АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муносибатҳои байниарабӣ: аз саммит то саммит

Муаллиф: Шаҳлохон Муродалӣ

Расм

Саммити 31 сарони давлатҳои арабро дар Алҷазоир (Саммити Алҷазоир), ки моҳи ноябри соли 2022 баъди ду соли паи ҳам мавқуф гузоштани он ба сабаби пандемия баргузор гардид, як навъ кӯшиши бознигарии муносибатҳои байни давлатҳои араб дар пасманзари дигаргуниҳои ҷиддӣ дар миқёси байналмилалӣ ва таҳдиду ситезаҳои ҷаҳони муосир метавон маънидод кард.

Дар ин саммит, ки ҳанӯз ҳам иштироки Сурия дар он аз соли 2010 инҷониб боздошта буд, вале дар баҳсу муноқишаҳо ҳузур дошт ва акнун сарони давлатҳо дар паи он буданд, ки чӣ тавр роҳҳои бозгашт аз қарори ихроҷи Сурияро аз ҷамъияти худ ва дигарбора барқарор кардани узвияти онро дар Лигаи давлатҳои араб пайдо кунанд.

Ҳамчунин аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯз дар назди ҷаҳони араб матраҳ мебошад, ҳамоно таҷдиди дид ва мавқеъгирии муштарак нисбати низои Арабу Исроил ва қазияи Фаластин, ки даҳсолаҳо ин ҷониб (аз соли 1947 то имрӯз) масъалаи аввалиндараҷа ва марказии арабҳост, ҳамчунин бознигарӣ нисбати муносибат бо ҳамсоягони араб (аслан манзур Эрон аст) ва умуман равобит бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Саммити соли ҷорӣ моҳи май дар шаҳри Ҷидда таҳти роҳбарии Валиаҳд, Раиси Шӯрои вазирони Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон доир гардида, тавонист Сурияро дигарбора ба ҷамъияти худ баргардонад ва барои беҳбудии муносибатҳои Саудию Эрон гомҳои нахустин бардорад.

Маълум аст, ки аз соли 2016 муносибатҳои дипломатӣ байни нерӯи бузурги Ховари Миёна – Арабистони Саудӣ ва Эрон қатъ гардида буданд ва Арабистони Саудӣ Эронро дар дахолат дар умури дохилии арабҳо, хусусан дар даргириҳо дар Яман ва дастгирии мухолифини ҳукумати қонунии он айбдор мекард. Ҳамчунин пештибонии ҳамаҷонибаи Эрон аз шиаҳои Ироқу Сурия ва Лубнон боиси ташвиш ва нигаронии Арабистони Саудӣ буд.

Ниҳоят, моҳи марти соли ҷорӣ бо миёнҷигарии Пекин ин ду кишвари абарқудрати минтақа ба созиш омаданд, ки муносибатҳои дипломатии худро барқарор созанд ва тамоми масъалаҳои баҳсталабро минбаъд тавассути музокирот дар фазои сулҳомез ҳаллу фасл кунанд.

Ин созиши таърихӣ мавриди истиқболи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон қарор гирифт ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изҳороти худ дар ин хусус рӯзи 15 март онро як гоми муҳим дар таҳкими субот дар Ховари Миёна унвон мекунад.

Метавон мушоҳида кард, ки давлатҳои араб аз саммити соли гузашта то саммити соли ҷорӣ дар зери таъсири давлати пешсаф Арабистони Саудӣ то ба ҳадде ихтилофоти дохилиро паси сар карда, кӯшиданд сиёсатҳои мустақилонаи худро бо сиёсатҳои дастаҷамъона мутобиқ созанд ва дар меҳвари марказии он воқеияти рӯзро қарор додаанд.

Ҳамчунин мебинем, ки раванди таҳаввулот ба самти абарқудратҳое, монанди Россия ва Чин, ки сиёсати бисёрқутбиро дар ҳамкории воқеии мутақобилан судманд бо давлатҳои ҷаҳон пеша кардаанд, торафт меафзояд.

 

таҳияи:

Шаҳлохон Муродалӣ

ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