Муносибатҳои иқтисодии Ҷопон ва Чин

Муаллиф: Меҳр Собириён

Расм

Чин ва Ҷопон ҳамчун иқтисоди дуюм ва сеюми ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратии васеъ ва густардаро доранд. Бо вуҷуди он ки муносибатҳои сиёсии ду кишвар бар пояи воқеоти таърихӣ ва баҳсҳои ҳудудӣ гоҳ-гоҳе муташаниҷ мешаванд ва монеаҳое дар муносибатҳои тиҷоратӣ ба вуҷуд меоваранд, муносибатҳои дарозмуддати иқтисодии онҳо ба таври муътадил рушд карда истодаанд ва дар умум сиёсат ба муносибатҳои иқтисодӣ бетаъсир аст.

      Ҷопон сармоягузории бузурге дар иқтисодӣ Чин кардааст. Дар бисёре аз шаҳрҳои бузурги Чин корхонаҳои истеҳсолии ширкарҳои ҷопонӣ ба роҳ монда шудаанд, ки аксаран маҳсулоти саноатӣ барои бозори Ҷопон тайёр мекунанд. Дар бозори истеъмолии Ҷопон маҳсулоти зиёди соҳаи саноати сабукро дидан мумкин аст, ки бештари онҳо аз ҷониби ширкатҳои ҷопонӣ дар Чин истеҳсол шудаанд.

      Ҷопон яке аз нахустин кишварҳои сармоягузор дар Чин буд, ки пас аз кушода шудани Чин барои сармояи хориҷӣ дар авохири солҳои 1970-ум дар ин кишвар фаъолияти худро оғоз карда буданд. Тибқи маълумоти расмии Ҷопон то охири соли 2012 зиёда аз 23 ҳазор ширкатҳои Ҷопонӣ дар бозори Чин фаъолият мебурданд. Ҷопон аввалин кишваре буд, ҳаҷми сармоягузорияш дар Чин ҳади 100 миллиардро убур кард.

      Солҳои охир сохтори иқтисоди Чин дорад тағйир меёбад. Сохтори қаблӣ, ки дар он қувваи кории арзони Чин барои истеҳсол ва содироти молу маҳсулот истифода мешуд, бештари маҳсулоти тавлидшуда ба хориҷ, аз ҷумла ба Ҷопон, содир мешуд. Ин раванд аз сабаби зиёд шудани музди меҳнат ва тавсеаи иқтидори харидории мардуми Чин тағйир ёфта истодааст. Акнун Чин ба як бозори истеъмолии бузург табдил ёфта истодааст ва ҳиссаи истеҳсоли маҳсулот барои истеъмоли дохилӣ сол аз сол зиёд мешавад.

Тиҷорат миёни Ҷопон ва Чин

      Ҳаҷми додугирифт миёни Ҷопон ва Чин дар соли 2016 ба 270 382 816 760$ (дусаду ҳафтод миллиарду сесаду ҳаштоду ду миллиону ҳаштсаду шонздаҳ ҳазору ҳафтсаду шаст доллари амрикоӣ) баробар аст. Содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои Ҷопон ба Чин дар соли 2016 113 830 233 712$ (яксаду сенздаҳ миллиарду ҳаштсаду сӣ миллиону дусаду сию се ҳазору ҳафтсаду дувоздаҳ доллари амрикоӣ)-ро ташкил мекунад, ки ин ба 17,6 дар сади содироти умумии Ҷопон баробар аст. Вале воридоти Ҷопон аз Чин аз ин зиёдтар буда, дар ҳамон сол ба 156 552 583 048$ (яксаду панҷоҳу шаш миллиарду панҷсаду панҷоҳу ду миллиону панҷсаду ҳаштоду се ҳазору чилу ҳашт доллари амрикоӣ) баробар буд ва ин ба 28,8 дар сади воридоти умумии Ҷопон баробар мебошад. Касри тиҷоратии Ҷопон дар тиҷорат бо Чин 42 223 349 336 доллари амикоиро ташкил мекард. Ҳамин тариқ Чин дар феҳристи бузургтарин кишварҳои содиротӣ барои Ҷопон ҷойи дуюмро ишғол карда, дар руйхати кишварҳои воридотӣ дар ҷойи аввал аст. (https://globaledge.msu.edu/countries/japan/tradestats) Ҷопон ба Чин бештар маҳсулоти аълосифат ва аз ҷиҳати технологӣ пешқадамро содирот мекунад ва дар баробари ин аз Чин маҳсулоти саноати сабук ва маводҳои кандании нодирро ворид месозад. Маҳсулоти саноатии аз Чин воридшаванда аксаран маҳсулоте ҳастанд, ки худи ширкатҳои ҷопонӣ дар ҳудуди Чин барои бозори дохилии Ҷопон омода месозанд.

