АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муносибатҳои Ӯзбекистон ва Хитой дар марҳилаи ҳозира

Муаллиф: Камолов Камолидин

Расм

Намояндагони васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон ва минтақа ҳолати кунунии муносибатҳои муштараки Ӯзбекистон ва Хитойро ба риштаи таҳлил кашида, назару андешаҳои худро нисбати ин муносибатҳо баён намуданд. Теъдоди алоҳидаи онҳо ибрози назар доштанд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин минтақа танҳо нақшаҳои сирф ба манфиати худаш созгорро пиёда месозад. Аммо пешгӯиҳои скептикҳо амалӣ нашуда истодаанд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мақолааш дар бораи он, ки чӣ гуна Чин нуқсонҳои ҷуғрофии минтақаи Осиёи Марказиро ба бартарӣ табдил медиҳад, андешаронӣ намудааст.

Ӯ аз ҷумла қайд кардааст, ки ҳар дафъае, ки ӯ ба Чин сафар мекунад, аз миқёси ислоҳот дар ин ҷо ва муваффақиятҳои ба даст овардашуда изҳори хурсандӣ намуда, ба нерӯи созанда, меҳнатқаринӣ ва истеъдоди мардуми Чин самимона баҳо медиҳад.

Ба ақидаи Шавкат Мирзиёев, дар даҳсолаи охир ҶМЧ ба як қудрати тавонои ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба пешрафтҳои азими илмию фаннӣ ва инноватсионӣ ноил гардида, экосистемаи беназири рушди иқтисод ва тиҷоратро ба вуҷуд овард. Мамлакат симои куллан нав пайдо кард, дараҷаи некӯаҳволии мардуми ин кишвар пайваста баланд шуда, барои рушди минбаъдаи ҶМЧ заминаи мустаҳками генофонди зиёиёни гуманитарию техникии маҳаллӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

“Имрӯз Чин дар сиёсат ва идораи давлат ҳамчун иштирокчии масъули равандҳои муҳими байналмилалӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ташаббусҳои ҷаҳонии раисиҷумҳур Си Ҷинпин дар бахшҳои рушд, амният ва муколамаи байни тамаддунҳо дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ва суръат бахшидан ба равандҳои ҷаҳонӣ саҳми назаррас доранд ва онҳо баҳри гузариш ба ояндаи боз ҳам устувор ва фарогир мусоидат менамоянд”- дарҷ гардидааст дар мақола.

Ба гуфтаи ӯ, Чин тавассути тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иҷрои тарҳҳои иртибототи зербиноӣ дар ҳимоят аз рушди иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққӣ саҳми бузург дорад.

Дар воқеъ Чин на танҳо вазифаҳои рушди дохилиро роҳнамоӣ мекунад, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуда, масъулияти худро ҳамчун як қудрати бузург тавсеа медиҳад. “ Рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Чин яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон буд ва боқӣ мемонад”- қайд намудааст Шавкат Мирзиёев.

Президенти Ӯзбекистон инчунин қайд намудааст, ки тайи се даҳсолаи охир ба шарофати муколамаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва мулоқотҳои мунтазами сарони давлатҳо ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа торафт густариш ёфта, ба қуллаҳои нави таърихӣ расидаанд.

Ин ду кишварро як ҳадафи умумӣ барои таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, садоқат ба нақши марказии СММ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба дар рафъи чолишҳои глобалӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои Рушди устувор муттаҳид месозад.

Инчунин, “дар масъалаҳое, ки ба манфиатҳои бунёдии кишварҳоямон дахл доранд, аз қабили истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, риояи принсипҳои ҳамсоягии нек, эҳтиром ба интихоби роҳи рушд ва ҳувияти фарҳангиву тамаддунии ҳамдигарро қатъиян дастгирӣ менамоем”, - таъкид менамояд Мирзиёев.

Ӯ ишора намудааст, ки ҳамкории бисьёрҷонибаи Ӯзбекистону Чин мисоли равшани дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ӯзбекистон  дар доираи амалӣ шудани ташаббусу иқдоми Чин “Як камарбанд-як роҳ” фаъолона иштирок менамояд.

“Дар тӯли 10 сол ин идеяи бузурги эҳёи Роҳи бузурги абрешим дар тамоми гӯшаву канори сайёра ҷонибдорони худро пайдо карда, аз се ду ҳиссаи кишварҳои ҷаҳонро муттаҳид кардааст. Имрӯз он аз консепсияи ҷолиб ба як воқеияти амалӣ табдил меёбад. Вай аз хатти тафовутҳои тамаддунӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ даст кашида, формулаи комилан нави таҳкими муколама ва ҳамкориҳои байнидавлатиро кушод ва ба мо имкон дод, ки кӯшишҳои инсониятро ба хотири шукуфоии умумӣ ба ҳадди аксар муттаҳид созем», - афзудааст Шавкат Мирзиёев.

