Мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Қатар

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

16 июни 2021 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Иброҳим ал-Абдуллоҳ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо дар мавриди ҷалби сармояи Қатар ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, маориф, нақлиёт, инчунин ҷалби сайёҳон аз Қатар ба Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор намуданд.
https://mfa.tj/.../muloqoti-muovini-vaziri-korhoi-khoriji...
 

БОЗГАШТ