АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ: МУШКИЛОТ ВА САТҲИ ҲАМКОРИҲО

Муаллиф: Мирзоев Ҳабибҷон

Расм

МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

ВА ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ: МУШКИЛОТ ВА САТҲИ ҲАМКОРИҲО

Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷиҳати ҷуғрофӣ бо ҳамдигар ҳамсоя буда, дар тӯли асрҳои зиёд шарик буданд. Роҳи қадимаи Абрешим беш аз 2 ҳазор сол қабл ба халқҳои ду кишвар имкон дод, ки ҳамгироии таърихӣ ба даст оранд, робитаҳои дӯстонаи ба ҳам судбахшро аз насл ба насл мерос гузоранд. Ҳукумати Чин яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Қазоқистонро эътироф намуд. Аз он вақте ки ду кишвар муносибатҳои дипломатиро барқарор карданд, таҳти роҳбарии роҳбарони Қазоқистон ва Чин дар тӯли ин солҳо муносибатҳои ду кишвар устуворона ба сатҳи нав баромад.

Тафсири муносибатҳои дуҷонибаи Қазоқистон ва Чин. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Қазоқистон бо бисёри давлатҳо муносибатҳои дипломатиро барқарор намуд ва ҳамзамон 3-юми январи соли 1992 бо Чин муносибатҳои дипломатиро барқарор кард. Ба гуфтаи профессори Академияи илмҳои иҷтимоии Чин На Гуанченг, яке аз хусусиятҳои асосии муносибатҳои байни Чин ва Қазоқистон дар он аст, ки Чин давлати Осиёи Марказӣ, яъне Қазоқистонро ҳамчун як давлати "хурд" қабул намекунад. Шурӯъ аз соли 2011, муносибатҳои Қазоқистону Чин ба шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ табдил ёфт, ки ин барои боз ҳам қавитар гаштани муносибатҳои ду кишвар ёрӣ расонид. [13]

Робитаҳои дуҷонибаи Қазоқистону Чин на танҳо барои ин ду кишвар аҳамият дорад, балки инчунин дар заминаи сиёсати ҷаҳонӣ аҳамияти мушаххасро доро мебошад. Бо назардошти ҷойгир будани Қазоқистон дар маркази қитъаи Авруосиё, ин кишвар ба сифати як пули пайвасткунандае байни давлатҳои Шарқ ва Ғарб хизмат мекунад. Маҳз барои ҳамин ҳам, айни замон барои омӯзиши муносибатҳои Қазоқистону Чин диққати махсус дода мешавад.

Муносибатҳои Чин ва Қазоқистон дар як муддати кӯтоҳ ҷаҳиши азиме кард ва аз шакли дӯстонаи барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ дар оғози истиқлолияти Қазоқистон ба шарикии ҳозираи ҳамаҷонибаи стратегӣ гузаштанд. Эътимоди тарафайн ва ҳамкории судбахши ду кишвар ба сатҳи баланд расиданд.

Соҳаи иқтисод: Ҳамкории иқтисодии Қазоқистон ва Чин баъд аз барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, сол аз сол рушд карда истодааст, ба ин нигоҳ накарда  дар муносибатҳои иқтисодиву молиявии  ин ду кишвар баъзе камбудӣ ҳам дида мешавад. Гардиши савдо, ки соли 1992 ба 433 миллион доллари ИМА баробар буд, ки айни замон 27 маротиба афзудааст [11].  Бояд қайд кард, ки Чин шарики назарраси тиҷоратии Қазоқистон аз солҳои аввали истиқлолияти кишвар буд ва мемонад.

123

Ҷадвали 1.Ҷараёни содирот ва воридот байни Қазоқистон ва Чин дар солҳои 2011-2019 (Манбаъ: URL:// https://static.365info.kz/)

Роҳи Абрешим имрӯз фаъолона эҳё шуда, дар харитаи ҷаҳон ҷойгоҳи худро бозгардонида истодааст. Дар байни лоиҳаҳои муштараки эҳёи роҳи қадим метавон долони трансконтиненталии нақлиётии "Аврупои Ғарбӣ- Хитои Ғарбӣ" номид, ки барои рушди иқтисоди Қазоқистон аҳамияти калон дорад. [12]

Сохтори савдои байни Қазоқистон ва Чин асосан аз фурӯши нафт (20,8%), маъдан, ангишт, металлҳои сиёҳ  (20,3%), миси электролит (19,6%), никел ва алюминий (13,8%), инчунин маҳсулоти чорводорӣ иборат аст. Дар мавриди интиқоли молу маҳсулоти Чин ба Қазоқистон, асосан молҳои саноати сабук ва бофандагӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти барқӣ ва ғайра мебошанд. Қисми зиёди муомилотро тиҷорати мустақим ва наздисарҳадӣ ишғол мекунанд, ки сеяки он мубодилаи мол мебошад.

