АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Муруре ба Водии Кашмир ва корномаи адабии Ҳамиди Кашмирӣ

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

Дар самти шимолу ғарби нимҷазираи Ҳинд маконест бо номи водии Кашмир, ки бо таҳаввулоти геополотикии ҷаҳон бахши Ҷаммуи водӣ таҳти назорати кишвари Ҳиндустон ва қисмати Гилгет-Балтистон таҳти назорати давлати Покистон ва қисмате аз он зери назорати Чин тақсимбандӣ шудааст. Минтақа асосан кӯҳистонӣ буда, бо водиҳои зебоманзару обҳои сафояш ва қаторкӯҳҳои осмонбӯси Қаракорум (К2), ки дувумин баландтарин қулла дар ҷаҳон аст, машҳуру маъруф мебошад.

Минтақаи Кашмир аз ҳавзаҳои асосии нуфузи забони тоҷикӣ-форсӣ ба шумор рафта, дорои марказҳои омӯзишии забону адабиёт ва фарҳангу тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумоти сомонаи Британика аҳолии Ҷамму Кашмири Ҳиндустон беш аз 12 миллион нафар буда, пойтахти он Сринагар чун маркази идорӣ ва таърихӣ буда, аз маконҳои хуби сайёҳӣ мебошад. Шаҳракҳои Музаффаробод, Гилгет ва Балтистон аз марказу маконҳои Кашмири қисмати Покистон мебошанд [2].

Қобили зикр аст, ки минтақаи Кашмир пеш аз истиқлолияти Ҳиндустону Покистон то соли 1947, таҳти назорати роҷаҳои Бритониёи Кабир буд. Баъд аз замони ҷудошавӣ водии Кашмир бо ҳусну тарабу зебоии худ рашки кишварҳои минтақаро барангехта боиси муноқишаи чандинсолаи онҳо шудааст. Муҳаммад Иқбол, ки аслан аҷдодонаш аз водии Кашмир буданд, инҷоро ба зеботарин маконҳои дунё ташбеҳ дода дар шеъре онро чунин тавсиф кардааст:

Танам гиле зи хиёбони ҷаннати Кашмир,

Дил аз ҳарими Ҳиҷозу наво зи Шероз аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки санаҳо, шахсиятҳову маконҳо ва ҳунармандиву кашфиёти илмӣ дар бозгушоиҳои таъриху тамаддуни водии Кашмир нақши муҳим мебозанд. Дар ин зимн, Гиридҳари (Гирӣ) Лаъл Тикку забоншинос ва адабиётшиноси кашмирӣ ва профессори забони форсӣ ва осиёшиносӣ дар Донишгоҳи Иллинойси Амрико бо осори худ, аз ҷумла “Баргузида аз порсисароёни Кашмир”, чопи Шаҳривори 1342, Теҳрон дар бораи адабиёти форсӣ ва профессор Замира Ғаффорова бо “Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Кашмир дар асрҳои ХVI-ХVII” оиди ҳавзаи адабии Кашмир хело машҳуру маъруф мебошанд.

Ҳамин тавр, метавон асри 14-ро асри рушду инкишофи адабу забони тоҷикӣ-форсӣ дар водии Кашмир пазируфт. Зеро олимону донишмандон, шоирону ғазалсароён ҳунармандону косибон аз минтақаи Осиёи Марказӣ бо дастовардҳои фарҳангии худ ба водии Кашмир омада, онҷоро ба макони файзу фазилат, мактабу маърифат, ва донишу касабаву заковат табдил доданд. Онҳо ба мардуми инҷо санъати бофандагиву ресандагӣ ва ҳунари қолинбофиро омӯзонда, минтақаро ба макони хуби ҳунарҳои дастӣ табдил додаанд. Дар чунин водии зебоманзар санъати мусиқӣ ва зебошиносӣ аз даврони қадим оғоз шуда, дар даврони шоҳони амирони он рушду нумуъ ёфтааст. Тибқи дарёфтҳо, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1385) ба инҷо се маротиба ташриф оварда, бо худ беш аз 700 нафар ҳунармандону косибонро низ оварда, дар рушди таълим ва тамаддуни фарҳангу маърифати мардумони инҷо саҳми беназир гузоштааст.

Ҳамин буд, ки санъаткорону ҳунармандон дар Кашмир мусиқии форамро эҷод намуданд, ки он бо садоҳои фораму дилнишину ҷаззоб аз ҷониби устодону мутрибон ба гӯши шунавандагон бо лаҳну тарранумҳои тоза ба тоза расонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки Салмон Аҳмад (тав.1963), муасссиси дастаи фалакхонӣ ва бунёдгузори гурӯҳи «Ҷунун» буда, бештар савту навоҳои ӯ аз шеъру ғазалҳои Мавлоно, Ҳофиз ва дигар бузургони форсу тоҷик маншаъ мегирад. Ӯ ба ин назар аст, ки мусиқӣ ба монанди обу оташу ҳаво ба дилу дидаи аҳли башар ворид шуда, пайванди меҳру муҳаббати инсонгароиро нигоҳ медорад. Дар ин зимн султонҳову шоҳон, аз ҷумла худи Султон Зайнулобиддин ба санъати мусиқӣ дил бохта, аз беҳтарин муғанниёни давр буд. Ҳар сол фестивали мусиқинавозӣ ташкил мекард, ки дар он муғанниён аз Тошканду Самарқанду Панҷобу Делҳӣ омада, сурудхонӣ мекарданд. Дар бораи адибони ҳавзаи водии Кашмир асару мақолаҳое навишта шудааст. Ҳамиди Кашмирӣ нависанда ва ҳамосасарои бузурги асри 13 Кашмир мебошад. Падари ӯ Мавлавӣ Ҳимоятулло яке аз уламои маъруфи Кашмир буда, дар бораи санаи таваллудаш маълумоте нест. Ӯ дар деҳкадаи Новпаги Кашмир, дар оилаи олим ва диндор ба дунё омада, илмҳои динӣ ва адабиро дар маҳаллаи Исломободи Кашмир омӯхт. Ҳамид Кашмирӣ аз забонҳои форсӣ ва арабӣ хело хуб огаҳӣ дошта асарҳо офаридааст. Дар ин зимн аз корбурди вожаҳои пашту низ дар ашъори худ истифода бурдааст, зеро бо ин забон низ ӯ ошноӣ доштааст.

