АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илм-маорифи Тоҷикистон бо Сингапур

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти бунёди давлати миллӣ, сиёсӣ ва инчунин ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик фароҳам овард. Ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид [13].

Муносибатҳои дипломатӣ бо мақсади мусоидат ба рушди муносибатҳои дарозмуддат ва дӯстона байни давлатҳо ба роҳ монда мешавад. Тибқи Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо мувофиқаи тарафайн сурат мегирад.

Дар доираи  ин мафҳум, роҳандозии муносибатҳои дарозмуддат ва босуботи  Тоҷикистон бо Сингапур дар сатҳи дуҷониба тибқи гурӯҳбандии авлавиятҳои  сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои  миллӣ барқарор шудаанд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз самтҳои авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 январи соли 2015) чунин баён шудааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, фановарӣ, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла Тайланд, Индонезия, Малайзия, Ветнам, Сингапур ва кишварҳои дигари минтақа аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад [8]. Вазъи муносибатҳои дуҷониба бо ин кишварҳо барои расидан ба ин мақсад шароити мусоид фароҳам меорад. Махсусан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Сингапур, дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан  муҳим идома доранд ва ин раванд яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи тоҷик дар тӯли 30 соли истиқлолият мебошад.

Сингапур дар баробари кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ соли 1991 истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, байни Ҳукумати Тоҷикистон бо Ҳукумати Сингапур соли 1995 баёнияи муштарак дар мавриди барпо намудани муносибати дипломатӣ бо мақсади густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба пояи баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзӣ, инчунин мудохила накардан дар корҳои дохилии якдигар бо пайравӣ аз усул ва хадафҳои Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Конвенсияи Вена дар барои муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961 ва Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз соли 1963 ба имзо расонида шуд ва робитаи дипломатӣ байни Тоҷикистон бо  Сингапур 8 декабри соли 1995 барқарор гардиданд.

Соли 1999 дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ тағйирот ба амал омад, алалхусус бо Ҷопон, Корея ва Сингапур. Моҳи сентябри соли 1999 фиристодаи махсуси ҳукумати Сингапур Камол Сиддиқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва бо собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров мулоқот намуд.

Бояд қайд кард, ки мақсади асосии сафари намояндаи махсус ба Тоҷикистон баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, раванди сулҳ дар Тоҷикистон ва инчунин дархости ҷониби Сингапур барои дастгирии номзадӣ ба узвият дар Шӯрои Амнияти СММ дар соли 2000 буд [9].

Раванди робитаи ду кишвар баъди эълони сиёсати дарҳои боз соли 2002 оғоз гардида, аз 3-5-уми феврали соли 2004 собиқ Вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров ба Ҷумҳурии Сингапур  бо сафари расмӣ ташриф оварда буд [15]. Дар ин сафар, собиқ Вазири корҳои хориҷӣ Тоҷикистон Талбак Назаров оид ба баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ба ҷониби Сингапур як қатор лоиҳаҳои Созишномаҳо ва ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуд, аз ҷумла: ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя, канорагирӣ аз андозбандии дукарата, тиҷорат сайёҳӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, пешниҳод карда шуд.

Ба роҳ мондани алоқаи корӣ бо институтҳои молиявӣ ва сармоягузории Сингапур Тоҷикистон ҳавасманд мебошад. Ҷумҳурии Сингапур, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт манфиати калон дорад. Аз ин рӯ 7 декабри соли 2009 собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари расмӣ  дар Ҷумҳурии Сингапур қарор доштанд, бо собиқ вазирони ин кишвар Вазири корҳои хориҷии Ҷорҷ Ео, Вазири муҳити зист ва захираҳои об Якоб Иброҳим, Вазири савдо ва саноати Ҷумҳурии Сингапур Лим Хён Киан ва инчунин ба Раиси Федератсияи соҳибкорони Сингапур  мулоқот намуданд.