Бо мақсади мутамаддинтар кардани савдои тарафайн, ҷонибҳо роҳҳои ташкили марказ ё минтақаи савдои сарҳадиро баррасӣ карда истодаанд. Айни ҳол, дар вазъи паҳн шудани касалии “Коронавирус”, минтақаи гузаргоҳи Хоргос фаъолият мекунад ва барои рушд кардани муносибатҳои иқтисодии Қазоқистон ва Чин хизмат мекунад. Сарфи назар аз рушди бомуваффақият ва рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар маҷмӯъ, дар фаъолияти сармоягузории дуҷониба мушкилот низ мавҷуданд: масалан, ҳаҷми нокифоя ва ночизи сармоягузории мустақими Чин ба Қазоқистон ва баръакс, Қазоқистон дар Чин, деформатсия дар сохтори сармоягузориҳои Чин, тақрибан 70% сармоягузории мустақими Чин дар бахши нафту газ тамаркуз карда шудааст. [10]

Манфиати асосии иқтисодии Чин дар Қазоқистон дастрасӣ ба манбаъҳои нафту гази Қазоқистон бо мақсади таъмини амнияти энергетикии кишвари худ мебошад. Самаранокии пасти сармоягузориҳои Чин барои Қазоқистон аз сабаби мавҷуд набудани занҷирҳои арзиши соҳавӣ фаҳмида мешавад. Мисол: дар Қазоқистон афзоиши саршумори чорвои калони шохдор ба чашм мерасад вале ҳанӯз талабот ба пӯст дар кишвар вуҷуд дорад. Пуст коркард карда намешаванд, балки ҳамчун ашёи хом, асосан ғайриқонунӣ ба Чин содир карда мешаванд. Дар музофотҳои ғарбӣ, онҳо коркард карда мешаванд, сипас ба ҷанубу шарқ фиристода мешаванд, ки дар он маҳсулот истеҳсол карда мешаванд, масалан, маҳсулоти чармӣ ва мӯина, охирин дар бозори дохилӣ фурӯхта шуда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо содир карда мешаванд. Ҳангоми эҷоди занҷирҳои арзиши иловашуда дар Қазоқистон хароҷоти логистикиро коҳиш додан мумкин аст.

Зоҳиран, бояд эътироф кард, ки ҳамкории иқтисодии Қазоқистон бо Чин ба вазифаҳои умумии рушди иқтисоди Чин комилан тобеъ аст. Рушди Осиёи Марказӣ бо суръате ҷараён дорад, ки ба имкониятҳои Чин мувофиқат мекунад, дар ҳоле ки Чин саъй дорад, ки хароҷоти нигоҳ доштани пешрафти иқтисодии худро ба минтақа кам кунад. [9]

Содироти азими молҳо якбора якчанд мушкилоти иқтисодии Чинро ҳал мекунад:

  • Якум, васеъ кардани содироти молҳои чинӣ мебошад. Гузашта аз ин, ҳадафи асосӣ на тавсеаи ҷуғрофӣ, балки ихроҷи дигар истеҳсолкунандагон ва ба даст овардани мавқеи назаррас дар ин бозорҳо аз ҳисоби нархҳои нисбатан пасти молҳои истеҳсоли Чин мебошад.
  • Дуввум, аз ҳисоби нархҳои паст ба фоидаи худ ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ, соҳаҳои умедбахш ва бо онҳо беҳтарин муҳандисони ботаҷриба аз тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад. Оқибати ин раванд бастани соҳаҳои ояндадори миллӣ мебошад, ки бо молҳои чинӣ рақобат карда наметавонанд.

Бо назардошти нақши коргоҳи саноатӣ, Чин, дарвоқеъ, Қазоқистонро барои рушди ягон соҳаи назарраси истеҳсолӣ имконият намедиҳад.

Созишнома дар бораи ташкил кардани заводу фабрикаҳои чинӣ дар қаламрави Қазоқистон ҳанӯз соли 2014 пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ дар Нур-Султон дар доираи ҳамгироии "Як камарбанд - як роҳ" бо сиёсати нави иқтисодии Нурли Жол пайдо шуда буд. Рӯйхати лоиҳаҳо соли 2016 тартиб дода шудааст. Ва худи ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" дар Қазоқистон моҳи сентябри соли 2013 зимни сафари давлатии Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин эълом шуд.

Дар қаламрави Қазоқистон 55 намуди заводу фабрикаҳои нави чинӣ пайдо мешаванд, ки ин дар навбати худ ба афзоиши ҷойҳои корӣ, даромадҳои андоз ва ғайра мусоидат мекунад.

