медиҳад.
Дар фарҷоми суханҳо мехоҳам таъкид намоям: мо итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Узбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт.
Муносибатҳои байнипарлумонӣ, тавре маълум, барои рушди муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ аҳамияти бузург доранд. Тоҷикистон ва Узбекистонро муносиботи нек ба ҳам наздик мекунанд ва мо изҳори боварӣ мекунем, ки кишварҳои моро ояндаи хуб шукуфон дар пеш аст.
Бори дигар Шуморо ба Тоҷикистон хуш омадед гуфта ба Шумо изҳори сипос мекунам ва аз таҳти дил ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ, умри дароз ва дар фаъолиятҳоятон барору муваффақият орзу мекунем,-гуфт дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи баӣнипарлумониро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.

БОЗГАШТ