Ба ақидаи вай, барои Ӯзбекистон “Як камарбанд-як роҳ” танҳо як тарҳи инфрасохторӣ нест. Ба шарофати татбиқи муштараки ташаббус минтақаи Осиёи Марказӣ ба як ҳалқаи муҳими робитаи ҷаҳонӣ табдил меёбад.

“Имрӯз мо метавонем бо итминон бигӯем: пешгӯиҳое, ки қаблан скептикҳо изҳори ақида намуда буданд, ки кишварҳои минтақа танҳо як долони транзитӣ барои тиҷорати Чин бо Аврупо, Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна мешаванд, амалӣ нагардиданд. Дар баробари ин, Сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ меафзояд. Ба минтақа технологияҳои нави муосир ворид мешаванд ва онҳо ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварҳои минтақа мусоидат менамоянд.”- ҳамчунин зикр менамояд Мирзиёев.

Нақши стратегии Чин ба Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки барои ҳамкориҳои васеъ бо тамоми ҷаҳон боз бошад ва нуқсонҳои ҷуғрофии минтақаро ба афзалиятҳо табдил диҳад. Ин, дар навбати худ, шарти муҳими суботи умумӣ ва рушди устувор мебошад.

Дар ҳақиқат инро натиҷаҳои нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Сиан баргузоршуда, контурҳои ояндаи рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаро муайян кард, равшан нишон медиҳад. Ин формат барои бунёди модели рушди ҳамаҷонибаи давлатҳои минтақа ва музофотҳои ғарбии Чин иқтидори бузург дорад, ба дурнамои гузариш ба ҳамкориҳои зичи саноатӣ ва технологӣ, инчунин рушди соҳаи нақлиёт, иқтисоди рақамӣ ва гуманитарӣ мусоидат намуда, ба густариши минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин хидмат мекунад.

Инчунин Президенти Ӯзбекистон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок самтҳои зеринро муайян намудааст:

  • Тақвияти муколамаи глобалии байни тамаддунҳо;
  • Ба сатҳи сифатан нав ва баландтар баровардани муносибатҳо;
  • Нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани суръати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар пасманзари бадтар шудани буҳронҳои энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ;
  • Рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ барои фаъолияти иқтисодии хориҷии кишварҳои минтақа дар доираи ташаббуси Чин “Як камарбанд- як роҳ”;
  •  Ташаккули долонҳои байналмилалии боэътимод ва камхарҷ бо дастрасӣ ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Аврупо ва тамоми қитъаи Авруосиё;
  • Рушди системаи масирҳои гуногунҷабҳаи мултимодалӣ барои ҳамлу нақли бор ва мусофирон байни Чин ва Осиёи Марказӣ бо дастрасӣ ба бозори ҷаҳонӣ, бунёди терминалҳои нав, бунёди иншооти истеҳсолӣ ва анбори баландтехнологӣ ва инфрасохтори ҳамгирошудаи хидматрасонии канори роҳ, рақамикунонии логистика дар рушди робитаҳои дохили қитъавӣ қад-қади Роҳи бузурги абрешими таърихӣ ;
  • Густариш ва рушди дипломатияи халқӣ барои рушди табодули фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ ва бостоншиносӣ дар таҳкими дӯстии кишварҳои минтақа ва Чин.

Чи тавре ки ВАО-и Ӯзбекистон ва минтақаю ҷаҳон иттилоот доданд, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзҳои 23-25 январ ва музокироти дуҷониба бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва дигар шахсони расмӣ дар сархати тамоми расонаҳои хабарӣ ва доираҳои коршиносии Чин қарор гирифта, таваҷҷуҳи бесобиқаро ба вуҷуд овард.

“Он вохӯрии дӯстони хуби қадимӣ буд”- қайд кардааст Чжан Хан, таҳлилгари рӯзномаи бонуфузи “Global Times”.

Дар оғоз Шавкат Мирзиёев ва Си Ҷинпин бо имзои Баёнияи муштарак муносибатҳои дуҷонибаро дар давраи нав ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расониданд. Дар шарҳи ин ҳодиса рӯзномаи марказии Чин “People's Daily” аз изҳороти раҳбари Чин Си Ҷинпин иқтибос овардааст, ки “32 сол пеш Ҷумҳурии Ӯзбекистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ буд, ки бо ҶМЧ робитаҳои дипломатӣ барқарор кард”.