Сармоягузориҳои Ҷопон дар Чин

      Моҳи апрели соли 2017, Федератсияи соҳибкории Ҷопон ва Анҷумани дӯстии Чину Ҷопон, “Кумитаи иҷроияи табодул”-ро бунёд гузоштанд, ки интизор меравад пайвандҳои иқтисодии ду кишварро тақвият дода, шароити фаъолияти ширкатҳои ҷопониеро, ки дар Чин фаъолият мекунанд беҳтар гардонад. Тибқи маълумотҳои соли 2016 дар ҳудуди Чин 32 313 корхонаи ҷопонӣ фаъолият мекард, ки тақрибан нисфи корхонаҳои дар хориҷ фаъолият кардаи Ҷопонро ташкил мекунанд. Шумораи умумии корхонаҳои ҷопонии дар хориҷ амалмекарда ба 71 820 баробар аст. Тақрибан 80 дар сади ширкатҳои ҷопонии дар Чин амалмекарда иқрор шудаанд, ки фаъолияташон дар ин кишвар манфиатовар аст ва 25,8 дар сади онҳо мегӯянд, ки дар Чин нисбат ба Ҷопон фоидаи бештар ба даст меоранд. (http://www.eastasiaforum.org/2017/08/21/getting-down-to-business-on-japan-china-relations/) Тули ду даҳсолаи охир Ҷопон, бо ҳаҷми сармоягузории баробар 80 миллиард доллари амрикоӣ, ба панҷгонаи аввали сармоягузорони хориҷии Чин дохил мешуд. Фаъолияти корхонаҳои ҷопонӣ дар Чин дар ривоҷи ҳаҷми содироти ин кишвар саҳми арзанда доранд ва дар чанд соли охир аз ҳисоби болоравии қобилияти харидории аҳолии Чин дар бозори дохилии он ҳам саҳми маҳсулоти ин ширкатҳо зиёд мешавад. Сармояи ширкатҳои ҷопонӣ дар Чин бештар ба соҳаҳои автомобилбарорӣ, тавлиди таҷҳизотӣ электрикӣ, тиҷорат, молия ва суғурта равона карда шудаанд. (https://inafran.ru/sites/default/files/news_file/avtoreferat_kulnevoy_p.v.pdf) Бо вуҷуди он ки Ҷопон яке аз кишварҳоест, ки дар он зиччии аҳолӣ зиёд аст (ҳатто аз Чин ҳам зиёд аст) зиёдшавии аҳолӣ ба назар намерасад ва қобилияти харидории мардум муътадил боқӣ мемонад. Ин рушди бозори истеъмолии дохилиро ночиз мегардодад. Дар баробари ин зиёд шудани қишри миёна дар Чин, бо аҳолии тақрибан 1.3 миллирд, имконияти фаровонеро барои равнақ додани истеҳсолот ва хизматрасонӣ барои ширкатҳои ҷопонӣ фароҳам месозад. Ин имкониятро онҳо доранд истифода мекунанд ва дар бозори Чин ҳиссаи худро зиёд карданӣ ҳастанд. Ҳамсоягии ин ду кишвар ҳам бартариятҳои иловагӣ дар равнақ додани ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Наздикии Чин ба дигар бозорҳои рӯ ба инкишофи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ имкониятҳои ширкатҳои ҷопониро зиёд карда, онҳоро бештар ҷалб месозад. (https://www.investopedia.com/financial-edge/1112/the-relationship-between-japanese-and-chinese-economies.aspx )

Хулоса

      Дар яке аз суханрониҳои худ Президенти Чин Си Ҷин Пин озҳор дошт, ки ҳадафи аслии ин кишвар табдил ёфтан ба иқтисоди рақами яки ҷаҳон то соли 2050 мебошад. Тибқи ин нақша ҳиссаи назарраси рушди иқтисодиро истеъмоли дохилӣ бояд ташкил кунад. Ин раванд барои ширкатҳои ҷопонӣ ҳам манфиатовар буда, бозори дохилии Чинро ба яке аз харидорони аслии маҳсулоти аълосифати ҷопонӣ мубаддал мегардонад. Чуноне ки профессори Донишгоҳи Токио Шин Кашива дар як семинари илмӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сиёсати хориҷии Чин ва муносибатҳои Чину Ҷопон” изҳор дошт, “муносибати мутақобилан судманди ду кишвар раҳбарияти Ҷопонро маҷбур мекунад, то нисбати фаъолияти тавсеаталабонаи Чин нармиро ихтиёр кунад”. (http://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/seminarho/item/466-seminar-chin-dar-ro-i-rushdi-ustuvor) Ҷопон умед дорад, бо густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин, суръати рушди иқтисодии худро зиёд карда, мушкилоти иҷтимоиву иҷтисодӣ ва демографии худро камтар кунад. Ин ҳам бо роҳи сармоягузорӣ ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо дар дохили Чин ба роҳ монда мешавад ва ҳам бо содироти бештари маҳсулоти аълосифат ба бозори рӯ ба инкишофи истеъмолии ин кишвар. Чин ҳам дар навбати худ ба сармояву технология ва бозори истеъмолии Ҷопон ниёз дорад. Дар роҳи расидан ба ҳадафи худ муносибатҳо бо Ҷопонро наметавонад сарфи назар кунад. Чуноне ки дар боло дида шуд, касри тиҷорати ду кишвар ба манфиати Чин аст.

      P. S. Тоҷикистон бо Чин фарқиятҳои зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ ва ҷуғрофӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дарёфти паҳлуҳои махсуси муносибатҳои иқтисодии Чину Ҷопон, ки кишвари мо тавонад аз он истифода кунад мушкил аст. Аммо як чиз равшан аст, ки Ҷопон омодааст, таҳти шароити муайян технологияи худро ба кишвари дигар бурда, онҷо ҳам барои бозори худ ва ҳам барои дигар кишварҳо маҳсулот истеҳсол кунад. Ин аст, ки бо доштани захираҳои муайяни табиӣ, Тоҷикистон метавонад сармоя ва технологияи Ҷопонро, ба монанди Чин, ҷалб кунад ва маҳсулотҳоеро, ки дар онҳо бартариҳо дорад истеҳсол карда, ҳам бозори дохилиро таъмин кунад ва ҳам ҷойгоҳи худро дар бозори истеъмолии Ҷопон пайдо кунад.

      Меҳр Собириён

      02. 04. 2018.

БОЗГАШТ