АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАВЛАТИ ҚАТАР

Муаллиф: Зиёев Субҳиддин

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатии хеш дарҳои дӯстиву ҳусни ҳамҷиворӣ ва тафоҳумро бо тамоми кишварҳои олам боз намуда, бо аксари кулли кишварҳои сайёра муносибати мутақобилаи судманд дорад ва бо шарофати сиёсати хориҷии дар пеш гирифтаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муносиботи мутақобилан судманд пайваста таҳкиму густариш меёбад. Дар таъйини самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар ба назар гирифтани умумиятҳои фарҳангӣ ва мавқеи геополетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Дар робита ба масъалаи сиёсати хориҷӣ ҳанӯз соли 1992 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба мардуми Тоҷикистон масъалаи ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо тамоми кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои судманди мутақобила ҳамкорӣ кунандро матраҳ сохта буданд.

28 декабри соли 1993 Сарвари давлат зимни суханронии худ дар иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳу усулҳои пешбурди сиёсати хориҷии кишварро мушаххас намуда, бо дарназардошти ҳудуди ҷуғрофиёӣ, мавқеияти геосиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ 5 ҳавзаи муҳим дар сиёсати хориҷиро таъйин намуданд. Он панҷ ҳавза аз инҳо иборат буд:

“Ҳавзаи якум – Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад;

Ҳавзаи дуюм – Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ дорад;

Ҳавзаи сеюм – фазои зисту амали кишварҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад;

Ҳавзаи чорум – доираи нуфузи давлатҳои мусалмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад;

Ниҳоят, ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд”.

Бо дарназардошти яке аз ҳавзаҳои муҳим дар дурнамои сиёсати хориҷии кишвар қарор доштани робитаи ҳасана бо давлатҳои мусулмоннишин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо бо кишварҳои мусулмониро дар ду самт – ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории исломӣ ва густаришу таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷониба бо кишварҳои мусулмоннишин ба роҳ монд.

Агар чи заминаи ҳуқуқӣ ва дипломатии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳавзаи чорум аз ибтидои соҳибистиқлолӣ муҳайё гардида бошад ҳам, робитаҳои ҷиддӣ бо кишварҳои мусулмоннишини умдатан арабӣ аз соли 2007 оғоз гардид. То соли 2007, ки давраи аввали муносибатҳо бо кишварҳои мусулмоннишин маҳсуб меёбад давраи ба расмият шинохтани ҳамдигар, барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва табодули бархе сафарҳо маҳсуб меёбад. Дар ин давра ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки худро дар байни ҳамаи кишварҳои мусулмоннишин мураррифӣ намояд ва бо онҳо муносибатҳои некро ба роҳ монад.

Муаллифони китоби “Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон” чунин менигоранд, ки дар ин давра бо ташаббуси Роҳбари Тоҷикистон чанд мулоқоту сафарҳои сатҳи олӣ баргузор шуданд, ки барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда заминаи устувор гузоштанд. Аз ҷумла, мулоқотҳои Сарвари давлати Тоҷикистон дар Касабланкаи Марокаш дар ҳошияи саммити СКИ (моҳи декабри соли 1994) ва дигар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо роҳбарони давлатҳои исломӣ, сафарҳои расмӣ ба Давлати Кувайт (17-19 апрели соли 1995), Амороти Муттаҳидаи Араб (16-18 декабри соли 1995) дар ин ҷода сатҳи муносибатҳои Тоҷикистонро бо теъдоде аз онҳо ба дараҷаи сифатан нав бароварданд. Вале бо сабабҳои вобаста ба вазъияти Тоҷикистон рушди бештару фарогири ин муносибатҳо расидани вақти муносибро интизор буд.

Ҳамрохон Зарифӣ собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба 20 соли истиқлолият ва cиёсати хориҷии Тоҷикистон изҳори назар намуда, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондану таҳким бахшидани ҳамкориҳои фаъолу созанда ва мутақобилан судмандро бо мамолики араб, чи дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва чи дар заминаи ҳамкориҳои бисёрҷониба имрӯз ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муайян кардаааст.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов дар хусуси робитаҳои неки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла, мефармояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои арабро анъанаҳои деринаи муносиботи нек ва равобити таърихӣ, ки аз тааллуқ доштан ба фазои ягонаи тамаддунӣ ва муштаракоти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ бармеоянд, бо ҳам зич мепайванданд.

З.Зубайдов дар идома таъкид менамояд, ки агар ба гузаштаи худ нек назар афканем, хоҳем дид, ки кишварҳои исломӣ дар муддати тӯлонии таърих воқеан василаи муҳимтарини таъмини равобити байниминтақавии иқтисодиву сиёсӣ ва тиҷоративу фарҳангӣ будаанд ва дар ташаккули таърихии ҷаҳони том ва низоми муосири равобити байналмилалӣ нақши муассир доштаанд. Возеҳ аст, ки омили асосии ин ҷаҳиши таърихӣ дар пайравӣ аз рӯҳи эҷодгарона ва усулу арзишҳои олии ислом, ҳифзи пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳамкории созанда мебошад.