Муддате ба дарбори шоҳони Афғонистон пайваст, вале дубора ба Исломобод баргашт ва ба тадрис шуруъ кард. Ҳамид Кашмирӣ ба силсилаи нақшбандия, ки яке аз ҷараёнҳои тасаввуфӣ дар асри XV пайдо шудааст, дилбастагӣ дошта, онҳоро дар «Акбарнома» ситоиш кардааст.

Машҳуртарин осори Ҳамиди Кашмирӣ «Акбарнома» буда, соли 1260 дар баҳри мутақориби мақсур ба пайравӣ аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таълиф шудааст. Ба ҳамин хотир ба ӯ лақаби Фирдавсӣ-и «Кашмирӣ» додаанд. Бояд зикр кард, ки дар Акбарнома оиди аввалин ҷанги Афғонистон ва Англия сухан меравад. Ин шеър аз соли 1327 тайи дувуним сол пайваста дар маҷаллаи "Ориёно" дар Кобул ба табъ расида ва сипас Анҷумани таърихи Афғонистон онро бо теъдоди ҳазор нусха нашр кардааст. Асари дигари ӯ "Чойнома" аст, ки дар баробари “Соқинома”-и Зуҳурӣ Таршизӣ навишта шуда, нусхаи он дар китобхонаи Шайхупура[1] дастрас аст. Шайхупура инчунин бо номи Qila Sheikhupura маъруф аст, шаҳр ва ноҳияест дар вилояти Панҷоби Покистони имрӯза. Шайхупура дар соли 1607 аз ҷониби императори Муғул Ҷаҳонгир таъсис дода шуда, имрӯз 16-умин шаҳри калонтарини Покистон аз рӯи аҳолӣ мебошад.

Асарҳои дигари ашъори ӯ “Бипӯчнома/Бибуҷнома” мебошанд, ки бесуботӣ ва бесарусомонии Кашмирро тасвир кардаанд. Илова бар ин ду осори насрӣ таълиф намудааст, ки бо номҳои «Напурсоннома» яке аз беҳтарин насри ҳаҷвии Кашмир ва дигаре Дастур-ул-амал мебошад. Ҳамиди Кашмирӣ дар соли 1264 чаҳор сол пас аз анҷоми “Акбарнома” дар Кашмир даргузашт.

Бешак, халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон бо доштани илму ҳунар, тамаддун ва анъанаҳои мардумии худ омили ҳамгирову ҳамкориҳо дар тӯли таърихи башарият боқӣ мондаанд. Хулоса, бо рушди илму фарҳанг ва забони зебову гуёи мусиқӣ метавон пайванди башариро байни ҳам нигоҳ дошт ва дар рушду нумуи илму маърифат ва ҳунар саҳм гузошт.

 Сарчашмаҳо:

1. Раҳмонов Мирсаид. Назаре ба мусиқии водии Кашмир. Маҷаллаи САНЪАТШИНОСӢ, №2, 2021 саҳ.69-71 (https://ravshanfikr.tj/ma-alla.raw?task=download&fid=741)

2. Собир Офоқи Кашмирӣ, “Ҳомиди Кашмирӣ ё Фирдавсии Кашмир”, Ориёно, соли 28, шумораи № 1 (Далв ва Ҳут 1348);

3. Гирдҳори Лаъл Тикку “Баргузида аз порсисароёни Кашмир”, Теҳрон, 1342;

4. Асадуллоҳ Ҳабиб, «Ҷунбиши ҷангномасароӣ дар ашъори дарӣ садаи нуздаҳи Афғонистон», Хуросон, соли 2, шумораи 1 (Ҷади-Ҳут 1360);

5. Ҳамидулло бин Ҳимоятулло Ҳамид Кашмирӣ, “Акбарнома” асари манзуми Ҳамиди Кашмирӣ бо тасҳеҳи Муҳаммад Иброҳими Халил ва бо этимоми Муҳаммадшафеъ Раҳгузар, [Кобул] 1330;

6. Зуҳуруддин Аҳмад, “Адабиёти форсии Покистон”, ҷилди 4, Лоҳур 1985;

7. Замира Ғаффорова. Ташаккул ва инкишофи адабиёти форсизабони Кашмир дар асрҳои ХVI-ХVII. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2001.

 

Мирсаид Раҳмонов,

ходими калони илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 


 

БОЗГАШТ