АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ОЯНДАСОЗ

Муаллиф: Зиёев Субҳиддин

Расм

МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ОЯНДАСОЗ

 

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин дарси олии ватандорӣ ва таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, тадбири мушаххасу саривақтӣ маҳсуб меёбад.

Сарвари кишвар таъкид карданд, боиси ифтихори мост, ки бунёдгузори мазҳаби ҳанафӣ, ин мазҳаби бузургтарин ва бонуфузтарини исломӣ, ки аксарияти мутлақи халқу миллатҳои мусулмони ҷаҳон пайрави он мебошанд, аз лиҳози мансубияти нажодӣ – ориёӣ, эронитабор аст. Балх- ватани аҷдодии Имоми Аъзам ҷузъе аз сарзамини паҳновар ва тамаддунхези ориёист, ки ҳудуди таърихӣ-ҷуғрофиёии густариши тамаддуни зардуштӣ ва сукунати халқҳои ориёӣ маҳсуб мешуд, ки Осиёи Марказӣ, Эрон ва як қатор минтақаҳои дигари бо онҳо ҳамҷаворро дар бар мегирифт.

Шоистаи тазаккур аст, ки мулоқоти Пешвои миллат масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро таҷассум менамояд. Сарвари давлат бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва маърифати воло ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии мардуми мамлакат, аз байн бурдани ҳама гуна падидаҳои зоҳирпарастиву низоъангез дар ин самт иқдом намуданд.

Пешвои миллат масоили гуногуни вобаста ба муносиботи давлат ва дин, тамоюлҳои номатлуби динию мазҳабии халалдоркунандаи оромию субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию диниро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додаанд, ки фаъолияти ҷудоиандозӣ ва тафриқаангезии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо, масҷидҳои алоҳида ва теъдоде аз ходимони дин нигаронкунада аст. Чунки «дин бояд воситаи қавии таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва тарғибгари омилҳои рушду пешрафти ҷомеа бошад, на ин ки чун василаи ҷудоиангезӣ, низоъ ва фитнагарӣ истифода шавад».

Ҳақиқатан ҷойгоҳи фарҳанги миллии халқи тоҷик нисбат ба фарҳанги динии мардуми тоҷик бештар аст. Зеро агар фарҳанги исломии тоҷикон ҳамагӣ беш аз 1400 сол умр дошта бошад, фарҳанги миллии халқи тоҷик таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад, ки ҳисси миллӣ ва ифтихори давлатдории миллӣ дар тафаккури мардуми соҳибтамаддуни тоҷик мақому манзалати баланд дорад. Масалан, ҷашни Наврӯз ба ин мисол шуда метавонад, ки чун иди табиӣ ва миллии тоҷикон таърихи беш аз 6 ҳазорсола дошта, ба ягон дину мазҳаб алоқаманд нест.

Пайдоиши озодии дину виҷдон низ аз фарҳанги халқи тоҷик сарчашма мегирад. Маҳз Куруши Кабир бори аввал яке аз принсипҳои хеле муҳимми озодии виҷдонро, ки дар санадҳои байналмилалии замони муосир инъикос ёфтааст, эълон дошт: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд ва ба ҳар гуна, ки муътақид аст, ибодат кунад ва муътақидоти худро ба ҷо оварад ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад. (Маҷаллаи «Фарҳанги ориёно», августи 1999. - с. 145). Мардуми тоҷик бояд бо арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию динии худ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақили кунунӣ ва ҳамчунин ба ҳифзи шоистаи давлату миллат ва ваҳдату ягонагӣ иқдомоти наҷибона намоянд.

Роҳбари тоҷикони ҷаҳон бамаврид изҳори назар намуданд, ки «Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст». Вазъияти кунунии ҷаҳонӣ муосир аз он дарак медиҳад, ки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ исломро ҳамчун фишанг дар тамоми гӯшаҳои дунё барои амалӣ сохтани чораҳои сиёсии худ пайваста истифода бурда истодаанд. Пешвои милат қайд намуданд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллати тоҷик фоҷиаву рӯйдодҳои сахту сангине сабт гардидаанд, ки бартарӣ пайдо намудани мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ омили асосии онҳо буд. Барои мисол сарнавишти давлати Сомониёнро бо такя ба китоби «Тоҷикон» оварданд, ки давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид.

