АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири 30 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллаӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти баруманд тавонист ҷойгоҳи шоиста ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи баналмилалӣ барои худ касб намояд ва тавонист муносибатҳои дипломатии худро бо аксари кишварҳои Осиёву Аврупо ва дигар минтақаҳои олам дуруст ба роҳ монад.
Ҳамзамон ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикитон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик назаррас мебошад. Аз соли 2007 ба ин сӯ, дар сиёсати хориҷии мамлакат, хусусан дар самти таҳкимбахшии муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ, марҳилаи сифатан нав оғоз ёфт. Табодули сафар миёни роҳбарияти олии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои арабӣ маҳз дар ҳамин давра сурат гирифта, сафарҳои расмӣ баёнгари ҳусни нияти роҳбарияти олии кишварҳо дар ростои таҳкимбахшии муносибатҳои гуногунҷанба буда, ҳамзамон заминаи қонунииҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои мухталиф фароҳам оварданд.
Танҳо дар солҳои 2007 ва 2008 дар ҷараёни сафари расмии  Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои арабӣ як қатор санаду созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши иқтисодиёт, илм, техника, энергетика, фарҳангу маориф, саёҳат, муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, ҷалбу ташвиқ ва ҳимояи сармоягузории мутақобил ба имзо расиданд [2.5]
Дар робита бо мавзӯи муносибату ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ як қатор конфронси илмию назариявие баргузор гардидаст, ки дар он паҳлуҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Ҷаҳони Араб аз ҷониби пажуҳишгарони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст [9.108]
Ҳолат, проблема ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ мавриди таваҷҷуҳи коршиносон ва пажуҳишгарони тоҷик дар солҳои истиқлол қарор гирифта то як андоза паҳлуҳои мухталифи ин раванд омӯхта шудааст. Қобили тазаккур аст, ки дар корҳои таҳқиқотии худ, донишмандони тоҷик Ф. Умаров [8.184] ва Ш. Разоқов [4.288] кушиш ба харҷ доданд, ки ҷанбаҳои гуногуни муносибату ҳамкории Тоҷикистонро бо ҷаҳони ислом ва кишварҳои араби Халиҷи Форс таҳлилу баррасӣ намоянд [3.13]
Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб, ки яке аз кишварҳои пешрафта ва дунявии арабӣ ба ҳисоб меравад, ҳамкориҳои судманд ва назаррасро дар ҳама соҳаҳои муҳимми кишвар, аз ҷумла соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг густариш дод.
Заминаи нахустин ва бо эътимоди қарордодӣ-ҳуқуқии муносибати дӯстӣва ҳамкории муваффақонаиҶумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб 16-18-декабри соли 1995 зимни аввалин сафари Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣРаҳмон ба ин кишвар гузошта шудааст. Дар ҷараёни ин сафар Пешвои миллат бо Раиси Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зоид оли Наҳайён, инчунин  бо намояндагони дигари роҳбарияти кишвар ва Аморати Дубай мулоқотҳои судманд анҷом дод [6].
Роҳбарияти ду кишвар оид ба зарурат ва имкониятҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, инчунин бароҳмондани муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд намуданд. Дар рафти сафарҳои зикршуда доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд. Комиссияи масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг матраҳгардидандва зиёда аз 40 санади ҳамкорӣдар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла
соҳаи мавриди назар миёни ҷонибҳо ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои кишварҳои дӯсту бародарро муайян месозанд.
Соли 2009-умро соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кардани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатҳои араб ва умуман кишварҳои исломӣ акси садои баланде дод. Ин ҳодиса низ барои бештар таваҷҷуҳкардани мардуми араб, хусусан донишмандони Амороти Муттаҳидаи Араб, ба халқу миллати тоҷик омили муҳимму арзандае мебошад. Марҳилаи дигар дар муносибат миёни Тоҷикистон ва мамолики араб бояд марҳилаи густариш ва таҳкими равобити фарҳангӣ, алоқаҳои адабӣва тарҷумаи осори тоҷикӣ ва осори шуаро ва адибони тоҷик ба забони арабӣ гардад. Шукуҳи миллат ва орзуву омоли халқдар сухан ва каломи бадеъ ҳувайдо мегардад.
Соли 2014 аввалин ҷаласаи Комиссияи байни ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб  оид ба ҳамкориҳои илм, маориф ва фарҳанг баргузор гардид.
Бо дар назардошти раванди рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, сатҳи муносибатҳоро миёни ду давлат метавон мусбат арзёбӣ кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бароҳмондану таҳким бахшидани ҳамкориҳои фаъолу созанда ва мутақобилан судмандро дар асоси муносибатҳои дуҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ муайян кардааст.