Дараҷаи комилан нави муносибатҳои Чину Ӯзбекистон доираи васеи ҳамкориҳои амалиро дар аксари соҳаҳо ва самтҳо таъмин менамояд. Дар байни онҳо сиёсат, амният, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, технология, нақлиёт, энергетикаи анъанавӣ ва нав, инноватсия, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, илм, маориф, сайёҳӣ ва ғайра мебошанд.

Сониян, дар ин сафар ба масъалаҳои таҳкими заминаи иқтисодии шарикии дуҷониба таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Дар ин замина, Анҷумани сармоягузории Ӯзбекистону Чин дар Шенҷен як рӯйдоди таърихӣ гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Президент Шавкат Мирзиёев ширкат дошт.

Коршиноси Маркази пажӯҳиши роҳи абрешим Гуо Сяотсзюн дар шарҳи натоиҷи форум дар Шенҷен қайд кард, ки дар ин чорабинӣ намояндагони беш аз 600 ширкати бузурги ду кишвар ширкат доштанд. Дар воқеъ натиҷаҳои ин форум ҷолиби таваҷҷуҳи ду кишвар буданд. Ҳамин тавр, маҷмӯи васеи созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расид.

Яке аз чорабиниҳои назаррасу муҳими дар доираи ташриф барпогардида, форуми минтақавии Ӯзбекистон-Хитой дар шаҳри Урумчии ноҳияи Мухтори Шинҷон ба ҳисоб меравад. Дар ин чорабинӣ ба ҷуз сарони минтақаҳои ду кишвар, намояндагони беш аз 1200 ширкати омода барои ҳамкориҳои фаъол дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ ширкат доштанд. Худи ҳамон рӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо намоишгоҳи “Made in Uzbekistan” ифтитоҳ ёфт, ки дастовардҳо ва имконоти содиротии манотиқи гуногуни Ӯзбекистонро дар соҳаҳои гуногуни саноат намоиш дод.

Роҳбарони минтақаҳои ду кишвар оид ба натоиҷи кори анҷомдодашуда дар самти ҳамкориҳои байниминтақавӣ табодули афкор намуда, ба таври муфассал баррасӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, иқтисод, энергетика, нақлиёт ва фарҳанг ва робитаҳои башардӯстона мавриди баррасӣ қарор доданд. Форум динамикаи баланди ҳамкориҳои байниминтақавиро намоиш дод ва ба он такони нав бахшид. Соли сипаришуда ҳокимони як қатор вилоятҳои Ӯзбекистон аз музофотҳои бузурги Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан карданд. Роҳбарони як қатор минтақаҳои Чин, аз ҷумла Шинҷон, Шэнси, Шандун, Тсзянсу, Анҳуй, Тсзянси, Гуандун, Ҳубей ва Вилояти Мухтори Нинся Ҳуэй боздидҳои ҷавобӣ анҷом доданд. Натиҷаи робитаҳои фаъоли байниминтақавӣ дар ҷараёни форум ба имзо расонидани 27 санади муштарак оид ба рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва ҶМЧ гардиданд.

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Чин бори аввал форуми маорифи байни ду кишвар баргузор шуд. Дар чорабинӣ ректорони 37 донишгоҳи пешрафтаи Ӯзбекистон ва 110 донишгоҳи Чин ширкат доштанд. Дар натиҷа Эъломияи Пекин қабул карда шуд, ки барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи маориф ва таълиму омӯзиш пешбинӣ шудааст.

Дар анҷом бояд қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон аз муваффақияту дастовардҳои кишвари дӯсту бародар Ӯзбекистони ҳамсоя дар самти барпо намудани шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандии том намуда, баҳри таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Чин кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, то рушди пайвастаи иқтисодиёти минтақа, дараҷаи некӯаҳволии халқҳои ин давлатҳо баланд гардида, сулҳу суботу амният таъмин гардад.

 

Сарчашмаҳои истифодашуда:

  1. https://podrobno.uz/cat/uzbekistan-i-kitay-klyuchi-ot-budushchego/prognozy-skeptikov-ne-opravdalis-mirziyeev-rasskazal-o-tom-kak-kitay-prevrashchaet-geograficheskie-n/,  санаи муроҷиат 07.02.2024
  2. https://uza.uz/ru/posts/istoricheskiy-vizit-prezidenta-uzbekistana-v-kitay-zalozhil-novuyu-osnovu-uzbeksko-kitayskogo-sotrudnichestva-v-novuyu-epoxu_562918, санаи муроҷиат 08.02.2024

 

К.Камолов,

ходими калони илмии

Шуъбаи ИДМ ИОМДОА АМИТ

08.02.2024

БОЗГАШТ