Аз таъкидҳои устодони ботаҷрибаи дипломатияи тоҷик ва ходимони давлатии соҳаи сиёсати хориҷии мамлакат бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ робитаи нек дошта, ин муносибатҳои судманд мунтазам тавсеа меёбанд. Ин ҷост, ки аз соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон робита бо кишварҳои мусулмониро такони тоза бахшид ва иқдомҳои ҷиддиро дар пеш гирифт, ки боис шуд муносибат бо ҳавзаи чоруми сиёсати хориҷии мамлакат вориди марҳилаи навини худ гардад, зеро дар ин сол сафари расмии Сарвари давлат ба як қатор кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, моҳи феврали соли 2007 ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Сурия, моҳи апрел ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва моҳи майи ҳамон сол ба Давлати Қатар сурат гирифт, ки заминаи ҳуқуқӣ ва шартномавии муносибатҳоро фароҳам оварда, барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид.

Роҳандозии муносибатҳои дарозмуддату босубот бо кишварҳои Халиҷ, аз ҷумла, бо Давлати Қатар ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Заминаи ҳуқуқии дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13 декабри соли 1994 дар Дорулбайзо (Касабланка) ҳангоми баргузории ҳафтумин Мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ роҳандозӣ гардид. 10 декабри соли 1997 дар Теҳрон ҳангоми баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳои кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амири Давлати Қатар барпо шуд. Аз 15 то 19 марти 1998 дар Давҳа иҷлосияи XXV вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Талбак Назаров ширкат намуданд. 17-18 майи соли 2000 Вазири алоқаи Қатар ба Душанбе сафар дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти IX сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ 12-13 ноябри соли 2000 ба Давҳа сафар карда буданд ва дар ҳошияи ин сафар бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ низ вохӯрданд.

Муносибатҳои ҷиддӣ ва барои ҷониби Тоҷикистон ва кишвари дӯсту бародар Қатар судманд аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 6-7 майи соли 2007 сурат гирифта буд, шуруъ гардид. Сафари мазкур дар муносибатҳои дуҷониба бо Қатар саҳифаи нав кушод ва ба рушди босуръати минбаъда заминаи муассир ва муфид гузошт. Дар доираи сафари мазкур сарони ду давлат бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо маҷмуи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан ба ҷалби сармояи Давлати Қатар ба лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар натиҷаи музокироти ҳайатҳои расмӣ дар ҳузури сарони ҳар ду кишвар нахустин маротиба заминаи ҳуқуқиву шартномавӣ дар ҳаҷми 4 санади ҳамкорӣ ба вуҷуд домад.

Моҳи августи соли 2007 сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки нахустин боздиди роҳбари давлати арабӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар рафти сафарҳои зикршуда доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, аз қабили сиёсат, иқтисод, тиҷорат, энергетика, фарҳанг, илм, техника, маориф ва сайёҳӣ санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва маҳз сафари расмии Амири қаблӣ Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи “Диёри Душанбе” ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад, ки ҳаҷми умумии сармояи ин ду тарҳ зиёда аз 300 млн. долларро ташкил медиҳад.

Робитаи неки Тоҷикистон бо Қатар пайваста густариш ёфта, заминаи ҳуқуқиву шартномавӣ низ миёни ду кишвари дӯст афзоиш меёфт. Бо дарназардошти аҳмаияти вижаи робитаи мутақобилан судманд моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, дар идома инчунин, моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуд.

5-7 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ сафари расмӣ анҷом доданд. Дар доираи сафари мазкур музокироти сатҳи олӣ дар Давҳа ба раванди тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Аз ҷумла, бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ абзори машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи вазирон, муовинони вазир ва роҳбарони раёсатҳо ташкил шуд.

Зимни баргузории мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар Сарвари давлат таъкид доштанд, ки муносиботи гуногунҷанба бо Давлати Қатар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии мо қарор дорад ва барои рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва амният санадҳои нав омода шудааст. Инчунин, таъкид гардид, ки барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика ва об, нақлиёт, ҳамчунин, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва саноати истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон шароиту имкониятҳои зиёди мусоид мавҷуд аст ва татбиқи лоиҳаҳои он барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд. Дар ин замина таъкид гардид, ки ҷониби Қатар метавонад ба рушду густариши бештари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон тавассути дастгирии молиявии татбиқи лоиҳаҳои хурду миёна, маблағгузории лоиҳаҳои энергетикиву обии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ фаъолона иштирок намояд. Маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар 15 июни соли 2019 низ дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омада буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки ин вохӯрии расмии Амири Қатар муҳимтарин рӯйдод дар раванди таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ арзёбӣ мешавад. Самараи ин робитаи нек заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар доираи 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ инъикос мегардад.