Дар таърихи 13 феврали соли 2015 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба иҷрои банди дахлдори нақшаи чорабиниҳои протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иттилоъ медиҳад, ки намояндагони фарҳангбо Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣдаъват карда мешаванд. Чун чорабиниҳо аз он далолат медиҳад, ки муносибаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳоли рушд ҳастанд. Ин муносибат метавонад баҳри таҳкими соҳаи илм, маориф ва фарҳанг заминаи босазо гузорад.
Департаменти фарҳангии Ҳукумати Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос дар фаъолияташон ғайр аз масъалаҳои фарҳангӣ, инчунин барқарор намудани дастнависҳои қадима, ҳамкорӣбо осорхонаҳо, марказҳои бостоншиносӣ, ташвиқу тарғиби саёҳат ба ҷойҳои таърихӣва фаъолияти Институтҳои рассомию санъатро низ дар бар мегирад. Ҳадаф аз ин рушди ҳамкориҳои фарҳангии дуҷониба, инчунин бароҳмондани ҳамкорӣ бо осорхонаҳо, марказҳои бостоншиносӣ, муассисаҳои илмию адабӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки сардори Департаменти фарҳангии Ҳукумати Шориқа ҷаноби Абдулазиз ал-Мусаллам бино ба даъвати расмии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-28 апрели соли 2018 ба Тоҷикистон ташриф овард [1]. Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шориқа гурӯҳи ҳунармандон ва санъаткорони тоҷик ду маротиба дар фестивали байналмилалии Шориқа оид ба мероси фарҳангӣ иштирок намуда, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангииғании тоҷиконро ба маърази тамошо гузоштанд.
Соли 2018 Гурӯҳи корӣ оид ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ ва амалӣ байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Амороти Муттаҳидаи Араб ба  Тоҷикистон ташриф оварда, аз рафти омӯзиши забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва иншооти муҳиме, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд ёфтаанд, аз ҷумла, «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллӣ, бозори «Меҳргон», боғу гулгашту масҷидҳои шаҳри Душанбе ва ғайра дидан намуданд [5].
Ҳамзамон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро ҷиҳати пайгирии ҳама гуна муносибатҳо ба хотири таҳким ва густариши ҳамкориҳои фарҳангии афзалиятноки тарафайн иброз медорад. Бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои дуру наздик аз 21  то 27 январи соли 2018 дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо ташаббуси Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣбо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос “Ҳафтаи ҳунарии мардуми Тоҷикистон”доир шуд. Ба ифтихори “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тайи давраи ҳисоботӣ дар миқёси ҷумҳурӣзиёда аз 50 чорабиниҳои гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо рушди устувори ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣва ба ин васила тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад [7].
8-майи соли 2018 як гурӯҳи фарҳангӣ, адабӣ ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз минтақаи Варзоб, Қалъаи Ҳисор, бозори Меҳргон, Осорхонаи миллӣ, дараи хушманзараи Ромит ва дигар мавзеъҳои сайёҳии атрофи шаҳри Душанбе дидан намуданд. Дар ҳайати расмии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Комил Ал-Муайнӣ -мудири Академияи фарҳангӣдар шаҳри Дубай, Носир ал-Зоҳирӣ -котиб, нависанда, аъзои Иттифоқи нависандагони Аморот, Марям Ал-Шиносӣ -раиси хонаи табъу нашри “Ёсамин”, Фотима ал-Нақбӣ -сардори Департаменти фарҳанг дар Аморати Шарҷа ва ширкатҳои бузурги сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб шомил буданд. Меҳмонони Аморот ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, курпачаҳои тоҷикиро, ки бо пахта омода карда мешаванд, тавсиф намуданд.
Дар моҳиянвари соли 2019 дар Амороти Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб бо ташаббуси Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир шуд, ки дар он намояндагони воломақоми мақомоти давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб, сафирону намояндагони корпусҳои дипломатӣва тоҷикони муқими ин кишвар иштирок доштанд. Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, санъаткорону навозандагон ва раққосон аз Тоҷикистон ширкат намуда, бо пешниҳоди суруду рақсҳои марғуб хотири ҳамагонро шод гардониданд.                                                                                                    
“Намоиши чоруми байналмилаии китоби Душанбе”, ки рӯзҳои 4-6 октябри соли 2019дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб барои ширкат даъват шуда буданд ва иштироки онҳо дар намоиши мазкур назаррас буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки шоми 2-юми апрели соли 2019 дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб фестивали мероси фарҳангии Шориқа бо тантана ифтитоҳёфт. Дар фестивали мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати санъаткорону ҳунармандон роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ карданд. Дар гӯшаи ҳунармандии Ҷумҳурии  Тоҷикистон осори ҳунари кордсозӣ, заргариву сангтарошӣ, сӯзандӯзӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, инчунин намунаи либосҳои миллии атлас, адрас, чакан ва тамсилаҳои муди замонавии либосҳо ба намоиш гузошта шуданд. Рақсу мусиқӣ ва суруди миллии тоҷиконро ҳунарпешагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” ва Оркестри эстрадии “Гулшан” муаррифӣ карданд. Баъди ифтитоҳи расмии фестивал ҳокими Аморати Шориқа доктор Султон бин Муҳаммад ал-Қосимӣ аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, ба ҳунари волои ҳунармандони тоҷик ва мероси ғании фарҳангии мо баҳои баланд дод.