Тоҷикистон Сингапурро дар қатори 80 кишвари ҷаҳон барои гирифтани раводид ба Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ имконият фароҳам овардааст. Вазирон муваффақияти Барномаи ҳамкории Сингапурро дар тақвият ва густариши равобити ду кишвар тавассути табодули таҷриба қайд карда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Барномаи мазкур иброз доштанд.

Дуюми апрели соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари аввалини давлатӣ дар Ҷумҳурии Сингапур қарор доштанд. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Сингапур, муҳтарам Селлапан Рама Натан истиқбол гирифт. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи  олӣ  бо  иштироки  сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, чунин изҳор доштанд: - «Кишвари мо барои рушди муносибатҳо бо Сингапур чун яке аз кишварҳои мутараққии олам аҳамияти хоса медиҳад ва мо ба густариши ҳамкории судманд дар ҳама арсаҳо манфиат дорем” [10].

Таъкид гардид, ки наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Сингапур дар масоили рӯзмарраи байналмилалӣ барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаи хуб мегузорад. Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, обтаъминкунӣ, кишоварзӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳои кӯҳӣ ва техникаю технологияи муосир аз самтҳои асосии робитаҳои минбаъдаи Тоҷикистону Сингапур арзёбӣ гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Сингапур Ли  Хсин Лунг мулоқот намуда, тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишварро баррасӣ намуд. Миёни ду кишвар ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур ва Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Сингапур имзо карда шуд.

Зимни ин сафар дар форуми соҳибкорони Тоикистону Сингапур, сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бо роҳбари ширкати “Nobel group” Сингапур  мулоќот намуданд. “Nobel group”  яке aз шиpкaтҳoи мaъpуфи ҷaҳoнӣ будa, гapдиши coлoнaи мoлиaш зиёдa aз 40 млрд. дoллapи aмpикoиpo тaшкил медиҳaд. Инчунин Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Nobel group” оид ба маблағгузории сохтмони нерўгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургияи ранга, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва ангишт аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва роҳбари иҷроияи ширкати мазкур Ричард Элман ба имзо расониданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Сингапур ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 8 декабри соли 1995, чунин нахустин сафар мебошад. Ин сафар ба понздаҳумин солгарди муносибатҳои дипломати, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар бахшида шуда буд [1].

Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро 4 санади дуҷониба ташкил медиҳад:

  1. Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур;
  2. Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Сингапур;
  3. Ёддoшти тaфoҳум миёни Ҳукумaти Тоҷикистон вa шиpкaти Nobel group Сингапур;
  4. Ёддошти тафоҳум оид ба ифтитоҳи Намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) дар Душанбе;

25 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Сингапур Вивиан Балакришнан вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо зимни мулоқот  масъалаҳо ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, фанновариҳо ва ғайра, мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонии мубодилаи афкор намуданд [6].

Сингапур низ дар самти маориф бо Ҷумҳурии Тоҷикистон беканор нест. Дар ин радиф моҳи июли соли 2020 Санади ҳамкорӣ - Ёддошти тафоҳум оид ба ифтитоҳи Намояндагии Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (Management development Institute of Singapore – MDIS) дар Душанбе ба имзо расид. Ифтитоҳи филиали Донишкадаи мазкур дар пойтахт тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мегардад.

Лозими зикр аст, ки дар марҳилаи аввал дар филиали Донишкада таълим аз рӯи се ихтисос - мудирияти саноат (менеҷменти индустриалӣ), сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, технология ва амнияти иттилоотӣ (ҳифз аз ҳуҷуми кибернетикӣ дар самти идоракунии давлатӣ, низоми бонкӣ), ки бевосита аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки он бармеояд, ба роҳ монда мешавад.

Ҳамкориҳо дар созмонҳои байналмилаӣ ва минтақавии Тоҷикистону Сингапур хуб ба роҳ монда шудааст. 28 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи махсуси Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Зайнул Абидин Рашид дар Ҷаласаи XI-и вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкориҳои Осиё мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, бахусус дар соҳаи маориф, иқтисод ва рушди тиҷоратро баррасӣ карданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оиди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд [7].

Ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз самтҳои сиёсати хориҷии давлат ба ҳисоб меравад. То ин ҷониб байни Тоҷикистону Сингапур созишномаи тиҷоратӣ ба имзо нарасидааст. Мувoфиқи маълумотҳо, гapдиши мoл миёни Тoҷикиcтoн вa Сингaпуp дap coли 2011 зиёдa aз 7,3 млн. дoллapи ИМA-po тaшкил дoд, ки аксари он ба молҳои воридотӣ рост меомад [3]. Яке aз тамоюлҳoи манфии pушди ҳaмкopӣ миёни кишварҳо дap oн acт, ки ҳaҷми гардиши тиҷopaти дуҷoнибaи Тoҷикиcтoн ва Cингaпуp сол то сол поён меравад. Масалан: Дap нимaи aввaли coли 2013 табодули мол миёни кишварҳо бa 2 миллиoн 876 ҳaзop дoллapи ИМA pacидa буд [7]. Мутаносибан ин нишондод дap coли 2016 бa 490,4 ҳaзop дoллapи ИМA pacида, coли 2017 бa 107,9 ҳaзop дoллap фаромад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷа ҳаҷми тиҷоратии дуҷонибаи байни кишварҳо дар соли 2018 ба 2 миллион 524 ҳазор доллари ШМА расидаст [7].

Ҳамин тариқ, ба хотири таҳкими минбаъдаи дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузори ва маориф, метавон пешниҳодҳои зеринро иброз намуд:

  1. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Сингапур оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф
  2. Бо дарназардошти амалӣ намудани сиёсати дарҳои боз, ҳадафи чоруми стратегӣ Саноатикунонӣ ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ аз ҳисоби ширкатҳои сингапурӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарур аст;
  3. Фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкили минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва саноатӣ бо мақсади таъсиси корхонаҳои муштараки хурду миёна бо ҷалби сармоя аз сохторҳои молиявии Сингапур;
  4. Рушди ҳамкории байни донишгоҳҳои махсуси Сингапур бо мақсади такмили ихтисоси мутахассисон, амиқтар кардани тадқиқоти илмӣ, инчунин таҳкими заминаи илмӣ -техникии донишгоҳҳои ду кишвар;
  5. Ташкил намудани корхонаҳои муштарак дар самти коркарди канданиҳои фоиданок;
  6. Ташкил намудани корхонаҳои муштараки саноатӣ;
  7. Терминали фурудгоҳи боркашонии ҳавоии Сингапур дар минтақаи озоди иқтисодии кишвар ҷалб ва ба иҷора дода шавад.

Омӯзиш ва иcтифoдaи тaҷpибaи Сингапур дар соҳаҳои гуногун саривақтӣ буда, барои дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар мусоидат хоҳад кард. 

Адабиёт:

  1. 25 қaдaм дap пaҳнoи oлaм [Матн] / Зери назари C. Acлoв. – Душaнбе: Иpфoн, 2016. - 220 c.
  2. Бойгонии ҷории Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Папкаи гардиши мол миёни ҶТ ва кишварҳои Осиё-солҳои 1998-2015.
  3. Вазорати корҳои хориҷӣ, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021: [Манбаи электронӣ] URL: http://president.tj/node/25162
  4. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021: [Манбаи электронӣ] URL: http://president.tj/node/25162 (санаи муроҷиат 27.09.2021)
  5. Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Сингапур соли 2019 [Манбаи электронӣ] URL: https://mfa.tj/tg/main/view/4928/muloqot-bo-vaziri-korhoi-khorijii-singapur санаи муроҷиат 26.09.2021
  6. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Сингапур [Манбаи электронӣ] URL:https://mfa.tj/tg/main/view/33/munosibathoi-tojikiston-bo-singapur
  7. Попова М. Сингапур строит «Электронное правительство 2.0» на Iphone и Android//CNews. Новости [Манбаи электронӣ]


 

Соҳиби Баҳруло, докторанти PhD-и соли сеюм ва ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои  Академияи милли илмҳои Тоҷикистон

 

 

 

 

 

БОЗГАШТ