АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Мулоқоти Пешвои миллат бо олимон ва аҳли зиёи кишвар – заминаи муҳим барои дурнамои рушди илм ва маориф

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат, ки санаи 18 марти соли ҷорӣ дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид, хусусан барои тақвият ва рушди минбаъдаи соҳаҳои илму маорифи кишвар боз як заминаи умедбахшро аз нигоҳи илмӣ ва вуҷуд овард.
Муҳтавои асосии мулоқот таҳлилу баррасии масъалаву мушкилоти ҳалталаби аҳли зиёро фаро мегирифт. Зеро, чун худ Президенти мамлакат қайд карданд, зиёиёни кишвари мо дар муддати қариб се даҳсолаи охир дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Албатта имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Ба дигар маъно, маҳз рушду такомули ана ҳамин самтҳо аз аҳли зиё ва бавижа олимон вобастагии калон дорад, ин нукта яке аз ҷанбаҳои асосии суханронии Пешвои миллатро фарогир буд.
Дар мулоқоти Сарвари давлат андешаҳои хеле ҷолиб, басо илмӣ, бешак мантиқӣ доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, баён гардиданд.
Дар шароите, ки асри ХХ1 барои мо фароҳам овардааст, пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин баръало назаррас аст.  Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад, ки ин самтро худи Пешвои миллат бисёр равшан ва амиқу дақиқ шарҳу тавзеҳ доданд. Дуруст аст, ки илм он гоҳ натиҷа меорад, ки дар амал татбиқ карда шавад. Пас, олимони кишвари моро зарур аст, ки ҳарчи бештар донишҳои илмиро дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд, то ки илм дар ҷараёни татбиқ бошад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Вобаста ба ин, чуноне Пешвои миллат зимни суханронии хеш қайд намуданд, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сармояи инсонӣ диққати аввалиндараҷа равона мешавад. Албатта дар шароити кунунӣ таваҷҷуҳ ба нерӯи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ аҳаммияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири амиқ мерасонад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии мо барои рушди илм тамоми имкониятҳо муҳайё мебошанд, аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар чунин шароит ҳарчи бештар, роҳу воситаҳои оқилонаи рақобати озоди илмро бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ таъмин намоем.
Дар қатори дигар суханони мурмуҳтаво ва таваҷҷуҳи хоссаи муҳтарам Пешвои миллат нисбат ба илму маориф ва рушди ин самтҳои афзалиятнок ва воқеан муҳими кишвар, баргардон ва ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани асарҳои таърихиву илмии донишмандонеро, ки дар таърихи илм хизматҳои барҷаста кардаанд, яке аз самтҳои манфиатбахш маънидод гардид. Зеро, «Ин кор ба рушди забони илм низ мусоидат мекунад», қайд намуданд Пешвои миллат.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят ба маврид зикр карданд, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардуми мо таҳдидкунанда мебошад. Аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд. Ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад.
Имрӯз, ки ҷавонон яке аз қишрҳои асосии пешбарандаи давлат ҳастанд давлату ҳукумати кишвар ва хосатан Пешвои миллат нисбати ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта, ҳамеша дастгирии ҷавононро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат меҳисобанд.
Яке аз паҳлуҳои муҳимме, ки дар суханронии Пешвои миллат зикр гардид, ана ҳамин мавзӯи ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушду пешравти илму техника буд.  Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки пешрафту тараққиёти ояндаи мамлакат аз ҷавонон хеле вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд.
Ба назари мо, роҳи дурустро интихоб кардани ҷавонон агар аз оилаву пас аз муҳити иҷтимоии онҳо вобаста бошад, дигар омил ин таҳлилу пешниҳоди илмии олимон мебошад, ки тавонад таваҷҷуҳи ҷомеа ва хосатан ҷавононро ба худ ҷалб намояд. Бо ин назардошт, Роҳбари давлат ҳам зикр карданд, ки олимони сиёсатшинос, файласуфҳо ва умуман, ҷомеашиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифратгароии динӣ ва оқибатҳои онҳоро таҳқиқ карда, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва сабабу омилҳои дохиливу хориҷии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд.
Хулоса, дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва аҳли илму маорифи кишвар паҳлуҳои умдаи соҳаҳои илму маориф мавриди таҳлилу баррасии васеъ қарор гирифтанд. Қайд кардид, ки талаботи рӯз чунин аст, ки рушди илмҳои дақиқ бояд таъмин карда, натиҷаи корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ ва таҷрибаҳои инноватсионӣ татбиқ гарданд ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ихтисосҳои вобаста ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯ, яъне “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз” ва “иқтисоди рақамӣ” таъсис дода шаванд.  Ҷои дигар Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки вазъи маънавӣ ва фикрии ҷомеаи имрӯза ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо бо эътимоди комил ба қудрати созандаи зиёиён ва олимону донишмандони мамлакат умедворем, ки онҳо ин камбудиҳоро сари вақт ислоҳ намуда, дар рушди илму маориф ва фарҳанги миллӣ саҳмгузор мешаванд ва бо дастовардҳои шоистаи худ Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
 
Ашӯрзода Ардамеҳр,
ходими калони илмии
 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 

БОЗГАШТ