Диққати ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб бештар табиати хушманзар, обҳои равон, маҳсулоти хӯрокаи аз ҷиҳати экологӣтоза, меваҳои шаҳдбор, мисоли шоҳтуту қулфинай, гелосу лиму ва асали табиӣ, чеҳраи кушоду меҳмоннавозии тоҷикона, либосҳои миллии занона ва тоқиҳои чакан ҷалб сохт.                                                                                                                                                       
Ҳар сол дар Амороти Муттаҳидаи Араб “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар ҳафтаи ҳунари намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атлас бофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбоф ва ғайра иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба намоиш мегузоранд. 
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо дасисаҳои ноҷавонмардони мухолифин ба гирдоби ҷанг ғутта задан ва аз даст додани ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуоти даврии кишварҳои араб бештар чун майдони муҳорибаву набардҳои сиёсиву ҳарбӣ тасвир мешуд. Баъди ба истиқлоли сиёсӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, хусусан баъди барқароршавии муносибатҳои сиёсию дипломатӣ ва робитаҳои ҳамкории мутақобилан судманд миёни давлати тозаистиқлоли мо ва мамлакатҳои араб, дар саҳифаҳои матбуоти араб мақолаҳое доир ба авзои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуданд.
Ҳоло мамолики араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси кунҷковӣ ва таваҷҷуҳ менигаранд, мехоҳанд бо таъриху фарҳанги куҳанбунёди тоҷик аз наздик шинос шаванд. Ва дар ин роҳ, ба андешаи мо китоби Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки ба забони арабӣ тарҷума шуда, соли 2009 дар Қоҳира ба табъ расидааст, нақши муҳим ва бузурге хоҳад гузошт.  
Амороти Муттаҳидаи Араб, ки яке аз кишварҳои арабии рушдкарда дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг ба ҳисоб меравад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд  ҳамкориҳои худро дар ин самт бо ин кишвари арабии дунявии муваффақ зиёдтар ба роҳ бимонад ва аз таҷрибаи маорифпарваронаи Амороти Муттаҳидаи Араб истифода бикунад.
Дар ин замина метавон бо ҳамкорӣ бо ин кишвар дар муассисаҳои олии кишвар бахшҳои фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Арабро таъсис дод ва ба ин восита метавон аз таъриху тамаддуни ин кишвар аз наздиктар ошно гардид ва ба ин васила метавон таъриху тамаддун ва фарҳангу адабиёти ғании тоҷикро, ки мисли он назире нест дар миёни қишри бо нуфузи ин кишвари пешрафта муаррифӣ намуд.
 
Адабиёт:
  1. Бойгонии Вазорати фарҳанги ҶТ, соли 2018.
  2. Давлятов З.Қ. Тоҷикистон ва шоҳигариҳои арабӣ: ҳамкорӣ ва дурнамо. (Таҷрибаи таҳлилӣ ва иҷтимоию сиёсӣ). Душанбе. – 2018. С. – 5.
  3. Давлятов З.Қ. Тоҷикистон ва шоҳигариҳои арабӣ: ҳамкорӣ ва дурнамо. (Таҷрибаи таҳлилӣ ва иҷтимоию сиёсӣ). Душанбе. – 2018. С. – 13.
  4. Разоков Ш.А. Проблемы и перспективы развития Персидского залива в годы Независимости. Душанбе: « Дакики», 2015. - 288 с.
  5. Рӯзномаи Садои Мардум, соли 2018. - №124.
  6. Рӯзномаи Ҷумҳурият соли 2010. - №231 С.-3.
  7. Сомонаи интернети vfarhang.tj
  8. Умаров Ф. Республика Таджикистан и мусульманский мир: осебенности сотрудиничества (Монография). -Душанбе: «Ирфон», 2011. -184 с.
  9. “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб” (Маводди Конференсияи илмию назариявии донишгоҳӣ аз 18 ноябри соли 2018 ). Душанбе. - 2017. -108 с.
 
Субҳониддин Қаландарзода, ходими илмии Институт

БОЗГАШТ