Академик Б. Ғафуров бо асноду далелҳои таърихӣ моҳияти ин масъаларо баён кардааст: «Агар хонҳои турк барои дин бо Сомониён меҷангиданд, бо онҳо ҷангидан зарур буд. Вале хонҳо на барои дин, балки  барои ҳокимият меҷанганд. Бинобар он, набояд хунрезӣ кард. Зеро эътиқоди динии хонҳо бенуқсон буда, тарзи зиндагиашон хубу аъло аст. (Гафуров Б. О причинах возвышения и падения Саманидов. Изб. труды. М 1982, с.440-445).

Маҳсули ҳамин фатвои фақеҳони ислом буд, ки тоҷикон давлатдории миллиро аз даст доданд ва чунин ҳолат дар таърихи давлатдории тоҷикон борҳо такрор ёфт. Ва ҳамин сабақи таърихиро Пешвои миллат дар назар дошта, моро огоҳ мекунанд, ки нисбат ба таассубу хурофот саҳлангору бепарво набошем, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани онҳо якдилона, дастаҷамъона мубориза барем. Як нуктаи ташвишовар ин аст, ки агар чунин таассубу хурофот сари вақт пешгирӣ нашаванд, он бо мурури замон ба одат ва анъана табдил меёбад.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.

Кишварҳои мусулмонӣ тайи даҳсолаҳои охир ба як буҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низоъу ҷангҳои нав ва дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-мазҳабӣ нишонаи рӯшани он мебошад. Таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, хусусан дар ислом он аз ҷониби аксари мусулмонон хуб пазируфта нашудаааст. Вале сиёсисозии дини мубини ислом аз ҷониби баъзе ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти вазъи иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардум барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ равона шудааст.

Абарқудратҳое, ки таъсисдиҳандагони гурӯҳу равияҳои динӣ-мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд манфиати геосиёсӣ доранд ва ба пойдории низоми сиёсии дунявӣ дар ин кишварҳои ин минтақа манфиатдор нестанд. Зеро низоми дунявӣ ба паҳншавии ҳаракатҳо ва ақидаҳои динӣ- мазҳабии ифротӣ маҳдудият эҷод менамоянд. Барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқанд, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таассуби динию мазҳабӣ вуҷуд дошта бошад ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳайё месозанд. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд ва дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият кардани ташкилотҳои диниро талаб карда, аз арзишҳои суннатӣ ҳифз менамоянд, то ки заминае барои низоъҳои дини-сиёсӣ ба вуҷуд наояд, нороҳат мешаванд ва ин амалҳои қонунӣ ва муътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ - мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геосиёсӣ суиистифода намоянд.

Дар ҳақиқат ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпушониест, ки иҷборан дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зӯроваронаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсад ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад. Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд. Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи ҳар як фард маҳсуб меёбад.

Дар Тоҷикистон баъди хотима ёфтани муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона, марҳалаи навини гузоштани пойдевори сулҳ оғоз гардид ва ба омили муттаҳидсозандаи давлату миллат мубаддал гашт. Дар ин замина, таҳкурсии ташаккули ҷомеаи миллӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард. Вале ҳамон қувваҳои тахрибкори солҳои навадум дигарбора сабабгори халалдор гардидани ваҳдати миллӣ шуда, хатари парокандагиро дигарбора эҷод намуданӣ ҳастанд. Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ таҳти таъсири қувваҳои беруна ва динии кишварҳои исломӣ қарор гирифта, омилҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки зидди ташаккули андешаҳои давлатӣ буда, эҳсос ва ифтихори милливу адолати иҷтимоиро барҳам мезанад  ва ҷомеаро ба гирдоби низоъ мекашад.

Устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ дар шароити кунунии ҷаҳони муосир барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳимро пайдо намуд. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд ба қатори кишварҳои фаъоли ҷаҳон дар ҳалли ҳама масъалаҳои мубрам пешсаф буда, барои муҳайё кардани зиндагии шоистаи мардум тадбирҳои нав ба нав меандешад.

 

Субҳиддин Зиёев,

номзади илмҳои филологӣ,

мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