АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

  Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳо, яке аз шартҳои рушди пайвастаи ҳар як кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин раванд дур набуда, пас аз дарёфти истиқлолияти сиёсию давлатӣ бо 180 кишвари дунё муносибатҳои сиёсию дипломатии худро барқарор намудааст. Ин муносибатҳо соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва амниятиро дар бар мегирад. Кореяи Ҷанубӣ дар минтақаи Осиёи Шарқӣ дар нимҷазираи Шимолӣ-Шарқӣ ҷойгир буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта мебошад. Кореяи Ҷанубӣ бо рушди иқтисоди хеш ба гурӯҳи даҳгонаи бабрҳои осиёӣ шомил гардидааст. Дар ин давра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки бо кишварҳои бо суръат рушдкардаи кишварҳои Осиёи Шарқӣ (аз ҷумла Ҷумҳурии Корея) Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои дипломатӣ барқарор намояд.

  Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 27 апрели соли 1992 барқарор гардидааст. Аз оғози робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, илмӣ – техникӣ ва маънавӣ – фарҳангӣ ҷараён дорад. Соли 2008 Кореяи Ҷанубӣ намояндагии худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ аз 15-уми апрели соли 2013 расман ба фаъолият оғоз намуд. Мавриди зикр аст, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ соли 2015 дар заминаи сафари Президенти кишвар ифтитоҳ гардид. Асоси тамоми ин ҳамкориҳо дар мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ким Ён Сам (соли 1995 дар шаҳри Ню-Йорк) баргузор гардида буд [1.c.100].

  Заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро 9 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳад. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея анҷом дода шуд. Аввалин маротиба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея бо мақсади иштирок дар “Шашумин Форуми ҷаҳонӣ оид ба инноватсия” сафар намуданд. Маротибаи дувум моҳи апрели соли 2015 Сарвари давлат ба Кореяи Ҷанубӣ барои иштирок дар “Конфронси Умумиҷаҳонии Об” сафар намуданд. Қобили қайд аст, ки Сарони ҳар ду кишвар бо ҳам вохӯрӣ намуданд ва дар натиҷаи ин вохӯрӣ бинои сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кореяро кушода, мавриди истифода қарор доданд.

  Дар санаи 15-17-уми июли соли 2019 Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Ли Нак Ён бо ҳайати вакилони худ аввалин маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид. Инчунин зикр кардан ба маврид аст, ки дар мулоқоти мазкур доир ба самтҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахшҳои хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҷонибҳо табодули назар намуданд [8].

  Метавон гуфт, ки вохӯрии мазкур қадамҳои аввал дар рушди ҳамкорибҳои тарафайн ба ҳисоб рафта, барои дар оянда таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрсамта нақши муҳим мебозад. Зеро дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои судманд баррасӣ гардида, бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ рӯз то рӯз ҳамкориҳо миёни ду кишвар рушд гардида истодааст.

  Санаи 1-уми апрели соли 2021 Раиси Парлумони Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин нишасти самимӣ ба масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳо ба хусус дар таҳкими муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Корея таваҷҷуҳи махсус зоир намуданд. Зикр гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад, яке аз омили таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни ҷонибҳо гардад. Инчунин қайд гардид, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ намуданд [6].

  Тибқи иттилооти АМИТ “Ховар”, пас аз вохӯрӣ бо Роҳбари Давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллӣ (Парлумони) Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок дар нишасти матбуотӣ қайд намуд: “Дар вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо муколамаи созанда ва эҷодкорона доштем. Умедворем, ки ин боздид муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Корея ва Тоҷикистонро ба сатҳи нав, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод ва фарҳанг баланд хоҳад бардошт.” Инчунин Пак Бён Сок назароти худро чунин қайд намуд: “Мо кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистонро барои таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ хело қадрдонӣ мекунем. Ҳамзамон хабар доданд, ки дар ин сол дар шаҳри Душанбе бинои Сафорати Ҷумҳурии Корея сохта хоҳад шуд [3].

  Зикр кардан ба маврид аст, ки муҳоҷират яке аз масъалаи муҳимми иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар санаи 8-уми апрели соли 2022 дар самти муҳоҷира  мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин бо Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ  Ан Кёнг Дук баргузор гардид. Зимни мулоқоти мазкур вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои оид ба роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда барои муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ ба Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ гардид. Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди имкони густариши доираи кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Корея ва имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори дархост кард. Дар рафти мулоқот ҳамчунин аҳамияти кӯмаки вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Корея дар масъалаи огоҳии корфармоёни кореягӣ аз захираҳои кории Тоҷикистон махсусан таъкид гардид. Ҳамзамон Вазири шуғли аҳолӣ ва меҳнати Кореяи Ҷанубӣ Ан Кёнг Дук ба рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, омодагии худро барои фаъол гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи шуғли аҳолӣ ва модернкунонии он таъкид намуд [2].