Аммо аз дигар тараф, Чин заводу фабрикаҳояшро дар соҳаҳои: неруи барқ, саноати электронӣ ва IT, саноати химиявӣ, савдо ва логистика, либос ва бофандагӣ, саноати коркарди маъданҳо, ширкатҳои идоракунии хона ва амният, ширкатҳои сохтмонӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг мехоҳад бунёд созад. Аз ин руйхати соҳаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки Чин вақте ки нақшаи худро татбиқ мекунад, қариб дар ҳамаи соҳаи иҷтимоию иқтисодии Қазоқистон фаъолона иштирок мекунад. Саволе ба миён меояд, барои иқтисодиёти Қазоқистон ин нақшаи Чин мусбӣ анҷом меёбад ё ин ки манфӣ.

Ширкатҳои канданиҳои маъданҳои зеризаминии Чин бозори хидматрасонии пармакуниро дар соҳаи нафти Қазоқистонро пурра ба даст гирифтанд. Зиёда аз 10 сол пеш онҳо ба Қазоқистон ворид шуда, ӯҳдадор шуда буданд, ки ба андозаи нисфи нархҳо бо зиён ба худ чоҳ парма кунанд. Ширкатҳои қазоқӣ тендерҳоро бурд карда наметавонистанд ва вақте ки онҳо бозорро комилан тарк карданд ва муфлис шуданд, чиниҳо нархҳояшонро якбора 3 маротиба боло бурданд.

Инчунин, таҷрибаи давлатҳои минтақаи Африқо нишон медиҳад, ки Чин ба рушди соҳаҳои технологияи баланд дар кишварҳои сармоягузорӣ манфиатдор нест. Пас аз 20 соли ҳамкории наздики сармоягузорӣ, сохтори тиҷорати байни кишварҳо бетағйир монд - Африқо ашёи хом (нафт, маъдани оҳан ва пахта) содирот мекунад ва маҳсулоти тайёр (таҷҳизот, электроника ва бофандагӣ) ворид мекунад.

Ҳамзамон, дар сурати афзоиши бардавом дар минтақаҳои ғарбии Чин, вай тамоми имкониятҳоро дорад, ки ба маркази пешрафтаи молиявию иқтисодии Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳамҷавор ва наздики ҷуғрофии Русия табдил ёбад, ба ибораи дигар, мавқеи худро ҳамчун маркази иқтисодӣ мустаҳкам кунад.      

Аз нуқтаи назари принсипҳои тиҷорати байналмилалӣ, ин тамоюли таҳдидомез аст, зеро тамоюли минбаъдаи ашёи хоми содироти Қазоқистон метавонад ба коҳиши иқтисодии минтақа оварда расонад. Охир, истеҳсолкунандагони Чин нисбат ба истеҳсолкунандагони Қазоқистон рақобатпазиртаранд. Омилҳои рақобатпазирии Чинро ба ҳамагон маълум мебошад: қувваи кории арзон, заминаи пешрафтаи технологӣ, бозори тавоно ва дастрасӣ ба баҳр.

Дар умум, Қазоқистон объекти асосии манфиатҳои иқтисодии Чин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Миқёси ҳузури Чин дар Қазоқистон дар тамоми давраи пасошӯравӣ бемайлон меафзуд ва алакай назаррас ба назар мерасад. Гузашта аз ин, агар дар ибтидо манфиатҳои иқтисодии Чин асосан ба соҳаи савдо таъсир расонанд, ки ин танҳо ба андозаи ночизе бо рушди робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ҳамроҳ буд, имрӯз талошҳои системавии Чин барои тақвияти фаъолиятҳои лоиҳавӣ ва сармоягузорӣ дар Қазоқистон ба назар намоёнанд.

Дар маҷмӯъ метавон хулоса кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлолият Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Халқии Чин муносибати дӯстонаро ба роҳ монда дар таҳкими рушди муносибатҳо ҳар ду ҷониб саҳмгузоранд. Рушди бумайлони равобитаҳои иқтисодии ин кишвар шаҳодат аз доштани мунасибати хуби иқтисодӣ медиҳанд, ки поягузори муносибатҳои дигари дуҷонибаи кишварҳои ҳамсоя гаштаанд. Инчунин ҳамкориҳои дуҷонибаи Қазоқистону Чинро санодҳои муҳими дуҷониба ба танзим медароранд, ки асоси робитаҳо тарафайн ҳастанд. Имзои Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Қазоқистону Чин дар соли 2011 саҳифаи нави равобити дуҷонибаро боз намуд. Бо вуҷуди мавҷудияти якчанд омилҳои хурди манфи дар равобити ду кишвар муносибатҳо рушд ёфта истодаанд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки равобити иқтисодии Қазоқистону Чин баъди имзои Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ дар ҳоли рушд кардан қарор доранд. Умумияти ҷуғрофию фарҳанги низ дар равобити ду кишвар нақши калидиро иҷро карда, дар таҳкими дӯстии дуҷонибаи байни миллатҳо саҳмгузоранд. 

Мирзоев Ҳабибҷон,

ходими калони илмии Институт

БОЗГАШТ