Пешвои миллат соли 2022 зимни мусоҳиба бо рӯзномаи қатарии “аш-Шарқ” боздиди Амири Давлати Қатар аз Тоҷикистонро баёнгари сатҳи олии робита бо ин кишвар тавсиф намуда буданд: “Боздиди Волоҳазрат аз кишвари мо дар соли 2019, қабл аз ҳама, баёнгари сатҳи олии робитаҳои ду кишвари дӯст аст”.

Ҳамин тавр муносибатҳои неки Тоҷикистону Қатар дар доираи ҳусни тафоҳим ва эҳтироми манофеи ҳамдигарӣ мунтазам рушду тавсеа меёбад ва муносибатҳои гуногунҷабҳа байни ду кишвари дӯст давра ба давра бештар аз пеш таҳким меёбад.

Мусаллам аст, ки ба роҳ мондану пешбурди тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо маҳсуб меёбад. Пайгирии доимии ин раванд имкон медиҳад, ки барои амалӣ намудани тамоми маҷмуи робитаҳои байнидавлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз ба қисмати иқтисодии муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Қатар таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир карда мешавад. Ҳанӯз заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар аз сафари расмии сарвари давлат ба ин кишвар дар соли 2007 оғоз мегардад. Пешвои миллат зимни ин сафари расмии худ ба Қатар аз Ширкати давлатии сармоягузории «ад-Диёр»-и Қатар дидан намуда, бо таҷрибаи корӣ ва лоиҳаҳои ҷолиби он аз наздик шинос шуда буданд. Инчунин, дар доираи ин сафар Сарвари давлат дар нахустин бизнес-форуми Тоҷикистону Қатар низ иштирок доштанд. Ин аст, ки аз байни кишварҳои арабӣ Қатар аввалин шуда дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Самараи ин сармоягузорӣ дар маблағгузории сохтмони “Масҷиди калони Душанбе” барои ҳузури 60 ҳазор нафар дар як вақт (дар ҳаҷми 91,3 млн доллари ИМА), ки бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ аст, дида мешавад. Ширкати қатарии “Диёр” дар пойтахти кишварамон лоиҳаи маҷмаи истиқоматӣ - тиҷоратӣ ва кушодашавии намояндагии ширкати сармоягузории “Диёри Душанбе”-ро татбиқ менамояд. То ин вақт марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур ба анҷом расидааст. Ширкати мазкур ният дорад дар солҳои наздик марҳилаи дуюми лоиҳаро анҷом диҳад. Аз нишондоди сарчашмаҳо бармеояд, ки ҳаҷми умумии сармоягузории қатарӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 300 млн. Доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамкориҳои кишварҳои мо дар ин ҷода айни ҳол имкониятҳои зиёди тавсеаи худро доранд ва фикр мекунам, ки дар амалияи ба кор андохтани онҳо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорон метавонанд нақши бештар муассир дошта бошанд.

Президенти мамлакат аз сатҳи муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари бародари Тоҷикистону Қатар, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд густариш меёбанд, зимни мулоқот бо намояндагони расмии ҷониби қатарӣ пайваста изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Дар робита ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Қатар Сарвари давлат ҳини мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи “ал-Ҷазира” таъкид дошта буданд, ки мо чандин маротиба дар сафарҳое, ки ба мамолики араб доштем, чи сафарҳои расмӣ ва чи сафарҳои корӣ, ҷиҳати ҳузури бештар фаъоли иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз онҳо пайваста даъват ба амал меорем. Ҳамкориҳои мо – бештар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои арабӣ, мисли Кувайт, Қатар ва то андозае бо Аморот ҳоло хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар дар самтҳои мухталифи сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра агарчи дар сатҳи хуб қарор дорад, аммо боз ҳам ба рушди бемайлон ниёз дорад. Ин нуктаро Пешвои миллат соли 2021 дар мусоҳиба бо рӯзномаи қатарии “аш-Шарқ” ва соли 2019 дар мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи қатарии “ал-Ҷазира” таъкид карда буданд, ки бо вуҷуди дастовардҳои имрӯза, ҳанӯз ҳам имконоти фаровони ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, илму маориф ва сайёҳӣ пурра истифода нагардидаанд.

Давлати Қадар яке аз бойтарин кишварҳои арабӣ буда, иқтидори бузурги сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои мухталифро доро мебошад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш муносибатҳои нек ва судмандро бо Қатар дар пеш гирифта аст. Машваратҳои сиёсие, ки бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ташкил карда шуд, умед аст, ки дар тавсеаи пояҳои шартномавӣ ва ҳуқуқии бештари асноди ҳамкориҳои гуногунҷанба мусоидат намояд. Хушбахтона, даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 5 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни машваратҳо тарафҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Инчунин сафари навбатии раисиҷумҳури Қатар ба Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои ояндаи ин ду миллат тақвияти ҷиддӣ мебахшад.

 

ЗИЁЕВ С.Н.

н.и.ф. мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

АМРИЕВ САНҶАР

магистранти курси якуми

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

БОЗГАШТ