  Бояд қайд намуд, ки дар давраи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, тариқи ин сиёсат бо кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои судмад дар самтҳои мухталиф намуда истодааст. Дар доираи ҳамкориҳои сиёсию дипломатӣ санаи 29-уми ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Чон Ий Ёнро бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштироки Форуми “Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон  қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулокот вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем. Инчунин дар ин мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими ҳамкориҳо дар афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ миёни ду кишвар гардад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, энергетика, гидроэнергетика, саноат, саноати коркарди кӯҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ҳар ду кишвар маънидод гардид [4].

  Ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук густариш меёбад. Дар заминаи ҳамкориҳои судманд дар шаҳри Душанбе  “Системаи идораи таваккал” ифтитоҳ гардид. Қобили зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021 дар асоси Созишнома дар бораи содагардонии расмиёти савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо вобаста ба расонидани кӯмаки техникӣ аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ карда шудааст. Дар асоси созишномаи дуҷониба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ёрии техники барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4,2 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ ва ҷудо карда шуд. Дар маросими ифтитоҳии “Системаи идораи таваккал” намояндаи ширкати “DATA World CoL/td” доир ба марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, системаи идораи таваккал, ҳадаф, афзалият ва дурнамои он изҳори андеша намуданд. Ҳамзамон дар доираи муаррифии лоиҳаи мазкур мулоқоти дуҷонибаи Хадамоти гумруки Тоҷикистону Корея баргузор гардид. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея ташаккул ёфта, соли 2020 гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистону Корея ба 53,5 миллион доллари амрикоӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 19, 6 миллион доллари амрикоӣ ва ё 58% зиёд мебошад. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Корея ба 29,6 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид. Воридоти бештари молҳо аз Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолию технологӣ, маҳсулоти фармасевтӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар намуди молҳоро ташкил медиҳад [5].

  Мавриди зикр аст, ки санаи 19 апрели соли 2022 вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Дон Сок баргузор гардид. Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ самтҳои тақвияти ҳамкориҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ аз ҷумла ба имзо расонидани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва самаронокии истифодабарии зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрукро баррасӣ намуданд. Ба имзорасонӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи мазкур тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро густариш дода, содагардонии амалиётҳои воридотию содиротӣ, доду гирифти маълумотҳои гумрукӣ, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, расонидани ёрии амалии мутақобила ва оғози лоиҳаҳои дигари кӯмакҳои техникӣ дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард. Қайд намудан зарур аст, ки зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук бо дастгирии молиявии Ҷумҳурии Корея таъсис гардида, санаи 16 сентябри соли 2021 бо ташрифи Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея расман мавриди истифода қарор дода шудааст [7].

  Хулоса, муносибатҳои дуҷонибаю бисёрсамта миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар даврони истиқлолият махсусан дар панҷ соли охир пайваста рушд намуда истодааст. Сафарҳои расмӣ ва Созишномаҳои байни ду кишвар имзогардида, шаҳодат аз он медиҳад, ки дар самтҳои гуногун ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуда, густариш гардида истодаанд. Махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистаст, ки бо яке аз кишварҳои муваффақи минтақаи Осиёи Шарқӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад. Бо дарназардошти далелҳои овардашуда метавон гуфт, ки муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҳоли рушд қарор доранд, ки дар ояндаи наздик ба сатҳи нави ҳамкориҳо хоҳад расид.


                                                          Адабиёт

  1. Аслов, С. М. 25 Қадам дар паҳнои олам. Душанбе: Ирфон, 2016, С 220. С.100
  2. Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (gumruk.tj)
  3. Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ён | Президенти Тоҷикистон - President of Tajikistan - Президент Таджикистана - (prezident.tj) http://www.prezident.tj/node/27324
  4. Мулоқот бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок | Президенти Тоҷикистон - President of Tajikistan - Президент Таджикистана- (ёprezident.tj) http://www.prezident.tj/node/25418
  5. Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён | Президенти Тоҷикистон - President of Tajikistan- Президент Таджикистана - (prezident.tj) http://www.prezident.tj/node/20682
  6. Пак Бён Сок: «Мы высоко оцениваем усилия Президента Таджикистана Эмомали Рахмона по обеспечению мира и стабильности в регионе Центральной Азии» | НИАТ "Ховар" (khovar.tj)
  7. Посольство Республики Таджикистан в Республике Корея (mfa.tj)
  8. Таҳкими ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Корея (gumruk.tj)

 

Файзуллаева Нигора,

ходими хурди илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